"Имруз", № 5 от 18 февраля 2022 года

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 5 //

18 феврали соли 2022

//

email: gazeta-imruz@mail.ru //

Ситоди омодагӣ ба даъвати баҳорона

www.tojinfo.ru //

Бахшида ба 33-умин солгарди аз марзи Афғонистон баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Исфара чорабинии хотирмон баргузор гардид.

Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //

Таҷлил аз 33-солагӣ

Н

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷаласаи васеи Ситод оид ба омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир доир гардид.

Ҷ

аласаи Ситодро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода оғоз бахшид. Нахуст муовини раиси вилоят Зоҳидзода Д. оид ба ҳадафи нишаст изҳори назар карда, қайд намуд, ки ин 11-умин ҷаласаи сайёр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, мақсади он баррасии натиҷаҳои даъвати тирамоҳии соли 2021 ва омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи соли 2022 ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Баъдан муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи даъватӣ Бобоиён Мадина Абдуяқинзода оид ба корҳои анҷомдода, мушкилиҳои даъвати тирамоҳӣ, сабақҳои гирифта ва вазъи омодагӣ ба даъвати баҳорона дар шаҳру деҳоти Исфара гузориш дод. Зикр намуд, ки дар ҳамаи шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр корбариҳо ба роҳ андохта шудаанд. Теъдоди муайяни даъватшавандагон омодаи таҳсил дар Ташкилоти мададгори мудофиа ҳастанд. Комиссари ҳарбии шаҳри Исфара Аҳмадалӣ Сангинзода бошад, оид ба корбариҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омодагии ҷамоатҳо, раванди аз комиссияи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон маълумот дод. Муовини раиси вилоят аз на-

фарони масъул, аз ҷумла раиси комиссияи даъватӣ, комиссари шаҳр, раиси комиссияи тиббӣ, мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раиси Ташкилоти мададгори мудофиа, сардухтурони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба паҳлуҳои дахлдор пурсишҳо ба амал овард. Дар рафти Ситод раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба камбудиҳо ҷойдошта дар фаъолияти баъзе ниҳодҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2021 ишора намуда, такрор нашудани онҳоро хотирнишон сохт. Инчунин бо зикри корҳои анҷомдодашуда бори дигар таъкид намуд, ки даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо заминагузори иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт бояд ҳамаи ниҳодҳо ҳамҷоя ҳамкорӣ намоянд.

ахуст иштирокдорони чорабинӣ ба ифтихори ҷашни мазкур дар пояи муҷассамаи иштирокдорони ҷанги Афғонистон, воқеъ дар ҳудуди Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ гулчамбар гузоштанд. Сипас дар назди ҳозирин раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баромад намуда, шуҷоату мардонагӣ ва садоқати бемисли сарбозони Шӯравиро ба савганди ҳарбӣ ба таври хоса тазаккур дод. Зикр гардид, ки дар радифи ҳазорҳо нафар фиристодагони Тоҷикистон 350 тан ҷавонони далер ва баору номуси Исфарамарз низ тибқи уҳдадориҳои шаҳрвандии худ дар хоки Афғонистон адои хизмати ҳарбӣ намудаанд. Дар набардҳои ин ҷанг 12 нафари ҷавонмардони ҷонфидои Исфарамарз қаҳрамонона шаҳид ва 17 нафари дигар маъюб шудаанд. Барои шуҷоату комёбиҳои ҷангӣ ва хизматҳои шоён дар набардҳои Афғонистон 11 нафари онҳо бо ордени «Ситораи Сурх» ва 67 нафар бо медалҳои арзишманди ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд. Имрӯз мо шукрона Раёсати Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, мактаби байналмилалии "Академияи Контакт Интернейшнл" ва ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо", аз ҷумла директори Филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара - Музаффар Холиқзода, директори мактаби байналмилалии "Академияи Контакт Интернейшнл" Умедҷон Қодиров, раиси ташкилоти ҷамъиятии" Ормони дилҳо" - Раҳматулло Раҳимбоев ва якчанд омӯзгорони хайрхоҳу ватандӯсти Исфарамарз ба дидорбинии донишҷӯи бахши аввали донишгоҳ ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи донишҷӯ - Зикруллохӯҷа Асроров пурсон гашта, аз дастовардҳову ихтироъкориҳои ӯ дидан намуданд ва ба ӯ телевизиони замонавӣ бо интернетпайваста лавозимотҳои нави рахти хобӣ тақдим намуданд. Аснои аёдат директори ФДТТИ таъкид карданд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, ба камбизоатону ниёзман-

аз он мекунем, ки 302 нафар собиқадорони ҷанги Афғонистон сиҳату саломат умр ба сар бурда истодаанд ва соябони сари фарзандони худ буда, дар соҳаҳои гуногун баҳри пешрафти давлати тозаистиқлоламон софдилонаю содиқона меҳнат мекунанд. Ҳамзамон изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон имрӯзҳо ҳам дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр ширкати фаъолона варзида, дар пешбурди ҳамаҷонибаи Исфара

саҳми сазовор мегузоранд. Баъдан раиси шаҳр ба чанде аз аъзои Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон барои ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии шаҳр Сипосномаҳои МИҲД-и шаҳрро тақдим дошт. Дар вазъияти тантанавӣ хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба сафи аъзоёни Созмони талабагии ба номи Исмоили Сомонӣ қабул карда шуданд. Барномаи консертии ҳунармандони Бахши фарҳанги шаҳр ҷамъомадро ранги дигар бахшиданд.

Аёдати донишҷӯй

риҳои нав ба нав фаъолияташро ҷоннок намуда, ҳарчӣ бештару бештар дар соҳаи техникаю технологияи муосир ғояҳои нави кориро ба роҳ монда, аз пайи ихтироъкориҳои нав гашта, барои баланд бардоштани нуфузи донишгоҳи хеш, нуфузи зодгоҳу Ватани маҳбубаш дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ҷавонони ихтироъкору лаёқатманди тоҷик ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Падару модари Зикруллохӯҷа аз хурсандӣ ашки шодӣ мерезонданд. Ёдовар бояд шуд, ки Асроров Зикруллохӯҷа мошин сохта, чанде пештар, дар озмуни " Илм - фурӯғи маърифат" иштирок карда, ҷойи намоёнро ишғол карда буд. Ӯ ҷавони ихтироъкору навовар буда, давоми чаҳор соли бемори бистарӣ буданаш, зиёда аз 50 намуди ихтироот ихтироъ кардааст. Ҳамеша орзу менамуд, ки дар самти расидан ба мақсаду орзуҳояш дар самти ихтироъкорӣ муваффақу комгор бошад. Зикруллохӯҷа Асроров имрӯз аз дастгирии устодон бениҳоят шод гашта, ба куртааш намегунҷид. Ҳабибаллоҳ ИСМОИЛОВ.

дон, ятимону маъюбон мунтазам ғамхорӣ карда мешавад. Директори мактаби байналмилалии "Академияи Контакт Интернейшнл" - Умедҷон Қодиров дар бораи муваффақиятҳои бузургон мисолҳо оварда, Зикруллоҳ Асроровро боз дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва ихтироъкорию навоварӣ рӯҳбаланд карданд ва таъкид карданд, ки мо ҳамеша баҳри ободӣ ва тараққиёти кишвар кӯшиш карда, навоварону ихтироъкорони ҷавонро то ҳадди имкон дастгирӣ менамоем. Раиси ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" - Раҳматулло Раҳимбоев ваъда доданд, ки минбаъд низ бо дастгирии ҳамватанону соҳибкорони саховатманд ба Зикруллохӯҷа дасти мадад дароз мекунанд. Зикруллоҳ Асроров аз ин иқдоми неки муаллимон хеле хушнуду сарфароз гашта, ваъда дод, ки ҷавобан ба ғамхории муаллимон (устодон) дар самти ихтироъко-


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.