Skip to main content

Имруз 2 2018

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 2 (348) // аз 26 январи соли 2018 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ: ДАСТОВАРДҲОИ МО ЗИЁДАНД, АММО МО АЗ ИН ҚАНОАТМАНД НЕСТЕМ

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара давоми соли 2017 нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар раванди нишаст намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию, вилоятӣ ва маҳаллӣ - намояндагони Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс», Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина», ҳафтаномаҳои «Согдийская правда», «Сухани халқ», маҷаллаи «Кайҳон», кормандони васоити ахбори умуми шаҳр – радио ва телевизиони Исфара, рӯзномаи «Насими Исфара», ҳафтаномаҳои «Имрӯз» ва «Хазинаи маърифат», маҷаллаи «Ганҷи Исфара» ширкат доштанд. Ҳамзамон бо пешниҳоди Пресс-релиз оида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара дар соли 2017, Дилшод Расулзода дар назди намояндагони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир ба вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давраи

ҳисоботӣ маълумоти мухтасар пеш овард. Зимнан тазаккур ёфт, ки дар соли сипаригардида дар шаҳри Исфара ба маблағи 296,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасониҳои пулакӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ин нишондод нисбати арқоми ҳаминдавраи соли 2016 18,3 миллион сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 106,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин муддат 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Соли сипаришуда бунёди беш аз 30 иншооти хусусияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонидошта ба субут расонида аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 33 миллиону 954 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Бино бар суханони шаҳрдор соли гузашта маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 2,6 маротиба ва ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 376 миллион сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбати нишондоди соли 2016-ум 3,3 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ин давра, бо маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ, саҳмгузории молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатӣ ва аҳолӣ 43 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 21,2 млн сомонӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Ба ин васила, аз ҷумла мушкилоти сокинони деҳаҳои алоҳидаи ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чилгазӣ, Кӯлканд, Навгилем ва Шаҳрак ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст. Шаҳрдор зимни баёни натиҷаҳои фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ аз он намуд, ки аҳли маорифи Исфара тайи соли гузашта ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бо натиҷабардорӣ аз иштироки толибилмон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара соли 2017 дар байни 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат мақоми ҳаштум ва аз рӯи холи миёнаи умумӣ аз фанҳои имтиҳонӣ мавқеи аввалро соҳибӣ карданд. Тавре Дилшод Расулзода дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт: - “... Метавон гуфт, ки нишондиҳандаҳои мо дар дигар соҳаву самтҳои фаъолият, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, савдою хизматрасонӣ низ нисбат ба нишондодҳои соли 2016 беҳтар ҳастанд. Аммо, мо аз ин нишондодҳо, дар маҷмӯъ аз дастовардҳои худ дар кулли самту соҳаҳои фаъо-

лият қаноатманду хотирҷамъ нестем, зеро дар баробари пешравиҳо захираҳои ҳанӯз истифоданашуда ва дар баъзе самтҳои фаъолият камбудию норасоиҳо низ кам нестанд”. Минбаъд рӯзноманигорон ба раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои сатҳи омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба паёмадҳои бозшавии эҳтимолии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҷиҳати вусъат бахшидани соҳаи хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр, имконияти беҳбудбахшии таъминот бо об дар шаҳраки Шӯроб, ташкили коргоҳи маҳсулоти кулолии ҳаҷман хурди савғотӣ барои сайёҳон дар заминаи ҶСК "Нилуфар", рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, арзёбии таъсири фаъолгардии сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр http:// isfara.tj, почтаи электронии раиси шаҳри Исфара isfaramarz@ gmail.com ва ҳам шумораҳои мобилии шаҳрдор дар шабакаҳои "Viber" ва "Whats App"дар кори дастгоҳи раиси шаҳр, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Исфара, сатҳу сифати маъракаи яхобмонӣ дар заминҳои кишоварзӣ, тадбирҳандешиҳо дар самти баргардонидани донишҷӯёни дар макотиби динии хориҷа таҳсил ва дар набардҳои мусаллаҳонаи мамолики хориҷа ширкатдошта, азнавсозии шоҳроҳи Исфара - Хуҷанд ва арзонкунии нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ суолҳо пешниҳод намуда посух гирифтанд. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Маркази санҷишии минтақавии Тоҷикстандарт дар вилоят Абдумавлон Раҳимзода ва муовинони соҳавии раиси шаҳр ҳузур доштанд. Бояд тазаккур дод, ки мувофиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 дар ҳар нимсола бояд роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз натиҷаи фаъолияти худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаронӣ карда, ба саволҳои журналистон ҷавоб гӯянд. Маркази матбуотии раиси шаҳр.

Тасдиқи рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тасдиқ карда шуд. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумист, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. www.president.tj

Санаи 27 январ дар Қасри фарҳанг шаби эҷодии шоир Исматуллоҳи Абдуллоҳ доир мегардад. Ин маҳфили гиромидошти сухани нобро ба дӯстдорони каломи бадеъ муборакбод мегӯем!


№ 2 (348)

//

аз 26 январи соли 2018

Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт. Ин устураи мазкур шомили ду рамз аст. Рамзи аввал ҳамон рамзи мори сиёҳ аст, ки аз даҳонаш дуд мебаромад ва он аз оташи ба вуқӯъ пайваста бисӯхт. Дар ин ҷо мори сиёҳ ва дуди даҳони ӯ ба торикию зулмат ишора мекунад, ки он дар суннати ниёгони ориёии мо рамзи бадӣ ва иғтишошу марг аст. Рамзи дуюм оташ аст, ки он намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшноӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ҳаким Фирдавсӣ дар мисоли амали Ҳушанг муборизаи нуру зулмат ва қувваҳои ба ҳам зидро нишон медиҳад, ки ин шаҳриёри пешдодӣ аз ғалабаи оташе, ки ба вуҷуд оварда буд, ба ваҷд меояд ва онро ҳамчун «фурӯғи эзидӣ» саҷдагоҳи худ қарор медиҳад. …К-ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод, Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод. Бигуфто фурӯғест ин эзидӣ, Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд, Сада номи ин ҷашни фархунда кард. Устураи дуюм низ дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду растании баҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шуданд ва аз насли онҳо авлоди башар арзи вуҷуд намуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» вақте микдори аввалин инсонҳо аз авлоди Каюмарс ба 100 (сад) нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ карданд. Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад, Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад… Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад, Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад… Чуноне ки мулоҳиза мешавад, дар ин шеъри Манучеҳрӣ низ кӯҳу мор тасвир шудааст, ки устураи аввалро тақвият мебахшад. Усулан ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Фаррухӣ низ дар шеъре, ки ба ҷашни Сада бахшидааст, оташ ва Хуршеду Моҳро нурҳое медонад, ки аз тобишу партавафшонии онҳо ба олами гетию миноӣ (сифлию улвӣ) аз ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омадани оламҳои нуронию (муҷарраду) зулмонӣ (моддӣ)-ро таъйид мекунад. Ҳамин масъала минбаъд инкишоф ёфта, дар Авесто аз забони Зардушт чунин садо додааст: «Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зар-

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Cада - пешхабари навбаҳор роти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам». Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгонамон - Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Берунӣ низ ин фикри ӯро дар осораш зикр намуда, хотирмон будани маросими ҷашни Сада дар аҳди Анӯшервони Одилро таъкид карда буд. Дар сарзамини Эрони бузург ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос аз 10-ум ба 11-уми баҳманмоҳ, яъне 30 январ ҳар сол ҳамчун охирин ҷашни ҳошиявии Наврӯзи ҳуҷастапай таҷлил мекарданд. Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд». Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридну в-аз Ҷам ёдгор аст… Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо (Аджи Даҳак) ё худ Заҳҳоки морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонию иғтишош дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсону инсоният мебошад. Гузинаҳо (вариантҳо)-и гуногуни шарҳу баёни муносибати Фаридуну Заҳҳок дар адабиёти марбут ба ҷашнҳои ҳошиявӣ хеле зиёданд. Агар ба умқи ин гузинаҳо назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар охирин ҷашни ҳошиявии қабл аз наврӯзӣ бештар муносибати тазодҳои иҷтимоии шадид морон ва Фаридуни тилисмшикан матраҳ шудааст. Яке аз шаҳриёрон бо фиребу найранг ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор диҳад, дуюмӣ ба муқобили он мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон, ки зимоми ҳукуматро дар даст доранд, сурат

мегирад. Дар ин ҷо ғалаба бар Заҳҳок тавассути Фаридун намунаи беҳтарини пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ дар таърихи ҳаёти иҷтимоии ниёгони ориёии мо ҷой доштааст. Ин ғалаба дар набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа як ҳодисаи билқувва (потенсионали) ҷойдоштаест, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҳар халқу миллат ҷой дошта метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ғолиб ояд. Маҳз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок пешомади Наврӯзро таъмин карда тавонист. Одати асосӣ дар ҷашни Сада оташафрӯзӣ ва нӯшидани шароб аст. Нависандаи машҳури муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асараш ҷашни Садаро «садасӯзӣ» ном ниҳода, маросими анҷоми ин ҷашнро дар шаҳру ноҳияҳои Эрон тасвир намуда, хусусиятҳои онро дар образҳои бадеӣ нишон додааст. Аз ҷумла, нависандаи мазкур қайд кардааст, ки ҷашни Сада аҳамияти фалоҳатӣ дорад, чун баъд аз он аввал ҷараёни базрафшонӣ (омода намудани тухмӣ) сурат мегирад, баъд тайёрӣ ба кишту кор шурӯъ мешавад. Роҷеъ ба ҷашни Сада шоирони классикию муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони эронӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, сӯҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ, равшан гардондани зулмати шаб ва шояд беҳтарин амали он майхӯрӣ ва махмурии аҳли нишаст бошад, ки мо онҳоро дар шеъру қасидаҳои мадеҳасароёнамон ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Манучеҳрӣ дар қасидааш аз ҷумла мегӯяд: Омад зи сайри аҳрор шаби ҷашни Сада, Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад. Барафрӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе, Озари Бурзин пайғамбари озор бувад. Май хур эй аҳрори шаби ҷашни Сада Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад… Иброҳими Шукурзода дар китоби «Ақоид ва русуми мардуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор дода, маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст. Дар идомаи гуфтаҳои ӯ Ҳошими Разӣ ба оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ишора намуда, аз ҷумла навиштааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ ба гирди он мечархидану мерақсиданд ва ҳама пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Аз нукоти боло пайдост, ки

ҷашни мазкур наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин мужда ва огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани анқариби Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар он мардум дар ҷашни Сада чӣ дар маҳалҳои махсус аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, гулхан меафрӯхтанд вадар болои бомшуълаи оташро фурӯзон намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Сармо баъди ҷашни Сада ба эътидол рӯ меовард, бо аввалин нишонаҳои гармо неруҳои аҳриманӣ заифу нотавон мешуданд ва оташе, ки ҷилвагоҳи рамзу киноя аз Ҳурмуз аст, замонро ба сӯи таодули баҳорӣ раҳнамун месохт. Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид. Яке аз муҳаққиқони эронӣ Коваи Зарринхома оташро дар фарҳанги авестоӣ намоди зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт, манбаи равшноию гармӣ қаламдод намуда, зимнан таъкид мекунад, ки «ҳар куҷо нуру оташу оташкада бошад, намоду сунбули ойини зардушист», ки дар дини ислом ҳамин масъала дар ояи «Нур» ва дар илми биологияи муосир он бо номи «фотосинтез» (таъсири равшноӣ ба олами набототи табиат) матраҳ гардидааст. Умуман, оташ дар олами моддӣ мазҳари нури аҳуроӣ мебошад. Он (1) поку беолоиш аст ва дигар чизҳоро аз олоиш пок мегардонад; Инсон низ бояд дар зиндагӣ беолоиш бошад ва дигаронро аз олоиш пок гардонад. 2) чун шуълаи оташ ба боло забона мезанад, парастандагони он низ бояд саъй кунанд, то ба сӯи боло, ба маънавият (илоҳиёту рӯҳоният) иртиқо ёбанд; 3) чун шуълаи оташ ба поён ҳаракат намекунад, пайравони он низ бояд маҷзуби хостаҳои пасти нафсонию инсонӣ нашаванд ва ҳавою ҳавасҳои зулмонию кадуратҳои инсониро аз қалби худ дур созанд; 4) чун оташ нопокиҳоро пок месозад ва худаш олуда намешавад, муътақидони ин дин бояд бо бадӣ, зулмат ва дигар олоишҳо биситезанд ва худро бо онҳо олуда накунанд; 5) ҳамон тавре ки аз ҷараққа аланга бармехезад, тавлиди як фикри тоза ва дар андешаи олим ё файласуф ва ё амали неку созандаи накӯкор афкору андеша ва равони афроди бешумореро равшан, неку пок ва му-

//

САҲ. 2

наззаҳ аз бадӣ мегардонад. Пайравони оини зардуштӣ низ пас аз бархурдор шудан аз фурӯғи донишу бениш дигаронро бояд аз он бохабар созанд ва дар зиндагӣ мисли оташ фаъол бошанд. Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд, он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва маросими оташсӯзии он мазҳари оташи фалаки нуронӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ироа шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин маросими баргузории ҷашни Сада, оростани хони иди Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд. Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадоё медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд: Сада омад, ки тарабро сару солор бувад, Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад. Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст, Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад… Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид. Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Урупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст. Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст, К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад. Муҳаммадқул Ҳазратқулов, доктори илмҳои фалсафа, профессор.


№ 2 (348)

//

Директор историко-краеведческого музея города Исфары, что на севере Таджикистана, Абдуманнон Раупов хочет наладить производство особого бумажного материала — так называемой «шелковой» бумаги — по старинной технологии, что даст возможность спасти одно из традиционных таджикских ремесел — когазгари (бумажное дело).

аз 26 январи соли 2018

- С возрождением старинного бумажного ремесла я хочу еще раз напомнить миру, что таджики с давних времен почитали книги, занимались их созданием и тем самим внесли свой вклад в развитие мировой цивилизации, — говорит Абдуманнон Раупов.

Ремесло, которому больше 1000 лет

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 3

Историк-ремесленник хочет наладить производство необычной бумаги

год продукцию на сумму более 500 рублей (немалая сумма по тем временам, например, на 10 рублей в России тогда можно было купить две коровы). По сведениям историков, один лист бумага оценивался в 4-5 копеек. Вторая мастерская принадлежала усто (мастеру) Муллоисмату Мирсаме. В ней работали четыре мастера и один рабочий. Хозяином третьего обджувоза являлся усто Икром. В его мастерской был занят один мастер и шесть рабочих. Продукция, выпущенная этими мастерами, отличались высоким качеством.

По словам исследователя истории Исфары Исматулло Пулодова, последним из поколений ремесленников-когазгаров в Исфаринском районе был уроженец села Чоркух Мирисломи Когазгар, который скончался в 1986 году. Его братья Мирдовуд и Исломбой тоже были когазгарами. Они производили бумагу из остатков хлопкового волокна, тряпок, а также пеньки и пеньковой веревки. Бумажное ремесло было некогда обычным явлением В селе Калъачаи Дукчи рав селах Чоркух и Калъачаи ботала одна мастерская по Дукчи северного Таджики- производству бумаги. Она стана. принадлежала двум мастеВ 1881 году в селе Чоркух рам — Мирзорахими Шариработали три обджувоза по фу и Саидназару. В ней рапроизводству бумаги. Пер- ботали четверо мастеров и вый принадлежал Мухамма- четверо рабочих. В год они ди Муллосуфи. На нем рабо- производили продукцию на тали четыре мастера и шесть сумму примерно в 450 рублей. рабочих. Они производили в В начале XX века в городе

Исфара действовали две мастерские по переплёту книг. Работавшие в них мастера Абдукаххор Асроров, Мирзоабдугани Шамсиев, Мирсулаймон, Хасанбой, Асрорхон, Мирзошамси, Собитбой Ахмадов были известными и уважаемыми людьми своего времени.

Исфаринская бумага – фронтовикам У Абдуманнона Раупова своя версия истории развития ремесла когазгари в северном Таджикистане. По его сведениям, до начала 1950-х годов в Исфаре функционировали 8 обджувозов, которые производили разные сорта бумаги. Эта бумага в начале 1940-х годов прошлого века использовались для ведения дел в районных и городских военных комиссариатах Согдийской области. Об этом рассказал ученому Бобо Аброр — один из представителей династии мастеров, производивших бумагу. Сорта бумаги для военкоматов имели серовато-зеленый оттенок. По свидетельствам бывшего депутата Верховного Совета СССР Ульмасбоя Солиева, вместе с продуктами, которые он отправлял на фронт солдатам, он привозил и коробки исфаринской бумаги. Таким образом, изделия таджикских мастеров-когазгаров использовались даже на фронте во время Великой Отечественной войны. — История производства бумаги в селе Чоркух начинается в средние века. Согласно местным преданиям и рассказам потомков мастеров-производителей бумаги, их предки являются выходцами из иранского города Шираза. Они бежали во время нашествия арабов и нашли приют в этом горном селе. В то время в Чоркух производили три вида бумаги. Во время Бухарского эмирата они были известны под названиями «когази шохи»

(шелковая бумага), «когази хаттоти» (каллиграфическая бумага), и «когази оди» (простая бумага). До сих пор в квартале Гузар селения Чоркух есть улица Когазгарон, где раньше проживали, преимущественно, представители династий когазгаров. Среди них — Мирзо Абдугани и Олим Маруфхон. Они хорошо знали технологию производства бумаги. Для производства они использовали ветхую хлопковую ткань, бумажные обрывки, опилки, остатки шелка, ветви тутовника. Затем их размельчали с помощью водяных мельниц — обджувозов. Получившуюся кашицу выкладывали на «тахтасанги кайроки» — кремневые камни. Сверху специальным механизмом прессовалось сырье. Потом листы расклеивали на стены, которые предназначались для сушки бумаги. После сушки листы снимали и разглаживали специальным инструментом — растрепанные волокна склеивались в цельную структуру. В итоге получалась белая бумага. В неё по желанию добавляли зеленые и желтые красители. По рассказам мастеров, бумагу зеленоватого цвета называли праздничной. Её часто использовали учителя. Белые листы обычно использовали для каллиграфии, желтоватые — для книг. Для окрашивания бумаги в желтый цвет в основном использовали гнилые стволы тутовника. Для получения коричневого оттенка использовали кожуру граната, для красноватого — персиковую древесину. — рассказывает Раупов. Исторические рукописи свидетельствуют, что в Чоркухе было много мастеров, которые занимались ремеслом переплётным делом (саххофи). Они переплетали старинные и новые книги. Известно, что среди жителей Исфары было много просветителей, имеющих богатые личные библиотеки. Они были постоянными клиентами мастеров из Чоркуха. Бумага, произведенная в Чоркухе, Ворухе, Калъачаи Дукчи и Сохе, вывозилась в другие города и даже страны, расположенные на Великом шелковом пути. Так, в XIX веке развитием книгоиздательства занимался худжандский просветитель Сиддикходжаи Худжанди. По некоторым данным, через него исфаринская бумага доставлялась вплоть до города Лакхнау в Индии, где располагались несколько известных типографий. Одним из

отличительных свойств этого сорта бумаги являлось то, что ее не могли испортить черви, клещи и другие насекомые.

«Шелковая» бумага Кстати говоря, идею, которую никак не удается реализовать Абдуманнону Раупову, еще в конце 1990-х годов воплотил в жизнь в соседнем Узбекистане предприниматель-ремесленник Зариф Мухторов. В кишлаке Конигил близ Самарканда он построил мастерскую по производству бумаги по традиционной самаркандской технологии, аналогичной той, которую использовали исфаринские когазгары. Основным сырьем для изготовления бумаги в мастерской Мухторова является кора тутовника, благодаря чему эта бумага получила название «шелковой». Особенность этой бумаги заключается в том, что она в самом прямом смысле все стерпит. Она мягкая и эластичная, ее можно мочить и даже стирать (без фанатизма, конечно). В настоящее время самаркандские мастера изготавливают из «шелковой» бумаги свыше 50 наименований сувенирных изделий. Лист такой бумаги формата А4 стоит от 80 центов до $1,5 в зависимости от качества. Возрождения когазгари в Таджикистане может способствовать развитию и других традиционных промыслов — в частности, каллиграфии, переплетного дела и реставрации книг, считает главный редактор городской газеты «Насими Исфара» Муталиб Шарифов, изучавший историю местных ремесел. Десятки молодые таджикистанцев могли бы получить рабочие места, благодаря возрождению когазгари. Появилась бы возможность провести реставрацию сотен старинных рукописей, хранящихся у частных лиц, а также в общественных библиотеках, музеях, научно-исследовательских институтах. Сама по себе старинная технология бумажного производства, безусловно, привлечет внимание местных и иностранных туристов, а оригинальные изделия из бумаги ручной работы будут пользоваться большим спросом. И пока в Таджикистане есть те, кто еще знает секреты древнего ремесла, будет непростительной ошибкой не поддержать их начинания. Тилав Расул-заде


№ 2 (348)

// аз 26 январи соли 2018

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Девони шеър медиҳамат шодиёнаро Ҷуз манзилат надидаӣ, эй кӯри хонашин, Даъвои ҳафт иқлими арзу само чаро? Дорӣ даруни синаат сад уқдаи чигил, Як қавмро ба мушкилӣ мушкилкушо чаро? Аз бевафогӣ шуҳраи офоқиву вале, Бонги дуҳулу наъраи сидқу вафо чаро? Эй офтоб, арзи мани хастадил шунав, Дар синаҳо намерасад нури зиё чаро? Чун шоирию ошиқӣ ганҷест шоҳвор, Гарданкаҷӣ ба даргаҳи мансабгадо чаро?...

ТӮТИЁ

ХАЁЛ Занги дилам садо заду деринтизор хоб, Аз ошёни дидаам чун шабпарак парид. Бӯйи ҷавонӣ омаду дар рӯйи боми дил, Бо шарму ноз, нарм-нарм як гулбасар

давид. Дил аз баҳори қомати сабзи биҳиштияш, Ширину гарму ошно дар синаам тапид. Бо ҷодуи малоҳату бо теғи абрувон, Пероҳани сабурии қалби маро дарид. Мурдам зи як табассуми шаккарсиришти ӯ, Ганҷи муҳаббати маро бо бӯсае харид. Гуфтам сано ба модари мӯъҷизаофараш, Хандону шӯху маҳлиқо мӯъҷиза офарид. Чун омадам ба пеши худ аз олами хаёл, Ашкам ба рӯ биёмаду аз дидаам чакид…

Бо дарки ҳарфи зиндагӣ чун ошно шудем, Пушти хамидаи дили худро асо шудем. Саррофи давр хору гул нашнохт, пас чаро? Дар раҳгузори духтари маънӣ гадо шудем? Аз доғи бекасии худ пур шуд дил аз алам, Аз боғи ҳусни рӯйи гул ҳар дам адо шудем. Ғофил аз он ки гул ҳама бебӯю қоғазист, Умре ба бӯйи сила аз ҷайби сабо шудем. Аз шарри қасдгирии навкисагони шаҳр, Муҳтоҷи дастгирии як муттако шудем. Аз иддае,ки қалбашон орист з-офтоб, Чашминтизори ламъаи нуру зиё шудем. Дасти фитода доштан чун лофи маҳз буд, Зуд аз биҳишти домани модар ба по шудем. Нокарда шукри хирмани фасли баҳору гул, Масти шамими гесуи мушкинқабо шудем. Эй бандагони ёдбуд, з-ин ҳиллаҳо чӣ суд? Чун тири марг хӯрдаву аз ҳам ҷудо шудем. Бар дидаҳои нокасон чун куҳли фахру ноз, Баъди вафоти хештан мо тӯтиё шудем…

АНҚО

Ба қадди сарву санавбар ғурур нопайдост, Ба базми аҳли дил ин дам сурур нопайдост. ПАДРУД Тамоми умр биҷустам суроғи кишвари ишқ, Талоши банда хато буд, ки ҳур нопайдост? Чу рӯзе соати дил ногаҳон аз кор мемонад, Ба рӯйи ҳар кӣ бидидам ҳазор латмаи ғам, Ба лавҳаш аз муҳаббат ҳасрати бисёр Куҷост хандаи хуршед, ки нур нопайдост. мемонад. Буруни косаи сарҳо кулоҳу ҳавои ғурур, Агарчӣ кардаам бо шеър рози хештан Даруни гунбади дониш шуур нопайдост. ифшо, Зи оинаи дил ҷустам ҳадиси акси касонро, Даруни дил ҳазорон махзани асрор Бигуфт: -Чеҳраи софу булур нопайдост. мемонад. Ба кулли ранҷ шунидам, ки оқибат ганҷест, Барои гушнагону ташнагони ишқ дар дунё, Раҳам расида ба фарҷом ҳузур нопайдост. Зи ман андар китоби зиндагӣ осор Ба тори пардаи дилҳо итобу ноҷӯрист, мемонад. Ба гӯш пунба ниҳам беҳ, ки ҷӯр нопайдост… Дар ин дунё, ки тору пуди ӯ з-андуҳу афсӯс аст, АРМУҒОН Зи дарди ишқи мо як дафтари ашъор мемонад. Як рӯзи бачагӣ, Агар дасти аҷал пӯшид чашмам бок не, Як бомдоди ишқ, сӯят Буд орӣ лавҳи хотирам чун дафтари ҷадид, Нигоҳам дар нигоҳи ахтарон бедор Аз ғуссаи муҳаббату ҳарфу саводи ишқ, мемонад. Ғофил будам зи панҷаи доду надоди ишқ. Зи худбинӣ маро кам дидӣ умре, баъд аз ин Ногаҳ зи пушти қуллаи дунёи орзу, дигар, Хуршеди пурҳарорати ҳусни базебатон, Ду чашмонат ба роҳи рафтаи ман чор Мастона рӯ намуд. мемонад. Сӯйи замини синаам хандид гарм-гарм, Саропойи дилам чун ёдгорӣ аз гули нозат, Печида ҳамчу ғунчае андар қабои шарм. Чӣ мамнунам, ки захми ҷонгудози хор Бо панҷаҳои нарм, мемонад… Андар дилам хазинаи бинҳуфтае кушуд, Гуфто, ки ман муҳаббатам, Бодо ба ту дуруд! РИЁ Дигар ба хеш н-орамӣ, Аз беғамӣ чӣ суд! Бо қалби холӣ даст сӯйи кибриё чаро? Ин манманию тундию ҳарфи риё чаро? Як рӯзи бачагӣ, Дар чор фасли зиндагӣ аз баҳри суди хеш, Як бомдоди ишқ, Ҳар дам иваз намудани ранги қабо чаро? Бо хандае, ки гармтар аз нури шед буд, Бирбурда оби минбару меҳроб бо фусун, Оташ задӣ ба хонаи торику сарди дил. К-аз ҳарфи ақли дигарон ин иддао чаро? Дар Каҳкашони синаам бикшодӣ ахтаре, Боре тавофи хонаи дилҳо накарда, лек Бо номи дарди ишқ, Қасди адо намудани фарзи Худо чаро? Эй аввалину охирин кайҳоннаварди дил…

Соли Нав Рафт соли кӯҳнаю ёдаш бимонд, Дар баёзи хотири мо ҷовидон. Аз китоби умр кам шуд як варақ, Боз як соле шудем охир калон. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! Қомати шамшод шуд қадре баланд, Навдаи дирӯза шуд шохи дарахт. Ғунчаи порина меорад самар, То ба фарқи ӯ бувад хуршеди бахт. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! То бувад раҳҷӯю роҳу раҳнамой, Тифлаки ширхора гардад раҳравон.

Фахри модар буд дар гаҳвора ӯ, Як баҳоре мешавад фахри замон. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! Мешавад аскар ҷавони хушқаде, Вақти рафтан мегазад як луқма нон. Хонда мактуби пур аз меҳри варо, Бишканад модар зи бӯяш ормон. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! Бо қаду болои нозолудааш, Нозбунёде ҳамегардад арӯс. Мечашонад гарм-гарму нарм-нарм, Лаззати лабҳои худро баҳри бӯс. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! Бар муроди худ расад зеборухе,

ҚАДРИ ШЕЪР

Гуфтам зи дил бурун кунам завқи

таронаро, К-ин шаҳр мекушад ҳаваси шоиронаро. Қадре ба чашму қалбҳо чун нест дарди ишқ, Гуфтан чӣ ҳоҷат ғазали ошиқонаро. Ман дарди сар куҷо барам, чун марҳаме набуд, Бахшо, чу пушти по бизанам роҳи хонаро. Гесу ба бод ҷилвакунон мушк мефурӯхт, Аз ёд бурда заҳмати сангини шонаро. Аъмоли беҳтарини мо бегонапарварист, Аз пушти панҷа бингарем ранҷи багонаро. Дар пойбӯси нохалаф аз по намефитем, Дар марги дӯст оварем узру баҳонаро. Хушкид мижаҳоямон аз ногиристан, Додем ихтиёри дил чангу чағонаро. Беду чанорро кунад тӯфони Нӯҳ убур, Чанголи бод бишканад шохи ҷавонаро. То як бағал муҳаббате ёбӣ аз ин баҳор, Девони шеър медиҳамат шодиёнаро…

АФСӮС То қадри гул бишнохтӣ, айёми гулчинат гузашт, То қадри дил бишнохтӣ, эҳсоси ширинат гузашт. То дарк кардӣ зиндагӣ, бигзашт аз сар обҳо, Бо суръати рангинкамон дунёи рангинат гузашт. Ҳарфу ҳиҷои ҳусни худ пиндоштӣ ҳарфи замон, То боз кардӣ чашми дил, рӯъёи болинат гузашт. Пар мезадӣ то осмон, доман кашидӣ з-остон, Донистӣ то қадри само парвози шоҳинат гузашт. Бӯидӣ то мушки баҳор, пойиз омад пушти дар, Бо ранги нав бишкуфтани рухсори бечинат гузашт. То чашми дил во кардаӣ, чашми умедам кӯр шуд, Дил бурдану дил куштани чашмони камбинат гузашт. Дасти дуо бардоштӣ, то боз монӣ сабзу тар, Дарё намегардад қафо, ихлосу оинат гузашт. То банди гесуи туро, печам ба даври гарданам, Аз банд-банди пайкарам озори сангинат гузашт…

ГУЗАШТ Аз ишқи нотамоми мо бас рӯзҳо гузашт, Аз оҳу сӯзи хоми мо бас рӯзҳо гузашт. Аз соате, ки кафтари иқбол парзанон, Н-омад ба сӯи боми мо, бас рӯзҳо гузашт. Аз лаҳзае, ки гардиши гардуни нохалаф, Боре нашуд ба коми мо бас рӯзҳо гузашт. Аз ғуссае, ки оҳуи лайлинигоҳи ишқ, Умре набуда роми мо бас рӯзҳо гузашт. Аз носипосие, ки рехт аз дидамон сиришк, Дуздид сайди доми мо бас рӯзҳо гузашт. Аз маҳфиле, ки карда буд дар байни бедилон, Ошӯби шаҳр номи мо бас рӯзҳо гузашт. Байни ҳазор бандаи нафсу ғуруру ҷаҳл, Аз субҳи ҳамчу шоми мо бас рӯзҳо гузашт. Шохаи васлаш ҳамеорад самар. Чашм рӯшан карда бо Гурдофарид, Ё Ватанро медиҳад як шаҳписар. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! Модари мушфиқу дилогоҳи ман, Мешавад соле заифу пиртар. Бо қади ларзону чашми хирабин, Мешавад аз зиндагӣ дилгиртар. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан! То намирад баргу сози зиндагӣ, Пирҳо бикшодаанд дасти дуо. То баҳори Соли Нав ишқ офарад, То Ватан бошад фани номуси мо. Соли Нав фархунда бод, эй ҳамватан! Хоҳамат нӯши зиёд, эй ҳамватан!

//

САҲ. 4

ЁД Дилам зи ёдҳои ту ба сина об кардаам, Зи тору пӯди ёди ту ба дил китоб кардаам. Зи ёди субҳи рӯйи ту расидаам ба рӯзи нав, Ба ёди мушки мӯйи ту шабона хоб кардаам. Зи ёди хандаҳои ту дарун-дарун гиристам, Дар осмони қалби худ раҳи саҳоб кардаам. Ба ёди соғари лабат, ки буд насиби дигаре, Зи ғусса ёди соғару шароби ноб кардаам. Зи хори ваъдаҳои ту зи ваъда гаштаам қимоб, Ба ҷои ваъдагоҳи ту басе шитоб кардаам. Зи ёди шаҳри ҳусни ту, ки поку тозаю тар аст, Сутуну ошёни дил басе хароб кардаам. Зи ёди кокулони ту ки сарҳисоби ишқ буд, Шумори умри боқиям ба дил ҳисоб кардаам… www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru № 2 (348) аз 26.01.2018 ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Машрафxон Эгамов. ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. Зафар Амакxонов. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62 (904) 66-22-44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook