Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
//
28 январи соли 2022
//
email: gazeta-imruz@mail.ru //
Сада мужда аз Наврӯз аст
Табрикоти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба ифтихори ҷашни Сада
Боиси ифтихор ва шукргузорӣ аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ, маҳз бо шарофати талошҳои пайваста ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии аҷдодонамон, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада эҳё гардиданд. Хушбахтона, дар ин радиф, ҷашни Сада, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст, имрӯз дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои тоза ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни фархундаи бостонӣ ҳар яки шумо - ҳамдиёрони арҷмандро табрику таҳният мегӯям. Бароятон сарсабзию саодатмандӣ, ба хонадонатон гармиву нур ва файзу баракат орзу дорем. Ҷашни Сада, ки имрӯз умри дубора ёфтааст, аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати аҷдодони мо ба шумор мерафт ва моҳияти ин ҷашни саи-
дро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: - «Ҷашни Сада рамзи гармиву нур ва ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз мебошад». Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва анъанаҳои ҳаётдустона аст, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Сада – айёми омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз – вақти киштукори баҳорӣ ва нигоҳубини зироат, Меҳргон – давраи ғунучини ҳосил мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон бояд дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ҷиҳати омодагӣ
www.tojinfo.ru //
ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани маҳалли кору зисташон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Мавриди зикр аст, ки амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он вазифаи аввалиндараҷаи мутахассисони бахши кишоварзӣ ва деҳқонони ризқофар ба шумор меравад.. Итминони комил дорем, ки кишоварзони мо дар баҳори нав барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум тамоми таҷрибаву малакаашонро сафарбар месозанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволашон - «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад». Сиёсати созанда ва фарҳангии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор менамояд, ки барои дубора эҳё намудани суннатҳо ва расму оинҳои мардумӣ кӯшиш намояд, арзишҳои миллиамонро шиносад, ба таъриху фарҳанги кишварамон ҳамеша арҷгузор бошад. Дар интиҳо, бори дигар шуморо бо ҷашни Сада, ки дар асл иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқат, накӯкорӣ ва ҳам ҷашни кишоварзони саховатпеша аст, самимона муборакбод мегӯем. Таманнои онро дорем, ки ҷашни Сада бо қадамҳои мубораки худ ба қалбҳои мо рушноию гармӣ, меҳру муҳаббати ҷовидонӣ, ба мулки мо ободӣ, ба кори деҳқонон омаду барор ва ба хирманашон файзу баракат, ба хонадони мардуми мо бахту саодат ва шодию нусрат биёрад.
Шаҳрвандони азиз! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мушоҳида кардани партовҳои дар ҷойҳои номуносиб партофташуда, маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта, намуди зоҳириашон ба талаботи гигиениву санитарӣ мутобиқат намекарда ҳатман тариқи телефонҳои 834 62 2 29 90, 918 98 41 95 ба мо хабар диҳед. Зеро танҳо дар ҳамкорӣ бо шумо шаҳрамонро зебо намуда, ҷомеаи солим бунёд карда метавонем. МАЪМУРИЯТИ МНДСЭ.
Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //
Таҷлили ҷашни Сада
Истиқлолияти давлатӣ, хосса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар шаҳри Исфара ин ҷашни аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки ба ҳайси идгоҳи асосӣ қарор дошт, намоиши олоти кории деҳқонӣ ва техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ороста гардид, ки ифодагари омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд. Маҳсули ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод. Дар каломи табрикотии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари таманниёти беҳтарин ба мавсими нави кор, зарурати эҳё, гиромидошт ва таҷлили ҷашни мубораки ниёгонамон - Сада тазаккур ёфтанд. Зикр гардид, ки дар замони
истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда, бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад. Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Дар рафти таҷлили ҷашни Сада дар вазъи тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар анҷом барномаи фарҳангии саршори шукрона ба фазои осудаву ором, тарғибгари сулҳу ваҳдат, дӯстдории Ватан ва табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.