Skip to main content

"Насими Исфара", № 8, от 26 мая 2022 года

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 7 //

26 майи соли 2022

//

email: gazeta-imruz@mail.ru //

Рӯзи ҷавонон таҷлил шуд

www.tojinfo.ru //

Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //

21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид.

Вазири маориф дар Исфара

Дар шаҳри Исфара Рӯзи ҷавонон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид. Нахуст, ҳазорҳо нафар ҷавонони шахру дехоти Исфара бо шиорҳои ватандӯстонаву парчамҳои давлатӣ зери шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» дар хиёбони марказии шаҳр раҳпаймоӣ намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Бояд тазаккур дод, ки алхол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара беш аз 91 ҳазор ҷавонони то 30 сола зиндагū ба сар мебаранд, ки дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт нақши назаррас доранд. Дар чорабинии идона, ки бо ҳузури ҳазорон нафар ҷавонони худогоҳу созанда дар майдони Парчам доир шуд, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода фарорасии ин рӯзи саид ва баргузории ин маҳфили бошукӯҳи ҷавониро ба кулли ҷавонони Исфарамарз самимона муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки барои ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарасти тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати сулҳофаронаву ваҳдатгароёна, хирадмандонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад. Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри назорати азхудкунии донишҳои муосир махсусан дар самти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷуҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд. Хамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд. Мо умедворем, ки ҳар яки шумо ҷавонони бонангу номуси диёр адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, оянда дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоред,- иброз дошт раиси шахри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода минбаъд ба як катор чавонони фаъол, донишчуён ва муҳассилини аълохони макотиби тахсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Исфара идрорпулихои раиси шаҳр ва сипосномахои макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд. Дар анҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Зимни қабул беш аз 20 нафар иштирок намуда, истиқоматкунандагон, асосан, доир ба пешниҳод ба мукофотҳои соҳавию давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳои ҷавон, дар ҳолатҳои истисноӣ пеш аз муҳлат ба роҳ мондани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар доираи маблағҳои ҷудошуда харидорӣ намудани компютерҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ таҳия гардидани дафтарҳои корӣ, пешгирӣ аз санҷишҳои бемавриду ғайринақшавӣ аз ҷониби идораву сохторҳои ғайрисоҳавӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, аз тавозуни як сохтор ба сохтори дигар гузаронидани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаи алоҳида дар самти таҷрибаивазкунии омӯзгорони ҷавон дар дохили кишвар, табдили мақоми муассисаи таълимӣ, барои истифодаи умум ба муассисаҳои таълимӣ вобаста намудани китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, бо барномаҳои таълимӣ мувофиқа намудани китобҳои

Қадршиносӣ аз пирӯзӣ барои дарёфти "Ҷоми раёсати ДБССТ" баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз 35 МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи 3 самт математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) ва ге-

ографияи иқтисодӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) сурат гирифт. Сипас озмун дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Боиси хушнудист ва сарфарозист, ки донишҷӯйи курси сеюми ФДТТИ - Қаҳҳоров Шаҳзод дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, дар байни 200 нафар донишҷӯёни дигар макта-

дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ бо забони русӣ, ҷудо намудани квотаҳои иловагӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд. Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Р. Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини саривақтии дархосту пешниҳодоти шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, мусоидат намоянд.

бҳои олии кишвар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Чанде пеш раёсат ва иттифоқи касабаи устодону кормандони ФДТТИ дар фазои тантанавӣ донишҷӯ - Қаҳҳоров Шаҳзодро самимона пешвоз гирифта, ӯро барои ишғоли ҷойи намоён табрику муборакбод гуфта, барояш сарбаландиву рӯзгори обод, дили шод, саодати безавол ва боз муваффақиятҳои бештарро дар ҷодаи илм таманно намуданд.


//

26 майи соли 2022

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Ворух дар оинаи таърих

Таърих оинаест, ки дар он саргузашти халқ, дастовардҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ давоми ҳасорсолаҳо инъикос меёбад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо дуруст ва ибратомӯз фармудаанд: "Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва мероси буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаи хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд". Ин суханон моро ба сӯи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва бузургдошти мероси аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Дилномаи шавқу шӯр дорад, Ворух, Бас кӯҳи пур аз ғурур дорад, Ворух. ба кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ, ҳунармандӣ, меъВорух - яке аз қадимтарин деҳа морӣ, бинокорӣ, кулолгарӣ ва ва дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷики- гулдӯзию бофандагӣ машғуланд. Агар ба таърих назар афканем, стони азиз ба ҳисоб рафта, мардеҳоти Ворух чун дигар миндуми сарбаланду ватандӯсти ин тақаҳои қадимаи Тоҷикистон таъминтақа то ин вақт расму оинҳои рихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар кимиллии худро дар марҳилаҳои тобҳои қадим, ба мисли «Авесто» дуру дарози таърихӣ ҳифз намува «Бобурнома»-и Зуҳриддин даанд. Ворух яке аз деҳоти калонтарин Бобур доир ба Исфара маълумот ва хушманзараест, дар шаҳри бо- дода шуда, аз Ворух ном бурда стонии Исфара, дар ду тарафи мешавад. Дар «Бобурнома» аз дарёи кӯҳии Исфарасой, дар до- ҷумла омадааст ки: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои манаи кӯҳҳои сар ба фалак. босафо дорад. Дарахтони босамаВорух аз шаҳри Исфара дар раш бисёр, вале бештари боғчаҳомасофаи 45 километр дур қарор яш рахти бодоманд. Мардумаш дошта, зиёда аз 40 ҳазор нафар тамом сорт ва кӯҳӣ, форсӣ гӯянд. аҳолӣ дорад. Сокинонаш бештар Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя Вақте ки мо дар бораи муқовимат бо коррупсия сухан ронем, бояд муайян намоем, ки худи коррупсия чист ва чӣ оқибатҳоро ба бор оварда метавонад. Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сухаронияшон қайд менамоянд, ки калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод кардашуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гунна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сӯх, чорум Ҳушёр». Аз рӯи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Ворух макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст. Таърихнигорон чунин мешуморанд, ки: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ сутуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Во-

//

САҲ. 2

рухи ноҳияи Исфара ва Румони шаҳри Хуҷанд дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Деҳаи Ворух на танҳо яке аз деҳаҳои шуҳратёри кишоварзии мамлакат, балки яке аз деҳаҳои дурдасттарин ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизамон буда, бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш маъруф аст. Ворух дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад. Яке аз нигораҳои қадимтарини деҳа ин унсурҳои санъати меъморӣ ба ҳисоб меравад. Сутунҳои кандакории мақбараю масҷидҳо, биноҳо ва мазорҳо чӣ дар шакл ва чӣ дар гулкорӣ назокати ба худ хос дошта, хеле аҷибанд. Ҷойҳои лӯндашакли сутунҳо, ки аз чор узви асосӣ - пояи сутун, кӯзагӣ, тана, сари сутун иборатанд, бо ҳар гуна нусхаҳои нақшу нигор зебу оро дода шудаанд. Дар кандакории деҳаи Ворух ҷобаҷогузорӣ ва чаппу рост тақсимшавии нусхаҳои шох, таноб, барг, гул, аломатҳои рамзӣ, шаклҳои геометрӣ, ки мазмуни чуқур доранд, бинандаро ба ҳайрат мегузоранд. Бодиққат омӯхтани нусхаҳои нақш ва мазмуни онҳо барои чуқур дарк намудани тахайюл ва эҷодиёти бадеии устоҳои асримиёнгӣ, ки дар он замон мувофиқ ба аҳкоми шариат санъати тавсирӣ манъ карда шуда буд, имконият медиҳад. Тахмин кардан мумкин аст, ки қисмҳои чӯбини иморатҳои ибодатӣ ва дарборӣ (сутун, дарвоза, наълин) гулбурӣ карда мешуданд. Барои ҳамин, он ёдгорие, ки дар мазори Чимирғон Бобо ё Шибирғони деҳаи Ворух кашф гардид, барои омӯхтани санъати чӯббурӣ ва меъмории асримиёнагии тоҷик аҳамияти калонеро

молик аст. Тахминан дар километри 25 уми роҳи Исфара – Ворух, дар бари шахи кӯҳӣ ду катиба бо ҳуруфи арабӣ ва забони тоҷикӣ паҳлуи ҳам ҷо гирифтаанд. Катибаи шимолӣ пурра хонда шудааст. Онро ҳокими Исфара Сайид Муизидавла, писари Амир Наср 29 декабри соли 1041 навишта, ба ӯ мутаалиқ будани мавзеи мазкурро зикр кардааст. Катибаи дуюм то ба ҳол аз сабаби хароб гаштанаш хонда нашудааст. Дар масофаи 14 км дуртар аз деҳаи Ворух деҳаи Хоҷаи Аъло ҷойгир аст. Деҳа ба номи яке аз шахсиятҳои маъруфи асри XVII Хоҷаи Калон зич алоқаманд аст. Хоҷаи Калон ё Хоҷаи Аъло соли 1630 дар замони асосгузори сулолаи Муғулҳои бузург - Бобур Мирзо муддате ҳокимии вилояти Бажури Хиндустонро ба уҳда дошт. Баъдтар ба зодгоҳаш баргашта, дар ҳамин ҷо вафот мекунад. Ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух хеле зиёданд ва таҳқиқ металабанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои таърихии мақбараи Хоҷаи калон, масҷидҳои Сурх, Домулло Азим, Мавлонои Саид, мазорҳои Хоҷаи Балогардон, Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Хоҷаи Ғор, Хоҷаи Чорсанг Бобо, Катибаи дараи Ворух ва ёдгории Гаҳвораи заррин аз ҳамин қабиланд. Умедворем, ки ин мавзеъҳои таърихӣ боз ҳам амиқтар омўхта шуда, ободу зебо гардонида мешаванд. Зеро рисолати мо, насли муосир арҷ гузоштан ба осори ниёгон ва ҳифзи сарватҳои маънавии миллист. Дилмурод АБДУЛЛОЕВ, магистранти курси якуми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Баҳри пешгирии амалҳои коррупсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад." Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 август соли 2013 таҳти №1504 Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, тасдиқ карда шуд. Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зичи байни макомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад Некӯаҳволии мардум ҳадафи олии роҳбарияти ҷумҳурӣ (чор ҳадафи стратегии миллӣ пешби-

нишуда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат) ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, дар Паёми навбатии хеш

Пешвои миллат ба масоили сиёсати давлатии молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мушоҳида мегардад, ки дар Паёмҳои охир ба мушкилоти коррупсия низ эъти-

бори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад. Имрӯзҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст. Ш. МУЗАФАРОВА, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ш.Исфара. Б. ШАРИФЗОДА, нотариуси калони давлатии ш.Исфара.


//

26 майи соли 2022

Ҳамоиши гурӯҳи ҷавонони "Авангард"

23-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон дар асоси нақша- чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони "Авангард " дар мувофиқа бо МИҲД -и ш.Исфара, ШВКД-1-и ҶТ дар ш.Исфара ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанг ҳамоиш доир гардид. Дар он аъзоëни фаъол, волонтëрон, гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони касбу кори гуногун , варзишгарон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд. Нахуст муовини раиси шаҳр Бобоиëн Мадина, баъдан муовини сардори ШВКД-1-и ҶТ дар ш.Исфара подполковники милитсия Фозилбеков Ш. ҳамаи ҷавонро ба ифтихори 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош намуда, ба эшон сиҳатмандии комил, офияти рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд. Таъкид гардид,ки ҳамоиши мазкур аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и ш.Исфара ташкил ва ташаббусҳои гурӯҳ ҳамеша дар назари раиси шаҳр ва фаъолони шаҳр дар мавриди таваҷҷуҳ аст. Инчунин иброз намуданд, ки ба шарофати заҳмат ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба таври комил поягузорӣ шуд ва марҳила ба марҳила дар амал татбиқ гардида истодааст. Воқеан, ҷавонон ба ҳама гуна ғамхорию пуштибониҳо арзанда мебошанд Инчунин ҳисоботи нимсолаи роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и ш.Исфара Анвар Савридинов шунида шуд. Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби сардори Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Исфара, полковники милитсия Исозода Н. ба фаъолони шаҳр, директорони муассисаву ташкилотҳо барои ҳамкорӣ бо милитсияву дастгирӣ намудани ташаббусҳои гурӯҳи "Авангард"-и ш. Исфара, аъзоëни фаъоли гурӯҳ, ғолибони озмунҳои гурӯҳи "Авангард"- и ш.Исфара таҳти унвони "Тоҷикистон -Ватани азизи ман", "Бардошт аз Паëм", "Ҷоми Авангард" раëсати "Авангард"-и Исфара ва дигар хизматнишондодаҳо бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд. Дар анҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг баргузор шуд ва он руҳи ҳозиринро болида гардонид.

//

Имрӯз падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назариявӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик-рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва он аз фарорасии сулҳи деринтизор пайёми ҷонбахше медод. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокртиву ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд. Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон, ҳар як фард бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногунро талаб мекунад. Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд. Ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд. Равшан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунин, дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд. Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург аст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 3

Пешвои миллат ва таҳкими ваҳдати миллӣ

мардуми Тоҷикистон мебошад». Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре, ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ин гуфтугӯи фарҳангҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои миллат амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад. Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароӣ аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд. Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст. Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, мисоли Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизи-

стон, Туркманистон, Хитой, Эрон, Афғонистон ва садҳо кишварҳои дигар, ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваффақиятҳои ӯ медонанд. Бо кӯшишу талоши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои нав андешида шуда, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз мешаванд, нақшаҳои бузург ба оҳистагӣ дар кишвар амалӣ мегарданд. Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кӯмак ва ҳамкорӣ дароз карданд. Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медид. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.

Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фарогири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, Пешвои миллат на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунанд, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъмини захираҳо таҳия ва татбиқ месозанд. Ба Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунанд, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оваранд. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушаххаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунанд ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намоянд: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – нерӯгоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст. Суханрониву муроҷиатҳои Пешвои миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва ба дарки воқеияти имрӯза баён шудаанд. Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Акнун падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Бигзор, Тоҷикистон ҳамеша маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад! Б.ШАРИФЗОДА, Х.ДОДОХОНОВ, нотариусони давлатии шаҳри Исфара.


//

26 майи соли 2022 //

Барои андеша 1. Бикӯш, то он даме, ки ҳама аз хоби ноз бармехезанд, бедор шавӣ! Аз соати 7.00 оғоз намо, баъдан соати 6.00 ва ахиран 5.30. Ба қуллаи наздиктарин равон шав ва субҳро пешвоз бигир! 2. Одат бикун, барвақттар бо хоб бипайвандӣ: оғоз намо аз 23, баъдан аз 22.00 ва баъдтарак 21.00. Субҳ бо энержӣ ва қувваи нав аз хоб бармехезӣ. 3. Одат кун, барои хеш субҳонаи хушоянд омода созӣ: помидору замбурӯғро бирён намо дар равған ҳамроҳи сирпиёз.. тухмро низ бо афшураи лимӯ ва резаҳои авокадо аз хотир набарор. Ҳамаро бо қаноатмандӣ истеъмол намо! 4.Тамрин намо то “худи само” ва билохир панҷаҳои пой... саратро чарх гардон... Бо тамоми ҳастӣ тамрин кун! 5.Шишаи яклитраи обро харидорӣ намо. Аввалан биомӯз рӯзе як литр об нӯшидан ва баъдан ду литрро дар як рӯз. 6. Дафтари хотира (барои навиштан) харидорӣ кун. Бинавис ҳама чиро: вохӯриҳо, супоришҳо, истеъмоли қаҳва...дар маҷмӯъ ҳар коре, ки давоми рӯз анҷом медиҳӣ... 7. Утоқи хешро таъсис бидеҳ...

Ҳама анҷоматро ба тартиб ор, ҳатто ҷувздонҳое, ки бароят нодаркоранд, ойинаатро покиза кун, ноутбукатро, фарши хонаатро низ.. Зеботарин шамъҳоро барафрӯз!

email: gazeta-imruz@mail.ru

// САҲ. 4

Иштироки соҳибкорони Исфара дар Форуми иқтисодии минтақавӣ

8. Ба сайругашт одат кун. Бо китобе дар бағал ба наздиктарин гулбоғи хонаат бирав. Ба раҳгузарон табассум ҳадя намо ва бегумон аз табассумҳои ҷавобӣ дар ҳайрат хоҳӣ монд. 9. Бо дӯстони дерин бинавис. Аз хотираву ҳазлҳо. Пешниҳоди вохӯрӣ намо. Муоширатро барқарор кун! 10. Аз он чӣ, ки бароят шавқовар аст, андеша кун: китобҳо дар ҳама мавзӯъ ҳастанд, дарёбу мутолиа намо! 11. Ба ҷаҳони хеш ошиқ шав: шояд барои истгоҳи нақлиётат нархи дучанд супорӣ (“сахтӣ” накун))). Бо кӯдакон “забон ёб”. Ҷиҳати намуди зоҳирии одамон суханҳои хушатро дареғ надор. Ба чашмони атрофиён бинигар: самимона...аз таъриху зиндагишон бипурс... бо одамони ношинос суҳбат кун... Дӯстони зиёд ба даст меорӣ! 12. Таҳи офтоб нишин, бихоб, қарор кун! Дар бораи ҳаёте, ки меписандидӣ, орзу кун. Чашмонатро кушо! ... ВА ҚАДАМ ГУЗОР, ТО СОҲИБИ ВОҚЕИИ ЗИНДАГИТ БОШӢ! Таҳмина МИСРОБӢ.

Аз 17 то 19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми иқтисодии “Ҳамкории минтақавӣ – Муколамаи Фарғона" баргузор гардид.

зар ва ивази таҷриба кунанд. Дар кори форум инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, палатаи савдои вилояти Суғд, ва соҳибкорони исфарагӣ иштирок варзиданд. Чӣ тавре яке аз иштирокдоадафи аслии ин форум рон директори ҶДММ “Меваи муҳайё кардани майдон тиллоӣ” Хайрулло Ризоев изҳор барои ҳамкории ширкатҳои дошт, форуми мазкур ба онҳо кишварҳои водии Фарғона барои ба роҳ мондани робита – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва бо соҳибкорони Ӯзбекистону Қирғизистон буд. Он дар худ Қирғизистон имконият фароҳам рушди имкониятҳо, ба вуҷуд овардааст. -Зимни кори форум, - қайд овардани фазои ҳамкорӣ баҳри тараққии тиҷорат, бизнес-ҷоме- кард Х.Ризоев, - мо бо ширкати аҳо ва дигар ҷонибҳои шавқманд POSCO International Textile, ки ба истеҳсоли матои дурушт машғул таҷассум карда буд. Беш аз 100 соҳибкорон аз ҳа- аст, аҳди ҳамкорӣ намудем. Нақмаи минтақаҳои водии Фарғона ша дорем, ки дар оянда бо хариба ҳам омаданд, ки табодули на- ди матои ин ширкат истеҳсоли

Ҳ

Дар ҳошияи 90-солагии "Насими Исфара" ТАШКИЛИ РӮЗНОМАСУПОРИШИ ЯКУМ Ёддоштҳои ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, нахустин муҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Ибниямин Исомиддинов Соли 1926 пас аз таҳсил дар рабфаки (факултети коргарӣ) Тошканд маро ба ихтиёри назорати (вазорати) маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон фиристониданд. Роҳбари назорати маориф Аббос Алиев буд. Пас аз ҳашт моҳ ба вилояти Кӯлоб роҳӣ намуданд. Ҳамчун роҳбари шӯъбаи маорифи ин вилоят дар ташкили мактабҳои нав, бо дастгирии аҳолӣ сохтмони мактабхонаҳо ба дигаргуниҳо ноил гардидем. Дар асоси номаи шӯъбаи маорифи вилоят бо супориши Нозири назорати маорифи умумииттифоқӣ А. Луначарский барои мактабҳои мо анҷому ҷиҳози хониш фиристода шуд. Соли 1928 маро ба Душанбе барои ташкили театр даъват карwww.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.

данд. Худи ҳамон сол ба шаҳри Панҷакент барои ташкили мактабҳо фиристоданд. Дар аснои сӯҳбатҳо бо роҳбарони ҷумҳурӣ Нусратулло Махсум ва Ҳусейнов супориши махсус гирифтам: яке аз вазифаҳои муҳими шӯъбаи маориф ин ғамхорӣ ва таъмини рӯзгору маишати хонадони нависандаи бузург устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки дар Самарқанд мезист. Пас аз ду сол роҳбарони ҷумҳурӣ маро ба вазифаи нав ҷойнишини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара, ҳамзамон мудири шӯъбаи маориф пешбарӣ намуданд ва супориши аввалиндараҷа доданд: ташкили рӯзномаи ноҳиявӣ! Дастгоҳу ҷиҳози чопро аз Тошканд овардем. Кори аз ҳама мушкил ин тайёр намудани кормандони хушсаводу дақиқкор буд. Барои омӯзонидани кормандон ва таҳрири хабару мақолаҳо шахси кордида Умар Ваҳҳобӣ аз шаҳри Конибодом мадад мерасонд. Мо ба кормандон саҳеҳкорию бодиққатиро меомӯзонидем. Таъкид менамудем, ки корманди рӯзнома ба хато кардан ҳақ надорад. Хати чопӣ аз дастнавис фарқ

дорад. Бисёрии саҳву ғалатҳо ҳангоми аз сатр ба сатр кӯчонидани калимаҳо беихтиёр, яъне нохост содир мешуданд. Рӯзҳои дароз бо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҳалли масъалаҳои мактабу маориф, мулоқотҳо машғул будам, аммо пеш аз додани иҷозат ба чопи шумораи нави рӯзнома ба ёрии навбатдорону мусаҳҳеҳон мешитофтам, ки мабодо ягон сухани ноҷо, ҳарфи хато ба чоп равад. Медонистам, барои хато касеро намебахшанд. Пешниҳоди ман дар бораи «Коммунисти Исфара» ниҳоданиноми рӯзнома маъқул дониста шуд. Солҳои аввал адади нашри он 500-1000 нусха буд. Шумораҳои нахустин бо ҳуруфоти форсӣ, якду сутун бо хати лотинӣ дар ҳаҷми ду саҳифа чоп мешуд.

ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова.

{АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.

СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1

НАҚШИ ЯКУМРӢ Аз хотираҳои ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи кишоварзии Тоҷикистон Шаҳобиддин Нуриддинов

Яке аз рӯзҳои баҳори сабзу хуррами соли 1932 мо, мактабиён саф-саф ба маркази шаҳр, ки чун идгоҳ серодаму бо навиштаҷоти гуногун, шиору парчамҳо ороста буд, ҳозир шудем. Ҳама шоду хурсанд, ки ба баҳор, Сайри лолаи нав расиданд. Пас аз ҷамъомади ботантана сайругашти идона, суруду навоҳои форам, рақсу бозиҳо, мусобиқаҳо оғоз ёфтанд. Дар айни авҷи хурсандӣ нидоҳои ҳайратовари «Айроплон-айроплон!» баланд шуд ва дар фазои софи шаҳр ба чашмҳо ҳавопаймо намуд. Бисёриҳо бо даҳони боз ба осмон дида дӯхта аз ҳайрат шах шуда буданд, бори аввал ҳавопайморо медиданд. Ин чӣ мӯъҷиза!? Селаҳои ҳаросони паррандагон бо шаст парзанон ҳар сӯ гурезон шуданд. Ҳавопаймо дар фазо гардишкунон поинтар мефуромад. Чун ба болои идгоҳ, ҷойи серодам расид, якбора аз он гӯё села-села кабӯтарони сафед ҷудо шуда, болафшону бозикунон нотарсона ба сӯйи одамон омадан гирифтанд. Сонитар маълум шуд, ки инҳо на кабӯтарон, балки варақаҳо будаанд. Бачаҳои чусту чолок давидаю ҷаҳида варақаҳоро аз ҳаво Тел: +992-3462-2-61-62 (92) 734 - 22 - 44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд.

эко-ҷузвдонҳоро дар коргоҳи худ ба роҳ монем. Инчунин натиҷаи ташрифи мо ба IТ-парк буд, ки бо директори он Баҳром Ҷалилов оид ба таҳияи замимаи интернетии корхонаи мо мувофиқа ҳосил шуд. Иштирокчии дигар – сарвари ҶДММ “Водии меваҳо” Нуриддин Сайфуллоев низ аз кори форум изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки қисмати вобаста ба содироти хушкмева ба давлатҳои Аврупо хеле ҷолиб буд. Зеро усулҳои ҷобаҷокунии ҳуҷҷатҳо ва шарикони машваратӣ дар ин самтро дар кори Форум дарёфтааст. Дар раванди кори Форум инчунин маҳсулоти корхонаҳои Исфара, аз қабили “Меваи тиллоӣ”, “Водии меваҳо” ва “Афсар” ба намоиш гузошта шуда, аз он иштирокчиён дидан намуданд. Лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ шуда истодааст. Шарикони амалкунандаи лоиҳа дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон” ва дар Қирғизистон иттиҳодияи ҷамъиятии “Youth of Osh” (Ҷавонони Ош) буда, ташкилоти иҷрокунанда намояндагиҳои DVV International дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор меравад. дошта мегирифтанд. Ба ман ҳам аз он ҳадяи осмонӣ насиба расид. Шумораи нахустини рӯзномаи «Коммунисти Исфара» ҳамин тавр ғайриоддӣ дастраси одамон шуда буд. Ин манзараи айёми наврасӣ дар хотирам нақши якумрӣ баст ва гувоҳи он аст, ки аҳамияти матбуот барои давлат ва ҷамъият чӣ андоза бузург аст ва созмондиҳандагони ин тадбири муҳими сиёсию фарҳангӣ то ба кадом поя кордону ташаббускор буданд. Аз ҳамон рӯзи таърихӣ меҳри матбуот дар дилам ҷой шуд ва ҳамон солҳои мактабхонӣ ба рӯзнома хабарҳо менавиштам. Боре аз гуфтугӯйи одамон фаҳмидам, ки як шахс ҳақи мардумро мехӯрдааст. Зуд мақолачаи танқидӣ навишта ба рӯзнома додам ва он чоп шуд. Рӯзи дигар аз идораҳои дахлдор тафтишгарон омаданд ва бо ман сӯҳбат карданд. Падарам асли воқеаро фаҳмида, сахт ба ташвиш афтоданд, «ин бачаи хурд, беақлӣ кардааст» гӯён узр хостанд. Аммо он шахси гунаҳгор, ки ҳаммаҳаллаи худамон буд, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Ҳамин воқеа сабаб шуду аз мухбирӣ даст кашидам. Ба фикрам он солҳо таъсири сухани чопӣ зӯртар буд. Аз китоби "Таърихи матбуоти Исфара". Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 8, от 26 мая 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu