Skip to main content

"Имруз", № 1 от 21 января 2021 года

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 1 //

21 январи соли 2021

//

email: gazeta-imruz@mail.ru //

Боз як иқдоми шоистаи вакил

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ва вилояти Суғд Абдулмумин Ҳалимов, ки бо шарофати амалҳои густурдаи созандаю бунёдкорона, хайрандешона ва накӯкориҳояш байни мардум соҳибэҳтирому соҳибэътибор гардидааст, боз як иқдоми некро амалӣ сохт. Ахиран бо ташаббуси ин нафари хайрандеш дар маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Кўлканд як трансформатори нави иқтидораш106 / 10 киловолт мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми истифодабарии он шаҳрдори Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин иштирок дошт. Дар маросими мавриди истифода қарор додани ин иншооти ҳаётан муҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори сипос ба вакили мардумӣ, ҳамзамон зикр дошт, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара чун дигар сокинони кишвар талош доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 –со-

лагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол намоянд. Раиси ҷамоати деҳоти Кўлканд Аббосидин Маҳмудов миннатдории самимонаи сокинони деҳаро ба Абдулмумин Ҳалимов баён дошта, иқдоми неку наҷиби ўро шоистаи таҳсин ва ибрату пайравӣ донист. Ин иқдоми созандаи вакил боис гардид, ки мушкилоти мардуми маҳаллаи навбунёд осон гардида, беш аз 350 хоҷагии аҳолӣ

www.tojinfo.ru //

бобарқи хушсифат таъмин карда шаванд. Бояд зикр намуд, ки корҳои васлу насб ва ба корандозии таҷҳизоти навро мутахассисони ҶС «Шабакаҳои барқи Исфара» бо сифати баланд анҷомдода, аз зеристгоҳи Кўлканд то истгоҳи трансформаторӣ тавассути 20 адад симчӯбҳои оҳану бетонӣ ба масофаи зиёда аз 3 километр хати барқ кашиданд. Бино бар суханони раиси ҷамоати деҳоти Кўлканд ин ҳаштумин трансформатор аст, ки давоми як соли охир бо дастгириву саҳмгузории Абдулмумин Ҳалимов дар ин ҷо насб карда мешавад. Қаблан бо хоҳишу дархости сокинони ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ дар маҳаллаҳои Боғдорӣ, Саъдии Шерозӣ, Ғӯзлон, Навобод, Қалъача,Шаҳрак ва Навободи Болои ин ҷамоатҳо трансфарматорҳои нав насб ва трансформаторҳои кӯҳна бо трансформаторҳои иқтидорашон зиёдтар иваз карда шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки саҳму нақши Абдулмумин Ҳалимов дар ободонии шаҳр, аз ҷумла сарсабзу обод гардонии ҳудуди ҷамоатҳое, ки аз онҳо вакили Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб гардидааст, басо калон буда, садҳо нафар шахсони камбизоату ниёзманд аз кумаку дастгириҳои арзишманди моддию маънавии ин ҷавонмарди накӯкор бархӯрдор гаштаву аз ӯ сидқан сипосгузоранд. Номбурда ба ҷуз пешбурди муваффақонаи умури созандагиву бунёдкорӣ дар осоишгоҳи "Зумрад" ва пурмаҳсул ба роҳ гузоштани фаъолияти вакилии маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ мувофиқ ба талабу дархости интихобкунандагонаш дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак, Кӯлканду Чилгазӣ ва Лаккон баҳри ҳаллу фасли муаммову мушкилоти ҷой дошта камари ҳиммат бастааст.

Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. //

Тел: 2-61-62

Натиҷагирӣ аз фаъолият

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши Исфарагии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид.

Нишасти мазкур таҳти раёсати муовини аввали раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Содирхон Қосимӣ оғоз гардид. Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Раиси Шӯрои шаҳрӣ Акрам Сулаймонзода бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо як овоз раиси Шӯро интихоб шуд. Ҳамчунин ба ҳайати аъзои шӯро низ тағйирот ворид карда шуда, ваколати аъзои нави Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тасдиқ карда шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо ёдоварӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистон, нақши калидии Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардум махсус таъкид кард. Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар саросари кишвар обрӯ ва нуфузи беинтиҳо дошта, маҳбуби ҳар як хонадон аст. Маҳз ғояи умумимиллии ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва истиқлолияти давлатиро аз фаношавӣ раҳоӣ бахшид. Қайд гардид, ки таҳкими фаъолияти Шӯрои шаҳрӣ метавонад пеш аз ҳама дар таҳкими дӯстии халқҳо, рушди соҳҳои хоҷагии

халқи шаҳр ва бобати ташкили корҳои оммави-сиёсӣ ва тарғиботи-ташвиқотӣ дар байни омма мусоидат намояд. Минбаъд муовини озоди раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Меҳринисо Алиматова оид ба фаъолияти солонаи Шўро гузориш дод. Тавре гуфта шуд айни замон дар шаҳри Исфара 19 созмони минтақавӣ, 225 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шуда, 37102 иштирокчиёнро муттаҳид менамоянд. Номбурда зикр сохт, ки давоми соли ҳисоботӣ аъзоёни ҳаракат дар Исфара яке аз пешоҳангони бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Дар кори ба мардум расонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ доир карда шуданду дар аёдати собиқадорон, дастгирии ниёзмандону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин давра дар ҷаласаҳои барпошудаи ҳаракат масъалаҳои истифодаи самараноки воситаҳои таъсиррасонӣ ба ҷомеа, саҳмгузорӣ дар рушди босуботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба мардум расонидани ғояҳои ваҳдати миллӣ ва арзишманду муқаддас будани ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар раванди ҷаласа аъзои Шӯро, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталиб Шарифов перомуни тарғибу ташвиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар васоити ахбори омма изҳори назар кард. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ширкат ва баромад дошт.


№ 1 //

21 январи соли 2021

Беватан оқибат бопушаймонӣ мирад Дар ин хусус навиштаанду боз менависем ва оянда ҳам хоҳанд навишт. Беватан кист? Аксаран шахсеро, ки ғариби мулки бегона гаштааст, берунватан меноманд. Дар замонҳои гузашта ҳам, бинобар ягон сабабҳо баъзе шахсиятҳо дар замини бобой зиста натавониста, сари худро гирифта ба кӯи ғарибӣ рӯ овардаанд. Аммо дар ҳеҷ маврид ба сӯи Ватан ва халқи худ забони маломату надомат ва буҳтону ғайбат накушодаанд. Ҳамеша аз Ватану дӯстони худ ёд карда, бо ҳасрат дунёро падруд гуфтаанд. Он замонҳо зиндагӣ чӣ ранг дошту чӣ ҳол дошт, таърих гувоҳ аст. Имрӯз зиндагӣ тамоман дигар шудааст, ки онро бобоёну падарони мо ҳатто орзу ҳам карда наметавонистанд. Замоне расидааст, ки миллати тоҷик ба ормонҳои ҳазорсолаи худ дастёб гардид. Давлати мустақил, соҳибихтиёре рӯи харитаи олам бо номи Тоҷикистон маъруф шуд, ки акнун одамони қитъаи ҷаҳон аз он бохабаранд. Аз чунин давлату аз чунин миллат доштан, танҳо ифтихор бояд кард! Соли 2021 халқи кишвари азиз бо ҳидоятҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол мегиранд. 30-соли Истиқлолият! Ба қафо баргардем ва нигарем, ки дар ин сӣ сол мо аз куҷо ба куҷо расидем, чӣ қадар комёбиву муваффақиятҳо ба даст овардем, бо як гуфтану бо чанд варақро сиёҳ намудан, ҳаргиз тамом карда натавонем. Дар даҳсолаи аввал давлати ҷавони моро чи хатарҳое пеш наомад?! Мудҳиш буд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гурезашавии мардум, бесарусомонӣ, куштору ғорат, бедавлатӣ, камчинии ғизои аввалияи ниёз, рӯ ба мулкҳои бегона овардани фарзандони барӯманд ва ғайраву ҳоказо. Хушбахтона, бо супоришҳои Сарвари ҷасуру неруманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сангару ноумедиҳо паси сар карда шуда, дар кишвар сулҳу субот ба даст оварда, ба меҳнати созанда шуруъ кардем. Дар даҳсолаҳои минбаъда, халқи кишвар бо роҳбарии Пешвои худ ба комёбиҳое муваффақ гардид, ки онро чашмдор набудем. Дар тамоми минтақаҳо тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузург, амалӣ кардани се ҳадафи миллӣ – амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба

миён гузошта шуд. Даҳҳо километр роҳҳо, туннелҳо сохта, замину боғоти нав, сохтмони неругоҳи азими аср – Роғун авҷи тоза гирифт. Соли ҷорӣ, ки ҷамъбасти се даҳсола мебошад, тамоми дастовардҳои халқи Тоҷикистон намоён хоҳанд гардид. Дар соли 2020, ки соли хеле вазнин буд, солее, ки бемории сироятии СОVID-19 ё худ коронавирус баробари фаро гирифтани тамоми сайёра Тоҷикистонро ҳам берун нагузошт, мо нотарсона таҳти дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем фаъолиятамонро қатъ нанамуда пайи ободии Ватанамон суботкорона кӯшиш намоем. Ба ҳамаи он бояд танҳо шукрона кард! Аммо таассуф, ки як зумра нохалафон, чун гурӯҳи 24, Кабирию дигар берунватанони фирории Тоҷикистон солҳост, ки ин ҳама пешрафтҳоро нодида мегиранд ва аз рӯи кинаву адоват нисбати давлату халқу Ватани худ танҳо забони ғаразу буҳтон кушода, зери фишори зархаридони хориҷӣ суханони беасосе, моҷароҷӯёнае, дасисахоҳе мегӯянд, ки ҳаргиз мо онро қабул надорем. Ин беватанон, ки таҳти ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротӣ ҷамъ омадаанд, имрӯз аз дасташон ғайри бадкорӣ кардан ба Ватани худ дигар амале намеояд. Онҳо бояд донанд, ин суханонашон ҳаргиз ба ҳадафе нахоҳад расид ва оқибат чун заҳр коми онҳоро талху худашонро маҳв хоҳад кард. Рӯзе мерасад, ки ин берунватанон бо сад хориву зорӣ ва пушаймонӣ дар мулки бегонае хок мегарданд, ки ояндагон, хусусан аҳлу авлоди онҳо ҳеҷ гоҳ аз мадфанашон ҷӯё нахоҳанд шуду надонанд хокдонашон дар куҷост. Одамӣ ҳарчанд ки бузургу муқтадир гардад ҳам, вале чун берунватан аст, аз вай оҷизтару натавонтар касе нахоҳад буд. Чунки: Дар миёни хору хос як гул надорад эътибор, Беватан дар кишвари бегона гардад хору зор! Аз ин рӯ, бовар дорам, ки мардуми бонангу ори Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба варсақихониҳои беасос ва иғвоангези хиёнатпешагони беватан, ки тавассути расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати Ватани азизамон, паҳн мекунанд, фирефта намешаванд. Бо шукрона аз ин имтиёзу шароиту имкониятҳо танҳо рӯ ба илму донишу ҳунару кашфиётҳо меоранд, дар рушди Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст». Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Ҷашни Садаро мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд меоварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница» роиҷ аст. Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми

//

САҲ. 2

САДА: Аз аҳди ниёгон то ба имрӯз

мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, агар оташи оташдони хонаводае хомӯш шавад, ин фоли бад буд. То имрӯз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомӯш нашавад», «Худоё, чироғи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, бахусус барои писар), «Худоё, ҳич кас бечироғ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироғ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зӯр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин. Ҳамчунон, ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сӯзам, ки…», “Дар сарат алов”, «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чӯб дар оташ дар гирам…» ва ғайра То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд. Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳр-

гон дорад. Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор мегардад. Дар ҷашни Сада созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад намоем. Мардум дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада ҷамъ меоянд, базм меороянд, хурсандӣ карда, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро боз ҳам бештар ташкил карда, мардум ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ ҷалб мешаванд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон рафта, онҳоро дилбардорӣ кардан расм шудааст. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд.


№ 1 //

21 январи соли 2021

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

Киҳо ба Россия рафта метавонанд?

Тибқи маълумотҳои Намояндагии Вазо- р, ки 4 декабри соли 2020 ба он тағйиру рати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии иловаҳо ворид гардид, амал намоянд. МуҶумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи вофиқи Қарори мазкур то кушода шудаРоссия оид ба муҳоҷират ва Хадамоти ни марзҳо ва барқарории алоқаи ҳавоӣ сарҳадбонони фурудгоҳи Домодедово, ва нақлиётии доимӣ, категорияҳои шарВнуково ва Жуковскии шаҳру вилояти вандони зерин озими Россия шуда метаМосква, ҳамарӯза тавассути хатсайрҳои вонанд: 1. Кормандони аккредитатсияшуда ва чартерии ширкати ватании “Сомон-эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи таъйиншудаи намояндагиҳои дипломатӣ Россия “Ютейр” ва “Уралавиалинии” 2-3 ва консулии давлатҳои хориҷа дар Феденафар шаҳрвандони тоҷик бо пешниҳоди ратсияи Россия, ташкилотҳои байналмиҳуҷҷатҳои қалбакии марказҳои тиҷора- лалӣ ва намояндагиҳои онҳо, дигар натии тиббии шаҳру вилояти Москва ҳан- мояндагиҳои расмии давлатҳои хориҷӣ, гоми ворид шуданашон ба қаламрави ки дар қаламрави Федератсияи Россия Россия боздошт гардида, баъди санҷида ҷойгиранд, шахсони мансабдори Кумибаромадани дурустии ҳуҷҷатҳои тиббӣ таи доимии Иттиҳоди давлатҳо, инчунин ва дар натиҷаи ғайри расмӣ будан, пас аз аъзои оилаи шахсони болозикр, вакилон ду се рӯзи боздошт дар Хадамоти сарҳад- ва шахсони мансабдори Ассамблеяи Парбонии Россия, ба ватан бозпас гардонида лумонии Иттиҳоди Белоруссия ва Росмешаванд. сия, ронандагони мошинҳои боркашии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, алоқаи байналмилалии нақлиётӣ, сармуҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии нишини ҳавопаймоҳои ҳавоӣ, киштиҳои Тоҷикистон ба иттилои муҳоҷирон мера- баҳрӣ ва дарёӣ, сарнишини қатораҳои сонад, ки ба хотири пешгирии ҳолатҳои роҳи оҳани байналмилалӣ, ҳайати шахтақаллуб ва эмин мондан аз қаллобон, сӣ, ки бо созишномаҳои байналмилалӣ тибқи Қарори Ҳукумати Федератсияи дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан муайян Россия аз 16 марти соли 2020 таҳти №365- карда шудаанд, кормандони Алоқаи бай-

ни ҳукуматии хаткашон, аъзои расмии ҳайатҳое, ки ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият; 2. Шахсоне, ки раводидҳои дипломатӣ, хидматӣ ё оддии хусусиро доранд, ки ба муносибати фавти хешу табори наздик дода шудаанд, инчунин раводидҳои оддии хусусӣ, ки бо қарори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дода шудааст; 3. Шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Россия созишнома оид ба сафари бидуни раводид доранд, агар ин шаҳрвандон ба Россия бинобар марги хеши наздик (ҳамсар, волидайн, фарзанд, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) ворид шаванд, бо шароити пешниҳоди ҳуҷҷатҳои эътиборноки тасдиқкунандаи шахсият, нусхаи маълумотномаи фавт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешу таборӣ ё бо шиносномаҳои эътиборноки дипломатӣ ва хидматӣ; 4. Шахсоне, ки аъзои оилаи (ҳамсар, волидайн, фарзанд, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) шаҳрванди Федератсияи Россия ҳастанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва

Муқовимат бо коррупсия "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020" ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Муқовимат ба коррупсия - мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми тар-

кибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Мақсаду мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Қобили зикр аст, ки па-

ёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим доранд, зеро дар онҳо барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидат менамоянд. Ш. МУЗАФАРОВА, ҳуқуқшиноси давлатии шаҳри Исфара.

САҲ. 3

нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешу таборӣ; 5. Шахсоне, ки дар Федератсияи Россия иқомати доимӣ доранд, ки гузаргоҳҳои ҳавоии марзи давлатии Федератсияи Россияро бидуни тарки ҳудуди он убур менамоянд; 6. Шахсоне, ки иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба ҳиҷрати ихтиёрии ҳамватанон ба Федератсияи Россия ҳастанд ва аъзои оилаи онҳо пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳодатномаи иштирокчии Барнома; 7. Шахсоне, ки дар танзим ва нигоҳдории таҷҳизоти истеҳсоли хориҷӣ, ки дар рӯйхати пешниҳодшудаи ХБФ ФР ва ВКД ФР қарор доранд, иштирок менамоянд; 8. Шахсоне, ки бо мақсади муолиҷа ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки аз ҷониби ташкилоти тиббӣ, ки зарурати муолиҷаро тасдиқ мекунанд, бо нишондоди вақти табобат ва ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дода шудааст; 9. Шахсоне, ки барои нигоҳубини хешу табори ниёзманд (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) ба Федератсияи Россия ворид мешаванд бо шарти пешниҳодиҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешу таборӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби ташкилоти тиббӣ, оид ба вазъу ҳолати бемор дода шудааст; 10. Шахсоне, ки дорои иҷозат барои истиқомати доимӣ (вид на жительство) мебошанд; 11. Шахсоне, ки ҳамчун мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб карда шудаанд ва аъзои оилаи онҳо (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо ва фарзандхоншуда), инчунин шахсоне, ки дар чорабиниҳои варзишӣ дар қаламрави Федератсияи Россия иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо ва фарзандхоншуда) тибқи дохил шудан ба рӯйхат (бо нишон додани гузаргоҳи сарҳади давлатии Федератсияи Россия ва санаи вуруд), ки ба Вазорати варзиши Россия, ХФБ, вазорати корҳои дохилии Россия ва Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ фиристода шудаанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият. Аз ин лиҳоз, аз нафароне, ки мақсади сафар ба Федератсияи Россияро доранд, хоҳиш менамоем, ки бо бовар кардан ба миёнаравони тақаллубкор ҳаёти худро зери хатар нагузоранд. Шуморо дар хона интизоранд!

ДИҚҚАТ: МУЗОЯДА Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара музоядаро оид ба

фурӯши молҳои мусодирашуда барпо менамояд. Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, ошёнаи 3-и бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Вақти баргузорӣ: 5 феврали соли 2021, соати 14-00. Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Андозаи кафолатпулӣ барои ишти-

рок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 900 (нуҳсад) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар музояда аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ; - барои шахсони ҳуқуқӣ-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ; - барои шахсони воқеӣ-нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият; Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба суратҳисоби бахш пардохт менамояд. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳо 2-77-47, 98-898-21-21 ва ва 918- 22- 58- 22 гирифта метавонед.


№ 1 //

21 январи соли 2021 //

Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ҳамчун роҳи паст кардани талафоти неруи барқ, ки пайваста сурат мегирад, дар асоси ҳадафҳои раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ натиҷаи пурсамар ба бор овард. Бо ҷорӣ гардидани истифодаи таҷҳизоти каммасраф ҳанӯз дар нимсолаи аввали соли 2009 дар кишвар нуқтаҳои махсуси фурӯш ифтитоҳ ёфтанд. Чунин иқдом дар доираи татбиқи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия амалӣ шудааст. Дар ин муддат ташкилоту идора ва аҳолӣ ба истифодаи ин таҷҳизот гузаштанд, ки манфиати он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба корхонаву ташкилот буда, боиси коҳиш ёфтани ҳолатҳои садаманокӣ дар истгоҳҳои барқӣ ва кам гардидани серборӣ дар трансформатору дигар инфрасохтори интиқолдиҳандаи неруи барқ гардидааст. Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, истифодаи таҷҳизоти каммасраф сарфаи неруи барқро то панҷ маротиба кам мекунад. Ногуфта намонад, ки истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад, боиси рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, беш аз нӯҳ сол аст, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, аз ҷумла фурӯзонакҳои камхарҷ дар мамлакат ҷорӣ гардидааст. Масъалаи дигар ин аст, ки алҳол аксарияти сокинон ҳанӯз ҳам аз лампаҳои тафсон, ки то ҳол дар савдо қарор доранд, истифода мебаранд. Ҳарчанд истифодаи чунин лампаҳо сарфи неруи

email: gazeta-imruz@mail.ru

// САҲ. 4

Маблағи барқро саривақт пардозем

барқро бештар гардонад ҳам, сокинон фикр накарда, онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ҳанӯз соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расида буд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасра-

фи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад”. Мутахассисон таҳлил намуданд, ки дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион кВт соат баробар мешавад, яъне ивази лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион кВт - соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба

ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 - мегаватта баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф хароҷоти беҳудаи неруи барқро пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи оилавӣ манфиати бештар мерасонем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи манбаи дигари энергия, ба монанди ангишт, газ ва ғайра кам гаштааст, ки аз ин сабаб серборӣ асосан ба соҳаи барқ мебошад. Ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани неруи барқ боиси аз талабот зиёд сарф шудани он мегардад. Рӯзона дар вақтҳои таъмини кофии рушноӣ ҳам фурӯзон будани таҷҳизоти равшанидиҳанда дар бисёр иншооту хонаҳо мисоли истифодаи бефоидаю аз меъёр зиёди қувваи барқ аст. Ин ҳолатҳо асосан дар марказҳои хизматрасонӣ, дӯкону

мағозаҳо ба мушоҳида мерасад. Ин гуна ҳолатҳо шаҳодати он аст, ки соҳибони корхонаю муассисаҳо ба қадри истеҳсоли қувваи барқ намерасанд. Талаботи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергияро риоя намекунанд ё худ истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф низ боиси на танҳо сарфи зиёди энергияву хароҷоти зиёд ба истеъмолкунанда, ҳамзамон зарар ба хату таҷҳизоти барқӣ аст. Сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. Нодир ТУРСУНЗОДА

ПӮШИДАНИ НИҚОБ

ШУСТАНИ ДАСТОН

Зарур аст, ки ҳангоми ба берун баромадан ҳар як аъзои оилаатон бо ниқоби тиббӣ (маска) бароянд. Аз нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ ба қадри имкон худдорӣ кунанд. Ба бозор бе зарурият нараванд, дар ҳолати рафтан зуд харидорӣ карда, ба хона баргарданд.

Худ ва аҳли оиларо даъват намоед то дастҳоро бо собун ва моеъҳои спиртдор шӯянд. Бахусус вақте аз берун ба хона омадан ё ҳангоми қапидани ашёҳои дарберунбуда (дастаи дари мағоза, мактаб, беморхонаҳо, нақлиёт ва ғайра) шӯстани дастҳо шарти асосист.

САЛОМАТӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Ба аҳли оила фаҳмонед, ки дар бозорҳо фосилаи байни одамонро риоя намоянд ва бо даст салом накунанд. Агар коргар бошанд, дар ҷойи корашон бояд фосилаи думетрӣ риоя карда шавад.

Агар хоҳед, ки саломатии Шумо ва аҳли оилаатон бардавом бошад, аз истеъмоли хӯрокҳои бадҳазм ва обҳои хунуку газдор худдорӣ намоед. Бештар об, мевагиҳо, асалчой, лимӯчой, сабзавоту мева ва хӯришҳои аз сабзавоти тару тоза омодашударо истеъмол кунед. Ғизои бой иммунитети аҳли оилаатонро баланд мебардорад.

ЧАНД ТАВСИЯҲОИ ДИГАР

Худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз намоед. Дониста бошед, ки агар имрӯз як нафар аз Шумо сироят ёфт, баъди ду ҳафта боиси сирояти садҳо нафар мешавад ва аз сироятшавӣ эҳтиёт кардани як нафар, садҳо нафари дигарро наҷот медиҳад. Агар Шумо беморед, кӯшиш кунед, ки касе аз хонадону наздиконатон сироят наёбад, агар сиҳат ҳастед, пас эҳтиёт кунед, то шумо сироят наёбед. Ҳангоми сулфа ва ё атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ва ё бо оринҷи даст пӯшонед. Машваратҳои табибони оилавӣ ва шахсони масъулро қатъиян риоя намоед.

ШАҲРВАНДОНИ АРҶМАНД! Cаломатии аҳли оила, оромиши хонаводагӣ бештар аз Шумо вобаста аст. Маҳз Шумо тарбиятгари аслии фарзандон буда, ин масъулиятатон дар замони паҳншавии бемории COVID-19 бештар гардидааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос кӯшиш намоед, ки эҳсоси худро идора кунед ва аҳли оиларо барои риояи талаботҳои гигиенӣ сафарбар созед. Албатта, шояд то ҷое мушкил бошад, аммо боварӣ дорем, ШУМО МЕТАВОНЕД, зеро ОРОМИШИ ХОНАВОДАГӢ ҳадафи аслии МОву ШУМОст. Инак:

www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. Зафар Амакxонов.

{АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.

СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1

Тел: +992-3462-2-61-62 (92) 734 - 22 - 44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Имруз", № 1 от 21 января 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu