Имруз 2 2017

Page 1

Имрӯз

«Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад.» Эмомалӣ РАҲМОН.

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 2 (330) // аз 11 феврали соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Имзои 5 ёддошти ҳусни тафоҳум миёни шаҳрдории Исфара ва соҳибкорон Ҷиҳати таъмини дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боби роҳандозии муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва аз ин тариқ муайяннамоии монеаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» бо зиёда аз 60 нафар соҳибкорони маҳаллӣ мулоқоти озоду ошкоро ва бо ифодаи маъмул «бидуни галстук» доир намуд. Сароғоз шаҳрдори Исфара ба соҳибкорон барои пазироии таклифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ширкат дар вохӯрӣ ва саҳмгузории фаъолона дар ҳамаи ҷабҳаҳои умури бунёдкориву созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, хислати озод аз унсурҳои расмӣ будани нишастро ёдовар шуд ва даъват ба амал овард, ки бештар аз мушкилоту муаммоҳо ва нақшаҳои фаъолияти соҳибкории худ ҳарф зананд. Минбаъд раиси ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва содиротчиёни маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Абдумубин Файзиев аз фаъолияти давраи сипаригардида ва нақшаву ниятҳои неки асотсиатсия маълумот пеш оварда, ҳамзамон таклиф кард, ки дар маркази шаҳр мағозае таъсис дода шавад, ки тавассути он сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони сершумору сайёҳон ба маҳсулоти баландсифати корхонаҳои коркарди Исфара имконияти дастрасӣ пайдо намоянд. Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот соҳибкорон Мавлуда Маҳмудова, Наҷибулло Убайдуллоев, Тоҳир Абдуллоев ва Садриддин Зокиров баромад намуда, дар ҳошияи қадршиносии таваҷҷуҳ ва дастгирии до-

имии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба бахши соҳибкорӣ ва азми самимии фароҳамории шароитҳои созгори вусъат бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ, бардошту андешаҳои худро вобаста ба вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рафъи баъзе аз монеаҳои мавҷуда арза доштанд. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта соҳибкорони маҳаллӣ бидуни сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун ва ширкати фаъолона дар маъракаҳои умумишаҳрии ободонӣ ба 10 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ кӯмакҳои

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ба гардиши кишоварзи ворид намудани заминҳои бекорхобида, фонди махсуси шаҳр ва захираи давлатӣ боғҳои нав бунёд намояд. Шурӯъ аз санаи 7-уми феврал бо дастгирии роҳбарияти шаҳр аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ ва ҷалби маблағҳои сектори хусусӣ дар талу теппаҳои ҳудуди маъмурии шаҳри Исфара бунёди боғоти нав роҳандозӣ гардид. Бино ба иттилои раиси кумитаи заминсозии шаҳр Сахиюлло Мақсудов интизор меравад, ки дар ин радиф дар заминҳои бекорхобида дар масоҳати беш аз 100 гектар боғоти нав бунёд кар-

яквақтаи модд расонидаанд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ин радиф таъкид ба амал овард, ки албатта ширкат дар амалҳои хайру савоб хуб аст, лекин дар шароити имрӯза маблағгузорӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ барои рушди шаҳр ва баландбардории некӯаҳволии мардум муҳимтар маҳсуб мешавад. Дар ҷамъбасти мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар шахси раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 5 ёддошти ҳусни тафоҳум ба маблағи умумии 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба имзо расид. Санадҳои ба имзорасида ободонии роҳи давродаври мавзеи даромадгоҳи маҳаллаи Бинокорро аз ҷониби соҳибкор Нарзулло Ӯлмасов ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бунёди маркази мӯҳташами хизматрасонӣ ва савдои муосирро дар автовокзали шаҳрӣ аз ҷониби соҳибкор Акмал Шокиров ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, бунёди бинои 5 ошёнаи истиқоматиро дар кӯчаи Победа аз ҷониби соҳибкор Шерзод Нусратдинов ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, сохтмони корхонаи коркард ва банду басти меваи хушкро дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ва бунёди мактаби нахустини хусусиро дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкор Мавлуда Маҳмудова ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ менамояд.

Азхудсозии заминҳои бекорхобида да шавад ва дар айни замон дар самти афзун намудани сатҳи истифодаи самараноки заминҳои корам тадбирҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд. Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати гузоштани заминаи боэътимод барои эҳёи боғоти Исфара дар соли 2017-ум мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақша гирифтааст, ки дар ҷойи боғоти кӯҳна ва аз ҳисоби азхудсозии заминҳои бекорхобида дар маҷмӯъ 247 гектар боғоти нав бунёд намояд.

Баҳри таҳкими ҳамкории ҷомеа ва милитсия

Дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо ҷаҳду талоши муштараки Шӯрои таъмини тартиботи ҷамъиятии ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи бехатар» ва кӯмаки сафорати ИМА дар ҶТ амалӣ гардонида мешавад, бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Абдулло Навҷувонов, кормандони лоиҳаву ҷамоат ва фаъолони деҳа ду ҳуҷраи муҷаҳҳази кории кормандони лоиҳаи мазкур мавриди истифода қарор дода шуд. Тавре ба мо роҳбари гурӯҳи тарғиботии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» Абдухалил Шарифов иттилоъ дод, ҳуҷраҳои мазкур дар бинои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ қарор дошта, бо тамоми лавозимоти корӣ, аз қабили мизу курсӣ ва рафҳои китобмониву ҷевонҳои ҳуҷҷатнигаҳдорӣ, компютеру лавҳаҳои машваратӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Утоқи якум барои анҷоми кори ҳамарӯзаву утоқи дуюм барои қабули шаҳрвандон ва баргузории машваратҳои корӣ пешбинӣ шудаанд. Мақсад аз таъсиси нуқтаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» роҳандозии ҳамкории қавӣ ва судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо қишрҳои гуногун ҷомеа аст.. Дар маросими расмии ба ин муносибат доир гардида раиси ҷамоат Бадриддин Шарофов, раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майёри милитсия Абдулло Навҷувонов баромад намуда, аз саъю кӯшишҳои таҳкими робитаҳои судманд байни мақомоти милитсия ва аҳли ҷомеа изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Имруз 2 2017 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu