Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 6 (352) // аз 11 августи соли 2018 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62
Ташрифи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, иштирок дар маросими оғози бунёди як қатор иншооти иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти сокинон, инчунин дидору мулоқот бо фаъолон ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Дар Моҳпарӣ Зимни сафар раиси вилоят нахуст аз шаҳраки Моҳпарӣ боздид намуда, бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои обёрии шаҳрак шинос гардид. Тибқи иттилои масъулин масоҳати шаҳраки Моҳпарӣ 410 гектар буда, то имрӯз ба 2477 оила 148,6 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин барои бунёди хонаҳои баландошёна 16,2 гектар, иншооти ҷамъиятӣ 4,22 гектар, сохтмони мактабҳо 8,6 гектар, кӯдакистонҳо 3,84 гектар, роҳу кӯчаҳо 69,62 гектар ҷудо гардида, ҷиҳати таъмин намудани мавзеъ бо оби нӯшокиву полезӣ татбиқи лоиҳаҳо идома дорад. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки 25 оила сохтмони хонаҳои худро ба анҷом расонидаанд ва чанд оила аллакай истиқомат доранд. Бо мақсади обёрии заминҳои кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин мавзеъ корбарӣ идома дошта, бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо тавассути пойгоҳҳои обкашии “Моҳпарӣ-1” ва “Моҳпарӣ–2” беш аз 4000 гектар заминҳо
обёрӣ карда мешавад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид изҳор дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки Моҳпарӣ марҳила ба марҳила ободу сарсабз гардонида мешавад. Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда барои идомаи корҳо ва ободонии шаҳрак маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Ба роҳбарияти шаҳр ва ниҳодҳои марбутаи вилоятӣ дастур дода шуд, ки барои вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла кашидани хатти оби нӯшокиву полезӣ сармояҳои хориҷӣ низ ҷалб карда шавад.
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ ва банду басти меваи хушк ши-
нос гардид. Дар аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Исфара-фарфор” иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона 20 ҷойи корӣ ташкил гардидааст ва дар ҳоли ҳозир дар он 11 нафар фаъолият мебаранд. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Исфара-фарфор” ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни сафолӣ бо шумули кӯзаҳои гуногунҳаҷму армуғонҳо машғул буда, маҳсулоти он дар бозорҳои вилоят серхаридор мебошад. Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбари корхона Исмоилхӯҷа Музаффаров дастур дод, ки ба ороиши маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, доираи фаъолияташро васеъ ва содироти маҳсулоти истеҳсолшавандаро хубтар ба роҳ монад. Таъкид гардид, ки истеҳсоли зарфҳои махсуси сафолӣ барои банду басти асал метавонад ба корхона манфиати калон расонад. Зеро тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда ҳаҷми истеҳсоли асал ва содироти он
аз вилоят бояд афзун гардад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин ба масъулини идораи сохтмони асосии вилоят дастур дод, ки бо мақсади дастгирии корхонаи ватанӣ сафолакҳои ороишии он дар бунёди иншооти гуногун истифода бурда шавад. Сипас, раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ЧилФрукт” шинос гардида, ба сифати банду басти зардолуи хушк баҳои баланд дод. Муассиси корхона Суҳробиддин Ашӯров ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки дар “Чил-Фрукт” 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд ва истеҳсолу содироти маҳсулот сол ба сол зиёд гардида истодааст. Тавассути корхонаи мазкур соли гузашта 100 тонна хушкмева банду баст ва содирот карда шудааст ва имсол тибқи нақша 300 тонна хушкмева ба содирот бароварда мешавад. Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ошно гардид. Фармоишгари бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 45 хона, аз ҷумла 15 хонаи якҳуҷрагӣ, 15 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, пудратчии он ҶДММ “Бинокор” мебошад. Тавре зимни шиносоӣ аён гардид, бинокорон корҳои сохтмониро дар ошёнаҳои якум, дуюм ва сеюм ба итмом расонидаанд ва ҳоло дар ошёнаи чорум машғули кор ҳастанд. Раиси вилоят пас аз боздид ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки корҳои сохтмониро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати ободониву кабудизоркунии атрофи бинои истиқоматӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Оғози мумфаршкунии роҳҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара дар маркази шаҳр ба корҳои мумфаршкунии қитъаи роҳи Баҳор то кӯчаи Нарзӣ Ҳаитов оғоз бахшид. Тавре ҳангоми оғози корҳои мумфаршкунӣ иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур ба дарозии 2 км бо маблағгузории
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пурра мумфарш карда мешавад. Фармоишгари корҳо идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ҶДММ "Тоҷроҳ” мебошад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо сокинони маркази шаҳр таъкид кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, сохтмону бунёди садҳо иншооти гуногун идома дорад. Зикр гардид, ки ба истиқболи ҷашни миллӣ то соли 2021 дар вилоят беш аз 3000 иншооти гуногунсоҳа, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, ҳаммому кошонаи ҳусн, толору майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва амсоли ин бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинони шаҳр даъват намуд, ки бо шукргузорӣ аз даврони осоишта ва осмони софу беғубор барои густариши корҳои созандагӣ саҳмгузор бошанд ва наврасону ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намоянд. Фаъолони шаҳри Исфара аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба ободонии Исфарамарз изҳори хушнудӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд. Дар идомаи сафар раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии кӯчаи Сайфиддин Абдуллоеви шаҳр шинос шуд. Дарозии роҳи мумфаршшаванда наздик се километрро ташкил дода, фармоишгари корҳо дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин рӯз ҳамчунин ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи Насрулло Асадуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ оғоз бахшида шуд. Наздик 1 км роҳи кӯчаи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби роҳсозони ҶДММ “Тоҷроҳ” мумфарш карда мешавад. (Давомаш дар саҳ.2).