Иштирокчиёни конфронси сайёҳӣ таҳти унвони "Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисоди миллӣ", ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Исфара баргузор мегардад, хайрамақдам мегӯем!
Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 5 (351) // аз 23 апрели соли 2018 // email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ-10. // Тел: 2-61-62
Ҳайати 40 нафараи намояндагони Исфара, ки роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ –Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Шабакаҳои барқи Исфара, масъулини маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, масъулини шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум шомили он буданд, таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Пазироӣ ва истиқболи меҳмонон аз ҷониби ҳокими ноҳияи Боткон Кениш Салихов ва аҳли фарҳанги он гарму самимона сурат гирифт. Ҷоизи зикр аст, ки таҳкими фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, тақвиятбахшии муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳадафи асосӣ аз ин сафар арзёбӣ мегардад. Дар раванди мизи мудаввар, ки дар дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Салихов Кениш Каримович ҳамзамон хоссатан зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудааст.
Тақвияти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷику қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома дода мешавад. Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқае омаданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва
мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд ва нофаҳмию муноқишаҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд. Ҳар ду ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои дастгирии техникии ҳалли мушкилоти дастрасии сокинони минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва
полезӣ баён намуда, таъсиси гуруҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили «Ҳамсоягони нек»-ро омили муассире дар самти таҳкими ҳамкориҳо, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар доир ба муҳимияти ҳамкориҳои фарҳангию-гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуда, роҳандозии робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумориданд Бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва тақвиятбахшии ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар деҳоти наздисарҳадии Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ва Уч – Добои ноҳияи Боткон ва дар ин замина ташкилу баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Баъд аз анҷоми мизи мудаввар барномаи муштараки фарҳангӣ ва боздид аз мавзеи сайёҳии «Айгул» сурат гирифт. Тибқи нақшаи мувофиқагардида рӯзҳои наздик баргузории чунин як чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ бо ширкати намояндагони ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Исфара дар назар аст. Маркази матбуотии раиси шаҳр.