Skip to main content

"Ганчи Исфара", № 2, 2022 года

Page 1

№2 (60) соли 2022

Маҷаллаи адабию фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ

Гар лаб ба ханда боз кунӣ дар маҷаллаҳо, Ороиши саҳифаи аввал ту мешавӣ!


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад.»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН Раиси шаҳри Исфара

АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир

СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД Дотсент, адабиётшинос

ҲУСНИ САБОҲ СУБҲОН ЁДГОРӢ ГУЛЧЕҲРА РАҲИМОВА

МУҲАММАДХӮҶА ЯҲЁЕВ Дотсент, санъатшинос СУДУРИДДИН МАҲКАМОВ Собиқадори матбуот

Нишонии мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ, 10. Телефон: (83462) 2-49-73. Ҷойи чоп: ҶДММ "Набӣ Фахрӣ"

ЗУБАЙДУЛЛО ШОМАДОВ Аксбардор ФАТҲУЛЛО САЙИДОВ Ороишгар

Мавқеи маҷалла на ҳамеша бо мавқеи муаллифон мувофиқат мекунад, аммо ҳайати таҳририя ба хотири риояи талаботи демократӣ ақидаҳои гуногунро манзури хонандагон менамояд. Дастнавис ва суратҳои ба идора воридмешуда баргардонида намешаванд. Маводи муаллифони беруна дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial, андозаи 14 пазируфта мешавад.

Теъдоди нашр 700 нусха. Маҷалла дар ду моҳ як маротиба чоп мешавад.

Е-mail: imruz676@gmail.com


Мо ва бонувон

Нақши бонувон дар амалисозии ғояҳои ҲХДТ Имрӯз ҳамаи мо зери таъсири амиқи Паёми тозаироаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат” қарор дорем.

П

аёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чун Паёмҳои пешина ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нигаронида шуда, муҳимтарин санади раҳнамосоз дар ҳаёти ҳар як фарди бонангу фидокор, хосса аъзои ҲХДТ мебошад. Дар ин ҳуҷҷати муҳим нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа арзёбӣ карда, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” супоришҳои мушаххас дода шуд. Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи маърӯзаву суханрониҳояшон пайваста ба баланд бардоштани нуфузи занон дахл намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки дар ин масъала бо дарки масъулият амал намоянд. Ҳоло дар шаҳри Исфара аз 15504 нафар аъзои ҲХДТ 8783 нафарашон занону бонувон ҳастанд. Ин нишондод 56,6 фоизи миқдори умумии аъзои ҳизбро ташкил медиҳад. Соли 2021 аз 1237 нафари ба аъзогии ҲХДТ қабулшуда, 891 нафарашонро (72%) ҷавондухтароне, ки нисбати ғояҳои ҳизб ва ҳадафҳои он садоқати беандоза доранд, дар ҷои корашон сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамкорон ҳастанд, ташкил медиҳанд. Дар маҷлисҳои ҳисоботию интихоботии ба наздикӣ баргузоргашта ҳизбиён роҳбарии 87 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро, ки 42% аз миқдори умумии ин гуна ташкилотҳо мебошанд, ба занону бонувони болаёқат бовар карданд. Раис он ва м уовинони раис они ташкилотҳои ҳизбӣ, аз қабили Ӯлмасова Саида, Асламӣ Фараҳноз, Мамадқулова Фарзона, Ҳоҷиева Ашӯрхон, Каримова Гулбаҳор, Маҳмудова Умия, Атохонова Ҳакима, Мансурӣ Нигина, Шарофиддинова Маърифат, Рӯзиматова Муқаддас, Аминова

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

1


Мо ва бонувон

Дилбар, Шукурова Саида, Ахмедова Дилрабо, Зулфиқорова Валия, Азимова Гулнора, Муҳиддинова Сайёра, Эргашева Офтоб, Ҳамроева Гавҳар, Саидова Ҳаёт, Ҷӯраева Сарвар, Камолова Мутриба, Назирова Муаззама, Маликова Шарифа, Шокирова Шукрия, Лазизова Заргул, Исҳоқова Дилбар, Тағоева Насиба, Юнусова Тавҳида дар тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, амалисозии ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва сафарбар намудани аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас доранд. Маҳз туфайли фаъолияти бомароми фаъолони ҳизб буд, ки кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар озмуни вилоятӣ “Беҳтарин кумитаи иҷроияи соли 2021” гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксарияти мавридҳо занону бонувон ба иҷрои супоришҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз таҳти дил муносибат менамоянд. Бо суханҳои нишонрас ва лафзи ширину гуворо метавонанд диққати мардумро ба моҳияти масъала ҷалб намоянд. Аз ин рӯ ҳар як дуюмин аъзои гурӯҳҳои

2

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

ташвиқотии назди кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз ҳисоби фаъолзанон буда, онҳо дар шарҳу тафсири Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳнамоӣ намудани мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, субботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, дастовардҳои миллию давлатӣ, вокуниши саривақтӣ ба матолиби муғризонаи мухолифини сиёсӣ, ки дар расонаҳои хабарии мустақилу хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, ҳамеша ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Дар ин самти кори ҳизбӣ фаъолияти д о м а н а д о р и Р а ҳ и м з о д а Та б о р а к , Юлдошева Шаҳира, Ёқубӣ Муҳиба, Тоҷибоева Фотима, Авезова Нодира, Ҷалилова Сафия, Ҳасанова Зайнура, Қурбонова Навбаҳор, Мусаямова Кимиё, Ҳусейнова Саҳоба, Ҳалимова Карима, Қурбонова Дилбар, Мадибрагимова Насиба, Турсунова Парвина, Собирова Райҳона ва даҳҳо нафарони дигарро қайд кардан ба маврид аст. Аз 47 нафар вакилони маҷлисҳои


Мо ва бонувон вакилони халқи шаҳрию вилоятӣ 14 нафарашон фаъолзанони ҲХДТ буда, 2 сол боз бо сари баланд ваколатҳои вакилии худро иҷро ва манфиатҳои интихобкунандагонашонро дар ҳамаи самтҳо ҳимоя намуда, сазовори боварии мардум ҳастанд. Ҳар як сеюмин хизматчии давлатӣ зан буда, дар таъмини иҷрои нақшаю барномаҳои тараққиёти иқтис одию иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара ва масъалаҳои мубрами рӯз ҷойгоҳи муносиб доранд. Масалан, пӯшида нест, ки Ҷамоати деҳоти Ворух нисбати дигар маҳаллаҳои аҳолинишин масъалаю проблемаҳои зиёди ҳалталаб дорад. Аз давраи таъсисёбии ҷамоат то соли 2019 фақат як маротиба (солҳои 70-уми асри гузашта) ҷамоатро зан роҳбарӣ кардаасту халос. Баъди раиси ҷамоат интихоб шудани аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Меҳринисо Раҳматова дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷамоат пешравиҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. 3 соли охир нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ дар рӯзҳои аввали саршавии маъракаи мазкур иҷро карда мешавад. Дар давраи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон ҷамоат таҳти сарварии Меҳринисо Раҳматова тамоми мардуми деҳаро бо корҳои ободонию созандагӣ сафарбар кард. Моҳи апрели соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳа якчанд иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Сарвари давлат заҳматҳои раиси ҷамоат ва сокинони Ворухро хосса таъкид карданд. Раҳматова Меҳринисо барои меҳнати софдилона бо 2 медал ва Ифтихорномаю унвонҳои соҳавӣ қадршиносӣ карда шудааст. Давоми 2 соли охир ҷамоат дар озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол менамояд. Аз он ҷумла, соли 2021 дар вилояти Суғд “Деҳоти беҳтарин” дониста шуд. Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки аксарияти занону бонувон бо муносибати самимонаю дилсӯзона ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум ҳастанд ва мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон нақши бонувон ва занонро дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар алоҳидагӣ қайд намуданд. Ҳоло 2178 нафар занон, ки 68,5%-и кормандони соҳаи маорифро ташкил

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

3


Мо ва бонувон

медиҳанд, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи босазо гузошта истодаанд. 79% - и муассисаҳои таълимиро занон роҳбарӣ менамоянд. Дар соҳаи тандурустӣ 2550 нафар занон дар ҳимояи саломатии мардуманд, ки ин нишондод 71,6% аз шумораи умумии табибону ҳамшираҳои шафқат мебошад. Нисфи кормандони соҳаи фарҳанг занону бонувон ҳастанд. Те ъ д од и р о ҳ ба р о н и х о ҷ а г и ҳ о и кишоварзӣ аз ҳисоби занон низ рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Аз 7027 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар як сеюмашро занон роҳбарӣ менамоянд. Дар ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба давлату миллат, пос доштани арзишҳои миллӣ ҳиссаи собиқадорони ҳизб Гулафзо Савриддинова, Башорат Раҳимова, Кубро Собитова, Меҳриниссо Алиматова, Ҳидоят Ғаниева ва даҳҳо нафари дигарон ниҳоят назаррас буда, ҳамаи мо ифтихор аз онҳо дорем.

4

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

03.02.2022 дар маҷлиси фаъолони занони ҲХДТ тақвият бахшидани нақши занону бонувон дар амалисозии ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа таҳлил ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои муфид роҳҳои баланд бардоштани мақому манзалати занон муайян карда шуданд. Дар марк ази диққат ҳаллу фасли проблемаю камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин самт мутобиқ ба ҳидоятҳои Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои ташкилоҳои ҳизбӣ, Шӯроҳои занон, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо дигар мақомотҳои ваколатдор қарор доштанд. Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ нақша дорад, ки ҳиссаи занону бонувонро дар татбиқи амалии ғояҳо, Барномаҳои ҳизбӣ ва Паёми Пешвои миллат, Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам афзун намояд. Суруриддин Зиёваддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара.


Фарзандони Исфара

Аз байни хокиёни гунаҳолуд, Танҳотарин фаришта куҷо рафтӣ? Агар умр вафо мекард, адиби хушсалиқа Муаззама Аҳмадова ба синни мубораки 70-солагӣ мерасид. Аммо... тақдир ӯро аз байни мо дар айни камолоти эҷодӣ бурд. Адибе рафт, ки ҷойгоҳаш дар адабиёт холист ва ҳарфҳояш ҷаззобияти хос доштанд.

Фариштае, ки савори аспи сафед буд СИТОИШ

Ш

у к р и қ и с м а т, к и а п а и Муаззамаро аз наздик мешинохтам. Солиёни зиёд дар Душанбешаҳр кору зиндагӣ ва ҳамсоягӣ доштем ва бо ибораи шоираи тавоно Фарзона «ӯ ҳамчун танҳотарин фариштаи хокиён» якумра дар хотири ман н а қ ш ба с та . М уазз а м а б о н уе буд ситорагарм, кушодачеҳраву хушсуҳбат, бо хираду рафтори нек намунаи дигарон буда, осон ба дилҳо раҳ меёфт. Соҳиби қалами буррову сухани сеҳрангез ва ҳамчун эҷодкор ниҳоят ҳассос буд, вале аз хоксорӣ ҳеҷ гоҳ даъвои нависандагӣ намекард. Моҳияти зиндагӣ ва душвориҳои ҳаёти инсон, озодӣ ва соҳибмаърифатии занону духтарон мавзӯи навиштаҳои ӯ буданд. Нияти фардои некро дошт. Дӯстӣ меҷуст. Ишқу шеъру адабиёт ӯро ба Душанбе бурд, меҳри диёр абадан ба Исфара бозовард ва Муаззама дар дилу дидаи ҳазорон

мухлисони адабиёт маскан гирифт.

МАҲФИЛИ ЁДБУД

С

олҳое, ки Муаззама дар мактаби миёнаи рақами 19-и зодгоҳаш, деҳаи Қалъачаи Мазор фаъолият дошт, дар байни шогирдону омӯзгорон маҳбубияти хосса пайдо кард ва то имрӯз аҳли деҳа сифати ӯ мекунанд. Чанд рӯз қабл бо ташаббуси яке аз шогирдони дӯстдоштаи Муаззама, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Анвар Сангинов маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Бархе аз шогирдон ва дӯстону ҳамсабақон аз ҳаёту фаъолияти шодравон Муаззама Аҳмадова хотираҳои хешро нақл карданд. Чун ҳамешагӣ Анвар барои ҳозирин туҳфае дошт, ғайричашмдошт. Ногаҳон дар экрани телевизор пайдо шудани Муаззамаи хандонрӯ ба аҳли маҳфил таъсире бахшид басо хотирмон ва фаромӯшнопазир. Маҳфили ёдбуд, ки маҳз

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

5


Фарзандони Исфара дар рӯзи реҳлати Муаззама сурат гирифт, беш аз се соат идома ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки соле қабл бо ташаббуси Анвар ва кумаку дастгирии маъмурият, дар яке аз мактабҳои шаҳр ҷиҳати гиромидошт ва ёдбуди Муаззама Аҳмадова озмуни адибони ҷавон доир гардид ва ғолибон сазовори ҷоизаи ба номи Муаззама Аҳмедова шуданд.

ШОГИРДОНИ МАКТАБӢ

Б

ист нафар шогирдони Муаззама соли 1976 мактаби миёнаро хатм намуда, бо маслиҳату ҳидояти ӯ ба мак табҳои дилхоҳи худ ҳуҷҷат месупоранд. Онҳо аввалин шогирдоне буданд, ки Муаззама 6 сол роҳбари синфашон буд. Муаззама ҳамроҳи бачаҳо ба шаҳри Душанбе омада, то анҷоми имтиҳоноти қабул он ҷо мемонад. Шогирдонро кумаку дастгирӣ намуда, ҳар яки онҳоро бо пирӯзиашон табрик мегӯяд. Аз 20 нафар шогирдон, хатмкунандагони соли 1976 9 нафар мактабҳои олӣ ва 3 нафар омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбею Хуҷандро бомуваффақият хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият доранд. Аз ҷумла Абдумуталлиб Шерматов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устоди МТМУ № 12-и шаҳр, А н ва р С а н г и н о в – ҷ а р р о ҳ и н о м ӣ , Раҳматулло Сатторов – номзади илм, Инъомҷон Амаков – муҳандиси корхонаи арзизи Регар, Ҳоҷирахон Ғаниева – табиби чашм, Абдумалик Тӯраев ва Зиёратхон Каримова – омӯзгорони варзида, Мустафо Сангинов – актёри театр ва кино, директори Кохи фарҳанги шаҳр ва ғайраҳо.

МУНАҚҚИД

Н

ахустин асари саҳнавиро бо номи “Об-рушноӣ” ё худ “Қиссаи Шерзод” ба итмом расонида, пеш аз он ки ба Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг супорам, ба апаи Муаззама бурдам. Ӯ аз ин бениҳоят шод шуд, вале хоксорӣ карда гуфт: -Оё ман маслиҳати муфиде дода метавониста бошам? Шумо бо маслиҳату супориши кӣ ба назди ман омадед? -Бо супориш не, бо амри дил.

6

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Муаззама хушҳолона хандид: -Ин хел бошад, илоҷи дигаре нест. Ҳамин ки хонда шудам, суҳбат мекунем. Канӣ бинем, аз ман мунаққид мебарояд ё не? Субҳи рӯзи дигар дар даромадгоҳи хобгоҳ рӯ ба рӯ омадем (он солҳо мо дар хобгоҳи оилавии Вазорати фарҳанг ҳамсоягӣ доштем). Муаззама аз дирӯза дида хушҳолтар менамуд: -Табрик! Хеле хуб баромадааст. Имшаб бо як нишастан хонда баромадам. Мазмуну мундариҷа, банду баст ва тарзу услуби навишт хуб, забонаш ҳам бад не, вале камтар таҳрир мехоҳад. Ман дар зери баъзе ибораву ҷумлаҳо хат кашидам, баъд фикрамро мегӯям. Мабодо наранҷед. Ман боз шӯхӣ кардам: -Ҳеҷ гап не. Вазифаи мунаққид хат задан аст. Муаззама суханони маро бурид: -Дуруст мегӯед, лекин ман мунаққид не, ман муаллима, муаллимаи бениҳоят сахтгиру серталаб. Азбаски ин кори аввалин аст, ба шумо баҳои аъло гузоштам. Ман зуд ҷиддӣ шудам. -Ташаккур, апа! Муаззама бо меҳрубонии ба худаш хос суханонашро давом дод: -Ташаккур ба шумо, ки ба ин кор даст задед. Агар асари саҳнавӣ бо қалами актёр ё режисёр навишта шавад, хубтар мебарояд. Зеро мутахассиси театр қоида ва шарту усулҳои саҳнаро нағз мефаҳмад, устод Абдусалом Атобоевро мешиносед? Аз ин савол каме хиҷолат кашидам. -Ғоибона мешиносам, аз рӯи асарҳояшон. Муаззама қаноатмандона сар ҷунбонид. -Устод драманависи забардаст ва инсони комиланд. Албатта, дуои он касро гиред. Медонед, аз як навиштаатон ман бисёр завқ кардам: “Шерзод ба хона зада даромад”. “Шояд ба шаст даромад” ё “Бо шитоб даромад” будагист. Завқи ман дар он буд, ки ибораи “зада даромадан” танҳо дар лаҳҷаи Исфара истифода мешавад ва худи ман ҳам баъзан дар забони гуфтугӯӣ онро истифода мебарам. Баъдтар ин намоишнома бо дуои неки устод Абдусалом Атобоев ва Муаззама Аҳмадова дар театри Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд ва театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ таҳия гардид, вале


Фарзандони Исфара ҷумҳуриявии ба номи устод Лоҳутӣ баромада, суҳбаткунон ҷониби театри ҷавонон мерафтанд. Дар хиёбони ба номи Неъмат Қаробоев аз паҳлуи онҳо мошини сабукраве мегузарад, ки бол ояш велосипеди бачагона гузошта шудааст. Маълум, ки падар барои писарчааш туҳфа мебарад. Инро дида, Муаззама бо як шавқу завқи беандоза қарсак мезанад: - Оё ту тасаввур мекунӣ, Олияхон, ки писарак аз ин туҳфа то чӣ андоза хурсанд мешавад?! Ва ин лаҳзаҳо шояд аз соҳиби туҳфа дида, Муаззама бештар шодӣ мекард. Муаззама бачаҳоро беҳад дӯст медошт ва нисбати онҳо меҳрубониҳо карда, боисрор мегуфт, ки калонсолон ба олами бачаҳо бояд аз нигоҳи кӯдак назар кунанд.

БОВАРӢ

мутаассифона тақдир имконият надод, ки аввалин дуогӯёни ман аввалин асари маро дар саҳна бинанд.

МУАЗЗАМА ВА ОЛИЯ

М

оҳи майи соли 1985 дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии т у р с у н з од а х о н ӣ ба р г у з о р гардид. Дар қатори ҳунарпешагони касбӣ яке аз собиқ шогирдони мактабии Муаззама Аҳмадова, толибаи мактаби миёнаи рақами 19-и шаҳри Исфара Олия Ғаниева низ ширкат варзида, ба пирӯзӣ ноил шуд. Муаззама, ки бо дастагули зебо дар толор менишаст, аз баромади Олия ба завқ омада, ашки шодӣ мерехт. Баъдан аз дасти Олия гирифта, ба утоқи кории Муҳиддин Олимпур овард ва рӯзи дигар акси Олия Ғаниева дар саҳифаи ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп гардид. Бо ҳидояти Муаззама Олия ҳамчун ғолиби озмун, бе имтиҳони қабул донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, онро бомуваффақият хатм намуд. Ва хеле рамзӣ аст, ки имрӯзҳо Олиябону Ғаниева ҳамчун ровии номӣ ва омӯзгори варзида орзуву корҳои нотамоми Муаззама Аҳмадоваро амалӣ мегардонад. Боре Муаззама ва Олия аз китобхонаи бачагонаи

М

уаззама нисбати ҷавонони соҳибистеъдод эҳтироми хосса дошт ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.Боре шоир ва нависандаи он солҳо ҷавон ва навқалам Саъдуллоҳи Мӯсо (ёдаш ба хайр!), ки дар рӯзномаҳои марказии пойтахт ф а ъ о л и я т д о ш т, а з д и л с ӯ з и в у меҳрубониҳои Муаззама ҳарф зада, бо шӯхиҳои намакини ба худаш хос илова кард: - Акои Қудратулло, чанд ҳафтаву чанд рӯз буд, ки якҷоя бо апаи Муаззама барои банда хобгоҳ ва ё як хонаяки иҷора ҷустуҷӯ доштем. Ина бинед, дар ҳақиқат ҷӯянда ёбанда будааст. Воқеан ҳам Муаззама ба ояндаи Саъдуллоҳ итминон дошт ва аз м у ва ф ф а қ и я т ҳ о и э ҷ од и и ва й ш од мегардид. Хушбахтона, Саъдуллоҳи Мӯсо сазовори ин боварӣ гардида, ҳамчун як қаламк аши боистеъдод бо ибораи Муаззама “бадард” эҷод мекард.

ДАРДОШНО

М

уаззама бо санъати мусиқӣ, ба хусус санъати овозхонӣ шавқу завқи беандоза дошт. Аз мутрибон Мирзоқурбони Солеҳ, аз овозхонҳо Гугуш ва Аҳмади Зоҳирро парастиш мекард.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

7


Фарзандони Исфара Соли 1985 барои истироҳат аз Душанбе ба Исфара меояд. Дар як суҳбат аз шарикдарсаш Фозил Авлиёхонов ва яке аз шогирдони қадрдонаш Мустафо Сангинов, ки ҳарду санъаткор буданду дар Кохи фарҳанг фаъолият доштанд, гиламанд мешавад: - Ман орзу дорам соҳиби ҳамаи фиттаҳои сабти Аҳмади Зоҳир бошам. Наход, шумо ин ҷо истода, ман ба Душанбе дасти холӣ баргардам? Фозил ва Мустафо аз паи дарёфти сурудҳои Аҳмади Зоҳир мешаванд. Баъд аз ҷустуҷӯҳои зиёд, аз дукони сабти овози шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти сурудҳои Аҳмади Зоҳирро пайдо мекунанд. Хурсандии Муаззама ҳадду канор надошт. Дар бозгашт Мустафо мепурсад: - Муаллима, барои чӣ шумо маҳз Аҳмади Зоҳир ва Гугушро мепарастед? Муаззама баъди фосилаи дурудароз ҷавоб медиҳад: - Барои он ки онҳо бадард мехонанд.

ЁДГОРӢ М уаззама баъд аз чанд с оли иҷоранишинӣ муддате дар хобгоҳ зиста, бо к ум а к и ба р од а р а ш , и н с о н и к о м и л Мунаввархӯҷа, ки он солҳо дар Дармонгоҳи дандонпизишкии ҷумҳуриявӣ адои вазифа мекард, соҳиби манзил шуд. Хурсандиаш ҳадду канор надошт. Ба шодии ӯ шарик шуда, дар бурдани кӯч ёрӣ расонидам. Кӯчи хона бештар аз китобҳои нодир, рӯзномаву маҷалла ва фиттаҳои овозхони равоншод Аҳмади Зоҳир иборат буд. Муаззама ба ҷевони якдараи либосовезак ва ду рафчаи китобмонӣ ишора карда, бо хандаи самимӣ афзуд: -Бо нияте, ки шумо ҳам соҳиби манзили шахсӣ шавед, инҳоро ба шумо месупорам. Ва то имрӯз ҳамон ҷевону рафчаҳои китобмонӣ ҳамчун ёдгорӣ аз Муаззама як кунҷи манзили моро зеб медиҳад. Муаззама дар хонаи якҳуҷрагӣ, воқеъ дар гардиши хиёбони Иттифоқи касаба то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ кору эҷод кард. Баъдтар дар рӯзҳои ҷашни 40-солагии М уаззама бо ташаббуси Иттифоқи н а в и с а н д а го н и То ҷ и к и с т о н ҷ и ҳ ат и гиромидошт ва ёдбуди адиба дар ин бино лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

8

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Бо ҳукми тақдир ва сабабҳои маълум танҳо баъди 7 соли марги Муаззама ба ман муяссар шуд, ки бо хоҳиши пайвандони Муаззама кӯчи ӯро аз Душанбе ба Исфара биёрам. Мутаассифона, чанде аз ашёи хона, китобу дастхатҳои нодир ғайб зада буданд. Муаззама ба тамом ба Исфара баргашт, вале кору номи неки ӯ абадӣ дар Душанбе монд.

ТАҲМУРАС Соли 1987 Анвар Сангинов ба пойтахт омада, аз фурудгоҳ ба хонаи муаллимааш занг мезанад. Муаззама аз ин беҳад шод мешавад: -Ташаккур, ки занг задӣ. Рост ба хонаи ман биё. Баъди чанде Анвар бо як дастагули зебо вориди манзили Муаззама мегардад. Муаззама баъди миннатдорӣ бо завқ хандида, ба гулдони назди тиреза ишора мекунад: - Ман медонистам, ки ту барои ман мехчагул меорӣ, аз ин рӯ пешакӣ гулдони пуроб омода сохтам. Анвар ба Муаззама аз навигариҳои Исфара нақл карда, дар охир афзуд, ки як рӯз пеш ӯ соҳиби писар гардидааст. Муаззама Анварро шодбошӣ гуфта, аз рӯи достонҳои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, аз Куруш то Таҳмурас, 22 ном пешниҳод мекунад, то ин ки ӯ барои писарчааш номи муносиб интихоб кунад. Баъдтар Анвар ба писари дуюми худ Таҳмурас ном мегузорад.

ШАРМ Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба таҳияи асари драманависи номӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Современная драматургия” Н. Мирошниченко “Таронаи муҳаббат” оғоз намуд. Тарҷумаи асар ба қалами устод Лоиқ тааллуқ дошт ва устод дар машқҳо ширкат варзида, кӯшиш мекарданд забони асар равону саҳнабоб гардад. Илова бар ин номи баъзе қаҳрамонҳо ва аксари шеърҳои муаллифро ба ғазалҳои шоирони классики форсу тоҷик ва чанд шеъри тозаэҷоди худ иваз кардаанд. Асар бо иборае сирф тоҷикӣ гардид.


Фарзандони Исфара Нақши яке аз қаҳрамони асосӣ Сафар бар дӯши ман буд ва рӯзи нахустнамоиш Муаззамаро ба тамошо таклиф кардам. Намояндагони вазорат, мунаққидон ва мухлисони сершумор намоишро хеле хуб пазироӣ карданд. Баъди анҷоми спектакл Муаззама ва Талъат (Талъат Нигорова – собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, ҳамфикру ҳамақида ва яке аз дугонаҳои наздику вафодори Муаззама) мо санъаткоронро табрик гуфтанд. Ҳис кардам, ки намоишнома ба Муаззама –тамошобини ҳассос ва сахтгиру серталаб писанд омадааст. Р ӯ з и д и га р б о М уазз а м а о и д и намоишнома суҳбате доштем. Вай андешамандона гуфт: -Ростиро завол нест. Нисф зиёди муваффақиятҳои спектакл аз устод Лоиқ аст. Саҳнаи Коваи оҳангар хеле мувофиқ омада, ба намоишнома руҳияи миллӣ, руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бахшидааст. Баъди таҳлили пурра, ки беш аз ним соат тӯл кашид, Муаззама афзуд: -Тарҷумаи олиҷаноб. Ина бинед, устод Лоиқ ба ҷои сарҳадбон, марзбон гуфтаанд. Қаҳрамони шумо мегӯяд, ки муъҷазбаёнӣ хоҳари истеъдод ва абераю чабераи ҳақиқат аст. (Краткость-мать таланта К.Э) аҳсан ба устод барои чунин тарҷума. Ман қоил. Онҳое, ки ҳамеша даъвои бузургӣ мекунанд, баъди сад сол ҳам ба дараҷаи устод Лоиқ намерасанд. Ман фикри Муаззамаро ҷонибдорӣ кардам: -Рост гуфтед. Бо як-ду нафари онҳо аз наздик шинос шуда, аз адабиёту санъат андак дилмонда шудам. Гумон доштам аҳли адабиёту фарҳанг нисбати дигарон чандин зина боло меистанд. Муаззама маънидорона хандид: -Ман шуморо фаҳмидам. Аввал ин ки шоир, нависанда, санъаткор ҳам инсон аст ва инсон бе камбудӣ намешавад. Сониян, шумо на ба рафтору кирдор ва одамигарӣ, балки ба эҷодиёти онҳо аҳамият диҳед. Муаллиф бо роҳи худаш, вале асари хуб барои ҳазорҳо одамон нафъ меорад. Бале, ҳақ ба ҷониби ӯст, аммо аксар вақтҳо медидам, ки худи Муаззама аз рафтору кирдор ва амалҳои норавои баъзе эҷодкорон ба риққат омада, ашк мерехт ва бо алам такрор мекард: -Ман аз рафтору кирдори фалонӣ ба

ҷои ӯ шарм медорам.

ПАДРУД Душанбешаҳр, 3 феврали соли 1988. Аз саҳар ҳаво тира, бӯи барф меомад. Дар шаҳр шумхабаре паҳн гашт: Муаззама Аҳмадова дар сари мизи корӣ, дар идораи ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” вафот кардааст. Баъди нисфирӯзӣ чунон барф зиёд борид, ки мислашро солҳои охир касе дар ёд надошт. Маслиҳат шуд Муаззамаро дар зодгоҳаш ба хок супоранд. Тайёраҳо парвоз надоштанд, бо баҳонаи рӯзи истироҳат нақлиёти дилхоҳ пайдо нашуд. Бевақтии шаб, бо вуҷуди мушкилоти роҳ, Бобохон (дӯст ва бародари Мунаввархӯҷа, бародари Муаззама) аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе расид. Ҳарчанд Бобохон беш аз 15 соат дар роҳ буд, исрор мекард, ки омодааст ба Исфара равад. Муаззама шаби тори қаҳратун ва сербарф “савори” мошини сафед озими Исфара гардида, баъди “сайру саргардониҳо”, танҳо пас аз як шабонарӯз ба Исфара расид. Ва худи ҳамон рӯз (аниқтараш ҳамон шаб) ӯро дар қабристони деҳааш ба хок супориданд. Ишқи шеъру адабиёт, ки ӯро ба Душанбе бурд, меҳри диёр, падару модар абадан ба Исфара бозовард. Қудратулло ЭШОНОВ, узви Иттифоқи журналистон ва Иттиҳоди ходимони театрии Тоҷикистон.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

9


Аз эҷодиёти Муаззама Шод бош Модари ҷон ман, ки дурам аз барат, Кай шабе бе ёди ман хобат барад? Нағз медонам, хавотир мешавӣ, Ҳар гаҳе, ки чашми некат мепарад. Ман надонам, ҳукми тақдир ё насиб, Дасти толеъ, орзу, бахти наҷиб. Чӣ маро дур аз канорат кардааст, Омадам ё аз пайи ишқи ҳабиб? Аз ҷавонӣ, аз ҷунун, ё аз ғурур, Гашта шояд беқарору носабур. Худ бирафтам аз биҳишти даргаҳат, Пас бароям ин қадар ҳам ғам махӯр! Ман ба пандат дар ҷаҳони беҳудуд, Ҳар куҷое мегузорам пойи худ. Ман, ки модар бар худи ту рафтагӣ, Бар сарам фикри баде пайдо нашуд! Модари пурдидаю пурэҳтиром, Бар сарам дасти дуо дорӣ мудом. Борат андар зиндагӣ кам буд магар, Бори дуриям кашӣ ҳар субҳу шом? Шукри дунё бо ту дорам, шод бош! Фахри дунё бо ту дорам, шод бош! Дурии раҳ дурии дил кай шавад? Аз ғами дурии ман озод бош!

Насиҳат Ба Раънои думоҳа, Насиҳат кард Гулнора: “Укоҷон ғайрат карда Дандон барор якбора, Ту, ки ҳоло хурд ҳастӣ, Қадри дандон надонӣ. Бепарво шуда, як умр Боз бедандон намонӣ? Бибиам ба ту мисол: Гарчӣ дорад навадсол, Ғайрат накард, надорад Ягон дандон то ба ҳол!”

Фаҳмидам Очам як ҳафта гум шуд, Куҷо шуд, номаълум шуд. Бобома пурсам нагуфт, Додома пурсам нагуфт. Ҳамин, ки очам омад, Аз дар шодӣ даромад. Чун бо чашми худ дидам, Ҳама гапро фаҳмидам. Гуфтам, ки: “Рафтӣ оча, Ба ман орӣ укоча? Ту ӯро чӣ хел ёфтӣ? Ту ӯро анча кофтӣ?” Очаам чизе нагуфт, Очаам чун гул шукуфт. Очаам боз гум шавад, Ҷояш номаълум шавад. Додома намепурсам, Бобома намепурсам. Рафта боз ба укочам, Укоча орад очам!

10

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Сир -Дадаҷон, ҳой дадаҷон, Ду-се тори мӯятон, Чаро шуда сап-сафед?Пурсид аз дадош Умед. -Писар бошад ҳар қадар Гапнодарову қайсар, Мӯйи дадош он қадар, Мешавад сафед тезтар! -Ана акнун фаҳмидам, Чаро тамоман сафед. Мӯю риши бобоям,Гуфт бо андеша Умед.


Пажӯҳиш

Накҳати шеъри Ворух Исфараи дилрабо на танҳо бо табиати нотакрору афсонавӣ, меҳмоннавозию меҳнатдӯстӣ, ҳамчунин бо ҳунармандону фозилон, сарояндагону созандагон ва олимону адибони худ ифтихор дорад. .Ғазалҳои Сайфи Исфарангӣ то Бухорою Ҳинд, ҳикояҳои Муаззама то авҷи само, қиссаҳои Ибод Файзулло то ба дилҳо рафтаву маъво гирифтааст. Имрӯз адабиёти Исфара - чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот бо рангу бӯйи дигар машоми дӯстдорони адабро муаттар мекунад. Вақте ки сухан дар бораи адабиёти Исфара меравад, пеш аз ҳама рустое пеши назар меояд, бо номи Ворух, ки аз марказ дур асту дар зебоӣ камназир. Дар ин диёри биҳиштосо шоироне зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки ҳар яке бо касбу кори гуногун машғул буда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо мегузоранд, шеърро чун ишқ арҷгузорӣ мекунанду муқаддас медонанд ва қаламашон аз ҳарфу вожахо эъҷоз меофаранд.

Мавзӯъҳои шеърҳояшон гуногун: тараннуми Ватан ва Тоҷикистон, васфи манзараҳои нотакрори кишвар, ситоиши қаҳрамонони арсаи меҳнат, қадри нон, эҳтироми модар ва омӯзгор, ҷавонӣ ва шукргузорӣ аз давру даврон аст. Онҳо дар шаклҳои гуногуни шеъри маъмули классикӣ чун ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ва дар ҳавои навпардозиҳои имрӯз чун шеъри озод ва шеъри сафед эҷод мекунанд. Рангорангиҳои зиндагӣ ва ҳамаи он чи ки зебосту нотакрор барои онҳо шеъранду маводи шеър. Абдуваққос Юсуфӣ, шоири зиндаёд Тоҷикистонро бо як самимият ва эҳсос тараннум карда, таъкид кардааст, ки «агар шукрат накунам, нонат занад»: Тоҷикистон, дарду ғамҳои ту бар ҷонам занад! Ашки андӯҳи ту ранги гул ба домонам занад! Гар надонам қадри обатро бимирам ташналаб,

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

11


Пажӯҳиш Гар набошам шукргӯйи нони ту, нонам занад! Барои шоире чун Абдусамеъ Қуддус Ватан маънои бузург дорад ва ба пиндошти ӯ муҳаббат ба Ватан аз дӯст доштани зодгоҳ маншаъ мегирад. Ӯ гуфтааст: Ворухи ман, дастае гул дар кафи кӯҳсор ту, Бо рухи гулгунқабою мулки гулрухсор ту. Шояд барои бархе аз дӯстдорони каломи мавзун номи Некулзамон шинос бошад, вале барои аксарият не. Зеро ин «Садбарги ношукуфта» (иқтибос аз номи китобаш) кайҳо ғӯрамарг шуда, олами фониро падруд гуфтааст, вале ҳанӯз ҳам дар олами абадӣ миёни ҳурони биҳиштӣ байт хондаву аз умри кӯтоҳ, вале пурарзишаш қисса мекунад. Ӯ не омӯзгор буду не рӯзноманигор, не адабиётшиносу не забоншинос ва ё ба ҳамин монанд касбҳое, ки ба шеър пайвастагӣ дошта бошад. Ӯ танҳо табиб буду халос, духтури чашм. Аммо шеър менавишт ва пайваста эҷод мекард. Табибию шоириро ба ҳам пайванд мекард ва омезиш медод. Гар сабақ омӯхт «Қонун» «Шоҳнома» додам илҳом. Рӯҳи Синоям дуо гуфт, Ҷоми ишқам дод Хайём. …Рӯдакӣ бошад, ки ояд, Созамаш имрӯз бино. Дар раҳи тиб дӯст, омин, Дасти ман не, дасти Сино. Нарзуллои Азизиёнро қисми бештари ҳаводорони шеър мешиносанд ва аз шеърҳои ҷонбахшу накҳатбори ӯ чашидаю шамида дар мавридҳои муносиб замзама мекунанд. Ӯ шоири соҳибкитоб буда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Шеърҳояш дар маҷаллаҳои берун аз марзи Тоҷикистон, аз ҷумла дар кишварҳои форсигӯ чун Эрону Афғонистон ба табъ расидаву мавриди таваҷҷуҳи шеършиносони ҳамзабони бурунмарзиамон гардидааст. Ӯ бештар шеъри озодро меписандад ва то ба дараҷае комёб ҳам шудааст. Агар бо ман будӣ, хушбахт мебудӣ, Туро бар маснади волои қалбам ҷой медодам. Туро дар боли парвозии илҳомам, Ва ё дар аспи зарринёли зебои хаёлам,

12

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Ба мулки бахт мебурдам. Ва он ҷо шаҳриёри ишқ мекардам… Шоири дигаре, ки мо муаррифӣ карданием Ҷамолиддин Шоҳасанов аст. Касбаш омӯзгорист, вале шеър барояш нафаси зиндагист. Ӯ дар шаклҳои гуногун менависад, аммо ғазал дар эҷодиёташ мавқеи бештар дорад. Ба тамоми қолаб ва қоидаҳои ғазал сахт риоя мекунад ва ба он пироҳани тозаю зеборо ба бар менамояд, ки хонанда ба ҷуз аҳсан гуфтан дигар илоҷе надорад. Самимият ва равонӣ дар ғазалҳои Ҷамолиддин касро ба ваҷд меорад. Пурсон машав аз умр, ки ман дидаму рафтам, Як омадаму гуфтаму бишнидаму рафтам. Бе суду зиён буд ҳама доду гирифтам, Олам чӣ ки бахшид, бубахшидаму рафтам. Дар фоҷиаи даҳр набуд ҷои гиристан. Хандидаму хандондаму хандидаму рафтам. Саҳифаҳои сомонаҳои интернетиро шеърҳои шоири муҳоҷир Нусратуллоҳи Ворухӣ (Тилло) зеб бахшида, мухлисони каломи мавзун ҳамарӯза дар ормони хондани шеърҳои тару тозааш саҳифаҳоро варақгардон менамоянд. Нусратуллоҳи Ворухӣ аз пайвандони шоир Абдуваққос Юсуфӣ аст. Ӯ чун тағояш хоксору самимист ва завқи баланд дорад. Шеърҳояш бӯйи зодгоҳ, Ватан, ишқу ҷавонӣ, мусофирату муҳоҷиратро дорад.Тилло дар шеъри «Ишқи муҳоҷир» муҳаббаташро ба Тоҷикистон чунин баён кардааст: Душаҳрвандӣ дораму аммо, Ҳарду ҷаҳонам Тоҷикистон аст, Гар ними ними ҷон дорам, Маънои оҳам Тоҷикистон аст, Дирӯзу имрӯзу пагоҳам Тоҷикистон аст, Оғозгоҳам Тоҷикистон аст, Поёни роҳам Тоҷикистон аст. Заҳобҷони Искандар омӯзгор аст ва дар литсейи №3 фаъолият намудаву ба шогирдон сабақи шеър меомӯзад. Ба ибораи Нарзуллои Азизиён «Ӯ ҳанӯз иқрор нашудааст, ки худро шоир гӯяд, вале нигоҳаш, тафаккуру андешаву эҳсосаш, тарзи баёну ифодааш шоирона аст». Ин гуна тафаккур ва нигоҳи тозаи ӯро дар


Пажӯҳиш шеъри «Орзу» метавон дарк кард: Ин зимистон сербарф омад, Рӯйи роҳу бомҳоро барф пӯшид, Боғу кӯҳу пуштаҳоро барф пӯшид, Рӯйи дарёро бипӯшид, Рӯйи дунёро бипӯшид… Ошиқи покии барфам, Оҳ, мехоҳам, бикӯчонам, Бар дили мардум назофатҳои барф, То ки бошад тозаву испед, Лек бошад муштарак бо гармии Хуршед. Манзуриддини Саид ва Фаррух Юсуфӣ аз шоирони муҳоҷиранд, ки нисбатан дертар ба майдони адабиёт қадам гузоштанд. Ҳарду ҳам талош мекунанд, ки дар навъҳои гуногуни шеърӣ маъниҳои ноб офаранд ва то андозае муваффақ ҳам шуда истодаанд. Ашъори ҳардуяшон ҳам бештар бӯи ғарибӣ мекунад ва инъикосгари пазмонии Ватану Модар аст. Масалан, Манзуриддин мегӯяд: Парешон гар набошад дил, ба чашмам хоб меояд, Кунам ёди Ватан, аз дидагонам об меояд. Надорад лек ранги хуш дар ин ғурбатсаро умрам, Агарчи бар сарам хуршеду ҳам маҳтоб меояд. Ё ин ки Фаррух дар шеъри «Нома ба модар» чунин овардааст: Ба ту, ай отифа, ай олиҳаи нур салом, Зи ман аз шаҳри ғарибӣ, зи раҳи дур салом. Модаро, сахт туро, сахт туро пазмонам, Модаро, қуввати руҳам, дилу ҷисму ҷонам. Модаро, ҳеҷ танат хаставу бемор мабод, Ғурбату дурии ту, оҳ, дигарбор мабод. Дар ҳавзаи адабии Ворух шоирон Бахтовари Усмон, Зайлобиддини Саид, Абдуфайёз Олимӣ, Пайрав Қаҳҳоров, Бобоқаландар Давлатов, Шаҳриёр, Меҳринисо, Хусрав Усмонов ва чандеи дигар гирд омадаву ба ҳамдигар равобити мустаҳкам доранд. Аз шоирони хеле ҷавон месазад, ки номи се нафарро ба забон орем, ки қадамҳояшон устувор асту ба шеър нигоҳи ҷиддӣ доранд. Инҳо

Раҷабуллоҳ Комилӣ, Замира Исматова ва Фаришта Ниёзӣ мебошанд, ки аввалӣ аз шогирдони боистеъдоди Абдуваққос Юсуфӣ ва Бобониёз Надиров ҳастанду Фаришта Ниёзӣ шогирди Нусратулло Бобоев мебошад. Маҳфилҳо ҳамеша гарму ҷӯшон ва бо баҳсу талош дар болои шеър ва ҳусну қубҳи он доир мегардад. Маҳфилро узви рӯзноманигорони Тоҷикистон Расул Додхоҳи Раҳимиён, ки худ шоир асту ҳаводорони шеър ӯро хуб мешиносанд, роҳбарӣ мекунад. Бо ибтикори ӯ моҳе як маротиба дар Қасри фарҳанг аъзои маҳфил ба ҳам омада, шеърҳои нави худро пешниҳод менамоянд ва сари шеъру паҳлуҳои он ақидаҳои ҳамдигарро шунида, сипас онро ба нашр тавсия медиҳанд. Макони маҳфилҳо маҳдуд нест ва баъзан он дар ҳамҷоягӣ бо сарояндагон баргузор гашта, шеъри шоирони Ворух дар оҳангҳои марғуб аз ҷониби мутрибон садо медиҳад. Ҳофизи хушсадо Шамсиддин Нуриддинов, сарояндагони мумтоз Абдумудассир Бобосангинову Мӯсобек Каримов ва ҳунармандони дигар ин маҳфилро гарму рӯшан менамоянд. Танҳо ба хотири ошноии ошиқони шайдои сухан ва нафас кашидан аз бӯйи тару тозаи шеъри шоирони Ворух бо намунаҳои овардашуда иктифо намуда, дар бораи насри он, аз ҷумла оид ба фаъолияти эҷодии нависандаи маъруф Додохони Эгамзод, ҳаҷвнигори пурлутф Субҳон Бобохолов, нависандаи ҷавону шинохташуда Ховари Пӯлод, қаламкаши пурмаҳсул Ҳоҷибой Ҳоҷибоев ва дигар шоирон, ки ба ҳавзаи адабии Ворух пайвасти ногусастанӣ доранд, ҳарфе изофа намегӯем, вале умед дорам хонандаи ба адабиёт шавқу завқдошта ба ин гулистони маънӣ даромада аз накҳат ва таровати хуши шеъру ҳикоя ва лавҳаю чакидаҳои адибони Ворух то андозае баҳраманд хоҳад шуд. Маҳмудҷон НИЁЗӢ, директори Қасри фарҳанги Ворух.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

13


Назм

Нусратулло Бобоев (Тилло) Бонги хатар Баъди чанде Дар харакҳои таги афтобаки деҳа Мӯсафедеро намебинӣ. Дар харакҳои хиёбонҳои пур аз сояи шаҳр Ошиқон бо ҳам намешинанд, Лолаи дидор аз чашмони ҳамдигар намечинанд. Тарк гӯяд ҳавлии бобоияшро Он яке бо дилкашолӣ, Дигаре худ майли истодан надорад. Хонаҳо аз бача холӣ, Кӯчаҳо аз одамон холӣ, Лона ҳам аз мурғакон холист, Дар назар ними ҷаҳон холист. Одамон аз Тоҷикистон Кӯча-кӯча кӯч мебанданд, Хона-хона кӯч мебанданд, Бо баҳона, бе баҳона кӯч мебанданд. Мераванд аз кишвари худ, Ҳар куҷо омӯзгорон фавҷ-фавҷ, Духтурону мардикорон фавҷ-фавҷ. Монда дар сандуқҳо дипломашон, Донишандӯзон ба ғурбат мераванд, Донишомӯзон ба ғурбат мераванд... Ҳой, мардум! Як каме таъхир! Мо кафи хоки ниёро бар кӣ мемонем? Тоҷикистонро- чунин ҷаннатсароро бар кӣ мемонем? Мо гар аз имрӯз илоҷе карда бигрезем, Лек аз фардо магар роҳи гурезе ҳаст? Ё ки аз дирӯзи худ - Аз падар, аз модару бобобузургон чун гурезем? Нест имкон, ки хати бутлон занӣ бигзаштаро, Ҳамчу ойина-ст, ҳаргиз нашканӣ бигзаштаро. Ҳой мардум!

14

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Мо агар ҳоло набошем Дар ғами фардои миллат, Маънии "Ҳубб-ул-ватан", ки дар ҳадис ояд, Гар намедонем имрӯз, Бо кадомин тӯша меоем бар рӯзи қиёмат?...

Ғазалҳо Ин ҷаҳон пиру дилҷавон Меҳан. Осмон дуру назди ҷон Меҳан. Нест ҳар ҷойи беазоб Ватан, Бо ҳама нуқс хонумон Меҳан. Ту ба чашми ҳақораташ манигар, Кӯчак асту бузург-шон Меҳан. Ба гули шаҳри ғайр корам нест, То хазони ту зарфишон, Меҳан. Эй сарат сабзу хоки покат сабз, Гӯшаи сабзи хокдон - Меҳан. Зодгоҳи фариштагон - Меҳан, Ёдгоҳи гузаштагон - Меҳан. *** Дидаам бас дӯстонро, дӯстхониҳо дурӯғ,


Назм Дӯстдориҳо фиребу дӯстгониҳо дурӯғ. Ғайри меҳри модарон меҳре набошад ростин, Меҳрубон бисёр, аммо меҳрубониҳо дурӯғ. Дона андар хок кай ҳосил диҳад бе парвариш? Кишт агар бе ҷӯя бошад, обмониҳо дурӯғ. Ишқ ояд, ҳар нафас аз чашм ахтар мепарад, Чашм хомӯш аст агар, абрӯпарониҳо дурӯғ. Тарзи айёшӣ дигар, маънои авбошӣ дигар, Эй ҷавонавбош, ин гуна ҷавониҳо дурӯғ. Арзише дорам агар, дар зиндагиям қадр кун, Рӯйи қабрам баъди ман гулдастамониҳо дурӯғ.

Озодазамин, мулки падарҳост Ватанҷон, Чун домани модар сари дунёст Ватанҷон. Кӯчак ту махонаш, ки бузург аст, бузург аст Нодор магӯ, махзани тиллост Ватанҷон. Ҳар шаршара чил кокули хушбофи нигорест, Ҳар манзара чилдухтари зебост, Ватанҷон. Ҳар кӯҳ - ҷавонҳои бағайрат, ки адӯро Аз пой фитонанд, чу бархост, Ватанҷон. Аз деҳааму кӯчаи тангаш ба дилам ҷост, Оғозгаҳи шаҳраҳи фардост Ватанҷон. Ҳарчанд ки дур аз Ватанам, бо Ватанам ман, Чун Модари ман - Модари яктост Ватанҷон.

***

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

15


Модарнома

Исматуллоҳи Абдуллоҳ

Ғуруби хуршед Бомдоде зи кулбаи уммед, Бомдоде зи кулбаи хуршед, Бомдоде зи домани дунё, Аз миёни нишемани занҳо, Бар ҷаҳони дигар тани танҳо, Ҳамчу қӯи сафеди озода, Боли парвози хеш бикшода, Бар Худо ихтиёри худ дода, Пеши қисмат сабуру омода, Мисли ҳуре фурӯтану сода. Модарам сӯйи осмонҳо рафт, Модарам сӯйи каҳкашонҳо рафт. Чашм пӯшид зи ғуссаю ғамҳо, Боз бинмуд қуфли шеванҳо, Пушти по зад ҷаҳони фониро, Гуфт бидруд зиндагониро, Зери лабҳои хеш бинҳуфта, Доғу дарду ғами ниҳониро. Талхию дарду оҳро бигзошт, Бурд бо хеш меҳрубониро, Дода умре ба ин ҷаҳони пир, Беҳтарин сарваташ, ҷавониро. Рафту баъди падар ятимам кард, Қомати қалбро дунимам кард, Ҷабри чун кӯҳҳо азимам кард, Дарди бемодарӣ забунам кард, Чашмро чашмаҳои хунам кард, Боли парвозҳои ман бишкаст, Рӯйи хоки сияҳ нагунам кард, Ваҳми бе ӯ будан чӣ сангин аст, Дарди бе ӯ будан ҷунунам кард… Аз ҳуҷуми фироқу танҳоӣ, Дар гусели биҳишти дунёӣ, Кулбаи мо зи ғусса маҳшар шуд, Баҳру дарё зи чашми мо сар шуд. Ҷустамаш аз миёнаи занҳо, Бар шикастам фиғону шеванҳо, Бар раҳи вопасин фиристодам, Модари зори худ тани танҳо. Осмон бар сарам фуруд омад, Бар замину замон сукут омад,

16

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Дар ҷабинам, Зи пушти тобуташ, Аз қазою қадар хутут омад. Он чунон содда зист дар дунё, Модари соддаи биҳиштиям. Дар фироқи нигоҳи гарми ӯ, Менахушкад ду чашми обиям, Ӯ ба шири сафеди худ омӯхт, Шеъргӯию шеърхониям. Доғи ғамҳо-ш шоирам бинмуд, Дар ба рӯям зи шоирӣ бикшуд. З-ин сабаб дар ҷамоли берӯҳаш, Ҷавҳари соддагӣ таҷассум буд. Дар лабонаш ба чашми ман гӯё, Як қалам сояи табассум буд. Дар ҷаҳони ғироми пуртазвир, Росткору ҳалолу маъсум буд, Баҳри мо дар саройи бераҳмӣ, Қалби ӯ хонаи тараҳҳум буд… Модарам буд ятими ҷанги ҷаҳон, Дар дилаш буд ҳамеша доғи падар. Ҷанги Гирмон шикаста буд қалбаш, Дошт умре чу чашма чашми тар. Сӯхтан буд ҳамеша кори ӯ, Аз ҷавонӣ чу шамъ дар миҷмар, То нагиряд ба бӯйи нон хоҳар, То намирад чу бекасон додар, Аз барои ду нон, муште ҷав,


Модарнома Сӯйи саҳро давид гоҳи дарав. Пахтаю хӯша чиду худ бишкаст, Гушнагияш ба қурси моҳи нав, Доғу дардаш зи домани саҳро, Бурда бо худ шамолаки шабрав… Тирамоҳу тамузу фасли дай, Рӯзу шаб модари пурармонам, Эй ғамаш то ба ҳашр дар ҷонам. Докаю сӯзании занҳоро, Тоқии тӯйи пиру барноро, Дар сари зону монда, гул медӯхт, Оҳ, охир, ба килки тасвираш, Дар дилам оташе ҳамеафрӯхт. То қади навниҳоли мо сабзад, То пару шоҳболи мо сабзад, То шавем як дарахти боровар, То ки ҳарфи Ватан кунем аз бар, То ба қадри Ватан расем яксар, То намонем як умр кӯру кар, Худ ба худ дар танури дил месӯхт, Ӯ ба мо ҳарфи ишқ меомӯхт, Дар дили мо чу донаи хирман, Аз вафою сахою аз ҳикмат, Ганҷҳои маонӣ меандӯхт… Баъди гулдӯзию гулафшонӣ, Баъди худкоҳиҳои тӯлонӣ, Рӯзу шабҳои сарду зулмонӣ, Баъди аз худ гузаштану растан, Модарам шуд ба ғусса обастан. Пайкараш шуд заифу озурда, Дасти дунёву ҷудаш афсурда, Гӯӣ ҷанги ҷаҳон зи нав сар шуд, Гӯӣ нав гашта буд падармурда. Дасти сӯҳони умр қаддашро, Дар баҳори ҷавонӣ афсурда. Оқибат шуд заифу зору ҳақир, Аз ҷаҳону вуҷуди худ дилгир. Гавҳарашро ба чашми сӯзан дод, Меҳр бубрид зи риштаю эҷод. Хаста аз ин ҷаҳони бебунёд, Сурати гул бибурда буд аз ёд. Зиндагиро ба чашми мо медид, Сабзаю гул ба чашми мо мечид. Дида ҳолаш зи ғусса мемурдам, Дар гулӯям гиреҳи сад фарёд, Гашт суроби чӯби хушкида, Пеши чашмам зи қомати шамшод…

З-ин сабаб бо дили пур аз ҳасрат, Рӯзи борон ба гиря меоям. Сураташ субҳу шом то ҳастам, Медиҳад заррае тасаллоям. То дарояд шабе ба хобам ӯ, Чашм пӯшида, роҳ мепоям. Дидани рӯйи ӯ таманноям, Накҳати бӯйи ӯ тасаллоям, Ӯ буд охир китоби маъноям. Баъди ӯ зиндагӣ чӣ беранг аст, Рӯйи дунё ҳазорҳо ҷанг аст, Олами беканору афлокаш, Беҷамоли муборакаш танг аст… Бомдоде зи кулбаи уммед, Бомдоде зи кулбаи хуршед, Бомдоде ба манзили ҷовид, Модарам рафт сӯйи моми хеш. То бигӯяд ба ӯ саломи хеш, То дар оғӯши ӯ биёсояд, То сари худ ба пойи ӯ сояд, То дил аз меҳри ӯ биорояд. То ба рӯҳи падар биёмезад, То зи дунёи ғусса бигрезад. То ба рағми ҷафои ин дунё, Аз само ғолибона бистезад, То ба қасди таваллуди дигар, Мисли шабнам ба рӯйи гул резад, То зи хоки муқаддасаш фардо, Хурраму ошиқона бархезад… Модарам қатрае зи дарё буд, Ҷуст дарёю боз дарё шуд. Чун малак аз фалак буд асли ӯ, Манзилаш боз дар сурайё шуд. Маҳфилорою манзилоро буд, Дар фалак боз маҳфилоро бод. Бо ҳама некиҳо дар ин дунё, Лоиқи лутфи Ҳақ таъоло бод. Баъд аз ин бо умеди дидорам, Бо чароғи ситора, нури маҳ, Дар раҳи Каҳкашони арши азим, Ӯ сабурона роҳ мепояд, Ҳарфи лабҳо-ш буд яқинам ин. «Кай, Худо, аз замин ҷигарбандам, Пеши модар расида меояд?»…

Модарам рафт аз ин ҷаҳони пир Хастаю дилфигору домангир. Чашми ӯ хеши абру борон буд, Аз каҷию сиёҳии тақдир.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

17


Модарнома

Рӯзе, ки модарам рафт Рӯзе, ки модарам рафт, Чашми само чу дидаи ман ашкбор буд, Беист мегирист. Монанди тифли модари худ гумнамудае... Бо ҳарфҳои мехиаш дар рӯйи бому дар. Гӯё, ки менавишт: модар фаришта буд, Аз мо фаришта рафт, Як дам нашишта рафт... Рӯзе, ки модарам рафт, Борон намозӣ кард ҳама хонаҳои деҳ, Мерехт об баҳри таҳорат ба кулбаҳо, Бар шохи себ, барги биҳиву кафи дуо, То ки намозӣ бод ҳавои мазори ӯ... Рӯзе, ки модарам рафт, Ҷойи падар бадард фиғон дошт осмон, Зеро падар надошт маҷоли гиристанӣ, Ӯ хун гириста буд... Рӯзе, ки модарам рафт, Дар чашми кӯдакам, ки ба гаҳвора баста буд, Дидам нигоҳи ғам, Шояд ки дарк кард, ки дигар набишнавад, Овои очааш. Лолои очааш. Рӯзе, ки модарам рафт, Нодида шуд нигаҳ. Як кунҷи сандалии падар холӣ аз дуо

18

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

В-он шаддаҳои меҳру муҳаббат, сафою нур Афтод рӯйи раҳ...

Биё Танӯраи хаёлро расида кулчаёдҳо, Ба рӯйи лахча мефитад биё бикан, бикан биё. Сафинаи умеди дил наоӣ мешавад нагун, Ба мавҷи ноумедиҳо кунун, кунун, кунун, кунун. Ба зери ашк мешавад дамида лолаҳои рӯй, Ғанимат аст чиданаш, бичин бибӯй, бичин бибӯй. Ба токзори орзу расида меваи ҳавас, Ба панҷаи висол кун ба як нафас, ба як нафас. Кушода ҷоми вожаҳо пиёларо ба пеш ор, Ки аз хуморқатрааш равӣ ба олами хумор. Ба кӯҳи хотироти ман катибае ба номи ту, Биё, ки рӯшанаш кунад каломи ту, каломи ту. Даридаи кисаи назар ҳуруфи мехсони ашк, Ба сӯзани нигоҳ дӯз даҳони хонумони ашк. Танӯраи хаёлро расида кулчаёдҳо, Наоӣ хом мепазад, биё, биё, биё, биё. Абдумуталиб ШАРИФОВ.


Навқалам

Рухшона Набизода, узви маҳфили адибони ҷавон

Ману барра (Ҳикоя)

М

хонаро тарк кунад. Ман ба тарбия ва парастории модаркалон гузаштам. Акнун ин фариштаи фарзандгумкарда барои ман ҳам падару модар ва ҳам бибии дилсӯз буданд. Ва оғоз гардид имтиҳони тақдир барои мани бетақдир, ки ҳанӯз ангушт мемакидам. Доғи фарзанд бибиямро ба маризӣ овард ва маро ба кӯдакистон – ширхоргоҳ доданд. Ҳамсоязан маро ба кӯдакистон бурда меовард ва аз дидани хушбахтии дигар ҳамсолоне, ки соҳиби падару модар буданд, ман азоби руҳӣ мекашидам. Мани нодон бовар доштам, ки амакам ба ҷои падарам хоҳад шуд. Аммо афсӯс... Боре дар хумори падар ӯро “дада” гуфтам. Бо заҳрханд таъкид кард, ки дигар ӯро дада нагӯям. Бо алам гиря кардам ва дигар ҷуръати ба забон овардани ин калимаро надоштам. Дарду алами маро танҳо бибиҷонам ҷуброн мекарду халос. Амаки қотилам баъд аз адои муҳлати ҳабс ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рафт. Рафтани ӯ ба ман каме сабукӣ овард, зеро бо нигоҳи морона ҳар лаҳза омодаи нешзанӣ буд. Бар замми ин як ҷо будан бо қотили падар барои мани кӯдак сахт гаронӣ мекард. Амакам ҳар дафъае, ки аз Россия пул гусел мекард, бибиямро бо таъкид огоҳӣ медод: - Пулҳоро эҳтиёт кун, ман мошин хариданӣ. Нашавад, ки ба ятимчаи сархӯр сарф кунӣ. Зиндагии мо аз нафақаи маъюбии

утаассифона бо ҳукми тақдир ман аз хушбахтиву саодати падару модар баҳравар нашудам. На ч е ҳ р а в у н а меҳрубониҳояшонро ёд надорам. Хулоса, бетолеъ будам. Тифливу кӯдакии сангин доштам, вале умед ба ояндаи нек дорам. Ҳине, ки тифли ширхора будам, дар низои оилавӣ падарам аз дасти додари бадхоҳ, яъне амакам бо таври ваҳшиёна ба шаҳодат расид. Модарам бо хушунати оилавӣ ва ҷабру ситами амаки қотилам тоб н а о ва рд а , м а ҷ бур ш уд

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

19


Навқалам

бибиям ва порчаи замини назди хонаамон буд. Гоҳ-гоҳ модарам пул мефиристод. Бо бибии беморам дарахтони заминчаамонро парвариш карда, аз фурӯши меваҳои он зиндагиро пеш мебурдем. Бозгашти амакам боз ҳаёти маро талх кард. Ӯ ҳокими мутлақи хонадон буд. Бибиҷонамро писанд намекард. Ҳатто хурмои ману бибиям ҷамъовардаро донашумор кард, то ки мо нахӯрем. Тирамоҳ меваҳоро ба фурӯш баровард. Ману бибиям бошем, бенасиб мондем. Баъдан амакам ба “соҳибкорӣ” шурӯъ кард. Як гала бузу гӯсфанд ва селаи мурғу ғоз харида, нигоҳубинии онҳоро ба дӯши ману бибиям во гузошт. Саҳару бегоҳиҳо ман хона ба хона гашта, нони қоқу пӯчоқ ҷамъ мекардам. Фориғ аз дарсҳо подачаро ба чаро мебурдам. Оҳиста-оҳиста ба чорвои безабон унс гирифтаму бо онҳо суҳбат мек ардам. Гӯё мо ҳамдигарро мефаҳмидем. Байни онҳо ман худамро хушбахти дунё меҳисобидам. Тавлиди баррачаи нахустин барои ман як ҷаҳон шодию сурур овард. Наметавонистам аз баррачаи зебояк лаҳзае дур бошам. Бо ҳам сахт одат кардем. Мудом аз паси ман медавид ва ман шодона шеър мехондам: Баррачаи масти ман, Биё давон дукур-дукур.

20

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

Ҷаву алаф ба дасти ман, Биёву хур кумур-кумур! Мутаассифона, ин шодии ман дер давом накард. Баррачаи дӯстдоштаам ногоҳ бемор шуд. Аз ширу обу алаф монд. Амакам баррачаро ба фурӯш баровард ва қассоби тундхӯй ӯро ба хонааш бурд. Шаби дароз гиристам, зиқ шудам, ки баррачаи ман мисли ман аз модараш ҷудо шуд. Зеро ман медонистам, ки ҷудоӣ аз модар чӣ қадар сангину дардовар аст. М ан намедонистам, ки қассоб чӣ вазифае бар дӯш дорад? То ҳанӯз шабҳо баррачаи ҳамтақдири дӯстдоштаамро хоб мебинам, ки паси тирезаи ман маъос мезанад...


Навқалам ҳавлӣ келин шуда омадам. Соли гузашта падарамро аз даст додам, ки хеле дӯсташ м ед о ш т а м , ба ъ д а з м а р г и п а д а р болшикаста шудам. Чеҳраву риши нуронӣ, қаду баст ва ҳатто роҳгардии шумо айнан мисли раҳматии падарам аст. Аз ин рӯ ҳар гоҳе, ки шуморо бинам, падарамро ба ёд меорам. Маро бубахшед. Ҷавонзан боалам гиря кард. Мӯйсафед табассум карда, афзуд: -Зиқ нашав духтарам. Ҳамааш хуб. Ман туро духтар мехонам. Ту розӣ ҳастӣ? Духтар бо чеҳраи хандон зери лаб пичиррос зад: -Бале, падарҷон!

Модарнома (Лавҳа)

Умарҷон Раҳимов, узви маҳфили адибони ҷавон

Падархонд (Ҳикоя) Мӯйсафед ҳар субҳ аз деҳа омада, саҳни корхонаеро мерӯфт. Солҳои зиёд ӯ бо ин кор машғул буд, вале рӯзҳои охир дар ҳаёташ ҳодисаи аҷибе рух медод. Ҳар пагоҳӣ вақте ки ӯ рӯбучин мекард, аз дари ҳавлии шафати корхона як ҷавонзани зебо бо як ҷаҳон меҳр ба ӯ чашм медӯхт ва ҳангоме, ки мард рӯяшро ҷониби ӯ мегардонд, ҷавонзан шитобон паси дарвоза панаҳ мешуд. Ин ҳолат бардавом ҳар рӯз рух медод. Рӯзе мӯйсафед хост, сабаб фаҳмад. Аз паси ҷавонзан равон шуда дид, кӣ ӯ саҳни ҳавлиро мерӯбад. Наздаш омад ва гуфт: -Салом, духтарам ,мебинам ҳар субҳе, ки ман машғули рӯбучин мешавам, ту ба сӯям нигоҳ мекунӣ? Сабаб чӣ бошад? Ҷавонзан баъд аз ҷавоби салом бо меҳру муҳаббат ҷавоб дод: -Амакҷон, узр мепурсам, ман нав ба ин

Модар, ту бузургӣ. Бузургтар аз бузургон! Мехоҳам то абад зинда бошӣ. Ту шахсияте ҳастӣ, ки ҳатто пас аз марг ҳам дар дилу дидаи фарзандон ҷой дорӣ. Бар ивазе, ки шабу рӯз заҳмат кашидӣ, наметавонам онро ҷуброн кунам. Чунки шабҳо нахуфтӣ, то ман осуда бихобам, ранҷ кашидӣ, то ман озоре набинам, шикастҳо хӯрдӣ, то ман хушбахт бошам, пир шудӣ, то ман ҷавон бошам. Модар, маро бубахш! Маҳз меҳри беканор ва навозишҳои гарми ту маро ба оламу одам ошно ва раҳнамоӣ кард. Ҳамеша дар барам будӣ, ғам надоштам ба ҷуз шодӣ. Ҳар гоҳе, ки рӯҳафтода шавам, маро тасаллӣ дода, пару боли нав мебахшидӣ. Модарҷон, сипоси бепоён. Шоире нест, ки дар васфат нагуфта бошад. Ҳиссиёте, ки дар дил дорам, шоири модарсаро Эраҷ Мирзо зеботар ба тариқи назм иншо намудааст: Гӯянд маро чу зод модар, Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт. Шабҳо бари гоҳвораи ман, Бедор нишасту хуфтан омӯхт. Дастам бигирифту по ба по бурд, То шеваи роҳ рафтан омӯхт. Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам, Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт. Чун ҳастии ман зи ҳастии ӯст, То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

21


Ҳунарманд

Нафаре, ки одамонро дигар мекунад Наим Бозоров 7 апрели соли 1996 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Аз кӯдакӣ орзу дошт ороишгар шавад. Ин аст, ки дар давраи мактабхонӣ пайваста бо ороиши муйи сари ҳамсинфон машғул мешуд. Соли 2014 пас аз хатми мактаби миёна ба Маркази санъати машшотии “Фигаро” (Центр парикмахерского искусства)-и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2016 онро бомуваффақият хатм намудааст. Наим Бозоров дар шаҳри мо ягона мутахассис аз ҷумлаи мардон аст, ки бо ороиши муйи сар, абрӯ, лаб ва нохуни бонувон дар сатҳи касбӣ шуғл дорад ва то ҳадде шуҳрати хосса пайдо намудааст. Бо Наим Бозоров вобаста ба асрори касбаш суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони азиз мегардонем. - Ороишгар кист? Ороишгар мутахассисест, ки симои одамро тавассути ҳунараш дигаргун месозад. Зебогии зоҳирии пӯшидаи ҳар фардро бо маҳорати хосса дарёфт менамояд, эҳтироми шахсро нисбат ба худаш боло бурда, дили мизоҷашро шод мегардонад. - Ҳунари шумо ҳамчун ороишгар дар чӣ ифода меёбад? Аслан ман аз уҳдаи ҳамагуна ороиши санъати машшотагии муосир баромада метавонам: ороиши мӯй, рӯй, лаб, абрӯ ва нохунҳо. - Маълум аст, ки асосан ба ороиши зоҳир занону духтарон майл доранд. Оё мард будани шумо дар ҷодаи

22

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

хизматрасонӣ ба бонувон монеа эҷод намекунад? - Новобаста аз мард буданам аз ҷумлаи занону духтарон мизоҷони зиёде дорам. Ҳамаи онҳо бидуни шубҳаву дудилагӣ ба хизмати ман рӯй меоранд ва аз сифати корам ҳам қаноатманд мебошанд. - Муносибати аҳли оила ва хешу ақрабо нисбат ба шуғли пешакардаи шумо чӣ гуна аст? Аз касби интихобнамудаам аҳли оила ҳамагӣ розӣ ҳастанд. Бидуни дуову дастгирии онҳо то ба ин дараҷа омада расиданам ба гумон мебуд. Бобоям ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар Исфара тавассути ин касб нон ёфтан андак заҳматталаб аст. Зеро минталитети муайян дорему бо ин касб дар шаҳри мо ғолибан


Ҳунарманд занҳо сарукор мегиранд. Аммо бобоям доимо таъкид мекарданд, ки агар ҳунарат ба мардум нишоту саодат бахшад, ба сухани мардум аҳамият надеҳ, коратро босифат анҷом деҳу нонатро ҳалол бихӯр. -Мизоҷони шумо одатан киҳо ҳастанд? -Мизоҷони ман бештар занони синну соли гуногун ва арӯсон мебошанд. Ҳамарӯза онҳо ташриф меоранд ва ман мӯйи сар, абрӯ ва нохунҳои онҳоро ороиш медиҳам. Шодам, ки мардуми мо аксаран зебопарастанд. Натиҷаи корамро дида ҳамеша ба худ меболам. Ин ҳолат маро ба касбам ва зиндагӣ дилгарм мекунад. -Шумо имрӯзҳо дар соҳаи ороишгарӣ аллакай чун устоди ҳунарманду соҳибтаҷриба маъруфият пайдо кардаед. Оё шогирдҳо ҳам доред? -Шогирдони зиёд дорам. Аксарияташон занону духтаронанд. Рӯзҳои муайян аз Хуҷанду Конибодом ва шаҳру деҳоти Исфара омада, касб меомӯзанд. Бархе аз шогирдонам аллак ай дар шаҳрҳои Душанбеву Москва фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. -Ба андешаи шумо асрори комёбии касби ороишгар дар чист? -Барои расидан то ба мақоми баланди ороишгарӣ хатм кардани коллеҷу донишгоҳ кифоя нест. Машшотони ҳақиқӣ дар хориҷа таҷриба меомӯзанд ва дар озмунҳои гуногун ширкат меварзанд. Албатта, омӯзиш маблағи муайянро талаб мекунад, аммо дар сурати азми қавӣ доштан ин касб тамоми хароҷотро метавонад ҷуброн кунад. Агар ин касбро бо тамоми назокаташ аз худ намуда, дархосту эҳтироми мизоҷонро ба таври бояду шояд анҷом диҳед, муҳтарамтарин ва доротарин мизоҷон худро ба хидматгузории шумо номнавис мекунанд. Лекин бояд таъкид созам, ки барои ман ба даст овардани маблағ ҳадафи аввалиндараҷа нест, муҳимтар аз ҳама қаноатмандиест, ки ман аз ин ҳунар ҳамарӯза дарёфт мекунам. -Ба нафароне, ки дар дил орзуи азхудсозии ҳунари ороишгариро

мепарваранд, чӣ маслиҳат медодед? -Ҳунари мо ҳам санъат аст. Агар шумо хоҳед, ки шоҳасарҳои зеборо офаред, пайваста омӯзед ва меҳнат кунед. Ягон лаҳза дилсард нашавед. Зеро дар ҳама роҳи сафар азми расидан ба манзили орзу муҳаррики асосист. -Шаке нест, ки шумо низ мисли ҳамкасбони маъруфи худ дар озмунҳои мухталиф ширкат варзидаед. Кадоме аз ин озмунҳо бароятон хотирмон буд? -Соли 2016 дар фестивал-озмуни “Беҳтарин ороишгар”, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия доир гардид, ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардидам ва соҳиби роҳхат ба кишвари Олмон шудам. Дар он ҷо қариб ду моҳ истироҳат кардам ва то ҳадде дар он ҷо низ малакаамро сайқал додам. -Аз фазои коргоҳ ва ашёҳои он эҳсос мешавад, ки шумо бештар ба ороиши мӯй таваҷҷуҳ медиҳед. -Сарфи назар аз он, ки шумо чӣ қадар оқилона либос мепӯшед, агар дар дар мӯйи сари шумо парокандагиву жӯлидагӣ дида шавад, пас таассуроти умумӣ манфӣ хоҳад буд. Мӯди муосири марбут ба мӯйро пайваста меомӯзам ва азхуд мекунам. Мӯйи ба таври дилписанд ороишёфта метавонад зебогии чеҳраро пурратар кунад ва ноқисиҳои дигари мавҷударо аз назарҳо пинҳон созад. -Ороишгар бояд кадом хислатҳоро дошта бошад? -Пеш аз ҳама мутахассиси соҳаи мо бояд аз санъат ва одоби муошират огоҳ бошад. Зеро ин талабот ба ҳамаи толорҳои ҳусн аввалиндараҷа аст. Дигараш ин, ки тафаккури таҳлилӣ, қобилияти пешгӯии натиҷаи кор, сабр ва муқовимат ба стрессро дошта бошад. Мудом саъй бояд кард, то мизоҷ аз кашолкорӣ ва сустии шумо хаста нашавад. Рӯзи дароз дар ду пой истодан то ҳадде омодагии хуби ҷисмониро ҳам тақозо дорад. -Барои суҳбат ташаккур. -Саломат бошед. Мусоҳиб Фатҳулло САЙИДОВ.

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (60) | 2022

23


Ёддошт Ба 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Насими Исфара» бахшида мешавад.

Муқим Абдураҳмонов

Мактаби нахустин Ҳар гоҳ, ки он манзили муборак-ҳавлии идораҳои матбаа ва рӯзномаи шаҳриамонро (дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта) пеши назар меорам, хумори айёми наврасиам мегирад ва риштаи хаёлам беихтиёр ба сӯи манзараҳои он солҳои фаромӯшнашаванда тӯл мекашад. Ба худ меандешам, ки роҳбарони он замон чӣ тавр оқилу дурандеш будаанд, душвории касби ноширону каламкашон, бародарони тавъам будани онҳоро ба назар гирифта, ҳарду коргоҳро дар як мавзеъ ҷойгир кардаанд, то ки рафтуомадашон байни ҳамдигар осон гардад. Ғайр аз ин ба хотири нозукӣ ва ҳар гоҳ боиси асабоният гардидани пешаи онҳо барои коргоҳашон ҷоеро интихоб кардаанд, ки гӯшаи зебои табиат ва хушбоду ҳавост. Воқеан ҳам он манзил на коргоҳ, балки осоишгоҳро мемонд - ҳавлии калону барҳаво рӯ ба сӯи дарёчаи шӯхоби Исфара менигарист, ки он насими форами худро доиман ба ноширону қаламкашони ин даргоҳ арзонӣ медошт. Ҳавлиро аз соҳили дарёча ҷӯйборе ҷудо мекард, ки оби он каме поёнтар санги осиёро мегардонд. Дар болои ҷӯйбор ва лаби он катҳо гузошта, рӯяшон шолу курпачаҳо густурда буданд, ки кормандон дар соатҳои фориғ аз кор он ҷо зери сояи дарахтони сияҳбед истироҳат мекарданд, чой менӯшиданд ва шоҳмот мебозиданд. Тавре, дар хотираҳои хеш аз ин пеш навиштаам, ман ба ин даргоҳ ба туфайли бародарони зиндаёдам - Абдуалӣ ва Абдураҳим, ки яке посбону дигаре чопгар ва муқовасоз буданд, пайвастаам. Ҳар гоҳ ба дидорбинии онҳо рафта, бо мурури замон

24

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

табиист, ки бо кормандони он ду идора унс пайдо кардам, ҳамчун дастёр хизматашонро ба ҷо меовардам, аз редаксия (идораи рӯзнома) ба типография (матбаа), аз типография ба редаксия дастнависҳои чопшуда ва саҳифаҳои ислоҳшудаю нашудаи рӯзномаро бурда меовардам, яъне ба истилоҳи имрӯза вазифаи курйер (хаткашон)-ро ҳамчун шогирд ба ҷо меовардам. Фарқи байни ноширони онвақта ва имрӯза аз замин то осмон аст. Он замон корҳо асосан дастӣ буд. Матн ҳарф ба ҳарф чида мешуд. 3 сех буд: ҳуруфчинӣ, муқовасозӣ ва чопгарӣ. Дар сехи чопгарӣ мошинҳои калон меистоданд, ки бо қувваи барқ кор мекарданд. Онҳо ҳар як саҳифаи рӯзномаро алоҳида чоп мекарданд, яъне агар рӯзнома аз ду варақ ва чор саҳифа иборат бошад, як нусхаи он ду маротиба дусаҳифагӣ бояд чоп мешуд. Қариб ҳамаи кормандони матбаасарвари он Обидхӯҷа Собитов, ҳуруфчинон А бд у н а и м С а м а д о в , Те м у р х ӯ ҷ а Баҳоваддинов, Баҳодурхӯҷа Файзуллоев, Абдунаим Бобоев, Александра Кашолкина, Бозорбой Деҳқонов, чопгарон Яҳёхӯҷа Зокиров, Мӯсобой Алибоев ва дигаронро шахсан мешинохтам. Онҳо ҳама касби худро нағз медонистанд ва супоришҳои истеҳсолиро дар вақташ ва бо сифати аъло ба ҷо меоварданд, бо ҳам дӯстона заҳмат мекашиданд ва дар маъракаҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Кормандони ҳарду идора – матбаа ва редаксия инчунин дар фазои дӯстӣ ва рафоқат фаъолият доштанд. Онҳо нағз медонистанд, ки пешравии корашон ба якдигар вобастааст. Аз ин рӯ пайваста ҳарак ат мек арданд, ки ҳамдигарро дастгирӣ намоянд. Истироҳату фароғати онҳо низ аксар вақт якҷоя мегузашт. Ҳамроҳ ба саёҳати гӯшаҳои зебои табиат ва шаҳрҳои ҳамсоя мерафтанд, ҳамроҳ оши ҳарифона мепухтанд ва ба тамошои филмҳои нав мерафтанд. Ман дар идораи рӯзнома писархонд, шогирд ва дастёр будам, ҳар супорише, ки аз ҷониби муҳаррир Ғаниҷон Муллоев ва


Ёддошт дигар кормандони идора дода мешуд, бо ҳавас ва ифтихор ба ҷо меовардам. Муҳаррир марди миёнсоли ҷиддисимо ва ниҳоят серталаб буд. Аз назари аввал кас гумон мекард , ки ӯ асло намехандад, ҳатто табассум ҳам намекунад. Вале дертар аён шуд, ки вай хеле марди шӯхтабъ будааст, лутфи нозук ҳам доштааст. Вақте, ки ба идора пирони кор, собиқадорони аввалини матбуоти тоҷик - Ибниямин Асомаддинов, Абӯбакр Атахонов, Тӯхтасин Ҷабборӣ, Мавлонҷон Узоқов меомаданд, базми сухан, ҳазлу шӯхӣ метасфид. Рӯзнома гӯшаи ҳаҷвии «Ҷайра» дошт. Аксари маводи ин гӯша маҳсули қалами муҳаррир буд. Ягон маводи танқидии гӯша ва рӯзнома бенатиҷа намемонд, роҳбарони ташкилоту идораҳо сари вақт акси садо медоданд, яъне аз чораҳои андешидаашон баҳри ислоҳи камбудиҳо идораи рӯзномаро хабардор мекарданд, вагарна дар акси ҳол мавриди муҳокима дар комитети партиявии шаҳр мегардиданд. Он солҳо дар редаксия рӯзноманигорон Ортиқбой Қурбонов, Бобо Каримов, Григорий Константинович Теличкан, Михаил Алексеевич Калмиков, Суннатилло Акбаров, кормандони техникӣ Надежда Қурбонова (завҷаи О. Қурбонов), Юля Рубинская, Анзуратхон Асомаддинова кор мекарданд. Доираи баромадҳои рӯзнома он солҳо нисбати имрӯза, албатта, маҳдуд буд, асосан хабару мақолаҳо, ҳисобот аз маҷлисҳо, мус оҳиба бо роҳбарони ташкилоту идораҳо чоп мешуданд. Гоҳ- гоҳ бо ғайрати Ғ Муллоев ва Г. Теличкан дар саҳифаҳои рӯзнома фелйетонҳои нишонрас низ пайдо шуда, хонандагонро ба ғул-ғула меандохтанд. Рӯзе ба идораи рӯзнома устод Раҳим Ҷалил ҳамроҳи журналисти номӣ Ҳилолиён Аскар, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи в и л о я т и и « Ҳ а қ и қ ат и Ленинобод» очерку мақолаҳои шавқовараш зуд-зуд чоп мешуданд, меҳмон шуда омаданд. Як- ду рӯз истода,

саҳифаи махсуси адабӣ ба чоп омода намуданд. Ҳамин тавр дар рӯзномаи мо бори аввал «Саҳифаи адабиёт» пайдо шуд. Ҳоло ҳаминаш дар ёдам мондааст, ки дар он саҳифа ҳикояи устод Раҳим Ҷалил «Афсонаи Серкон» низ чоп шуда буд, он ривоятеро дар бораи деҳаи Лаккони ноҳияи мо қисса мекард. То ҳол ба ман аён нест, ки нависанда ба чӣ хотир Лакконро ба Серкон иваз намудааст. Ба ин ду даргоҳи муқаддас даро-баро карда, ман хеле баҳраҳо бардоштаам, бисёр чизҳоро омӯхтаам. Пеш аз ҳама одоби муомила, ҳурмату эҳтироми якдигар, тарзи муҳокимаронӣ, меҳру муҳаббат ба касби худ ва худфарсоии кормандон дар сари иҷрои вазифа ба ташаккули мани наврас ҳамчун инсон ва рӯзноманигори оянда таъсири амиқ гузоштаанд. Яъне ба қавли шоир «камоли ҳамнишин бар ман асар кард.» Ман ҳам хабару мақолачаҳо менавиштам, ки онҳо бо ислоҳу иловаҳои устодон чоп мешуданд. Имтиҳони аз ҳама ҷиддӣ он буд, ки дастнавис аз назди муҳаррир чӣ тавр бармегашт. Баъзан он чунон таҳрир мехӯрд, ки сип-сиёҳ мешуд ва чопгар-апаи Анзуратхон онро аз нав мошиннавис мекард. Боре (он вақт ман аллакай дар синфи даҳум мехондам ва баъди дарсҳо дар редаксия вазифаи мусаҳҳеҳро ба ҷо меовардам) апаи Анзуратхон аз назди муҳаррир хурсандона баромада, маро самимона табрик карданд: -Абдумуқим, ба ана ин материалатон муҳаррир ягон қалам ҳам назадаанд. Аз имтиҳон гузаштед, офарин! Сарам гӯё ба осмон расид.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

25


Солгард

Сиришта аз садоқат Ӯ инсонест саропо сиришта аз тору пуди садоқат. Садоқат ба Ватан, оила, вазифа, миллат ва сулҳу ваҳдат.

Бале, садоқати ӯ чун паҳноии замину беканории осмон беинтиҳост. Ба гумонам ояту русуми садоқатро аз булбулу моҳӣ омӯхтааст. Бе гули рӯйи Ватану бе оғӯши гарму гуворои Ватан зистан барояш маъно надорад. Ба Ватан, ба қатраи обу зарраи хокаш, ба таровату шамими субҳи атрнокаш, ба назокати шоми нурборонаш, ба лаззати нотакрору биҳиштии нону намакаш, ба симою сиришти гарми мардумаш, ба фатҳу нусрати безаволи даврони истиқлолаш боварию эҳтироми қатъию самимӣ дорад. Ин сифатҳои ҳамидаю олӣ, ба ростӣ, насиби на ҳар кас шуда метавонад. Ин маъниҳою арзишҳои ҷовидонӣ дар сиришти бисёриҳо амсоли тухми анқост. Ин ҷавҳари пурқиммату асили худшиносию худогоҳӣ дар иддае танҳо дар лабу забонҳост. Дар асл бошад, дили инсонҳои орӣ аз ҷавҳари садоқат чун каҷкӯли гадост... Хушбахтона, қаҳрамони мо аз ин тоифа нест. Маснади садоқату меҳри волои ватандорӣ ӯро пайваста дар умқи дил аст. Ин садоқату дарди ширину пурифтихори соҳибватании ӯ чун чашмаҳои диёр, чун қатраҳои найсони баҳор басо поку беолоиш аст. Заҳмату талош, такопӯю ҷустуҷӯҳои бешумори ӯро баъзан ба ҳаёти занбӯри асал ташбеҳ медиҳему пайваста қиёс

26 24

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

менамоем. Амсоли занбӯр, ки гирди сари ҳазорон гул гардида, ба хотири ангубин накҳат ҷамъ меорад, ӯ ҳам садҳо китобу р ӯ з н о м а ю м а ҷ а л л а ҳ о р о м у т ол и а ю варақгардон намуда, суханҳои ҷаззоб, шеъру байтҳои волоро, ки дар ишқи Ватану модар ва сулҳу ваҳдат эҷод шудаанд, бо ҳавас ҷамъ меорад. Бо умеду боварии он, ки рӯзе ин ганҷҳои нодир барои маъракае, ҷашне, маҳфиле ба кор меоянд. Ростӣ, дар авсофи ӯ ҳарф намеёбум. Сухан бисёр аст, вале арзандаю лоиқи шаҳомати ӯро ёфтану гуфтан осон нест. Сандуқчаи колои тафаккурамонро такорӯ менамоем, то дархӯри қадру манзалати ӯ, баландии пояи одамияташ, ҳунару истеъдодаш, хизматҳои пайвастаю шоёнаш ҳарфе ёфтаю гуфта бошем. То ин ҳарфҳо дар умқи маънигоҳи худ заррае ҳам бошад, рӯзгори ибратомӯзи ӯро таҷассум карда тавонанд. То ӯ зимни мутолиаи сатрҳои навиштаи кӯчакамон, ақаллан лаҳзае бошад ҳам, симою сиришти аслию қудсии худро пайдо намояд. То ба худ яқин иқрор шавад, ки ҳеҷ вақт рӯйи замини беканору зери чархи нилуфом беҳуда назистааст. Бояд аз ин нигоришот дарёбад, ки амсоли ӯ умре дар вафои Ватану миллат зистан кори саҳл нест. Хаёламон, инсонҳое мисли ӯ ба муаррифӣ эҳтиёҷ ҳам надоранд. Онҳо амсоли мушк ҳастанд, ки бо кору номи нек худро ангуштнамои мардум кардаанд. Беҳуда намегӯянд, ки “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд”... Муддатҳост, ки ӯро мешиносем. Ин шиносоӣ нахуст як амри тасодуфӣ буд. Баъдтар рафта-рафта ба боварии комил ва


Солгард дӯстии самимию қавӣ табдил ёфт. Зеро ӯ аз тоифаи ангуштшумор бонувонест, ки дар ин айёми каҷдорумарез ба қадри одаму одамгарӣ, илму фарҳанг, шеъру шоирӣ, умуман сухани баланд мерасанд. Лоиқи бузург эҳтимол барои ӯ барин ашхос ин байтро гуфта бошад: Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст, Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст. Оиди бисёр масоили зарурии корӣ ва эҷодӣ, ки ҳалли ҳатмии онҳо ба фоидаи ҷамъият аст, маслиҳат менамоем. Бисёр вақт аз ин маслиҳатҳо идеяҳои нав, нақшаҳои ҷадид тавлид меёбанд. Чун дар илоҷи корҳо муваффақ мешавем, иқрор мегардем, ки дар ҳақиқат “ақл аз ақли дигаре нерӯи тоза меёбаду пешагар аз маслиҳати пешагаре комил мегардад”. Дар бисёр ҳолатҳо ӯро ба дарёи равон ташбеҳ медиҳем. Гоҳе аз беқарорӣ ба маҷрои худ намеғунҷаду гоҳе орому пурсалобат аст. Ба падидаҳои ҳастӣ бетарафу бетафовут нест. Офаридаҳои такрорӣ, қолабӣ ва дилбазанро ҳеҷ гоҳ намеписандад. Табъи нозуку завқи баланд дорад. Ҷӯяндагӣ, эҷодкорӣ ва қолибшиканӣ хоси ӯст. Аксар вақт дар омодасозию баргузории ҷашну иду маъракаҳои сатҳи гуногун, бо навгонии ҷадиде, ки ҳеҷ кас чашмдораш намебошад, ҳамагонро ба ҳайрат меорад. Ба таъбире дар мавсими пойизу дай баҳор оварда, дунёи дилҳоро тасхир месозад. Дар айёми соҳибистиқлолии Ватан ташкилу сарварӣ ва ҷобаҷогузории маъракаҳои ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Исфара ба тозакорӣ ва ақлу идроки ӯ бовар карда, ба уҳдааш вогузор менамоянд. Хушбахтона, боре аз марзи боварӣ убур накардааст. Ҳама вақт маъракаҳои масъулро бо сари баланд ҷамъбаст намуда, сазовори обрӯ гардидааст. Бале, нони ширину меҳнатии Ватан ба ӯ ва ӯ барин фарзандони содиқаш ҳалол бод, ки дар андешаю афкор ба ҷуз меҳру садоқати Ватан дигар шуғле надоранд. Байти мазкур барои ӯ ва ӯ баринҳо гуфта шудааст: Нони мардум бар касе бошад ҳалол, К- ӯ ғами мардум хӯрад, то нон хӯрад. Аз байни маҷмӯи хислатҳои ҳамидаи ӯ ба

яке аз онҳо қоилем. Ин хислат дар ниҳоди бисёриҳо вуҷуд надорад. Агар бошад ҳам, онро бармало ифшо карда наметавонанд. Бархе ба ҷойи ифтихору арҷгузорӣ ба муваффақияту пешравии дигарон, ба онҳо ҳасудӣ менамоянд, аз қасду кина дарундарун месӯзанд. Пеши роҳашон монеаҳо эҷод мекунанд, ё дар роҳи рост пешпо медиҳанд. Хулоса, барори ҳамнишинон дар чашми онҳо хор аст. Вале ӯ аз ин тоифа од а м о н н е с т. Бу зур го н р о э ҳ т и р о м менамояд, пеши корномаи онҳо арҷ мегузорад. Аз пешравию эътиборашон аз шодӣ дар худ намеғунҷад. Мисли гул м е ш у к уф а д . Б а г ум о н а м о н , с и р р и ҷавониаш ҳам дар ҳамин аст. Мегӯянд, ки рӯй оинаи дил аст. Дилаш, ки аз кинаю кудуратҳо холист, аз ин сабаб баҳори ҳусни рӯяш бемислу беҳамтост. Хусусан, бонувони бузурги мардхислатро, ки дар рушди ҷомеа замоне нақши муҳим гузоштаанду имрӯз ҳам айём ташнаи афкору маслиҳати онҳост, бо муҳаббат ёд мекунаду дар васфашон қиссаю мақолаҳо меофарад. Силсилаи қиссаю мақолаҳои хонданбобаш аз рӯзгори занони соҳибдил Гу л а ф з о С а в р и д д и н о в а , Б а ш о р а т Раҳимова, Муҳиба Ёқубова ва Зайнаббибӣ Азимова рӯйи чопро дида, манзури аҳли фаҳм гардидааст. Қаҳрамонони қиссаю мақолаҳояш тахайюлӣ нестанд, балки онҳоеанд, ки умре чун ӯ дар вафои Ватану миллат ҳастии худро фидо намудаанд. Дар боварии халқ зистан шарафи бузургест. Онҳое, ки ҳастии худро ба кори хайр бахшида ,номи нек ёфтаанд, маҳбуби ҳар як хонадонанд. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири миллат Мирзо Турсунзода гуфтааст: Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

25 27


Солгард Барои комилу дар кӯраи зиндагӣ пухта гардидани ҳар кас воқеае сабаб мегардад. “Хом будам, пухта шудам, сӯхтам” гуфтани Мавлонои Рум ҳам бесабаб нест. Соли 1975 сафари эҷодии бузургони адабиёт Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Аминҷон Шукӯҳӣ ба шаҳри Исфара дар бунёди тафаккури ӯ айёми гардиши куллӣ буд. Аз ҳамон вақт сар карда, ба шеъру шоирӣ, эҷодкорӣ дилбастагӣ пайдо намуд. Гоҳ-гоҳ лаҳзаи аз ҳама ҳаяҷонангези вохӯриро бо ин абармардони адабиёт ёдоварӣ менамояд: ...Дар синфи шаш ё ҳафт мехондам. Дар мактабамон (МТМУ №12) вохӯрӣ бо шоирон баргузор гардид. Дар пешорӯи онҳо шеъреро хонда, аз ғояти ҳаё ва изтироб сурх шудам. Аз шарм ҷабин ва рухсораҳоям арақшор гардид. Ҳолатамро дида, устод Боқӣ Раҳимзода бо меҳрубонӣ гуфтанд: Нозанине, ки аз арақ тар шуд, Нозанин буду нозанинтар шуд. Ӯ сарвари як идораи бузургест, ки аз он ба ҳар як хонадони сокини шаҳри Исфара ламъаи нури маърифат ворид мегардад. Ин нур торикиҳоро дар чашму дилҳо, дар афкору ақидаҳо, дар сукути манзилҳо зудуда, назари мардумро ҷониби равзанаи ҳуввияти миллӣ, таълиму тарбия, фарҳангу тамаддун, Ватану ватандорӣ, меҳру садоқат ҷалб месозад. То аз мутолиаи ҳар як ҳарфу ҳиҷои маводи рӯзномаю маҷаллаҳо чашми хиради мо во гардаду аз неъмати истиқлол сар ба афлок афрозем. То рӯзамон бо номи Ватан оғозаду шомамон бо исми Ватан анҷомад… Ӯро хурду бузурги Исфарашаҳр ҳурмату эҳтиром менамоянду дӯст медоранд. Зеро дар оини дӯстию дӯстёбӣ устувор аст. Аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде намехоҳаду ҳаргиз нахостааст. Эҳтироми дӯст пешорӯи ӯ аз ҳама арзишҳо болою волост. Кордонию садоқати ӯро дар ҳамаи идораҳои сатҳи гуногун медонанду қадр менамоянд. Баъзан ӯро ба шамъе ташбеҳ месозем, ки худ месӯзаду манзилҳою маҳфилҳоро бо нури худ равшанӣ мебахшад. Охир, маънии рӯзгор низ чунин аст. Касе, ки танҳо барои осоиши худ зиндагӣ мекунад, чӣ касест? Тариқати зистану маънии умрро бояд аз ӯ барин касон омӯхт. Умре барои хотири дигарон зистану умре дар дилу дидаи дигарон шодию фараҳ овардан, танҳо амали соҳибдилон аст. Баъзан

26 28 24

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

ғайрату ҷасорат ва талошҳои ӯро дида, суханони нависандаи бузурги Шарқ Нозим Ҳикмат ба хотирам мерасад, ки гуфтааст: «Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ, агар мо насӯзем, пас ин торикиҳоро кӣ равшанӣ мебахшад». Баъди хондани ҳикояю қиссаҳои воқеии ӯ, ки ҳамагӣ аз рӯзгори мардуманд, ҳазорон оилаҳои ҷавон аз нав барқарор гардидаанд. Садҳо роҳгумзадаҳо ба роҳи рост қадам ниҳодаанд. Офаридаҳояш барои даъвои нависандагию эҷодкорӣ набуду нест. Зери онҳо таманнои бахту ишқ, меҳрубонию саодат ва донистани қадри умру қадри якдигар ниҳон аст… Ӯ дар лаҳзаҳои бефурсатию камвақтиҳо низ вақту фурсат пайдо мекунад. Вақту фурсат барои ҳамватанон, барои шогирдон. Бале, барои шогирдон! Зеро ӯ шогирдони зиёд дорад. Назари мӯшикофу дили худогоҳаш аз ҳар як гӯшаю канори шаҳру деҳоти Исфара ҷавонони соҳибистеъдодро меҷӯяду меёбад. Онҳо зери офтоби меҳри ӯ тарбия меёбанду ба сӯйи қуллаҳои баланд боли парвоз мекушоянд. Баъд аз Маскаву Душанбею Хуҷанд занг зада, бо лафзи ширин «очаҷон», «модарҷон» ва «бибиҷон» - аш мехонанд. Магар барои инсони соҳибхирад аз ин дида ифтихори бузург ҳаст?! Ӯ низ онҳоро чун фарзандонаш дӯст медорад. Зимни сафарҳои корӣ ба Душанбею Хуҷанд аз ҳолу аҳвол ва хониши ниҳолакони навраси худ пайваста хабар мегирад. Аз пешравиашон меболаду м е н о з а д , ба р о и ф о р и ғ б ол и а ш о н меҳрубононаю модарона коҳиш намуда, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамаи зинаҳои мансабро дидаю ширинию талхии онро эҳсос намудааст. Фаъолияти худро нахуст аз мураббии боғчаи бачаҳо оғоз карда, баъди хатми ДДХ


Солгард ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун мушовири раёсати маориф, котиби масъули идораи кор бо ноболиғони ҳукумати шаҳри Исфара, мудири шуъбаи ташкилӣ ва раиси комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара фаъолияти пурсамар бурдааст. Мегӯянд, ки агар дар пушти ҳар марди муваффақ зани бузурге истода бошад, пас дар пушти ҳар як зани муваффақ оилаи аҳлу тифоқ меистад. Ҳоҷӣ Юнусҷон бо фарзандону келину наберагон дар ҳама ҳолатҳо ёвару дастгиру мададгораш ҳастанд. Бе дастгирии онҳо дар зиндагӣ эҳтимол ӯ комёб намешуд. Оилаю оиладориро пояи устувори давлат ва муқаддасоти ҳар як инсон меҳисобад. Писаронаш Комилхон, Некрӯзхон ва Беҳрӯзхон соҳибмаълумоту номбардори падару модаранд. Шавҳари меҳрубон, чаҳор фарзанди дилбанд, ёздаҳ набера ва ду келини худро сидқан дӯст медорад. Аз буданашон шукр мегузораду мефахрад. Охир, онҳо пораи дилу ҷигараш мебошанд. Баъди ташвишу тараддутҳои сершумор ва масъулияти душвори роҳбарӣ, паҳлую канори аъзоёни оила макони фароғати ҳамешагии ӯст. Тамошои чеҳраҳои онҳо ҳамаи ғубори мондагию афсурдагиҳоро аз вуҷудаш мебароранд. Ба ҳамин хотир гуфтаанд: Дастат агар ба гардани хуршед ҳам расад, Дар сояи муҳаббати ҷонона зинда бош. Аз моҳи марти соли 2006- ум то имрӯз ҳамчун сарвари корхонаи воҳиди давлатии «М арк ази ал оқаи почтаи Исфара» фаъолият мебарад. Дар ин мақому вазифаҳо боре дигар нашудааст. Ҳар қадар ба зинае баландтар баромадааст, вазни т а в о з ӯ ъ в а одамгариаш низ афзун шудааст. Ба сари касе дод назадааст. Сӯйи касе теғ кашида, нигоҳ накардааст. Охир, мегӯянд, ки «хоҳӣ, ки одамон бо ҳавои дилат кор кунанд, бо ҳавои дили одамон кор карданро

омӯз!»… Аз дастпарвари МТМУ № 12 то ба сарвари корхонаи воҳиди давлатии «Маркази алоқаи почтаи Исфара» расидан кори саҳл нест. Бонуи муҳтарам Ҳусейнова Саҳобахон Абдуваҳҳобовна - Ҳусни Сабоҳ рӯзи 4 март зодрӯз доранд. Дар ин рӯзи неки баҳорӣ ба синни мубораки шаст қадам мегузоранд. Ҳар кас, аз мухлисону дӯстон дар ин рӯз итминони комил дорем, ки дар дил гуфтание доранд. Ин ҷо танҳо ба таманниёти муъҷази муовини раиси шаҳри Исфара, бонуи хушгил муҳтарам Мадинахон Бобоиён иктифо менамоем, ки мегӯянд: «…Шасти умр ҳанӯз айёми пириатон нест! Бигзор, минбаъд ба шасти эҷодатон аз дарёи зиндагӣ моҳии тилло афтад! Дар роҳи минбаъдаи фаъолиятатон ғайрату шаст орзу дорам!...» Гум о н м е к у н е м , к и ф а ъ ол и я т и пурмаҳсули Ҳусни Сабоҳ ҳеҷ гоҳ бар абас набуд. Меҳнати он кас бо «Ифтихорнома»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф, Вазорати алоқа, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара борҳо қадр карда шудааст. Фаъолияти назаррасаш бо унвонҳои Аълочии маориф, матбуот, фарҳанг ва «Устоди алоқа» сарфароз гардидааст. Ба Ҳусни Сабоҳ умри дароз, хотири ҷамъ, дили беғам, ҳусни ҳамчун субҳ тозаву тар, барори кору фаъолият ва эҷод хоҳонем. Шасти камолоташ фархунда бод!

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (60) | 2022

25 29 27


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook