Skip to main content

"Имруз" ,№ 5-6, от 3 марта 2023 года

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 5-6 // 3 марти соли 2023

//

email: gazeta-imruz@mail.ru //

www.tojinfo.ru //

Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 феврал таҳти раёсати Асосгу- қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи зори сулҳу ваҳдати миллӣ - молиявии ташкилоти қарзиро Пешвои миллат, Президенти фарогир мебошад. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмо- Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати раи шӯрои нозирони Корхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар кори маҷлис нахуст Дар бо- “Амонатбонк” бошад, бо ҷорӣ раи масъалаҳои Бонки давлатии намудани асосҳои идоракунии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷи- корпоративӣ дар фаъолияти кистон “Амонатбонк” ҳисоботи корхонаҳои давлатӣ ва ташкимуовини якуми вазири молияи ли шӯроҳои нозирон дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи хоҷагидории корхонаҳои воҳиди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии давлатӣ ва ғайра таҳия гардидаТоҷикистон таъсири бевоситаи аст. Баъди баррасии лоиҳаҳои худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, қарорҳо Ҳукумати Ҷумҳурии на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, Тоҷикистон қарор қабул намуд, миқдори сармоя ва маблағи ки номи Бонки давлатии амо-

Табрики сарбозон Ҳамасола бахшида ба 23 феврал аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр табрикоти афсарону сарбозон ва дидорбинии онҳо бевосита дар қисмҳои ҳарбӣ сурат мегирад. Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор меояд. Чанде пеш бахшида ба 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода афсарону сарбозони қисмҳои низомии дар ҳудуди Исфара мустақарбударо аёдат намуданд. Зимни аёдат аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои воҳиди таъиноти махсус таманниёти нек бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён

натгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шавад. Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад. Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, муҳокима гардид. Вобаста ба лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия намудани он мутобиқ намудани муқаррароти лоиҳа ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати

карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд. Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро ҳимоя менамоянд. Барои афсарону сарбозон, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини амнияти сокинон хизмат мекунанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ, шуъбаҳои воҳиди таъиноти махсус ва дастаи таъиноти махсуси милитсия кумакҳои моддӣ расонида шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳраку деҳоти Исфара тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир гашта, аёдати сарбозону афсарон аз ҷониби масъулин бо оростани дастархони идона сурат гирифт.

озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва ғайра мебошад. Лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда, баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он, Дар бораи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи футбол Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо иштироки дастаҳои футболи корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаи калони футбол барои дарёфти Ҷоми «Контакт» оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур бо иқдоми роҳбарияти ширкати «Контакт» ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва роҳандозии тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад. Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш басо равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои

барои солҳои 2023-2028 ва Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 муҳокима карда шуд. Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондоди Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, бунёди боғу токзори нав, маданияти истифодаи замин, гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ, президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошкаву сабзӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва беҳдошти муҳити атроф ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони гуногунсинни шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷавонон бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳимми иқтисодиро низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмуъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳр бунёди толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва дастгирии соҳибкорони саховатпеша даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои хурди футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар қувваозмоиҳо, ки то 21 март идома хоҳанд ёфт, 16 дастаҳои футболбозон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳои шаҳр фаъолона ширкат менамоянд. Баъди анҷоми маросими кушодашавии мусобиқа дастаҳои Шуъбаи якуми Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва «Зумрад» ба майдон баромада, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти мусобиқа барои ғолибони қувваозмоӣ Ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва барои ҷои якум 25 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 15 ҳазор сомонӣ,барои ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.


// 3 марти соли 2023 Агар ба гузаштаи куҳани мамлакат назар афканем, дар дунё сарзаминеро аз лиҳози таъриху тамаддун ба ин ҳад пурғановат пайдо карда наметавонем. Мардуми ин кишвари маҳбуб дорои мероси бузурги таърихӣ, фарҳангӣ, ҳунарҳои нодири мардумӣ, расму оини аҷдодӣ ва ҷашнҳои пурҳикмати суннатӣ мебошад. Таърих собит месозад, ки тоҷикон ҳамчун мардуми тамаддунофар дар рушди фарҳанги башарӣ аз замони бостон то имрӯз ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классикон ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик пеши назар офаридаю ҳунарҳои зебоеро ҷилва медиҳанд, ки тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро тоҷикон аз насл ба насл мерос монда, то ба замони мо расонданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим арзёби намуданд. «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд». Бо ташабуси Пешвоии миллат Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии тамаддунсози миллати тоҷик ба мисли Наврӯз, ва амсоли инҳо дар тӯли таърих дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии «ЮНЕСКО» ворид гардидаанд. «Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад». Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди иқтисоди кишвар, таҳкими низоми бонкӣ ва пули миллӣ, роҳнамои сиёсат хориҷӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, рушди босуботи саноати кишвар, рушди маорифи мамлакат, тараққиёти илм, марҳилаи сифатан нави рушди фарҳанг, саломатии мар-

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 2

Паём роҳнамои амал аст

дум, рушди меҳнат ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, такаммули забони давлатӣ ва даҳҳо дигар ҷабҳаҳо дахл намуда, дастовардҳоро да ин бахшҳо таъкид кардаанд. Имрӯз таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва варзиш корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд. Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон махсусан ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бузург мебозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қайд менамоянд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносии миллат мебошад. Ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурухшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Мардуми азизи Тоҷикистон Президенти маҳбубу машҳури хешро дӯст медорад ва бо имон ва эътимоди қавӣ ба ӯ такя менамояд. Пешравӣ, рушд ва тараққиёти Тоҷикистон танҳо ва танҳо ба Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият дар минтақаҳои гуногуни кишварамон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои илмӣ фарҳангӣ доир менамоянд. Аз ҷумла 2700 солагии Авесто, 2700 – солаи шаҳри Кулоб, 2500 – солагии Истарафшан, 20192021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 1150 – солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 5500 – солагии Саразми бостон аз он дарак

медиҳад, ки кишвар ободу зебо гардида, сатҳ ва дараҷаи зиндагонии мардуми Тоҷикистон боз ҳам беҳтар мегардад. Меҳнати сарҷамъонаи мардуми Тоҷикистон баракати ба худ хосеро доро мебошад. Рӯз ба рӯз, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвари азизамон рӯй ба камолот меорад. Сатҳу дараҷаи зиндагонии мардум беҳтару хубтар мегардад. Мардуми шарафманду накуноми Тоҷикистон зина ба зина майл ба камолот менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид шуданд, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз карданд. Дар ҳақиқат, иброз доштани «Ман ба шумо сулҳ меорам»-и Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуданд. Баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмини субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ мешуд. Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. Дар марҳилаи даргириҳо ва

авҷи моҷароҳо дар мамлакат, инчунин, дастгирӣ ёфтани неруҳои бадхоҳ аз ҷониби манфиатдорони хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, вахдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва вахдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдории ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин икдоме, ки дар ин замина Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буданд, бунёди нақбҳо ва бозсозии рохҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. Бунёди нақбҳо ва навсозии рохҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу рохҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд, аз тарафи дигар заминаи муҳими таҳкими вахдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби махдуд гардидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд, бартараф шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид. Дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин, таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллат меҳвари худ қарор доданд. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва

бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардид, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуд ва ҳам| дар пешрафти соҳаи саноат мусоидат кард. Maxсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуданд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об, гармшавии иқлим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми Тоҷикистон назаррас аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шинохти таърихӣ, таҳлили рушди фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон дар гузашта ва имрўз тавонист тоҷиконро ба гузаштаи хеш пайванд кунад ва дар худогоҳӣ ва ҷустуҷўҳои таърихии миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд биёрад. Президенти кишвар ба худ ва ба ҳаммилатони хеш ҳамин мақом ва ҳиммати олиро ҳадафи кору пайкор ва рисолати будану зистан дониста, бо асарҳои таърихии худ дар рушди давраи навини таърихнигории миллии тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Ҳ. МИРСАЙЗОД, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.


//

3 марти соли 2023

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 3

Соҳибватанӣ рисолати бузург аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба фаъолият оғоз намудани вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон таъкид намуда буданд, ки қонунҳои мо бояд бо назардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Дар робита ба ин аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзандаи парламенти тоҷик маҳсуб шуда, мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтанаш аз мазмуну моҳияти баланди он шаҳодат медиҳад. Дар ин хусус раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни мақолаи хеш изҳори андеша намудааст. — Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд. Чунин иброз доштааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод дар мақолаи хеш бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Маъракаи густурдаи низомии «Марз-2021» собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мустаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи мамлакатро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ собит намуданд, ки

қонунҳои муҳимтарини низоми ҳуқуқии мамлакат буда, қабули он дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстии мардумро дорад. Бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ собит гардид, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамқадами замон аст. Зарур аст, ки масъулин ба мардум муҳтавои ин қонуни муҳимро шарҳ диҳанд, зарурати таҳия, қабул ва ҷонибдории онро бо тамоми нозукиҳояш фаҳмонанд. Вақте ҷомеа моҳияту мақсади қонунҳоро дуруст мефаҳмад, татбиқи онҳо осонтар мегардад. Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳлили амиқи проблемаҳо, таклифу пешниҳодҳои судманд, иродаи мардум дар сатҳи қонун, ҷустуҷӯи чораҳову пешниҳодҳои беҳтарин, мубоҳисаҳои пуршӯр ва албатта, рӯҳия ва эҳсосоти инсонӣ нуҳуфтаанд. Дар умум, моҳияту рисолати фаъолияти ҳар шаҳрванд дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат,

заҳмату талош барои шукуфоии бештари мамлакат ва комёб будан дар ҳамаи самтҳо мебошанд. Агар мухтасар моҳияти онро баён карданӣ шавем, пас қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. Муаллифи қонуни мавриди назар муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтар аз дигарон дарк кардаанд, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо бояд ба фалсафаи ҳаёт, урфу одатҳо ва анъанаҳои халқҳо ҷавобгӯ бошад, аз зиндагии мардум зуҳур кунад ва ба рафъи мушкилиҳои ҳаёт кумак намояд, зеро қонунҳо барои саодати халқ қабул мегарданд. Дар қонун муқаррар карда шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ- ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки ба ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, маҳсуб мешавад. Дар ин раванд тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба мамлакат, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон андешида мешаванд, мақоми хосса доранд.

Чун сухан бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меравад, бояд ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан авлавият бошад. Бегуфтугӯ, ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ мусоидат менамояд. Тибқи муқаррароти моддаи 5, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ фарогир буда, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, ҳайатҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила аз ҳамин ҷумлаанд. Барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудани фаъолият дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар кардааст, ки субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имконоти ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ намоянд. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амали-

Тоҷикистон - дорои нерӯи тавоно! бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд. Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардум обод гаштааст ва сокинони мамлакат шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Қувваҳои мусаллаҳи хеш чун неруи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд. Маҳз бо боварию эътимоди қавӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд, ки «мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд,

ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд». Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро 30 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат дар майдони холӣ аз сифр таъсис дода шуд. Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми ҷумҳурӣ тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардо-

на иҷро карданд. Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлоли давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар

созии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон густурда буда, пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳамин ҷумлаанд. Дар моддаи 7 пешбинӣ гардидааст, ки таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад. Ҳамаи мо масъулем, ки дар раванди ҷаҳонишавии масъалаҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ мавқеи худро пуштибонӣ намоем. Ин вазифаи муқаддаси парламенти касбист ва хоҳад монд. Дар ин давра мо бояд беш аз пеш манфиатҳои миллӣ ва сиёсии давлатро ҳифз кунем ва пояҳои истиқлоли давлатиро устувор гардонем. Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия

оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат бо сарбаландӣ мебароянд. То имрӯз дар дохили ҷумҳурӣ ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомӣ тайёр кардаем. Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда истодаанд. Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии мамлакат вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мо бояд шукронаи ин давлату миллат намуда, дар канори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри шукуфоии бештари сарзамини аҷдодиямон саҳм гузорем. Маъмури ЮСУФЗОД,


// 3 марти соли 2023 //

email: gazeta-imruz@mail.ru

Тоҷикистон ва ҷаҳон: Аҳамияти пиряхҳо

мрӯз масъалаҳои обу иқлим дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруфи дохилу хориҷ қарор доранд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ як қатор мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳоро, ба бор овардаанд. Ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар якҷоягӣ садди роҳи инҳоро бигиранд. Ин раванд агар чунин идома ёбад, пас аз чанд даҳсола сокинони сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мегарданд. Тағйирёбии иқлим боиси босуръат об шудани пиряхҳо мешавад, ки дар навбати аввал, ҷараёни дарёҳоро тағйир дода, сипас, боиси камобӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест ва мебояд бо тадбирандешиҳои дуруст аз ин ҳодисаҳои ногувор пешгирӣ кард. Пиряхҳои Тоҷикистон дорои захираи оби нӯшокӣ мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9 550 пирях бо масоҳати умумии 8,5 ҳазор киллометри мураббаъ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар онҳо қариб 460 километри мукааб оби нӯшокии хушсифат маҳфуз аст. Дар ин пиряхҳо 52 дарсади захираи умумии оби ошомидании тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст. Дар Помир масоҳати умумии пиряхҳо ба 7100 километри мураббаъ мерасад, ки нисбат ба тамоми пиряхҳои минтақаи Қафқоз 3,5 баробар зиёд мебошад. Яке аз калонтарин пиряхи минтақаи кӯҳсори ҷаҳонӣ ин пиряхи Федченко мебошад. Минтақаи дуюми пиряхдори ҷумҳурӣ ин қисми кӯҳсори Ҳисору Олой ва Зарафшон аст, ки масоҳати умумии пиряхҳои он ба 1500 километри мураббаъ баробар аст. Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1,5 дарсади масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Пиряхҳо барои минтақаҳои камбориши сайёра www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.

ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Миёна аст. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз он шаст дарсад ба Тоҷикистон рост меояд. Пиряхҳои Тоҷикистон, асосан, дар кӯҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Аз пиряхҳо дарёҳои калони минтақа ғизо гирифта, заминҳои хушкро обшор мегардонанд. Пиряхҳои кӯҳӣ дар он мавзеъҳое ҷойгиранд, ки сатҳи онҳо ба ин ё он сӯ нишеб аст. Бинобар ин, пиряхҳо аз нишебии кӯҳҳо ва водиҳои кӯҳӣ ба поён ҳаракат мекунанд. Ҳангоми ҳаракат ҷинсҳои кӯҳии нишебии кӯҳ ва водиро канда бо худ мебаранд. Пиряхҳои кӯҳӣ аз хатти барфӣ поён фаромада, ҳатман об мешаванд. Дар ҷойи онҳо сангпораҳои ҳаҷман гуногун ва дигар ҷинсҳои кӯҳие, ки пирях овардааст, боқӣ мемонанд. Дар Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин, аз қабили Федченко, Грумм-Гржимайло, Гармо ва даҳҳои дигар, ки зиёда аз 30 километри мураббаъро фарогиранд, ҷойгир мебошанд. Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё буда, дарозии он 75 километр ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи чанд соли охир бинобар таъсири тағйироти иқлим, 1000 пирях дар кишвар аз байн рафтааст ва ин агар чунин идома ёбад, як қатор мушкилоти ҷиддиеро пеш меорад. Аз ҷумла, босуръат об шудани пиряхҳои кӯҳӣ боиси рух додани ҳодисаҳои лағжиш, обхезӣ ва монанди инҳо мегарданд. Ин мушкилот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар Арктикаю Антарктида низ, ба назар мерасанд. Чунин ҳолатҳо ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳанд, ки дар масъалаҳои пешгирии онҳо ҷиддӣ муносибат намоянд.

ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.

1. КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

// САҲ. 4

Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқи инсон

Ин санади меъёрию ҳуқуқӣ 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии “Дар бораи кафолатҳои давлаТоҷикистон тағйиру иловаҳо во- тии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари рид карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии амалигардонии онҳо” бобҳои Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 мод- 1- Қоидаҳои умумӣ, 2- Кафода иборат буда, тамоми ҳуқуқу латҳои давлатӣ оид ба таъмини озодиҳо ва кафолати таъмини имкониятҳои баробари мардону онҳоро барои инсон ва шаҳрванд” занон ҳангоми амалӣ гардонидамуқаррар намудааст. Аз ҷумла ни ҳуқуқи интихобот, 3- Кафобоби 2-и он “Ҳуқуқ, озодӣ, вази- латҳои таъмини имкониятҳои фаҳои асосии инсон ва шаҳрванд баробари мардону занон дар ном дошта, ба ҳуқуқ, озодӣ соҳаи хизмати давлатӣ, 4-Кава вазифаҳои асосии инсон ва фолати таъмини имкониятҳои шаҳрванд бахшида шудааст, ки баробар барои мардону занон моддаҳои 14-47-ро дар бар меги- дар соҳаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, 5Механизми таъмини кафолатҳои рад. давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои ба2. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ робари амалигардонии онҳо ва ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ 23 моддаро дар бар мегирад. ГУРЕЗАҲО”

ниёни савдои одамон” аз сӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. 8. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК” Қонуни мазкур 18 марти соли 2015 таҳти рақами 1196 аз сӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда, дар ҳолати амал қарор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, аз бобҳои 1- Муқаррароти умумӣ, 2- Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, 3Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, 4- Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор, 5- Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки маъюб, 6- Муқаррароти хотимавӣ ва 50 модда иборат мебошад.

5. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ Ин қонун нахуст 20 июли соли 1994 ва баъдан 10 майи соли 2002 ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ таҳти рақами 50 аз ҷониби Пре- ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАЪЮзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон БОН” имзо гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” аз иқтисодӣ ва ташкилии таъмино9. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ 19 модда иборат буда, асосҳо ва ти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ муайян намуда, ба онҳо имконитартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони яти баробари зиндагӣ ва ҳамги- ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНпаноҳҷӯянда, инчунин мақо- роӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. ДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон СОНИ БЕШАҲРВАНД ДАР ми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои маъюбон” 29 декабри соли 2010 Нахуст 1 феврали соли 1996 Қоаз ҷониби Президенти Ҷумҳуонҳоро муқаррар мекунад. рии Тоҷикистон таҳти рақами нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар 675 имзо шуда, аз 6 боб аз ҷумла, бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандо3. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ 1- Муқаррароти умумӣ, 2- Таш- ни хориҷӣ дар Ҷумҳурии ТоҷиТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ хиси тиббию иҷтимоӣ, 3- Тавон- кистон” ва баъдан 2 январи соли БОЗДОШТАНИ ТАТБИҚИ бахшии маъюбон, 4- Таъмини 2018 Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикиҶАЗОИ ҚАТЛ” фаъолияти ҳаётии маъюбон, 5- стон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъ- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони Тоҷикистон “Дар бораи боздо- юбон, 6- Муқаррароти хотимавӣ бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Президенти штани татбиқи ҷазои қатл” тат- ва 36 модда иборат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гарбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дидааст. 6. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҚонуни мазкур вазъи ҳуқуқии рои содир намудани ҷиноятҳое, ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ки дар моддаҳои 104 қисми 2, ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР бешаҳрванд, тартиби будубош, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва ОИЛА” инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои 399 Кодекси ҷиноятии ҶумҳуҚонуни мазкур муносибатҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии рии Тоҷикистон муқарраршуда ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва ҷамъиятиро вобаста ба пешги- Тоҷикистон муқаррар менамояд. дигар қоидаҳои вобаста ба он, рии зӯроварӣ дар оила танзим 10. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, намуда, вазифаҳои субъектҳои 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 пешгирикунандаи зӯроварӣ дар ТОҶИКИСТОН “ДАР БОКодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ РАИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ ва бартарафсозии сабаб ва ша- ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАгардидаанд, боздошта шуда, дар роитҳои ба он мусоидаткунанда КЛҲОИ ТАБЪИЗ” давраи боздоштани татбиқи ҷа- муайян менамояд. Ин Қонуни 19 июли соли 2022 зои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз таҳти рақами 1890 аз ҷониби 7. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷиТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ муайян карда шуд. кистон қабул шуда, дар ҳолати МУҚОВИМАТ БА САВДОИ амалкунанда қарор дорад. ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ 4. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ “Дар бораи баробарӣ ва барҳам САВДОИ ОДАМОН” КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ додани ҳама гуна шаклҳои табъБАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРНахуст 15 июли соли 2004 Қо- из” асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИнун “Дар бораи мубориза ба амалигардонии ҳуқуқ ва имкоЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИмуқобили харидуфурӯши ода- ниятҳои баробарро барои ҳамаи ГАРДОНИИ ОНҲО” Қонуни мазкур 1 марти соли мон” ва баъдан 26 июли соли шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷи2005 таҳти рақами 89 аз сӯи Пре- 2014 таҳти рақами 1096 Қонуни кистон муайян карда, низоми зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бо- ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи саимзо шуда, дар ҳолати амал қа- раи муқовимат ба савдои одамон маранок аз ҳама гуна шаклҳои ва расонидани кумак ба қурбо- табъизро муқаррар менамояд. рор дорад. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-98-104-43-59

E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Имруз" ,№ 5-6, от 3 марта 2023 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu