Skip to main content

Журнал "Ганҷи Исфара", сентябрь 2021 года

Page 1

Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем, Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем. №2 (56) сентябри соли 2021

Маҷаллаи адабию фарҳангӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ


ТУЛӮИ МЕҲР Эҳдо ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли кишвар Тоҷикистонро нигар, Шодмониҳои пирону ҷавононро нигар. Ҳар табассум офтобе дорад ин ҷо гӯиё, Сур бахшояд тулӯи меҳри тобонро нигар. Пешвояш пеш -пешу халқ аз домони ӯ, Сӯи боло меравад фардои Раҳмонро нигар. Иттиҳоди мо, ки ҳамчун иртиботи хоку об, Устувориҳои азму аҳду паймонро нигар. Чун сухан аз дил барояд, меҳр афзун мешавад, Даст пеши бар гирифта, марди майдонро нигар. Пири кораш аз Бухоро, ифтихораш шуд Саразм, Бо шукӯҳи хусравонӣ Оли Сомонро нигар. Расул Додхоҳи Раҳимиён. ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН Раиси шаҳри Исфара

АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир

СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД Дотсент, адабиётшинос

ҲУСНИ САБОҲ СУБҲОН ЁДГОРӢ ГУЛЧЕҲРА РАҲИМОВА

МУҲАММАДХӮҶА ЯҲЁЕВ Дотсент, санъатшинос СУДУРИДДИН МАҲКАМОВ Собиқадори матбуот

Нишонии мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ, 10. Телефон: (83462) 2-49-73; 2-44-57. Ҷойи чоп: ҶДММ "Набӣ Фахрӣ"

ЗУБАЙДУЛЛО ШОМАДОВ Аксбардор ФАТҲУЛЛО САЙИДОВ Ороишгар

Мавқеи маҷалла на ҳамеша бо мавқеи муаллифон мувофиқат мекунад, аммо ҳайати таҳририя ба хотири риояи талаботи демократӣ ақидаҳои гуногунро манзури хонандагон менамояд. Дастнавис ва суратҳои ба идора воридмешуда баргардонида намешаванд. Маводи муаллифони беруна дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial, андозаи 14 пазируфта мешавад.

Теъдоди нашр 900 нусха. Супориши № _________ Е-mail: imruz676@gmail.com


Исфарашиносӣ

Таърихи Исфара аз нигоҳи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ 12-уми октябри соли 2013 ба Исфара вақти ифтитоҳи варзишгоҳ ба 3000-солагии ин шаҳри бостонӣ ишора намуданд. “Бори дигар таъкид менамоям, ки Исфара яке аз қадимтарин шаҳрҳои кишвари мо маҳсуб мегардад ва бар асоси тадқиқоти олимон ва бостоншиносон таърихи ин сарзамини бостонӣ ба зиёда аз 3000 сол тӯл мекашад. Дар сарчашмаҳои таърихии асри даҳум- замони кишвардории Сомониёни бузург номи Исфара ва ҳатто чанде аз рустоҳои он зикр ёфтаанд, ки ин амр шоистаи ифтихор мебошад. Бо ишорат ба мақому манзалат ва ҷойгоҳи таърихии ин шаҳри бузург дар фарҳанги миллӣ ба поён бурдани сухан бесабаб нест. Зеро ёдоварӣ аз арзиш ва мақоми Исфара дар қаламрави таърих, ки ҳамаи Шумо чун фарзандони ин диёри соҳибмаърифат аз он огаҳии бештар доред, ба хотири он аст, ки имрӯз ҳар

яки шумо сокинони баору номуси ин сарзамин бояд пеш аз ҳама барои ҳифзи шӯҳрати ин қаламрави таърих талош варзед. Шаҳре, ки дар масири таърих беш аз 3000 сол ба миллат хизматҳои бузургеро ба анҷом расонида омадааст, имрӯз низ дар марҳалаи навини таърихӣ соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад. Итминон дорам, ки ҳар якеи шумо- шаҳрвандони баору номуси ин сарзамини бостонӣ ҷиҳати ба натиҷаҳои баланди рушд расидани шаҳри Исфара минбаъд низ садоқатмандона хизмат хоҳед кард.” Дар пайравӣ аз ин суханони Пешвои милат мехоҳам шуморо дар зер ба сайри таърихи Исфара барам.

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (56) | 2021

1


Исфарашиносӣ

2

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Истиқлолият ва шеър

Сӣ соли Истиқлолият ва камоли шеъри тоҷик

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

3


Истиқлолият ва шеър

4

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Истиқлолият ва шеър

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

5


Истиқлолият ва шеър

6

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Истиқлолият ва шеър

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

7


Публитсистика “Мусиқӣ тамоми дунёро рӯҳбаланд мекунад, рӯҳро бол мебахшад, мусоидат мекунад, ки дар хаёлоти худ парвоз намоӣ.” Афлотун. Деҳаи Ворух. Саргаҳи ҷӯйи об. Мардум ҳар яке мехоҳад, тезтар замини посара (замини даште, ки обод карда шудааст)-и худро обёрӣ кунаду аз пайи дигар корҳои рӯзгор шавад. Марди айнакии зиёӣ чанд соат боз талош дорад, то обро аз сари ҷӯй ба замин ташналабаш барад. Аммо ҳар боре, ки аз сари ҷӯй дур мешавад, дигарон обро ба заминҳои худ мекушоянд. Ӯ зиёист, дар замираш бадгӯиву бадзабонӣ нест ва ба касе ҷангу пархош низ карданӣ нест... Илоҷашро ёфт. Дар варақчае “Обро нагардонед, ин об ба замини Зайниддин Зулфиқоров меравад” навишта, ба калтаке часпонда, дар саргаҳи ҷӯй гузошт. Дигар касе ба об кордор нашуд, зеро ҳама ӯро эҳтиром мекарданд...

Зайниддин Зулфиқоров - садоқатманде дар пайроҳаи ҳунар

8

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Публитсистика

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

9


Публитсистика

10

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Публитсистика

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

11


Очерк

Хока гирӣ, зар шавад Ҳар як соҳаи пешбарандаи зиндагӣ ҷонфидоён, пешқадамон, устодон, машъалон ва забардастони худро дорад, ки агар гап оид ба бурду бохти он соҳа рафта монад, ному насаби чунин шахсон бо эҳтиром ба забон гирифта, дар бораашон суханони самимию арзанда гуфта мешаванд ва ҳатман мепурсанд, ки мавсуф дар кадом мактаб таҳсил намудаасту омўзгоронаш киҳоанд ва баробари ба падару модараш сипос гуфтан ба муаллимонаш ҳам изҳори ташаккур менамоянд.

12

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Очерк

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

13


Очерк

14

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Очерк

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

15


Очерк

16

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Ҳунармандӣ Зардӯзӣ навъе аз ҳунармандист, ки бо корбурди он дар матоъ бо риштаҳои заррин гулу нақшҳои гуногуни зебо дӯхта мешавад. Зардӯзӣ имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара дар сарулибосҳои домодиву арӯсӣ, ҷомаи хатнасури писарбачагон, тоқиву кулоҳҳо, баъзе либосҳои кӯдаконаву занона, чойникпӯшҳо ва монанди инҳо бештар мушоҳида карда мешавад.

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

17


Ҳунармандӣ

18

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

Ду шабу як рӯзи пуризтироб

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

19


Наср

20

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

21


Наср

22

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

23


Наср

Ёди рӯзгори ширин

24

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

25


Наср

26

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

27


Наср

28

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

29


Наср

30

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Наср

ГАНҶИ ИСФАРА | № 2 (56) | 2021

31


Назм Ғофил аз он ки гул ҳама бебӯю қоғазист, Умре ба бӯйи сила аз ҷайби сабо шудем. Аз шарри қасдгирии навкисагони шаҳр, Муҳтоҷи дастгирии як муттако шудем. Аз иддае, ки қалбашон орист з-офтоб, Чашминтизори ламъаи нуру зиё шудем. Дасти фитода доштан чун лофи маҳз буд, Зуд аз биҳишти домани модар ба по шудем. Нокарда шукри хирмани фасли баҳору гул, Масти шамими гесуи мушкинқабо шудем. Эй бандагони ёдбуд, з-ин ҳиллаҳо чӣ суд? Чун тири марг хӯрдаву аз ҳам ҷудо шудем. Бар дидаҳои нокасон чун куҳли фахру ноз, Баъди вафоти хештан мо тӯтиё шудем…

ЁД Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ

Дилам зи ёдҳои ту ба сина об кардаам, Зи ғуссаи ҷудоият ба дил китоб кардаам.

ХАЁЛ

Зи ёди субҳи рӯйи ту расидаам ба рӯзи нав, Ба ёди мушки мӯйи ту шабона хоб кардаам.

Занги дилам садо заду деринтизор хоб, Аз ошёни дидаам чун шабпарак парид. Бӯйи ҷавонӣ омаду дар рӯйи боми дил, Бо шарму ноз, нарм-нарм як гулбасар давид. Дил аз баҳори қомати сабзи биҳиштияш, Ширину гарму ошно дар синаам тапид. Бо ҷодуи малоҳату бо теғи абрувон, Пероҳани сабурии қалби маро дарид. Мурдам зи як табассуми шаккарсиришти ӯ, Ганҷи муҳаббати маро бо бӯсае харид. Гуфтам сано ба модари мӯъҷизаофараш, Хандону шӯху маҳлиқо мӯъҷиза офарид. Чун омадам ба пеши худ аз олами хаёл, Ашкам ба рӯ биёмаду аз дидаам чакид…

ОШНО ШУДЕМ Бо дарки ҳарфи зиндагӣ чун ошно шудем, Пушти хамидаи дили худро асо шудем. Саррофи давр хору гул нашнохт, пас чаро? Дар раҳгузори духтари маънӣ гадо шудем? Аз доғи бекасии худ пур шуд дил аз алам, Аз боғи ҳусни рӯйи гул ҳар дам адо шудем.

32

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

Зи ёди хандаҳои ту дарун-дарун гиристам, Дил аз шарори ишқи ту басе кабоб кардаам. Ба ёди соғари лабат, ки буд насиби дигаре, Зи ғусса ёди соғару шароби ноб кардаам. Зи хори ваъдаҳои ту зи ваъда гаштаам қимоб, Ба ҷои ваъдагоҳи ту басе шитоб кардаам. Зи ёди шаҳри ҳусни ту, ки буд поку сабзу тар, Сутуну ошёни дил басе хароб кардаам. Зи ёди кокулони ту, ки сарҳисоби ишқ буд, Шумори умри боқиям ба дил ҳисоб кардаам…

ГИЛА Гила дорам ба Худо аз ту, ки болоназарӣ,


Назм Пеши вологуҳарон аз ҳама вологуҳарӣ. Қаду болои ту хуб асту таманнои ту хуб, Эй ба хубӣ, бахудо, аз ҳамагон хубтарӣ. Гуфтӣ бо ними нигаҳ рози касон бишносам, Ҳамадон ҳеҷ гаҳе менакунад бехабарӣ. Шакари нози ту арзонӣ бувад бар дигарон, Чу расад навбати коми дили мо шӯру шарӣ. Лолазор аст дил аз хорию аз хори ҷафот, Ҳар куҷо бе манӣ, бишкуфта чу садбарги тарӣ. З-он, ки аз ишқи ту ҳоли дили ман гашт хароб, Ҳама ҷо гулбасару хандабалаб ҷилвагарӣ…

ПАДРУД Чу рӯзе соати дил ногаҳон аз кор мемонад, Ба лавҳаш аз муҳаббат ҳасрати бисёр мемонад. Агарчӣ кардаам бо шеър рози хештан ифшо, Даруни дил ҳазорон махзани асрор мемонад. Барои гушнагону ташнагони ишқ дар дунё, Зи ман андар китоби зиндагӣ осор мемонад. Дар ин дунё, ки тору пуди ӯ з-андӯҳу афсӯс аст, Зи дарди ишқи мо як дафтари ашъор мемонад. Агар дасти аҷал пӯшид чашмам бок не, сӯят Нигоҳам дар нигоҳи ахтарон бедор мемонад. Зи худбинӣ маро кам дидӣ умре, баъд аз ин дигар, Ду чашмонат ба роҳи рафтаи ман чор мемонад. Саропойи дилам чун ёдгорӣ аз гули нозат, Чӣ мамнунам, ки захми ҷонгудози хор мемонад…

ЧАШМИ ТУ Аз аламҳои заминӣ осмонам чашми ту,

В-аз балоҳои каминӣ посбонам чашми ту. Чун дар ин дунё тариқи амну осоиш набуд, Хуштарин маъвои ишқу ошёнам чашми ту. Чун Сиёвӯш кӯҳи оташро ҳамесозам убур, Мегудозад мағз-мағзи устухонам чашми ту. Қалбҳоро равғани фонус ин ҷо баски нест, Андар ин зулмот нури каҳкашонам чашми ту. Ҳар кӣ ҷӯяд маънии умр аз китоби рӯзгор, Беҳтарин маънои шеъру достонам чашми ту. Сар задам бар сад дару сад бор гаштам ноумед, Ғамзудою ғампазиро, остонам чашми ту. Чун зи шабнам дидам ин ҷо соғари гулҳо тиҳист, Чашмаи сероби меҳру меҳрубонам чашми ту. Чашми бадро бок не, то ҳаст чашмонат ба рӯ-м, Бармагир чашмат, ки аз ман ҷойи ҷонам чашми ту.

ХАЗОН Ҳама раҳ бӯйи хазон аст, хазони ману ту, Қади шамшод камон аст, камони ману ту. Гарчӣ ширинсухане сабз кунад тухми ҳавас, Пир гаштему гузашт умри ҷавони ману ту. Фош шуд оқибат аз чоки гиребони ғазал, Қиссаи бонамаки сӯзи ниҳони ману ту. Ҳамчу гаҳвораи ҷӯйбор, ки холист ба дай, Хушк шуд шӯри дили баҳри дамони ману ту. Ғаму шодии муҳаббат ба ҷаҳони гузарон, Беҳтарин ганҷ буд охир ба ҷаҳони ману ту. То расидем ба қадри зари умр, аз сари мо, Ин қадар зуд гузашт нақди замони ману ту. Баъди мо кист, ки ҷӯяд зи варақҳои китоб, Зи сари фитна ва ё меҳр нишони ману ту. Маънии зиндагӣ дил бурдану дил бохтан аст, Сабт дар дафтари шеър аст макони ману ту. Ба раҳи ишқ, ки шодию ғамаш бисёр аст, Менадонад нафаре суду зиёни ману ту…

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

33


Назм Кош будам дар канорат, кош будам ҳамсарат.

ЭЙ ЗАН! Тароватҳои субҳи бахти мардӣ, Шифои комили ҳар ҷумла дардӣ. Зи ҳам дарҳол марде сард гардад, Ҳазорон ғусса бинӣ ҳам на сардӣ. Нишоти рӯзи мардонӣ, ту, эй зан! Нишони лутфу эҳсонӣ, ту, эй зан! Чӣ сон хандидани мард аз ту бошад, Дилашро хуб медонӣ, ту, эй зан! Биҳишти рӯйи дунёӣ, ту эй зан! Чу покиҳои дарёӣ ту, эй зан! Футури мард имконаш набошад, Агар паҳлӯш эҳёӣ ту, эй зан!

АЗИЗАМ БОШ Абдувалӣ ХУДОЙДОД

КОШ Офтоби субҳи ишқам бош, дар фардои ман, То ки дар иқдоми дигар бо ту бошам, эй маҳам. Барканам занҷири қисматро зи дасту пойи хеш, То Худо бар ту расонад, в-аз ҳама ғамҳо раҳам. Лаб ба он лабҳои нарми ту гузорам то абад, То ки ҷоми ишқи ман аз бодаат пуртар шавад. Масти худ бинмову қалби мурдаамро зинда кун, Бар шабам барқи нигоҳат бахш, то ахтар шавад. Дасти нарматро гузор, андар ҷабини сарди ман, Ҳис кунам то лаззати ин зиндагии даргузар. Ҳалқа бинмо дасти худ бар гарданам, завлона зан, Бандаи оғӯши нармат созу бар ҳолам нигар. Инчунин ҳолат ба ман бошад, биҳишти зиндагӣ, То ба вақти мурданам, эй кош, будам дар барат. Мерасад аз дуриҳо овози ту бар гӯши дил,

34

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56)| 2021

Менадонад андар ин дунё касе ҷуз ту маро, З-он ки дар дил ман чӣ дорам бо ҳама шӯру шарам. Бар муҳаббатҳои худ меҷустам охир лоиқе, Ганҷи дилро нест ғайри ту ба дигар боварам. Баҳри ту танҳо муҳаббатҳои худ созам фидо, З-он ки аз хуршеди ҳуснат барфи дил дарё шуда. Дигаре ҷуз ту набахшад зулматамро партаве, Завқи дил аз хандаҳои ту зи нав эҳёшуда. Бар Худовандам сипосу ҳамди беҳад, шукри ӯ, З-он ки ҳамдарде ба дардам муддате пайдо шуда. Рози ман бишниду лутфе бар мани бечора кард, Шоири ин мисраҳо бар ҳусни ӯ шайдошуда. Бармаҳал, эй кош, пайдо мебудӣ дар умри ман, Бо ту будан дар биҳишти зиндагӣ осудан аст. То ки умре аз ғаму андӯҳи дил гардам раҳо, Меҳрубонам бош, то он лаҳзае, ки будан аст.


Ҳаҷв

Ҳиссаҳо аз қиссаҳои Холиқназар

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

35


Ҳаҷв

36

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Ҳаҷв

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

37


Тарҷума

Иқтибосҳо аз Эйнштейн Зиндаги мисоли велосипедронист. Барои нигаҳдории мувозинат бояд доимӣ дар ҳаракат бошӣ. *** Қонуни байналхалқӣ танҳо дар маҷмӯаи қонунҳои байналхалқӣ вуҷуд доранд. *** Ман ду ҷанг, ду завҷа (зан) ва Гитлерро аз сар гузаронидам. *** Суоли бароям сарбаста ин аст, ки ман девонаам ё атрофиёни ман. *** Ман ҳеҷ гоҳ дар бораи оянда фикр намекунам. Вай ба зудӣ худаш меояд. *** Инсоне, ки ҳеҷ гоҳ хато накардааст, ҳеҷ вақт навгоние надидааст. *** Кулли инсонҳо дурӯғ мегуянд, аммо ин мудҳиш нест, зеро касе касеро намешунавад. *** Агар назарияи нисбият тасдиқ гардад, немисҳо мегӯянд, ки мо немисем франсузҳо бошанд мегӯянд, ки мо шаҳрвандони ҷаҳонем: аммо агар назарияи маро рад кунанд, франсузҳо маро немис эълон мекунанд, немисҳо бошанд- яҳудӣ. *** Мантиқ метавонад шуморо аз нуқтаи А ба нуқтаи Б бубарад, тасаввурот бошад ба куҷое, ки хоҳад мебарад. *** Он чизеро, ки метавонед дар китоб дарёфт кунед, ҳеҷ гоҳ аз ёд накунед. *** Агар чизеро ба кӯдаки шашсола фаҳмонида натавонед, пас худи шумо онро намефаҳмед. *** Ту ҳеҷ гоҳ наметавонӣ масъалаеро ҳал намоӣ, агар андеша кунӣ, ки онро кӣ офарида аст. *** Оне, ки мехоҳад маҳсули меҳнати худро ба зудӣ бубинад, бояд мӯзадӯз шавад. Аз русӣ тарҷумаи Қудратулло Эшонов.

38

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Навқалам Оне, ки ҳаст дар сифати бовафои Суғд. Дорам умед, зиндагӣ то ҳаст парфишон Бошад ба бахти мову шумоён ливои Суғд.

Навҷавонӣ Навҷавонӣ, олами беинтиҳоӣ, Навҷавонӣ, боғи хуби ошноӣ. Шуълаборӣ, шуъларезӣ, шуълаафкан, Тахти шоҳӣ ҳастӣ бо садҳо гадоӣ. Навҷавонӣ, эй садои осмонҳо, Эй замини зери поро ҳамнавоӣ. Дар хурӯшӣ, ҳам ба ҷӯшӣ, ҳам ба исён, Навҷавонӣ, эй ки дилро ҳамсадоӣ. Бо ҳама нодониҳо доноӣ дорам, Навҷавонӣ, ақлро оҳанрабоӣ. Навҷавонӣ, орзуят пир карда Пирҳоро, эй ба маънӣ садҷудоӣ.

Ватан Гирди шамъи Ватан чу парвона, Дар замини Ватан манам дона. Чун ниҳоле аз ӯст сарсабзи-м, Чун уқобе дар ӯ маро лона. Ошиқат, эй Ватан, манам ошиқ, Синаамро, Ватан, ту кошона. Шеър гӯям, агарчӣ шоир не, Ҳарф гӯям, Ватан, ҳарифона. Осмонӣ ситораат бошам, Ҳамнавоӣ навоӣ субҳона. Эй Ватан, эй суруди ҳастии ман, Дӯст дорандате ба ҳар хона.

Ишқ чист? Ташналаб будан лаби дарёи ҳусн, Ҳам гаронгӯшӣ ба ҳар овои ҳусн. Безабонӣ гоҳи будан садзабон, Кӯрӣ вақти дидани рӯъёи ҳусн. Ишқ ин аст, ишқ ин аст, ишқ ин, Ошиқонро масҷиду меҳробу дин. Хизри раҳ, Искандару Мири араб, Ё ки ангур, ё узун, ё ки инаб. Моҳи шаб, хуршеди рӯз, истораҳо, Ошиқонро менамояд ёри шаб,

Суғд Эй мулки офтобӣ, нуру сафои Суғд,

Ишқ ин аст, ишқ ин аст, ишқ ин, Ошиқонро масҷиду меҳробу дин.

Ҷони ману тамоми азизон фидои Суғд. Фирдавс дар замину биҳишт аст дар само, Ором рӯҳ мегирадо дар фазои Суғд. Болонишин ба маҷлису маъност зодагон-ш, Ҷонам фидои дилбараки дилрабои Суғд. Обу ҳаво, табиати зебо-ш ҷон диҳад, Исонафас табиату боду ҳавои Суғд. Рӯзи камӣ набинаду ҳуснаш мабод кам,

Лайлиро бояд ба чашми Қайс дид, Ҳамчу ору лолаҳоро баршамид. Ҳамчу сабза бӯса зад оби равон, Сурати дилбар ба лавҳи дил кашид. Ишқ ин аст, ишқ ин аст, ишқ ин, Ошиқонро масҷиду меҳробу дин. Анвар САВРИДДИНОВ, хонандаи МТМУ № 12.

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

39


Ба кумаки омӯзгорон

Дили Бедил надорад чора аз доғ, Нигинро баҳри хотам офариданд.

Шарҳи як ғазали Бедил

40

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Ба кумаки омӯзгорон

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

41


Ба кумаки омӯзгорон

42

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Ба кумаки омӯзгорон

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

43


Саҳифа аз Нисо

44 ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021


Рафт...

Ӯ медонист...

Тик…тик..тик..!-садои ақрабаки соат…!) Ва бо тиктики соат… Рӯзҳо мегузаранд..! Рӯзҳо ба сони як чашмзаде ва ё мижжапаре, аз сари мо, аз дили мо мегузаранд….. Ва инак, соате бо тик-тики худ ва ҳам бо ақрабаке, ки танҳо ва танҳо пешравию пешҷаҳидан дорад, маро аз пешомади ҷашни нимасраи умр огаҳиву пешбашоратдиҳӣ дорад. Оё то он рӯз, ки дур нест, Иқбол зинда хоҳад буд ва ҷашни нимасраи худро таҷлил хоҳад кард? Худо

40

ГАНҶИ ИСФАРА | №2 (56) | 2021

бузург аст! Оё баъд аз гузашти нимасрае ва ё асре нафаре холисона хоҳад гуфт, ки Иқбол чандин соли умрашро дар марзи зодгоҳаш пайсипарӣ карда ва аз манофеи милливу давлатӣ, аз хоке, ки хуни нофаш рехта ва аз марзу буме, ки аҷдодонаш зиста бо қаламу сухану пешоварди далоили таърихӣ азми дифоъ кардан дошта буд….?! Бигзор касе инро… чизеро ёдоварӣ накунад, аммо Худо ба дилашон огаҳӣ андохтаву агар бигӯянд, ки фарзанди асили ин сарзамини аҷдодӣ буд (Худо раҳматаш кунад!) ҳамин кофист..! Ворух… Исфара..! Ман дар тӯли умри нимасраам ба ҷуз аз фарзандонам боигарӣ ва сарвате ғун накардаам. Бароям боигариву сарват ва неъмати бебаҳо шумоед..! Бошед..! Ҳамеша… асрҳои аср, қарнҳои дигар бошед! Бошед… аз насли мо, аз пасояндагони мо бошед! Иқбол ИЛЁСЗОДА, 30 августи соли 2019.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Журнал "Ганҷи Исфара", сентябрь 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu