Skip to main content

"Имруз", от 24 сентября 2022 года

Page 1

Имрӯз

Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ

№ 12 - 13 //

24 сентябри соли 2022 //

email: gazeta-imruz@mail.ru // www.tojinfo.ru // Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //

Баимзорасии протокол

Тавре иттилоъ додем, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфара расид.

Кумакҳои Пешвои миллат ба шаҳри Исфара расид

К

19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Д

ар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд. Зикр гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад. Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар 19 сентябри соли 2022 ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ

ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад. Дар фарҷоми мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории ҳарду давлат барои намояндагони ВАО изҳорот доданд, ки дар рафти он Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, генералполковник Саймумин Ятимов чунин иброз дошт: «Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем. Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад. Мо фаъолияти худро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар руҳияи манфиатҳои ду халқи бародар ба роҳ мемонем». Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, дар навбати худ, чунин баён кард: «Ман бисёр умедворам, ки Протокол дар бораи ҳусни тафоҳум, ки мо бо Саймумин Сатторович ба имзо расонидем, ба кишварҳои мо сулҳ меорад. Боварӣ дорам, ки сулҳ ҳамеша беҳтар аст ва барои сулҳ мо талош меварзем». https: khovar.tj

умаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст. Маводи ғизоӣ дар анборҳои шаҳри Исфара ҷойгир шуда истодааст ва ба сокинон тақсим карда мешавад.

Маводи сохтмонӣ бошад ба минтақаҳои осебдида ирсол гардид. Барои сари вақт ба мардум расондани кумакҳои моддӣ масъулини Мақомоти иҷроияи

Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидааст, боздид намуд.

Р

аиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод.

ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корбарӣ намуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тибқи супориши Сарвари давлат имрўз аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.

Вокуниш ба гузориши иғвоангези Радиои "Озодӣ" Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузориши Радиои Озодиро, ки зери унвони "Президент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?" нашр гардид, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур изҳор медорад:

Б

о оғози муноқишаҳои ахири марзӣ, ки бо ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон шурӯъ шуд, масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, барои таъмини субот дар минтақа аз тамоми имкониятҳо истифода гардид. Халқ хуб медонад, ки роҳбарияти олии мамлакат

ҳамеша дар паҳлуи мардум буда, ҳимояи амнияти сокинон ва дастгирии аҳолиро дар рӯзҳои сахт вазифаи ҷонии худ меҳисобад. Дар мавриди таъзия бошад зикр бояд кард, ки бо супориши махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ба манзили шаҳидон рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Президенти мамлакатро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расониданд. Нашри чунин гузоришҳои иғвоангез дар лаҳзаҳои ҳассос ба манфиати кор набуда, аз воситаҳои ахбори омма даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои сахт дар канори ҷомеа бошанд.


// 24 сентябри соли 2022

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

//

САҲ. 2

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА: "Ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввалин тирпаррониро қирғизҳо шуруъ карданд ва баъд ҷанг сурат гирифт"

«Намояндагони Ҳукумати қирғиз зери шиори «дузди зӯр соҳиби говро бастааст» амал намуда, аз ҳақиқат дурӣ меҷӯянд ва сарбозону афсарони тоҷикро айбдор мекунанд. Ин роҳи интихобгардида дар шароити қувват пайдо кардани воситаҳои муосири иттилоотӣ ба кор нарафта, ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввал тирпаррониро қирғизҳо шуруъ намуданд ва баъд ҷанг сурат

гирифт»,-ингуна ибрози назар намудааст Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар шабакаи иҷтимоии Facebook. Ба андешаи сафир, тоҷикон дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ ба муқобили қавму миллате ҷанг накардаанд, хуни ноҳақ нарехтаанд ва лашкаркашу ҷангҷӯ набудаанд. Ин хислатҳои ҳамидаи халқи тоҷик дар бисёре аз сарчашмаҳо ва таърихномаҳо таъкид шудаанд. Тоҷикон аз қадим мардуми китобдор ва бо илму ирфон буданд ва ин анъанаи некро то имрӯз идома медиҳанд. «То ду даҳсола пеш ду халқ дар ҳамзистӣ умр ба сар бурда, ба

ҳамдигар кумак мекарданд, аз бозорҳои ҳамдигар истифода менамуданд, роҳҳоро муштарак бунёд ва таъмир мекарданд, чорабиниҳои фарҳангӣ мегузарониданд ва барои таҳкими дӯстиву ҳамсоягӣ талош меварзиданд. Пас, чаро имрӯз қирғизҳо аз тоҷикон душман тарошида, бо ҳамсоягони худ даст ба ҷанг мезананд, бо роҳи дипломатӣ масъалаҳои марзиву сарҳадиро ҳал кардан намехоҳанд. Сабабҳои ин гуна нафрату адовати онҳоро аз роҳбарияти кунунии Қирғизистон бояд пурсид»- зикр менамояд А. Раҳмонзода. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Қирғизистонро зарур аст, ки ба ҷойи

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҳаводиси охир дар марзи Исфара изҳори нигаронӣ кард.

С

Муроҷиати Хайринисо Юсуфӣ ба бонувону модарони қирғиз Муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар ростои ҳодисаҳои охири марз гуфтааст, ки “аввалин тире, ки дар дилхоҳ ҷанг зада мешавад, пеш аз ҳама ба синаи занону модарон мерасад”.

Б

а навиштаи ӯ дар «Ховар», зеро аз даст додани фарзанд, шавҳар ва ё бародар дарди талхест, ки дар тасвираш қалам оҷизӣ мекунад. “Мо, занони тоҷик ба бонувону модарони қирғиз муроҷиат карда мегўем, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон саҳмгузор бошанд. Фавран бо иштироки мо, занон аз ҳар ду ҷониб барпо кардани гуфтушунид ба манфиати кор аст. Мо ҷавоби ин даъватро аз ҷониби занони Қирғизистон интизорем, «Таърихи башарият борҳо собит кардааст, ки ҷанг танҳо бадбахтӣ меорад, тамоми мушкилоти оламро танҳо тавассути ба ҳам омадан, маслиҳату машварат кардан метавон осон кард. Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо роҳи осоишта ҳал намудани баҳси марзии байни ду

кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Роҳбарони кишвари ҳамсоя набояд ба чунин аҳдшиканӣ роҳ диҳанд», — тазаккур додааст Хайринисо Юсуфӣ. Ӯ таъкид кард, ки дар одобу фарҳанги мардумии халқи тоҷик қадрдонӣ аз ҳамсояҳо, расидан ба қадри он ва посдории таомули ҳамсоягӣ мақоми махсус дорад. Дар байни мардуми мо бо ҳамсоя муросо накардан ин нишонаи бефарҳангист. Тоҷик дар шодию ғами ҳамсоя шарик аст. Беҳуда ин зарбулмасал «Аз хеши дур ҳамсояи қадрдон беҳтар аст» дар байни мардум машҳур нагаштааст. Мардуми мо бо қирғизҳо аз як сарчашма об менӯшанд, аз як кӯча мегузаранд, дар як марз зиндагӣ мекунанд ва оқибат дар як мазор сар мегузоранд. Аз ин рў, ин ду ҳамсоя бояд паҳлў ба паҳлў дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар баранд. Чуноне шоири зиндаёди тоҷик Султон Шоҳзода баён доштааст: Ман нахоҳам кард хилват дур аз ҳамсояҳо, Бод бо ҳамсояҳо ҳам буду ҳам нобуди ман. Чунки рӯзи мурдани ман сӯи гӯристони деҳ, Мебаранд ҳамсояҳо бар дӯши худ тобути ман.

аидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки «золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд». Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ки «навореро дидам, ки чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани таркиши масҷиди мазкур қаҳқаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд.

гунаҳкор ҷустан ва мардуми тоҷику Роҳбарияти олии сиёсии онро сиёҳ кардан бояд ҳарчи зудтар роҳи муколамаро пайдо намояд ва барои расидан ба сулҳ талош варзад. «Бо иллати сиёсати яктарафаи роҳбарони имрӯзаи Қирғизистон мардуми осоишта, ки дар фазои дӯстиву ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд, тайи чанд соли охир аст, ки ба душманони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд, дар пайи озори ҳамдигар талош доранд ва рақиби ҳамдигар гардидаанд. Ҳол он ки Ҳукумати ин кишвар метавонад бо роҳи осоишта сари музокирот нишинад ва масъалаҳои ҳудудиву марзиро дар асоси сарчашмаҳои таърихиву ҳуҷҷатҳои мавҷуда ҳал намояд

ва ба ҷангу ҷидол ва хонасӯзиву хонавайронкунӣ хотима бахшад», — мегӯяд сафири Тоҷикистон. Абдуҷаббор Раҳмонзода даъват менамояд, то ки танҳо бо роҳи осоишта масъалаҳои марзиву сарҳадӣ баррасӣ шаванд ва барои тамоми маҳаллаҳои тоҷикинишин шароити ҳамлу нақли молу маҳсулот фароҳам оварда шуда, пеши роҳи ҳар гуна хунрезӣ ва ҷанг гирифта шавад. «Танҳо бо роҳи гуфтушунид тарафҳо метавонанд масъалаи ниҳоят нозукро ҳал намоянд ва хати сарҳадҳои ҳамдиггарро дуруст муайян намоянд», — зикр намудааст Абдуҷаббор Раҳмонзода. АМИТ «Ховар»

Барои ҳар қатра хуни рехтаашон ҷазо мебинанд!

Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд». - Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепарронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худованди азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд,- гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16-уми сентябр ба

масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров 12 нафар сокини осоишта зимни ибодат кушта шуданд.

Вақти амал расид! Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» иттилоъ доданд.

А

Муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, захмигашта 5 000 сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзояшон ҳалок гардидаанд 5 000 сомонӣ ва барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд 100 тонна семент кумак намуд.

кбар Асадулло зикр намуда, ки «дар чунин лаҳзаҳои душвори Ватан мо набояд бетараф бошем. Ҳар кадоме бояд тавре ки метавонем дар ҳимояи марзу буми хеш саҳм гузорем. Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст». «Лозим шавад, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонамонро нисор мекунем. Биёед, дасти ба даст гирифта, сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоем. Дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдарду мададгори сарбозони Ватан бошем», — мегӯяд ӯ. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои

вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд. Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст. Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.


//

24 сентябри соли 2022

Табиист, ки ҳар миллат дар таърихи гузаштаи худ рӯйдод ва санаҳои хотирмон ва муҳимме дорад, ки аз онҳо сабақ барои имрӯзу ояндаи худ мегирад.

Б

ахусус, чанд рӯз аст, ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷик зери лаҳзаҳои ҳузнангези воқеаҳои рӯзҳои охир дар марз бо Қирғизистон қарор гирифтааст, ки онро бо забону қалам тасвир кардан барои миллати воқеан солиму бохирад хело душвор аст. Биноан, мардуми қирғиз фаромӯш набояд кунанд, ки ин сарзамини биҳиштосо — Тоҷикистон абармандонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш аз рӯзи азал бо иродаи қавӣ, хираду заковат, донишу фазилат, ҷаҳонбинӣ ва далерию шуҷоат миллатро аз ҳуҷумҳои қавму қабилаҳои гуногун дифоъ ва эмин нигоҳ доштаанд, ки бинобар риояву эътирофи меъёрҳои умумибашарии ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳар як давру замон боиси эҳтирому таваҷчуҳ ва ситоишу қадрдонӣ аз ҷониби дигар қавму миллатҳо гардидааст. Таърихи башар баёнгари он аст, ки чи гуна халқи бо нангу ори

//

email: gazeta-imruz@mail.ru

Нек андеша кунед!

= Муроҷиат ба мардуми Қирғизистон =

тоҷик аз лиҳози тамаддуну фарҳанг, ҳуввият, арзишу анъана, каҳрамонию диловарӣ, инсондӯстӣ ва дигар хусусиятҳои давлатдорӣ соҳибимтиёз аст. Бодо сипос Эзиди якторо, ки имрӯз низ халқи соҳибтамаддуни тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон

бо сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда меросбари чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллати хеш мебошад. Саҳнасозию фитнабозии гурӯҳҳои манфиатҷӯйи кишвари ҳамсояи Қирғизистон, алалхусус роҳбарияти имрӯзаи онҳо дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи

//

САҲ. 3

байналмилалӣ ва дигар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳамлаҳои ноҷавонмардонаю хиёнаткоронаи низомиёни давлати ҳамсоя зери роҳбарии афроди бесаводу кӯтоҳандеш, бетаҷриба ва манфиатдору шӯҳратпараст ба сарҳади ҳамсоякишвар ин худ нишонаи ҳанӯз ҳам дар ҷаҳолат қарор доштан ва ҷаллодии ин қавмро бозгӯй мебошад. Маҳз дар ин рӯзҳои пурпечутоби исёнгарони замон Президенти мамлакат ба хиради азалии мардум, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавию далеронаи миллати тоҷик арҷгузорӣ намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанду ба хотири ҳифзу ҳимояи марзу буми Меҳан ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат тамоми тадбирҳои оқилонаю хирадмандонаро андешида истодаанд. Гузашта аз ин, бо истифода аз эътиқод ба арзишҳои муқаддас ва баъдан ба сафҳаҳои дурахшони таърихи миллат ва қаҳрамонию диловарии гузаштагонамон ҳарчи бештар такя карда, исбот менамоянд, ки бинобар риояи маҷмӯи меъёрҳои пазируфташудаи умумиинсонии тамоми халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳама гуна масири ватансозиву ватандорӣ, ақоиди башардӯстона

дуруст ва бомуваффақият мебошад ва аз ҳама муҳим номи мардуми соҳибхиради тоҷик дар таърихи башарӣ ҷовидона бо ҳарфҳои заррин зери сиёсати дурандешонаю хастанопазиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт мегардад. Аз ин рӯ, муроҷиату тавсияҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон ин аст, ки дар фурсати муносиб фориғ аз корҳои дигар ба омӯзиши таъриху сарнавишти миллати тоҷик, симоҳои барҷаста, ғурури миллӣ, осори чеҳраҳои бузурги адабии ин миллат ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат маълумот гиранд ва аз тақдири ояндаи миллати худ андеша кунанд ва аз ҳар гуна дасисаву амалҳои тарҳрезидашудаи фоҷеабори инсонӣ, иғвоангезона ва дигар кирдорҳои ношоиста даст кашанд. Тавре яке аз фарзандонаи барӯманди миллати тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ фармудааст: Ин дурушт асту ғализу нописанд, Нек андеша кун, эй андешаманд. Шермуҳаммад РАҲИМ.

Информационное сообщение о ситуации на таджикско-кыргызской границе 1. Пограничные войска Государственного комитета национальной безопасности Кыргызской Республики при поддержке других формирований Вооружённых сил КР 14 сентября в 7 часов 15 минут, без какихлибо причин, совершили акт вооружённой агрессии в отношении Республики Таджикистан. В результате враждебных действий, в том числе обстрела позиций поста Кех Пограничных войск ГКНБ РТ с применением миномётов, пулемётов и другого стрелкового оружия, погибли два военнослужащих ВС РТ. 2. Одновременно с провокационными действиями, кыргызской стороной осуществлена переброска дополнительных сил и тяжёлой техники к приграничным районам. 3. В этот же день, примерно в 14:10 часов, после объявления режима о прекращении огня кыргызские военнослужащие с использованием группового оружия атаковали населённые пункты Лангар и Сари Бозор. К тому же, при обстреле здания средней школы №47 джамоата Чоркух пострадали учащиеся и преподаватели данного учебного заведения. 4. Несмотря на договорённость о де-эскалации обстановки и отводе дополнительных сил, 16 сентября в 04 часа 50 минут кыргызскими военнослужащими начат обстрел погранзаставы «Душанбе» с применением тяжелого

ВС КР использовали 20 единиц тяжёлой бронетехники, заранее передислоцированных для вооружённого вторжения на территорию РТ. Обстрелу подверглось здание общеобразовательной школы села Богистон г.Исфара. Огнём 8 танков и 2 БТР уничтожены и сожжены 8 домов в селе Богистон г.Исфара. Одновременно с этим, дома мирных жителей села Сомониён подверглись массированному 5. Примерно в 06:30 часов обстрелу 10 БРДМ ВС КР. того же дня военнослужащие 8. Кроме того, примерно в спецподразделений Кыргызской Республики, вторгаясь на 07:35, 16.09.2022 в результате обстрела с территорию села Богдори, миномётного стороны по джамоата Чилгази, города Исфара кыргызской сожгли 16 домов местных жителей, населённому пункту джамоата занимались там грабежами Хистеварз, Б.Гафуровского района и мародёрством. Незаконно погибли две женщины 1948 и 1962 проникнув в дом пожилой года рождения, а также получили женщины убили ее с особой ранения различной степени пятеро членов их семьи, в том числе жестокостью. несовершеннолетние. Несмотря на неоднократные 6. Целенаправленным атакам военнослужащих КР попытки таджикской стороны подверглись объекты гражданской добиться прекращения огня возобновления мирных инфраструктуры. Повреждена и ЛЭП «Шуроб», атакован мост переговоров кыргызская сторона в селе Чоркишлок, совершены продолжала обстрел населённых массовые поджоги домов мирных пунктов города Исфара, а также жителей и вспомогательных территории Б.Гафуровского и сооружений в населённых пунктах Дж.Расуловского районов. Богистон и Лакон г.Исфара. Огнём 9. 16.09.2022, примерно в 19:10 кыргызских военных в джамоате Чоркух убиты 5 членов одной часов, после объявления перемирия военнослужащие семьи, в том числе 6 летняя девочка, кыргызские 5 летний мальчик и женщина на вновь открыли огонь по средней школе N25 джамоата Чоркух города восьмом месяце беременности. Исфара, в результате чего данному 7. С 07 часов 30 минут учебному заведению был нанесён материальный кыргызская сторона открыла значительный огонь по всей линии таджикско- ущерб. Также в ходе обстрела с кыргызской границы. кыргызской стороны полностью Массированные обстрелы тяжёлым сожжено здание средней школы вооружением по населённым №64 указанного джамоата. пунктам зафиксированы в селе 10. Вопреки общепринятым Маданият Дж.Расуловского района. На данном направлении принципам гуманизма и в вооружения. Военнослужащие КР совершили вооружённое нападение на населённые пункты Ходжаи Аъло, Куммазор, Сурх, Сомониён, Кулканд города Исфары, Хистеварз и Овчи-Калъача Бободжон Гафуровского района с применением боевой техники. В частности, жилые районы села Чоркишлок г.Исфара подверглись массированному обстрелу из БМП и БТР.

нарушение норм международного гуманитарного права, кыргызские военнослужащие обстреляли из бронетехники автомашину скорой помощи в селе Чоркишлок джамоата Зумрад, города Исфары, которая перевозила раненых мирных жителей. В результате данной атаки, погибли пятеро членов одной семьи, в том числе два ребёнка - Асмоа 11.07.2016 года рождения и Имрон 05.12.2017 года рождения, фельдшер скорой помощи и водитель. 11. Помимо тяжелой бронетехники, после подписания протокола №41 от 16.09.2022 года об объявлении прекращения огня от 16:00 того же дня между руководителями двух комиссий Ятимовым С.С. и Ташиевым К.К., кыргызская сторона во время нападения использовала боевые вертолёты и ударные беспилотные летательные аппараты (БПЛА). В результате ударами БПЛА с кыргызской стороны по зданию школы №8 джамоата ОвчиКалъача района Б.Гафуров погибло 6 мирных жителей и атакой БПЛА по мечети в том же джамоате убито 12 и ранено более 20 мирных жителей, в том числе семилетний ребёнок. 12. Продолжая свои провокационные действия и агрессию по отношению к Республике Таджикистан кыргызские военные ранним утром 17 сентября в очередной раз нарушили режим прекращения огня и осуществили миномётный обстрел джамоата Чоркух и участка автодороги Чоркишлок джамоата Чоркух города Исфары. 13. В 11:10 часов дня военнослужащие войсковой части 707 МВД Кыргызстана открыли

огонь из всех видов вооружения по пограничной заставе «Душанбе» Пограничного отряда Исфары. Войсками специальных подразделений Кыргызстана обстреляно село Сомониён джамоата Чоркух города Исфары. 14. В 11:50 часов кыргызскими военнослужащими с применением реактивных систем залпового огня (РСЗО) обстреляно село Тоджварон Лахшского района Таджикистана. В результате этой атаки ранения получили несколько гражданских лиц, в том числе женщины и дети, а также уничтожено 3 жилых дома. Следует особо подчеркнуть, что в данной местности не было зафиксировано конфликтных случаев и сосредоточение сил и средств кыргызской стороны на данном участке, с учетом сложности рельефа местности, требует не одну неделю. В течение дня кыргызские военнослужащие трижды обстреляли населённые пункты в пограничной зоне Лахшского района с применением РСЗО. Атаке подверглась школа №15 села Тоджварон, в результате которой ранения получили 3 ученика. 15. В последние дни с целью создания образа “агрессора” в лице своего соседа, кыргызская сторона, не гнушаясь откровенной ложью и инсинуациями, продолжает информационную кампанию против Таджикистана, тем самым нагнетая напряженность в приграничье. 17 сентября в своем обращении к нации Президент Кыргызстана употребил слово “враг” в отношении Таджикистана, что не соответствует духу дружбы и добрососедства. https://t.me/s/mfa_tj


//

24 сентябри соли 2022 //

Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ раванди ҳисси бадбинии миллиро ба роҳ мондааст «Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бо он ки худ фарди олами ҷиноӣ ва ҳатто террористхислат аст, дар муроҷиате ба унвони мардумаш баҳри шахсияташро аз айбҳову ҷиноятҳо орӣ нишон додан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони «кишвари душман» ном бурд. Ҳамин мавқеъгирии Садир Жапаров возеҳона аз хиради пасти сиёсӣ, роҳбари ноқобил, фарди олами ҷиноӣ, ҷинояткори маккор ва иғвобарангез будани ӯ башорат медиҳад»,-мегӯяд устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло ДАВЛАТЗОДА.

Т

аҳлили авзои сиёсии минтақа нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ роҳбарони вақти Қирғизистон ҷараёнҳои ҳисси бадбинии миллиро инкишоф дода истодаанд, ки ин раванд метавонад дар оянда суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ халалдор намояд. Тезутундшавии муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ на танҳо барои мардумони минтақа, балки барои башарият пайомадҳои нохуб ба бор меоранд. Тобиши низомӣ гирифтани масъалаи сарҳадии Қирғизистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1989 то ҳол идома дорад. Дипломатияи носолим, таҷрибаи нокифояи роҳбарони сиёсӣ, мафкураи асримиёнагии давлатдорӣ, мавқеъгирии сиёсии дорои хусусияти ҷиноиву ҳарисонаи роҳбарони Қирғизистон онҳоро водор менамояд, ки дар муносибатҳои ҳамҷаворӣ аз принсипҳои сиёсати носолим ва иғвобарангез истифода намоянд. Ба қавле, «гап дигару амал дигар». Аз сабаби ивазшавии пайдарпайи ҳукуматдорон дар Қирғизистон татбиқи ҳуҷҷатҳои ба тасвибрасида роҳандозӣ намешавад. Ҳамин масъала боис мешавад, ки мушкилоти сарҳадӣ миёни Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсояи он пайваста шакли низоъро гирад. Воқеияти бештар аз се даҳаи охир нишон медиҳад, ки Қирғизистон пайваста бо ҳамсоягони худ мушкили сарҳадӣ доштааст ва ин масъала ҳар лаҳза сабаби ташаннуҷи низомӣ мегардад. Саривақтӣ мебуд, ки ҷаҳон дар муқобили роҳбарони ҷиноятпешаи Қирғизистон бо фаросат ва мавқеъгирии солими сиёсӣ ба ҳам омада, як ҳукумати ояндаандешро дар ин мамлакат ба сари қудрат оваранд. Аз сўи дигар, Созмони Миллати Мутаҳид, махсусан Шўрои амнияти СММро мебояд ҳодисаҳои охири дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амаломадаро воқеъбинона пайгирӣ намуда, нисбат ба ҷиноятҳои одамкушии бераҳмонаи Садир Жапаров ва Қамчибек Тошиев дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ чораҷўӣ намояд. Агар вазъ чунин идома ёбад, новобаста ба он ки миллати тоҷик таърихан аз ваҳдатсолорону сулҳхоҳони башар аст, баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, суботу осоиштагӣ, якпорчагиву дахлнопазирии Тоҷикистон дар муқобили ҳар неруи ишғолгару паймоншикан ва таҷовузкору истисморгар бо иродаву матонати миллӣ сар боло хоҳад кард, ки натиҷаи он дарси хуби ибратомӯзе барои истисморгарони таҷовузкор хоҳад шуд. АМИТ "ХОВАР".

www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.

email: gazeta-imruz@mail.ru

// САҲ. 4

Хоникей тоҷик набуд Нависанда Қодири Рустам дар посух ба як дурӯғи машҳур, ки ду рӯз пеш Садир Жапаров дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард

«Халқҳои моро риштаҳои хешутаборӣ бо ҳам мепайванданд. Беваҷҳ нест, ки ҳамсари Манас – қаҳрамони машҳури мо, шоҳзодахонум Хоникей тоҷик будааст…» («Наши народы переплетены родственными узами. Недаром наш легендарный герой Манас был женат на таджикской царевне Каныкей…». Ин яке аз дурӯғҳое буд, ки президенти Қирғизистон 20 сентябр дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард. Барои чӣ дурӯғ аст, нависанда Қодири Рустам чунин далел меорад: - Дурӯғҳо дар шарҳу тафсири осори адабӣ зиёданд; баъзе аз онҳо умри чандинасра

доранд ва бо он ки дурӯғ буданашон дигар ҷойи тардид надорад, ҳоло ҳам ин ҷову он ҷо такрор мешаванд ва иддае ҳам ба онҳо бовар доранд… Намедонам, маншаъи ин «кашф», ки Хоникей – ҳамсари Манас аз достони ҳамноми қирғизӣ тоҷикдухтар аст, дар куҷост: дар Қирғизистон ва ё Тоҷикистон, намедонам бори аввал ин суханро кӣ гуфта! Вале баъдан ончунон такрораш карданд, ки ба вежа дар Тоҷикистон забонзади хосу ом шуда… <…> ин ки Хоникей – зани Манас тоҷик бошад, аз беху бунёд дурӯғ аст ва бофтаи замони шӯравӣ, ки ба дарди идеологияи <…> дӯстии халқҳо мехӯрду бас. Ягона чизе, ки шояд нахусткашшофи тоҷик будани Хоникей иттико ба он кардааст, ин аст, ки ин духтар – духтари хони Бухоро будааст… дигар ҳеҷ далеле… Аммо, бо он ки аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он ҳама тоҷиканд <…>, 1) пас

аз Сомониён ҳеҷ хоне ва подшоҳе дар Бухоро тоҷик набудааст. 2) Манас тибқи пижуҳишҳои донишмандон воқеоти асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки дигар аз салтанати Сомониён дар Бухоро панҷ қарн сипарӣ шуда буд. 3) Хоникей духтари хон аст ва «хон» унвони ҳукмравоёни турку муғул аст; ва дар замони Чингизхон ҳеҷ касе ҷуз аз дудаи ӯ ҳақ надошт, ки худро «хон» биномад… 4) Падари Хоникей – хони Бухоро Темур ном дошт, ки <…> дар он замон тоҷикон фарзандони худро Темур наменомиданд. 5) Ниҳоятан, Хоникей на «Хоннигоҳ», чунонки баъзе «донишмандони» тоҷик шарҳ додаанд, балки «завҷаи хон» (яъне Манас) маъно дошт… Хулоса, тоҷикдухтар будани Хоникей ҳеҷ асосе надорад ва дурӯғе беш нест. Ва онро набояд такрор кард.

«Ховар» чунин иброз намуд: «Зимни рух додани ин ҳодиса ман дар басти дуюм ба хонандагони синфи 7 «Б» аз фанни таърих дарс медодам, ки ногоҳ садои тир баланд гардид. Хонандагон аз ин садои гӯшхарош парешон гардиданд. Вақте аз дохили мактаб ҳамроҳи хонандагон ба берун мебаромадем, ногаҳон садои баланде ба гӯш расид, ки фикр кардем мактаб дар болоямон чаппа шуд. Хушбахтона, толеамон баландӣ карду симчӯби мактаб мушаки низомиёни қирғизро нагузошт ба мактаб расад. Аммо ҳангоми ба симчӯб бархӯрдани мушак пораҳои парешони он = Муроҷиати омӯзгорони Чоркӯҳ ба баъзе хонандагони мо осеби ҷисмонӣ ба низомиёни Қирғизистон = расониданд, ки дар айни замон таҳти назорати табибон қарор доранд». «Ман омӯзгори фанни забон ва Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассиса 183 Ба гуфти ӯ, аз мушаки дигари низомиёни адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба умумии №64-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри онҳо 17 омӯзгор таълим медод. Дар айни қирғиз болопӯши муассиса валангор Исфара Алияхон Довудова ҳастам. Дар замон дар муассиса ба ғайр аз ошхона гардида, қисми бештари он корношоям ин курсиҳое, ки мебинед (ДАР АКС), ва синфи компютерӣ дигар тамоми бино шуд. Дар ин муассиса зиёда аз 600 хонанда хонандагони ман, фарзандони ман сӯхтаву валангор гардидааст. нишаста, илму дониш меомӯхтанд. Ҳар Бояд гуфт, ки 16 сентябри соли 2022, таълим мегирифтанд. Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр рӯз дар даст ҷузвдони пур аз китобу баъди эълони оташбас мактаби таҳсилоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии дафтар ба мактаб меомаданду баъд аз умумии №64-и ҷамоати мазкур аз ҷониби омӯзиш боз ба хонаҳояшон бармегаштанд. низомиёни қирғиз мавриди мушак ва амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Аммо субҳи 17 сентябр ин макони илму тирпаронӣ қарор гирифта, дар натиҷа бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад пурра сӯхт.Тавре қаблан иттилоъ дода Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи зимни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни будем, 17 сентябр, тахминан соати мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни Қирғизистон ба харобазор табдил дода 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби шуд». Қирғизистон бо истифода аз силоҳи Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва Мавсуф зикр дошт, ки «ба тамоми гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои низомиёни қирғиз гуфтаниям, ки ин Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ва симтемаҳои мушакии макон ҷойи тиру туфанг нест, ҷойи Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани ТБ2» силоҳбадастон нест, дар ин макон бинои мактаби таҳсилоти умумии зарбазананда истифода кард. наврасони бегуноҳ дар рӯҳияи дӯстӣ, рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, озодандешӣ, ватандорӣ, вафодорӣ ва ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ АМИТ «Ховар» сулҳпарварӣ тарбия меёбанд. Мактабро ҷароҳат бардоштанд. сӯзонидан, хонандагонро мавриди тир Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи қарор додан нишонаи қаҳрамонию далерӣ мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и нест, балки ин даҳшат буда, аз нотавонию ҷамоати Чоркӯҳ Ҳусейнхон Шарифзода бемаърифатии шумо дарак медиҳад». дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ

Мактаб макони илму маърифат аст, на ҷойи тиру туфанг!

БИНОБАР ЁФТ ШУДАН БЕЭЪТИБОР ДОНИСТА ШАВАД Санаи 31 августи соли 2022 дар рӯзномаи "Имрӯз" эълон бобати гум шудани шиносномаи техникӣ, ки дар КДФ

ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-98-104-43-59

БММҒ-и шаҳри Исфара таҳти рақами инвентарии 3786, (эл.10869) дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Навбаҳор берақам ба номи Ҳусейнов Юнус Бозорович ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст, чоп шуда буд. Бинобар ёфт шудани шиносномаи техникии мазкур эълони чопшуда дар шумораи гузашта беэътибор дониста шавад.

E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Имруз", от 24 сентября 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu