Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
//
8 июни соли 2021
//
email: gazeta-imruz@mail.ru //
www.tojinfo.ru //
Роҳи Сомониён мумфарш мешавад
Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. //
Тел: 2-61-62
Дар маҷмааи фароғатии “Навгилем” бо иштироки собиқадорони ҳизбу меҳнати соҳаи маориф, намояндагони кумитаи волидон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Навгилем ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти иштироки хонандагони МТМУ №31 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанҳои дақиқ ва гуминитарӣ баргузор гардид.
Қадрдонии ғолибон
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи миёни маҳаллаҳои Чашмасор ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оғоз ёфт.
Р
аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳо ва суҳбат бо сокинони ҷамоат таъкид Ҳама сола санаи 5 июн – Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро дар зиёда аз 130 кишвари дунё таҷлил менамоянд. Дар соли ҷорӣ ин сана дар тамоми кишварҳои олам бо баргузор намудани чорабиниҳо дар мувофиқа бо қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи баъди пандемияи КОВИД-19 таҷлил карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист яке аз санаҳои муҳим барои СММ ҷиҳати иттилоърасонӣ ва амал кардан дар самти ҳифзи табиат мебошад. Дар яке аз кишварҳои ҷаҳон бо иштироки намояндагони Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешавад. Кишвари Покистон дар мувофиқа бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) соли 2021 барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ҳамчун кишвари мизбон пазируфта шуд. Дар меҳвари таваҷҷуҳи тантанаҳои ҷашнии Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист барқарорсозии эко-
кард, ки имрӯзҳо бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят бунёдкориҳо ҷараён дошта, мардум баҳри истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Чуноне зикр гардид, барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳру деҳоти Исфара бунёду азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 457 иншоот
пешбинӣ шуда, то имрӯз 420 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо бунёду таъмири иншооти гуногуни хоҷагии халқ симои деҳоту шаҳракҳо ва маркази шаҳр дигаргун шуда, барои сокинон ҷойҳои иловагии корӣ таъсис ёфта истодааст. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ ҷараён дошта, дар назар аст, ки соли равон 30 км роҳи ҳудуди шаҳр мумфарш карда шавад.
Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ 11 нафар толибилмони муассисаи мазкур ғолибиятро ба даст оварданд. Аз он ҷумла онҳо соҳиби 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ шуданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруридин, сардори Раёсати маорифи шаҳр Саидзода Бобохон ва раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Ҳабибуллозода Аҳмадхӯҷа иштирок ва суханронӣ намуданд. Як зумра омӯзгорон ва ғолибони олимпиада бо Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. Бояд қайд кард, ки имсол аз шаҳри Исфара дар маҷмӯъ 98 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Муҳити атрофро тоза нигоҳ бояд дошт
системаҳо ва муносибати инсон бо табиат қарор дорад. Ҳамзамон ин мавзӯъ оғози расмии Даҳсолаи СММ оид ба барқароркунии экосистемаҳо дар Даҳсолаи СММ оид ба барқароркунии экосистемаҳо дар давоми солҳои
2021-2030 хоҳад буд. Вазифаи ин Даҳсолаи СММ аз барқарор намудани ҳудуди экосистемаҳои таназзулёфта ва ба харобазор табдилёфта бо мақсади коҳиш додани буҳронҳои иқлимӣ, аз байнравии миллионҳо намудҳои
биологӣ, баландбардоштани дараҷаи таъмини амнияти озуқаворӣ, обтаъминкунӣ ва воситаҳо барои мавҷудияти намудњо иборат аст. Ба сифати кишвари қабулкунандаи баргузории ҷашни Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист Покистон мушкилоти экологиро пайгирӣ менамояд, инчунин нақши ташаббусҳои Покистонро дар ҳаракати глобалӣ намоиш медиҳад. Дар доираи муаррифии як барномаи муҳитзистӣ сарвазири Покистон Имрон Хон иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳими Њукумати Покистон пешгирии ифлосшавии муњити зист мебошад. Кишвари Покистон бо ифтитоҳ намудани Фонд оид ба барқарор намудани экосистемаҳо, бо мақсади андешидани тадбирҳо барои васеъ кардани майдонҳои ҷангалҳо ва муҳофизати гуногунии биологӣ, ташаббуси бузур-
гро таҳти унвони «Сунами аз 10 миллиард дарахтон» эълон намуд. Тибқи ин ташаббус дар зарфи 5 сол дар мамлакат 10 миллиард нињоли дарахтони гуногун шинонида мешавад. Ин имкон фароҳам меорад, ки 15 адад ҳудудҳои табиӣ таъсис ва барои 5500 нафар ҷойҳои “кори сабз” бунёд гардад. Директори ЮНЕП хонум Ингер Андерсен зимни муаррифии барномаи чорабинии Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист иброз дошт, ки дар соли 2021 барои раҳоӣ аз бӯҳрон ва гузариш ба беҳбуд бахшидани вазъи табиии сайёра қадамҳои ҳадафрас хоҳад буд, дар ин ҳолат, мо бояд эътироф кунем, ки барқароркунии табиат барои солим нигоњ доштани сайёра ва тамоми инсоният зарур аст. Н. ҲОМИДОВ, сармутахассиси БХМЗ-и шањри Исфара