Имруз 1 2017

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 1 (329) // аз 12 январи соли 2017 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62

Исфара. самари як таҷриба

зеботар гардондани Исфараи бостонӣ буд. Бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ дастгоҳи раиси шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро иборат аз 30 банд таҳия намуд. Ҳамзамон, пешниҳодҳои мушаххаси вобаста ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба нақшаи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои соли равон ворид мешаванд. Тибқи дастури дигари раиси шаҳр дар соли равон муовинони соҳавии ӯ низ дар гуфтугӯҳои мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ширкат варзида, вобаста ба соҳаи марбутаи худ бо мардум ба таври ошкоро гуфтугӯ хоҳанд кард. Иқдоми мазкур, бешак, ҷиҳати масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти муовинон, ҳалли муҳимтарин масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунон, бо истифода аз интернет бо 20 соҳибкори зодаи Исфара, ки дар Русия, Қазоқистон, Олмон, Норвегия, Шведсия ва Амрикову Зеландияи Нав фаъолият доранд, аз тариқи онлайн дар тамос шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқот байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорон 5 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ба имзо расидааст. Иқбол ТЕШАЕВ, рӯзноманигор.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, сабабҳои воқеии пурра иҷро нагардидани нақшаи даромади андозҳои давлатӣ, зарурати пешгирии санҷишҳои пайдарпайи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти назоратӣ, масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар маҳалҳои нави аҳолинишин, ба низом овардани ҳолати ҳудуди бозори марказӣ ва роҳҳои атрофи он, сохтмони Неругоҳи ҳароратии Шӯроб, аз нав таҳия намудани рӯйхати шахсони камбизоат аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода

дар гуфтугӯи мустақими радиоӣ (радиои маҳаллӣ) бо мардум мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳадаф аз баргузории ин гуфтугӯи мустақими радиоӣ таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, омӯзиши афкори ҷомеа оид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи мардум, дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳамроҳ бо муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба дидорбинию аёдати нафаре чанд тан аз куҳансолон, собиқадорони ҷангу меҳнат иқдом намуда, тӯҳфаҳои идона тақдим доштанд. Сараввал онҳо ба манзили сокини ҷамоати деҳоти Кӯлканд, собиқадори меҳнат Майрамхон Носирова омаданд. Ин зани мехнаткарину матинирода ва зиндадилу махфилоро, ки авваалин зани дорои соҳиби маълумоти олӣ дар деҳа буда, солҳои зиёд ба ҳайси омӯзгор ва раиси ҷамоати деҳот кор кардааст , бо самимияти хоса меҳмононро қабул намуда, барои эҳтирому ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмо-

Аёдати собиқадорон малӣ Раҳмон ва мақомоти маҳаллӣ сипосмандӣ намуд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ Анвар Яъқубӣ баъдан ба манзили истиқоматии собиқадори соҳаи тиб Одилхӯҷа Обидхӯҷаев ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ў пурсон шуданд. Номбурда зиёда аз 50 сол дар беморхонаи марказии шаҳр фаъолият намудааст. Ӯ аз ташрифу хабаргирии меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуда, барои ғамхории пайвастаи давлату ҳукумат арзи сипосмандии худро баён дошт. Меҳмонон таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти давлатӣ ҳамеша аз шароити собиқадори меҳнат

огоҳ хоҳанд буд. Дар манзили собиқадори меҳнат Бибихон Умарова бошад, таъкид гардид, ки фаъолияти чандинсолаи ин зани мехнаткарину матинирода ва зиндадилу махфилоро барои насли ҷавони ҷомеа шоистаи ибрату пайравиҳост. Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби мақомоти давлативу ғайридавлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаву хайрандеши шаҳру деҳоти Исфара ба садҳо нафар ятимону бепарасторон, беморону барҷомондагон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Аз фаъолияти яксолаи комиссияҳои танзими анъана

Ҷаласаи ҷамбастии бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки дар толори маҷмааи фарҳангии «Ориён»-и шаҳр баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт, раисони ҷамоатҳо, аъзои комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони тӯйхонаҳо ва масъулини мақомоти иҷроия ширкат намуданд. Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Обидбой Аҳмедов доири фаъолияти солона маълумот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда оид ба танзим, иттиҳодияҳои динӣ, пешгирии мафкура ва ҳаракатҳои ифротгаро, такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳалҳои зист 282 мулоқоту вохўриҳои саривақтӣ ва судманд баргузор карда шудааст. Ҳамзамон 22 машваратҳои корӣ, 796 гардишҳои муштарак, 146 санҷишҳои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, 218 санҷишҳои фаъолияти комис-

сияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати идҳои давлатӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои нав, корхонаву муассисаҳо бошад, аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон дар 14 чорабинӣ хатнатӯйи хайриявии 247 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил ва гузаронида шудааст. Давоми соли 2016 дар шаҳру деҳоти Исфара зиёда аз 2737 маърака ба қайд гирифта шуда, нисбати 35 нафар сокинони шаҳру деҳот парвандаҳои маъмурӣ ба суд барои баррасӣ пешниҳод гардиданд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа С. Рустамов, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ М. Ёқубӣ, раиси ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Н. Каримов, имомхатиби масҷиди ҷомеи Умари Одил Ҷ. Шаҳобиддинов ва дигарон фикру андешаҳои хешро дар ҳошияи масъалаи баррасишаванда иброз доштанд. Раиси шаҳр бо натиҷабардорӣ аз ҷаласа бо пеш овардани далелҳо ва таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти бахш назди масъулини соҳа вазифагузорӣ намуд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.