Skip to main content

Имруз, № 10, от 18.07.2020

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 10 //

18 июли соли 2020

//

email: gazeta-imruz@mail.ru //

288 иншооти ҷашнӣ

11 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой дар шаҳри Исфара омода намудааст ва Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷа- барои анҷоми корҳои сохтмонӣ тибқи раёни корҳои ободониву созандагӣ ва нақша 2 миллион сомонӣ сарф хоҳад рафти корҳои саҳроӣ ба шаҳру деҳоти шуд. Раиси вилоят ҳини шиносоӣ бунёди Исфара сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар Раиси вилоят нахуст чунин маҷмааҳоро, ки​ дар доираи седар Ҷамоати деҳоти Кӯлканд дар ма- солаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои росими оғози мумфаршкунии роҳҳо мардумӣ ташкил гардида истодааст, бисёр муфиду саривақтӣ унвон кард. ширкат варзид. Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи ҳуду- Гуфта шуд, ки бунёди чунин маҷмади ҷамоат бо ташаббуси соҳибкори ва- аҳо барои истироҳату фароғати сокитандӯст Миразиз Амаков ба масофаи 5 нон зарур буда, илова бар ин барои бо км мумфарш карда мешавад. Бо дуои ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрванпирони рӯзгор ба мумфаршкунии роҳ дон низ мусоидат менамояд. Аз ҷониби роҳбари вилоят ба роҳбаҳусни оғоз бахшида шуд. Раҷаббой Аҳмадзода сипас дар мар- рияти шаҳр ва дигар шахсони масъул кази шаҳр корҳои сохтмониро дар барои бо сифати баланд ба итмом Маҷмааи истироҳатию фарҳангӣ, ак- расонидани корҳои сохтмонӣ ва обова-парк, майдончаи футболбозӣ ва донии атрофи иншооти бунёдшаванда ​ ҳавзи шиноварӣ мавриди таваҷҷуҳ қа- дастуру супоришҳо дода шуд. Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳрор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, иншооти мадзода дар Ҷамоати деҳоти Ворух ва зикршуда дар доираи 1300 рӯзи меҳна- Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бо рафти нати зарбдор ба истиқболи 30-солагии всозии қасри фарҳанг, сохтмони майИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии дончаи варзишӣ ва ҳаммоми замонавӣ Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Су- ошно гардид. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Вонатулло Нуриллоев бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани рух дорои 650 ҷойи нишаст мебошад маҷмаа 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ва бо харҷи беш аз 1,9 млн сомонӣ таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгари корҳо мегарданд. Лоиҳаи иншоотро КВД «Лоиҳакаш» Идораи сохмони асосии мақомоти

www.tojinfo.ru //

Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. //

иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкор Сорбон Савриддинов бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он 460 000 сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ худи ҳамин сол оғоз ёфта, тибқи нақша то моҳи сентябр ба анҷом расонида мешавад. Лоиҳаи майдончаи варзиширо КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Исфара омода намудааст ва пудратчӣ ҶДММ ШС «Бинокор»-и шаҳри Исфара мебошад. Бинои ҳаммоми замонавӣ бошад, дар маҳаллаи Навободи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир аст. Он аз тарафи соҳибкор Ҳомидов А. ба маблағи 1 600 000 сомонӣ сохта хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли гузашта оғоз ёфта, дар назар аст, ки то охири сол мавриди истифода қарор гирад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо аз саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ёдовар шуда, изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатқарини Исфара 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд. Таъкид карда шуд, ки ​тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо бунёди пурраи иншооти тарҳрезишуда симои шаҳру деҳоти Исфара боз ҳам зеботар гардида, садҳо ҷойи нави корӣ ташкил мегардад. Дар соли 2018 86 иншоот, дар соли 2019 131 иншоот ба истифода дода шудааст. Давоми шаш моҳи сипаришудаи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн. 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 71 иншоот пурра ба итмом расонида шуд. Яъне давоми дуним соли охир 288 иншооти ҷашнӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Аёдати собиқадорон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара собиқадорони меҳнат Абдусамад Шомирсаидов ва Холисҷон Темурҷоновро аёдат намуд. дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқа- Исфара, дар оилаи коргар таваллуд дорон аз нақши онҳо дар пешраф- шудааст. Ў соли 1975 Институти хоҷати ҷомеа ёдоварӣ карда, изҳор дошт, гии қишлоқро (ҳозира Донишгоҳи ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори аграрии Тоҷикистон ба номи Ширинсулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, шоҳ Шоҳтемур) бо ихтисоси муҳандис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - технолог хатм намудааст. Аз соли 1960 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбария- то соли 2013 дар вазифаҳои гуногуни ти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадо- соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст рони меҳнат хабар мегирад. ва хизматҳояш бо ордени «Дӯстии Собиқадорони меҳнат аснои му- халқҳо», медалҳо, унвони «Корманди лоқот аз лаҳзаҳои ҷолиби кору фаъ- шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва олияти хеш ёдовар шуда, барои даст- даҳҳо ифтихорнома қадр шудаанд. гириҳои доимӣ ба Сарвари давлат Холисҷон Темурҷонов 23 ноябри изҳори миннатдорӣ карданд. соли 1942 дар оилаи коргар таваллуд Ёдовар бояд шуд, ки Абдусамад шудааст. Ў соли 1965 институти химиШомирсаидов 14 январи соли 1944

явию технологии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандис - технолог ва соли пасон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - иқтисодчӣ хатм намудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1987) буда, то соли 2004 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи саноат ва хизмати далатӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1971), Байрақи Сурхи Меҳнат (1981) ва медали «Барои меҳнати шоён» қадр шудаанд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Тел: 2-61-62

Суҳбати ошкоро бо журналистон

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо рӯзи 15 июли соли 2020 нишасти матбуотии раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо ширкати намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Дар раванди нишасти матбуотӣ маҳз бо назардошти он, ки қабл аз оғози нишаст ба ҳар яке аз иштирокдорони он варақаи иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар нимсолаи аввали соли 2020 дастрас гардида буд, шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода аз баромаду суханронии анъанавӣ худдорӣ намуда, ба журналистон имкони мусоиде фароҳам овард, ки суолу дархост ва пешниҳодоти худро манзур намоянд. Ҳамин зайл, намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ - нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд», «Насими Исфара», «Имрӯз», «Ганҷи Исфара», «Хазинаи маърифат», Оҷонсии иттилоотии «Суғднюс», шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Телевизиони Исфара» ва Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» ба саволу пурсишҳои худ вобаста ба бурду бохти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мавҷуда, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр ва тариқи мубориза бо бемориии сироятии коронавирус, ҳолати таъминоти аҳолии шаҳру деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи минтақаҳои наздисарҳадӣ, раванди барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳолати таъминоти аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, нақшаву ниятҳои минбаъдаи созандаю ободкоронаи роҳбарияти шаҳр ва амсоли ин посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар нишаст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - мудири Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умринисо Пулодӣ иштирок ва суханронӣ дошт. Тавре журналистон дар интиҳои нишасти матбуотӣ худ изҳор доштанд, таассуроту бардошти онҳо аз тариқу раванди баргузории нишаст нек буд, зеро ҳар яке имкон доштанд, ки ба суолу пурсишҳои худ посухҳои мушаххас бигиранд ва зимнан аз ҷониби Акрам Сулаймонзода ба муовинони соҳавии раиси шаҳр ҷиҳати ҳалли фаврию мусбии мушкилоти аз ҷониби журналистон зикргардида дастур дода шуд, ки иҷрои саривақтии онҳо таҳти назари бевоситаи шаҳрдор қарор хоҳад дошт. Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара.


№ 10 //

18 июли соли 2020

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 2

Боздиди раиси вилоят аз хоҷагиҳои кишоварзӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Чоркӯҳ» 262 гектар замини кораАҳмадзода зимни сафари корӣ ба ми обӣ ва 411 гектар боғ, аз он 346 шаҳри Исфара ҷараёни корҳои гектар боғи зардолу мебошад. Ин саҳроиро мавриди таваҷҷуҳ қа- кооператив ба қатори хоҷагиҳои рор дода, бо фаъолияти Коопе- беҳтарин дохил шуда, дар самти ративи тиҷоратии​ «Тухмипар- истеҳсоли ғалла яке аз пешқаварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи дамҳо маҳсуб меёбад. Кооператиҷоратии​ «Кишоварзони Навги- тив асосан ба истеҳсоли ғалла, лем»​шинос гардид. картошка, сабзавот машғул меЧуноне аснои шиносоӣ итти- бошад. лоъ дода шуд, дар КооператиСоли гузашта дар кооператив ви тиҷоратии​ «Тухмипарварии дар майдони 80,8 гектар кишти

гандум гузаронида шуда,​ 518 тонна​ ҳосил гирифта шудааст, ки ҳосилнокии миёнаи он зиёда аз 64 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол бошад дар 107 гектар кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст ва кишоварзон нақша доранд аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна зиёда аз 65 сентнерӣ ҳосили гандум ҷамъоварӣ намоянд. Деҳқонони кооператив инчунин 127 гектар картошка,​ 74,7 гектар шолӣ,​ 28 гектар сабзавот кишт карда, ба чорводорӣ низ машғуланд. Ба иттилои масъулин дар ​Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ» 185 сар моли калон, аз он 70 сар модагов парвариш карда мешавад. Дар Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» бошад, 271,03 гектар замини корами обӣ ва​ 629,91 гектар боғ мавҷуд аст. Хоҷагидорони кооператив ба ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» ба шабакаи хоҷагиҳои зотпарвар шомил карда шуда, дар ин хоҷагӣ 425 сар чорвои хушзоти сиёҳ–алои типи

Мулоқоти раиси шаҳр бо табибони оянда

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни зодаи Исфара, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил дошта, айни замон таътили худро дар зодгоҳ мегузаронанд, вохӯриву мулоқоти рӯбарӯ ва озоду дӯстона орост. Ҳадаф аз баргузорсозии ин тадбир омӯзиши афкор, шиносоӣ бо раванди таҳсил ва зиндагии табибони оянда ва дарёфти роҳҳои мусоидатнамоӣ ҷиҳати аз ҳисоби онҳо тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад. Ҷоизи зикр аст, ки айни замон дар донишгоҳҳои тиббии кишвар ва хориҷи он зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино беш аз 250 нафар дастпарварони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара таҳсил доранд. Тибқи анъана роҳбарияти шаҳр ҳамасола дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни зодаи Исфара вохӯрию мулоқотҳо баргузор месохт, аммо имсол бар иллати пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии нави ко-

ронавирус KOVID-19 ин тадбири муҳим мавқуф гузошта шуд. Аз ин лиҳоз, шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи тиб ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ тасмим гирифт, ки табибони ояндаро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо имконияту дурнамои соҳаи тандурустии шаҳрро муаррифӣ ва таваҷҷуҳи ононро барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои табобатии шаҳр ҷалб намояд. Дар раванди мулоқот сартабиби беморхонаи марказӣ Таибидин Мухамедов, сарвари Маркази саломатӣ Маъруфҷон Тухтаев ва сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев суханронӣ намуда, дар бораи муассисаҳои худ маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода омодагии роҳбари кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро ҷиҳати дастгирии моддию маънавии донишҷӯён изҳор дошт. Бино бар гуфтори сартабиби беморхонаи марказӣ Таибидин Мухамедов айни замон соҳаи тандурустии шаҳр ба 74 нафар мутахассисони соҳибмаълумоту баландих-

тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Сол то сол дар ин хоҷагӣ саршумори чорвои хушзот ва маҳсулнокии модаговҳо зиёд шуда истодааст. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 01.07.2020 дар хоҷагӣ 425 сар моли калон, аз он модагов 140 сар буда,​ истеҳсоли шир - 261,5 тонна ва гӯсолагирӣ 86 сарро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ кишоварзони хоҷагӣ соли ҷорӣ дар майдони 241,13 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, самаранок истифода бурдани замин, эҷоди навъҳои серҳосили гандум ва дар маҷмуъ беҳтар намудани нишондиҳандаҳо тавсияҳои муфид дод. Ёдовар бояд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории Исфара 125,8 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 101,6% таъмин гардид. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1931 тонна гӯшт, 14165 тонна шир, 2117 ҳазор дона тухм

тисос, аз ҷумла 31 нафар духтурони тибби оилавӣ, 15 нафар табибони бахши наҷот ва беҳисгардонӣ, инчунин табибони сироятшиносу дилшинос, наркологу рӯҳшинос, рентгенологу эндокринолог эҳтиёҷ доранд. Тавре сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев зимни суханронии хеш изҳор дошт, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти осоишгоҳи «Зумрад» баҳри ба талаботи муосири соҳаи табобатию сайёҳӣ мутобиқсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас меандешад ва тибқи нақша дар осоишгоҳи «Зумрад» дар ояндаи наздик барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароитҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосир фароҳам оварда хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин, дар ин ҷо 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, маҳз ба хотири омода намудани мутахассисон бо мусоидату дастгирии сарвари осоишгоҳ Абдулмумин Ҳалимов 12 нафар ҷавонони фаъоли Исфара донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардида, алҳол бо маблағгузорию дастгириҳои маъмурияти осоишгоҳ таҳсил доранд ва оянда ҳамчун табиб дар осоишгоҳи “Зумрад” фаъолият хоҳанд кард. Дар раванди мулоқот нафаре чанд аз донишҷӯён бо саволу дархостҳои худ ба раиси шаҳр муроҷиат намуда, зимнан шавқмандии худро барои фаъолият баъди хатми донишгоҳ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр баён доштанд. Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз ҷониби худ омодагии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва ҳам мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ дар оянда изҳор намуда, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кард, ки бо истифода аз фароҳамгардида илму дониш ва асрори ҳунар омӯзанд, дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосирро азхуд намоянд.

истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 19,7 тонна, 218,3 тонна ва 268 ҳазор дона зиёд мебошад. Саршумори моли калон 44677 сар, аз он модагов 28635 сар, моли майда 47004 сар, асп 378 сар ва парранда 70044 сарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ кишти зироатҳои баҳорӣ дар сектори ҷамъиятӣ дар майдони 4425,4 га гузаронида шудааст, ки аз он зироати картошка – 1075,4 гектар, шолӣ – 252 гектар,​ ҷуворимакка (барои дон) – 603,7 га,​ офтобпараст – 559,7 га, карам – 20,4 га, сабзӣ – 61,1 га, помидор – 387,5 га,​дигар сабзавотҳо – 18,8 га, полезиҳо – 29,4 га ва зироатҳои хӯроки чорво 1493,5​ гектарро ташкил медиҳад. Кишоварзон ба ғунучини маҳсулоти кишоварзӣ шурӯъ намуда, то ҳол 2029 тонна картошка, 515,5 тонна сабзавотиҳо, аз ҷумла 119 тонна карам, 139 тонна бодиринг, 111,5 тонна сабзӣ, 76 тонна помидор ва 9147,2 тонна меваҷот ҷамъоварӣ намуданд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Асфалтпӯшкунӣ дар Кӯлканд Сокинони деҳоти Кӯлканд роҳҳо низ саҳми соҳибкороба пешвози ҷашни таърихӣ ни маҳаллӣ назаррас арзёбӣ дар корҳои ободониву созан- мешавад. дагӣ саҳми арзанда гузошта, Аз ҷумла, сокини деҳа, бо дастгирии мақомоти соҳибкори саховатпеша иҷроияи ҳокимияти давла- Ҷамшед Бузуруков тасмим тии шаҳр ва ҷалби соҳибко- гирифт, ки 1,2 км роҳи рон барои ободонии маҳал маҳаллаи Гузарро аз ҳисоҷаҳду талош карда истода- би маблағҳои пасандози худ анд. мумфарш намояд. Ҷоиз ба Боиси қаноатмандист, ки зикр аст, ки мумфаршкунии густариши бунёдкориҳо роҳ, ки дар шафати он сокидар деҳот бо иштироки ва- нони зиёд зиндагӣ менамосеи сокинон, саховатмандон, янд, бо иқдоми соҳибкор ва соҳибкорон ба кори хайр- дастгирии сокинони маҳалхонаю дастҷамъона табдил ла рӯи кор омада, ҳамагон ёфтааст. аз ин кори хайри соҳибкори Чанде қабл дар деҳа яке саховатпеша ва ин иқдомоти аз иншоотҳои ҷашнӣ кӯда- созанда гарм истиқбол накистони хусусӣ мавриди муданд. истифода қарор гирифт. Ин кори хайрро соҳибкоИн муассисаи томактабӣ ри дигари меҳандӯст Миҷиҳати иҷрои дастуру супо- разиз Амаков дастгирӣ наришҳои Асосгузори сулҳу муда, иқдом дорад, ки 7,5 ваҳдати миллӣ – Пешвои километр роҳи асосии деҳамиллат, Президенти Ҷумҳу- ро мумфарш намояд. Бояд рии Тоҷикистон муҳтарам тазаккур дод, ки соли гузаЭмомалӣ Раҳмон оид ба шта бо саҳми боз ҳам ҳамин зиёд намудани теъдоди му- соҳибкори ободгар 5 килоассисаҳои таълимии хусусӣ метр роҳи ҳудуди деҳа низ ва ба муассисаҳои томакта- ба пуррагӣ мумфарш карда бӣ фаро гирифтани кӯдакон шуда буд. аз тарафи соҳибкор АбдуДар корҳои мумфаршвақкос Нишонов ба маблағи кунӣ техникаву таҷҳизот ва 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ кормандони Муассисаи давбунёд гардида, дар он 150 на- латии нигоҳдории роҳҳои фар ба таълиму тарбия фаро автомобилгарди шаҳр ҷалб гирифта хоҳанд шуд. гардида, онҳо ният доранд Мавриди зикр аст, ки баҳри сифатан иҷро намудаимрӯзҳо дар асоси дастуру ни корҳо мусоидат намоянд. ҳидоятҳои Сарвари давлат ба Дар арафаи ҷашни бузурамалҳои хайру ватандӯсто- ги миллӣ мардуми шарифи на даст задани соҳибкорону Исфара бо вусъати корҳои афроди саховатпеша вусъат ободонӣ дар ҳар як маҳалли меёбад, ки он ба беҳтар гар- аҳолинишин, шаҳраку деҳот дидани сатҳи зиндагии мар- ва корхонаву муассисаҳо дум мусоидат менамояд. ҷаҳд доранд, ки ин Дар қатори бунёди дигар шаҳри бостонӣ боз ҳам рушиншооти маданию маишӣ ду тараққӣ ва зебову ороста дар кори таъмиру барқа- гардад. рорсозӣ ва мумфаршкунии


№ 10 //

18 июли соли 2020

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Наҷотбахши миллат

ки бо тамоми қалб ва меҳр. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат барои мо, ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намуданд. Мо аз Пешвоямон ифтихор дорем. Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент нерӯи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кӯшишу талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем миллати худро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дорем. Вақте Пешвои миллат “Ҷавонон – ояндасози миллат ” мегӯянд, дар дили мо, ҷавонон ҳиссиёти наҷибе пайдо мегардад ва моро ба сӯи ояндаи дурахшон устувортар месозад. Имрӯзҳо ҷавонон аз Пешвои миллат меболанду мефахранд ва дар шеъру таронаҳояшон он шахсро наҷотбахши миллат эътироф мекунанд. Мо, ҷавонон миннатдории бепоёни худро ба Пешвои миллат мерасонем ва ваъда медиҳем, ки сиёсати пешгирифтаашонро дастгирӣ намуда, барои рушд ва тараққиёти Ватанамон талош варзида, ҳамроҳашон Ватанро бо меҳр боз ҳам зеботару ободтар месозем.

Баробари ба даст овардани ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизамон аз бузургтарину мушкилтарин мушкилоти сиёсӣ озод гашту рӯ ба тараққи ниҳод, ки ҳамаи ин маҳз тавассути фазилату хирад ва заковати маънавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Эмомалӣ Раҳмон чун хуршеди рахшон ба майдони ҷанги бародаркушӣ дохил шуда, бо нури хеш ҷангро ба дунёи рангин ва сулҳу субот табдил доданд, ки ин албатта кори осон нест. Ҳамагон далериву шуҷоат ва ватандӯстиву сулҳпарастии Эмомалӣ Раҳмонро дида, дар ҳайрат афтоданду он касро қаҳрамони худ донистанд ва ба он кас ҳазорҳо аҳсану офарин хонда, ин шахси одилро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ донистанд. Вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба сухан оғоз намуданд, тамоми мардуми дар ҷанг буда бо чашми умед ба сӯяшон нигоҳ карда, ба сухани

фарзонафарзанди миллат, ки: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” мегуфтанд, оромона гӯш медоданд. Аз ҳамон рӯзе, ки Пешвои миллат ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳод ва маҳз тавассути Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои тараққиёфта табдил ёфта истодааст. Мо, ҷавонон қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чӣ қадаре, ки рӯи авроқ орем, хеле ва хеле кам аст. Корнамоиҳову қаҳрамониҳои Пешвои миллатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард ва фахр аз он дорем, ки дар кишвари соҳибистиқлол бо сарварии чунин як Пешвои муаззам ва оқил зиндагонӣ мекунем. Мо, мардуми сарбаланди тоҷик, хосса ҷавонон имрӯз ва ҳама рӯз бо камоли сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳар ҳарфу ҳидоят ва ҳадафҳои ояндасози Пешвои миллатамонро истиқбол намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳояшон содиқонаву софдилона ватанро ободтар месозем, натанҳо бо дасту по, бал-

Боиси шодӣ, сарфарозӣ ва шукргузорист, ки мо соҳиби давлати мустақил бо номи Тоҷикистон дорем! Дар як фазои сулҳу оромӣ бо аҳли хонавода, дӯстону хешовандон зиндагӣ дорем! Биноан мо бояд ин оромиро ҳамеша нигоҳ дорем ва ҷавобан руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф намоем. Мардуми сарбаланди кишвар ба ваҳдати миллӣ ба осонӣ нарасидааст ва ҳаргиз роҳ нахоҳад дод, ки ягон бадхоҳ бори дигар ин оромӣ ва пешравиро аз тоҷикистониён бигирад. Бинобар аз мардуми сарбаланди кишвар даъват ба амал меорем, ки нисбати ояндаи халқу миллат бетараф набошанд. Бар зидди ин нохалафон , гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастаҷамъона фаъолият баранд. Зеро, мақсаду ҳадафи зуҳуроти номатлуби экстремизм даъват ба нооромӣ, дигаргун намудани сохти конститутсионӣ, ғасб намудани ҳокимият, тасарруфи салоҳияти он, барангезии миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ ва ғайраҳо мебошад. Сарварону масъулони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ тамоми воситаҳоро ба кор мебаранд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Халалдор гаштани ҳаёти осоиштаи мардум, рехтани хуни шахсони бегуноҳ, ҳатто кӯдакон онҳоро заррае ба ташвиш намеорад. Боиси афсӯсу надомат аст, ки ба равияҳои номатлуб, баъзе ҷавонони гумроҳи тоҷик низ шомил шудаанд. Ин сабаби таҷрибаи кофӣ надоштани онҳо, басо заиф будани зиракии сиёсиашон мебошад. Ҳамчунин ҷавононе, ки ҳоло неку бадро ба хубӣ фарқ карда наметавонанду дар муҳоҷират қарор доранд, бо тезӣ фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини гурӯҳҳои фасодкор мегарданд.Дар ин ҷода мо бояд аз фаъолияти корӣ, аз сатҳи зиндагии бародаронамон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд бохабар бошем. Пурсон бошем, ки Ӯ дар кадом ҳол қарор дорад.Ҳуҷат дорад, ё гум кардааст? Дар чунин ҳолатҳо бо тезӣ ба Сафоратхона ё Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон минтақа бояд муроҷиат намоянд. Дар ин маврид тарғиботи барғалати сомонаҳои интернетӣ низ ба мафкураи ин қабил ҷавонон бетаъсир намемонад. Баромадҳои муғризонаи душма-

Иттиҳод бошем нони миллат як ҳадаф дорад. Мақсад ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар аст. Ин гурӯҳакон фаҳмидан намехоҳанд, ки офтобро бо доман пӯшидан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди буҳтону туҳмати гурӯҳи носипос Тоҷикистони барои халқаш азиз зина ба зина пеш меравад. Ободкориҳоеро, ки солҳои охир ба амал омаданд, ҳатто ҳисоб кардан душвор аст. Сатҳи зиндагии одамон, маърифати онҳо хеле боло рафт. Мардум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовару ихлос доранд. Иқдоми некашонро дастгирӣ мекунанд. Шукри онро ба ҷо меоранд, ки Офаридагор барояшон чунин сарваре додааст, ки доимо дар фикри таъмини беҳбудии ҳаёти халқ, дар арсаи байналхалқӣ бошад, баланд бардоштани обрӯю нуфузи тоҷику Тоҷикистон мебошанд. Барои ноил шудан ба мақсадҳои нопок, пайдо кардани фароғатгоҳи беминнат дар хориҷи кишвар бо суханҳои ноҷо халқро ба низову тафриқа андохтан носипосии рӯйирост аст. Ин ашхос фаҳмидан намехоҳанд, ки халқи борҳо аз санҷишҳои вазнини таърих гузаштаи мо дигар ҳаргиз бозичаи дасти авбошони сиёсӣ намегардад. Мардуми шарифи тоҷик аз мақсадҳои нопоки хиёнаткорони Ватану миллат хуб воқиф ҳастанду симои аслии душманони хешро кайҳо хуб шинохтаанд. Душманону хоинони миллат бояд дарк кунанд, ки дигар ташкили ҳар гуна нишастҳо, баромадҳои буҳтонангезу сохтакорона, ки дар пасаш манфиатҳои шахсии гурӯҳ ва ё чанд нафар манфиатҷӯ меистанд, ба роҳу равиши тараққиёте, ки Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Сарвари дурандеши худ интихоб кардаасту ҷасурона пеш меравад, монеае эҷод карда наметавонанду ба ин қодир ҳам нестанд. Фаъолияти осебпазир, баромадҳои иғвоангезро дидаю шунида хомӯш истодан, бетарафӣ зоҳир кардан оқибати нек надорад. Ҳар яки моро зарур аст, ки наздикон, ҳамкорону ҳамсабақон, ҳамдеҳаю ҳаммаҳалла, хуллас, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳиллаҳо ва

Нозанин Набиева, ихтиёрии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара

найрангҳои беохири гурӯҳҳои террористию ифротгаро ва хоинону миллатфурӯшон огоҳ намоем. Бояд хурду калон бидонанд, ки онҳо дирӯз чӣ касоне буданду имрӯз пешравиҳои моро дида, чӣ ниятҳои нопоке дар дил парваридаанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ҳоло ҳамаи имкониятҳо ҳаст ва аз онҳо бояд оқилона истифода бурд. Ватанамонро, миллатамонро дӯст дорем, нисбат ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошем. Ҷавонону наврасонро огоҳ намоем, фаҳмонем. Зеро ҷавони худогоҳу зирак ҳаргиз ба роҳи хато пой намегузорад, ба иғвоҳои фитнаангез дода нашаванд. Зеро модар-Ватан хоки поки муқаддас буда, давлати пуриқтидори Тоҷикистони азиз ҳамеша бар зидди хоинону нохалафон баромада онҳоро маҳв хоҳад кард. Моро лозим аст, ки ин гуна иғвогарӣ дасисаҳоро маҳкум намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯйи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо – оромии сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ба гуфти пирони кор аз як гиребон сар бароварда , дар атрофи Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, баҳри ҳимояи марзу буми покамон бедориву зиракии сиёсӣ дошта бошем. Баҳри шукуфоии кишвари азиз кӯшиш намоем. Худогоҳ бошем, ки ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад , танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум буда, дасти ҳамдигар гирифтанамон ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии мост! Биноан мо бояд дастҷамъона зидди ин нохалафон мубориза барем. Иттиҳод бошем! Шукри ин давлат кунем! Шукрона кунем, ки чунин давлати маҳбуб дорем! Шукрона кунем, ки чунин Пешвои миллат дорем! Б.ШАРИПОВ, нотариуси калони давлатӣ.

//

САҲ. 3

Бо хилъати сафед дар хатти сурх

Табиби сироятшинос Шодрӯз Сангинов тибқи тақозои вазифа бо беморони гирифтори коронаврису нави COVID - 19 мудом дар иртибот аст. Ӯ мегӯяд, ки давоми чанд моҳи сипаришудаи фаъолият дар хатти сурх барояш лаҳзаҳои аз ҳама душвор ин дидани нигоҳҳои ноумедонаи баъзе аз беморон ва шунидани шикояти онҳо аз нафастангӣ буд. Шодрӯз сардори госпитали бемории коронавируси нави COVID - 19 дар шаҳри Исфара буда, ҳамагӣ 29 сол дорад. Ӯ шояд дар кишвар ҷавонтарин сардори чунин госпитал бошад. - Мо 6 нафар духтури сироятшинос, 2 нафар духтури эҳёгар, 6 нафар духтури амрози дохила, 34 ҳамшираҳои тиб, 22 нафар ҳамширагони хурди тиб бидуни тарки ҳудуди госпитал дар се баст 8 соатӣ кор мекунем. Пас аз 14 рӯз моро ба мавзеи "Шаҳноза" ба карантини 14 рӯза мефиристанд. Танҳо пас аз ин ба муддати 14 рӯз ба хонаҳоямон, назди аҳли оила меравем. Табиист, ки дар ин муддат духтурон дохили либоси муҳофизатӣ гуруснагиву ташнагӣ ва мондашавиро эҳсос мекунанд, дар баъзе мавридҳо онҳоро низ масъалаи саломатиашон ошуфта месозад, аъзои оилаҳояшонро пазмон мешаванд. Аммо ҳамаи инро дар охир эҳсоси гуворои иҷрои рисолати инсонӣ ва касбӣ ҷуброн мекунад, - мегӯяд ӯ. Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибиддин Муҳаммедов дар суҳбат бо мо бо баробари бо ифтихор ба забон гирифтани номи духтурони ҷонфидои касби хеш, чун Шодрӯз Сангинов, Некбахт Раҳмонов, Абдуваққос Қамбаров, Мирзохайрулло Исоев, Олимҷон Зоҳидов ва ғайраҳо изҳор дошт, ки дурустии боварӣ ба духтурони ҷавон ва асоснокии ташкили ҳайати муолиҷавии госпитали бемории коронавируси COVID - 19 -ро маҳз аз ҷумлаи мутахассисони ҷавон вақт собит намуд. Худи Шодрӯз бошад, муътақид аст, ки дар шаҳри Исфара дар давраи мавҷи якуми паҳншавии COVID - 19 бо баробари дар ҷабҳаи васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва безараргардонӣ, аз бисёр ҷиҳат барои қабули беморони мубталои коронавируси нав пешакӣ омода намудани шуъбаи сироятӣ (муҳимтар аз ҳама 7 ҳуҷра бо дастгоҳҳои таъминкунандаи беморон бо оксигени намнок муҷаҳҳаз гардонида шуда буд) ва доир ба бемориву усулҳои табобати он аз шабакаи Интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ саривақт маълумот андӯхтани духтурон имкон дод то вазъ аз таҳти назорат берун наравад. Ҳамагӣ ба хубӣ мефаҳмем, ки ҳанӯз мубориза бо COVID - 19 ба анҷом нарасидааст. Дар чунин шароит таҷрибаи андӯхтаву андӯхтаистодаи гурӯҳи духтурон ва ҳамшираҳои тиб дар госпитали муолиҷаи коронавируси нав дар шаҳри Исфара басо пурарзиш маҳсуб мешавад. Қаҳрамони мо Шодрӯз Сангинов мегӯяд, ки вақте корманди тиб барои наҷоти нафарони дигар ба минтақаи хавфнок ворид мешавад бояд эътимод дошта бошад, ки ин амали инсондӯстонаи ӯ ба ҷуз ба бор овардани оромии виҷдон ва қаноатмандии ботинӣ, дар байни аҳли ҷомеа низ ба таври бояду шояд аҷргузорӣ мешавад. Аз ин хотир дастгирии мунтазами моддиву маънавии сохторҳои давлативу соҳавӣ, роҳбарияти беморхона, соҳибкорон, саховатмандон ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеа барои пизишкони дар хатти сурх қарордошта хеле муҳим мебошад. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.


№ 10 //

18 июли соли 2020 //

email: gazeta-imruz@mail.ru

// САҲ. 4

Чораҳои пешгирӣ

Маводҳои саҳифаи мазкур аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат дар таъмини тартиботи ҷамъиятии деҳоти Чоркӯҳ дар назди ШВКД-2-и шаҳри Исфара бо истифода аз сомонаи интернетии www.covid.tj пешкаш карда мешавад. www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. Зафар Амакxонов.

{АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.

СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1

Тел: +992-3462-2-61-62 (92) 734 - 22 - 44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Имруз, № 10, от 18.07.2020 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu