Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 12 //
8 сентябри соли 2020
//
email: gazeta-imruz@mail.ru //
www.tojinfo.ru //
Бунёди бинои хушсохти таълимӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли хонандагону омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 –и ҷамоати деҳоти Кӯлканд неку фараҳафзо ва хотирмон боқӣ мемонад.
З
еро дар пайгирӣ аз иқдомоти созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо боз як иншооти нав, ки дорои 2 синфхонаи иловагии таълимӣ мебошад, ба истифода дода шуд. Бунёди бинои иловагӣ, ки аз 2 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 100 ҷойи таълимӣ дар ду баст пешбинӣ шудааст, тақвиятбахшандаи иқдомоти созандаи сокинони деҳа буда, бо ташаббусу маблағгузории соҳибкорони саховатпеша Ҷамшед Бузуруков, Акрамалӣ Бобобеков ва ҳам саҳмгузории кумитаи падару модарони толибилмон, бо харҷи 160 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар ҷараёни ҷамъомади танта-
Дар доираи тадбирҳои идона ба ифтихори ҷашни саиди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Лаккон як иншооти муҳимми варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Р
навӣ раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ҳозирин ва кулли омўзгорону толибилмони таълимгоҳро бо амалигашти ин иқдоми бунёдкорона ва ҳам бо фарорасии ҷашни бузурги миллиамон - 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю сидқан муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ саҳм гирифтаанд, изҳори сипос намуд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии шаҳр маҳсуб меёбад. Ҳайати 56 нафараи омӯзгорони мактаб таълиму тарбияи 631 нафар шогирдонро муваффақона анҷом медиҳанд ва дастовардҳои толибилмони муассиса дар озмунҳои
фаннӣ ва ҳам ҷиҳати дохилшавӣ ба мактаби олӣ низ басо назаррас аст. Соли равон аз 28 нафар хатмкунандагони мактаб 22 нафари онҳо сазовори номи донишҷӯ гардиданд, ки ин нишондоди баланди соҳавӣ маҳсуб меёбад. Шаҳрдори Исфара бо истифода аз фурсат ба як қатор бунёдгарони иншоот, аъзои фаъоли кумитаи падару модарон ва саховатмандон Сипосномаҳои МИҲД-и шаҳрро тақдим намуд. Омўзгорону толибилмони муассисаи тозатаъсиси таълимӣ изҳор доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рўзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумат бо фаъолияти назаррас ва таҳсили хубу аъло дар рушди кишвар саҳмгир хоҳанд буд.
Иқдомҳои созанда дар Ворух Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи кӯшишу саҳми сокинони ободкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - деҳа таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳ- зист бомаром идома дорад. мон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Боиси қаноатмандист, ки соҳибкоро30 - солагии Истиқлолияти давлатии ни эҳсонкору мардуми Ворух корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми созан- созандагию ободониро дар муассидаю ободкори шаҳру деҳоти Исфара саҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъба вусъати корҳои ободонию созандагӣ миру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ вусъат мебахшанд. камари ҳиммат бастаанд. Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу Дар ин раванд сокинони ҷамоати деҳоти Ворух низ ба пешвози ҷашни пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ таърихӣ дар корҳои ободониву созан- ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳо дар дагӣ саҳми арзанда гузошта, бо даст- баробари соҳибкорону саховатпешагон, гирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ барои ободонии маҳал ҷаҳду талош доранд. карда истодаанд. Бино бар суханони раиси ҷамоати Аз ҷумла бо ташаббусу иқдомоти со- деҳоти Ворух Меҳриниссо Раҳматозандаи мардум, саҳмгузории соҳибко- ва то ба имрӯз сокинони маҳаллаҳои рони ватандӯсту саховатпеша ва саъю Гузар ва Тидон дар масофаи беш аз 2
Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. //
аиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни суханронӣ дар маросими кушодашавии майдончаи футболи хурд амалӣ гардидани иқдоми шоистаи рушди варзишро миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Бунёднамоии варзишгоҳ, ки барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст, тақвиятбахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур, ҳамчун як макони нерўмандию солимӣ, маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа, бо саъю эҳтимоми Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо харҷи 140 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст. Раиси Федератсияи футболи шаҳр Акрам Сулаймонзода аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои
километр роҳҳоро таъмиру бетонпӯш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз ҳар вақти дигар тақвият ёфтааст. Сокинони маҳаллаи Масҷиди Болои ҷамоати деҳот низ ин иқдоми нек ва кори хайру муҳимро идома бахшида, корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳалларо бо саҳми умум оғоз намуданд. Дар корҳои мумфаршкунӣ техникаву таҷҳизот ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҷалб гардида, онҳо ният доранд баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намоянд. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд, ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.
Тел: 2-61-62
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Лаккон
мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд. Ӯ ҳамзамон изҳори умедворӣ намуд, ки мардуми саодатёру заҳматпешаи деҳоти Лаккон дар оянда ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, беш аз пеш саъю талош намуда, дар ҷодаи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
"Имон интернешнл" дар ФДТТ
Дар Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара «Рӯзи дарҳои кушоди ТАҚХ Имон интернешнл» баргузор гардид. Муовини директор оид ба илм ва таълим Зокирхӯҷа Солиев чорабиниро оғоз бахшида, ҳадафи онро баён дошт. Мутахассиси қарзии ТАҚХ «Имон интернешнл» Нигина Мадраимова ва менеҷери тиҷоратии филиал Заррина Тӯхтаева оид ба фаъолияти ташкилот, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рушди соҳиб-
кории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ маълумот дода, икдоми “Стипендияи Имон интернешнл”-ро муаррифӣ намуданд. Мутахассиси қарзӣ Абдуҷалол Нусратов зимни пешниҳоди маълумотҳои муфассал оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ҳамзамон таъкид дошт, ки “Имон интернешнл” дар низоми бонкии мамлакат яке аз ташкилотҳои бонуфуз ба шумор рафта, доираи фаъолияташ рӯз аз рӯз пайваста васеъ мегардад ва сафи муштариёнаш торафт меафзояд. Дар ҷараёни чорабинӣ байни ТАҚХ “Имон интернешнл” ва ФДТТ дар шаҳри Исфара шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.