Имрӯз
Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон!
Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ
№ 1- 2 //
31 январи соли 2023
//
email: gazeta-imruz@mail.ru //
www.tojinfo.ru //
Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. // Тел: 2-61-62 //
Паёми табрикии раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин бахшида ба Иди Сада
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки Истиқлолияти давлатӣ, хосса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст,
ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Зеро ин ҷашн ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик маросими Садаро ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандо-
ни пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо Наврӯзу Меҳргон мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли Шумо ҳозирини азиз ва мардуми меҳнаткаши шаҳри Исфараро самимонаву сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: - «Ҷашни Сада рамзи гармиву нур ва ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз мебошад». Мащз дар ин радиф маросиму ойинҳои ҷашни Сада аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд. Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан меафканданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд.
Боздид аз бозори марказӣ Ҷиҳати шиносоӣ бо ҳолати санитарии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо фурӯши маводи хӯрока машғуланд, сифати маҳсулоти гӯштиву ширӣ, маводи қаннодӣ, сабзавоту меваҷот, ҳамчунин сатҳи нарху навои маводи ғизоӣ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз Бозори марказии шаҳри Исфара боздид ба амал овард. Раиси шаҳрро дар бозор сардори шубаи 1-уми Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Набиҷон Исозода, прокурори шаҳр Фатҳуддин Зуҳурзода, масъулини дахлдори соҳаи беҳдошту санитарӣ, нозироти андоз, шуъбаи корҳои дохилӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи бойторӣ, масъулини шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ, ободонӣ ва савдо ҳамроҳӣ доштанд. Баҳоваддин Баҳодурзода сароғоз бо нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили нону орд, равған, биринҷ, гўшт, меваҷот ва дигар маводи ниёзи аввалия шиносоӣ пайдо намуд. Раиси шаҳр ба масъулини соҳаи савдо супориш дод, ки ҳамарӯза доир ба танзиму нигоҳдории нарх дар бозорҳои шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида, бо ташкили намоиш
- фурўши маҳсулоти ғизоии ниёзи аввал ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат намоянд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар бозорҳои шаҳри Исфара бо мақсади дастгирии деҳқонон ва истеҳсолкунандагони маводи хӯрока ба онҳо ҷойҳои қулайи савдо пешниҳод карда шавад. Дар ҷараёни боздид шаҳрдор инчунин ба роҳбарияти бозори марказӣ бобати риояи бечунучарои қоидаҳои бехатарӣ баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, фароҳамсохти шароитҳои созгор ба фурӯшандагону харидорон, тибқи ҷавобгӯ ба талаботи муосир роҳандозӣ намудани фаъолияти бозор ва ободонии минбаъдаи он дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Дар баробари ин мутасаддиёни шуъбаи иқтисоду савдо ва сохторҳои назоратӣ дастур гирифтанд, ки фурӯшгоҳҳои бенизом ва бе иҷозат ташкилшударо барҳам дода, барои дар мавзеҳои савдои оммавӣ, бозорҳо ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум таъмин намудани ҳолати санитарӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид. Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад. Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволашон - «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад». Сиёсати созанда ва фарҳангии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор менамояд, ки барои дубора эҳё намудани суннатҳо ва расму оинҳои мардумӣ кӯшиш намояд, арзишҳои миллиамонро шиносад, ба таъриху фарҳанги кишва-
Истиқлолияти давлатӣ, хосса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки ба ҳайси идгоҳи асосӣ қарор дошт, намоиши олоти кории деҳқонӣ ва техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ороста гардид, ки ифодагари омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд. Маҳсули ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,
рамон ҳамеша арҷгузор бошад. Аз ин лиҳоз умедворам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳими он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Бо дарназардошти он, ки маросиму ҷашнҳои миллии мо аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд, мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯзиён мувофиқ гардонем. Наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем. Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад. Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам. Ҷашни Сада муборак, ҳамшаҳриёни азиз!
Таҷлил аз Иди Сада корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод. Ҷашни Сада аз ҷашнҳоест, ки аҷдодони мо бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва онро рӯзи расидан ба гармиву рӯзи нек меҳисобиданд. Туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷашну маъракаҳо ва оину русуме, ки солиён аз байн рафта буд, дубора эҳё гардид. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада амсоли ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҷлил карда мешавад. Ба ин маъно дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар таъкид сохтанд, ки «Миллати тоҷик, ки соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима аст, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат
кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Дар каломи табрикотии муовини раиси шахри Исфара Мухидинзода Мухаммад бо баробари таманниёти беҳтарин ба мавсими нави кор, зарурати эҳё, гиромидошт ва таҷлили ҷашни мубораки ниёгонамон - Сада тазаккур ёфтанд. Зикр шуд, ки Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда, бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд. Дар анҷом барномаи фарҳангии саршори шукрона ба фазои осудаву ором, тарғибгари сулҳу ваҳдат, дӯстдории Ватан ва табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
// 31 январи соли 2023
//
Нишасти матбуотӣ
Дар робита ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар давраи соли 2022-юм нишасти матбуотии раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҳузур доштанд. Нишастро муовини раиси шаҳр Суруриддин Зиёваддинзода ифтитоҳ намуд. Сипас, шаҳрдори Иcфара оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли сипаришудаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба таври мухтасар маълумот пеш овард. Зимнан шаҳрдори Исфара тавҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи иҷроиши нақшаи буҷет, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмону ободонӣ, маорифу тандурустӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмиру тармими роҳҳо ҷалб намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки новобаста аз ҳодисаҳои маълуми дар марз рухдода ва дигар мушкилоти ҷойдошта, дар натиҷаи истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда рушди иқтисодӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 42%, маҳсулоти кишоварзӣ 19,2%, маблағузорӣ ба сармояи асосӣ -1,8 маротиба, савдо 5,3 % ва хизматрасонии пулакӣ 5,1%, таъмин карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оиди вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар менамояд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Исфара ва «Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Ҳамватанони азиз! Дар мамлакати мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгӯӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад. Ҳамагон шоҳид будед, ки дар моҳи январи соли равон ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ якчанд мушкилиҳо пеш овард. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бо назардошти тадриҷан афзоиш ёфтани тала-
шаҳр оид ба омодагӣ ба ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон, азнавсозӣ, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани 571 адад иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 184 адад иншооти ба нақша гирифташудаи соли 2022, 147 адади он ба маблағи 76,2 млн. сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома дорад. Кишоварзони шаҳр ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидор ба 998,3 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 119,2 фоизи нинондиҳандаи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 718,7 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 279,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, сураъти афзоиш мутаносибан 126,5% ва 103,8% таъмин гардид. Барои ҳосили соли 2022 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масоҳати 5445 гектар, аҳолӣ 2366 гектар, дар маҷмӯъ дар масоҳати 7811 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 14927,7 тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 6379,5 тонна гандум, 28352,1 тонна картошка, 52629,1 тонна сабзавот, 1402,8 тонна пиёз, 27494,2 тонна мева, аз ҷумла 20 443 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли пешин мутаносибан 1237,6 тонна ғалладона, аз ҷумла 709 тонна гандум, 548,6 тонна картошка, 5292,2 тонна сабзавот, 1033,2 тонна пиёз, 13946,3 тонна мева зиёд мебошад.
email: gazeta-imruz@mail.ru Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 5608,6 тонна гӯшт, 31135,4 тонна шир, 8625 ҳазор дона тухм, 38,4 тонна пашм, 39,6 тонна пилла ва 107,2 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли пешин мутаносибан 217 тонна гӯшт, 733 тонна шир, 9,6 ҳазор донна тухм, 2,3 тонна пашм, 0,5 тонна пилла ва 200 кг асал зиёд аст. Саршумори моли калони шохдор 48091 сар ва гусфанду буз 48762 сарро ташкил намуд, ки дар қиёс ба соли пешин мутаносибан 61 сар ва 170 сар афзоиш ёфтааст. Соли гузашта дар майдони 992 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки дар қиёс ба соли пешин 32 гектар зиёд мебошад. Дар 88 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 45458 нафар хонандагон, аз он ҷумла 22557 духтарон таҳсил доранд. Ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот 83,5% духтарон 86,9 % ро ташкил медиҳанд. Шумораи умумии омўзгорон 2903 нафар мебошанд. Аз рўи маълумотнокӣ аз ин миқдор бо таҳсилоти олӣ (86%) 2493, бо таҳсилоти олии нопурра 139 нафар (5%) ва бо таҳсилоти миёнаи махсус 353 нафар (12%) ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар давоми соли ҷорӣ 52 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхат ба кор ҷалб карда шуданд. Айни ҳол 416 нафар омўзгорон дар донишгоҳҳои омўзгорӣ барои маълумоти худро олӣ намудан таҳсилро идома дода истодаанд. Боиси қайд аст, ки хонандагони муассисаҳои маорифи шаҳр дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо иштирок намуда, ба гирифтани 104 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Минбаъд намояндагони расонҳои хабарӣ ба раиси шаҳр оид ба вазъи корхонаҳои истеҳсолӣ, таъминоти аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва оби ошомиданӣ, бунёду нигаҳдории муассисаҳои томактабӣ, тадбирҳо ҷиҳати рафъи норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ, раванди таъмиру азнавсозии хонаҳои истиқоматии сокинон ва иншоотҳои инфрасохтории деҳоти наздисарҳадӣ, ки дар раванди муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзии 16-18 сентябри соли 2022 хароб шудаанд, кумакҳои моддиву маънавӣ ба сокинони дар раванди муноқишаи мазкур зарардида, таъмиру таҷдиди роҳҳои манотиқи наздисарҳадӣ, ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба муайян намудан ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон саволҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
//
САҲ. 2
Мулоқоти муовини раиси шаҳр бо донишҷӯён
Муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода бо донишҷӯёни зодаи Исфара, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил доранд, вохӯриву мулоқоти рӯбарӯ ва озоду дӯстона орост. Ҳадаф аз баргузорсозии ин тадбир омӯзиши афкор, шиносоӣ бо раванди таҳсил ва зиндагии табибони оянда ва ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, таъмин бо ҷойи кор дар зодгоҳ маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси шаҳр Бобоиён Мадина Абдуяқинзода аз таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳри Исфара, хосса раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ба фаъолият ва донишандӯзии донишҷӯёни зодаи Исфара ёдовар гардида, зикр намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишазхудкунӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохили мамлакатамон ҳамаи шароитҳо муҳайёст. Илова бар ин дар шаҳри Исфара, ки яке аз минтақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи кишоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 55 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 88 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасониву савдо аст, чиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин
Муроҷиатномаи ШСК "Барқи тоҷик" ба мардуми Тоҷикистон бот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт* соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад. Раванди мазкур, яъне афзоиши талабот ба неруи барқ боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфӣ расонид. Қобили зикр аст, ки маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миё-
на аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония ва дар зимистон ба 150-200 метри мукааб дар ҳар сония баробар шуда, барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори неругоҳи «Норак» истифода мешавад. Дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба неруи барқ дар моҳи январ ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори неругоҳи «Норак» низ афзоиш ёфт, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад.
ни Ширкати “Барқи Тоҷик” мавриди таҳлил қарор дода, ташвишовар арзёбӣ мекунанд. Аз рӯйи хулосаи мутахассисон дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва Муштариёни муҳтарам! пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, аз 1 Вазъи пешомадаро мутахассисо- феврали соли 2023 сар карда, маҳдуд-
намудани ҷавонони Исфарамарз, ки айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе, ба хусус дар самти тиб таҳсил доранд, мушкилоте нахоҳад буд. Ҳамзамон дар рафти сӯҳбат зикр гашт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо дастгириҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳмгузории соҳибкорони саховатпеша ҷиҳати пайваста мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр чораҳои амалӣ меандешад. Мулоқот озоду самимона сурат гирифта, зимнан мавзӯю масъалаҳои марбут ба таҳсилу донишандӯзӣ ва шароити зисти донишҷӯён, дастгирии моддию маънавии онҳо ва дигар масоили дахлдори донишҷӯйӣ мавриди гуфтугузор қарор ёфтанд. Дар фарҷом муовини раиси шаҳр Бобоиён Мадина Абдуяқинзода изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони баору номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд ва дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азиз, ба хусус рушди соҳаи тиб дар Исфара саҳми арзанда хоҳанд гузошт. кунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад. Муштариёни муҳтарам! Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба иттилои шумо мерасонанд, ки чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд. Аз муштариёни муҳтарам ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки бо амалҳои сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар ҷойи кор ва манзилҳои истиқоматиашон барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ аз байн бурдани маҳдудият саҳм гузоранд. Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»
//
31 январи соли 2023
//
email: gazeta-imruz@mail.ru
//
САҲ. 3
Ба оилаҳои осебдидаи марзӣ кумакҳо расонида шудааст
Дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки санаи 31 январ бо ширкати рӯзноманигорон баргузор гардид, масъалаи низоъҳои марзӣ ва Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст. Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан
оқибатҳои барқароркунии хонаҳои вайрону валангоргардида, кумакҳои расондашуда ба оилаҳои шаҳидгашта яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд.
Зимни посух ба суоли журналистон шаҳрдор зикр намуд, ки дар ҷараёни муноқишаҳо ҳудуди 90 хонаҳо қисман ва ё пурра нобуд карда шуда, онҳо бо дастуру дастгириҳои бевоси-
таи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кумакҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону мардуми баору номус ва меҳанпарасти Исфара ва умуман иттиҳоду ҳамбастагии ҳамаи сокинони кишвар аз нав барқарор ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар идома ба баъзе нуктаҳои маводи Фарзон Муҳаммадӣ “Худамон сохтаем”, ки дар Радиои Озодӣ нашр гаштааст, ибрози назар сурат гирифт. Қайд шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мудом барои ҳамкорӣ ва додани иттилоот омода ҳаст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе журналистон хилофи талаботҳои касбии худ рафтор намуда, масъаларо якҷониба интишор мекунанд, ки дар натиҷа мавод маводи носаҳеҳ мешавад ва хонандаро ба гумроҳӣ мебарад. Дар ин мавод инчунин оид ба Абдулатиф Шарипов – ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ, ки дар муноқишаҳои моҳи январ ба ҳалокат расидааст, сухан меравад. Бояд гуфт, ки КУМАКҲО ба оилаи Абдулатиф Шарипов қис-
Аз таърихи Иди Сада ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд. Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) тавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъст», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омадааст, ки сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯйи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд». Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он
санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст[1]”. Ҳамин хусусиятро инсонҳои за-
ман не, балки ПУРРА ПАРДОХТ КАРДА ШУДААСТ. Илова бар ин ба ду нафар шаҳиди дигар, ки дар моҳи сентябр зимни адои хизмат ҳамчун корманди тиб ба ҳалокат расидаанд, кумакҳои калонҳаҷми пулӣ дода шудааст. Инчунин дар назар аст, ки дар сурати гузаштани ҳамаи расмиёт ва гирифтани розигии мақомотҳои дахлдори болоӣ дар Исфара 13 муассисаҳои таълимӣ ба номи шаҳидони низоъҳои марзӣ гузошта мешавад. Дар ҳар иду айём ва санаҳои таърихӣ бошад, хабаргирӣ ва расонидани кумакҳо ба оилаҳои дар натиҷаҳои муноқишаҳои марзӣ аъзои оилаашонро аз дастдода ва бесаробонмонда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бори дигар аз журналистон даъват ба амал овард, ки ҳангоми таҳияи маводҳо вобаста ба сарҳад ва низоъҳои марзӣ ба сарчашмаҳои муътамад такя кунанд, ба масъала аз ҳама самт назар андозанд, нигоҳи мақоми расмиро дар симои масъулини ҷамоатҳои деҳоту роҳбарияти шаҳр ва сохторҳои дахлд
оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”.
мони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтагардидааст. Дар фарҳанги суннатии ни оташ ва паридан аз болои он ривоҷ ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва доштааст. Ин расм дар миёни насроторикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақ- ниҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни ши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр Сада низ алоқаманд мебошад. Дар чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳудоираи ташаккули ҳамин унсурҳои ми баҳман (30-юми январ) чун Сада ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, яъне 21-уми март замони ба балоғат ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову расидани онро ба таври густурда ҷашн Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо то- мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. рикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз январ) баргузор мекарданд, ки аз зиоғози Фарвардин (баробари 21-ум ва мистон сад рӯз (обон, озар, дай ва гоҳе 22-юми марти тақвими мелодӣ) даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақишурӯъ шуда, то охири моҳи Меҳр (ба- даи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи робари 22-октябри тақвими мелодӣ) баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво идома меёфт. Дуюмиро зимистони тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки аз аввали моҳи Обон (баробари 23-ок- ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва тябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ то поёни моҳи Исфандро (баробари гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳур20-марти тақвими мелодӣ) дар бар ги- музд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои рифта, 150 рӯз идома меёфт. бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти Сада дар забони авастоӣ ба маъ- бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зинои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро мистони бузург сад рӯз мегузашт, мардоро будааст. Дар забонҳои эронии дум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо бостон ба гунаи «sadok» ва дар фор- менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки сии миёна ба гунаи «sadag» будааст. лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ каронро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар да, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ҷамъ оварда, хирмани бузург месохойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист танд. Баробари расидани торикӣ он (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарза- хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ минҳои эронӣ дониста мешавад). мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯОид ба истилоҳи «Сада» низ фи- зон мегашт ва дар гирди он рақсу бокрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, зию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзонҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қа- горони қадим ниёгони ориёиҳо бар он димияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неМасалан, донишманди маъруфи эронӣ руи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада марбути Аҳриман аст, нобуд месозад. менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаробайни мардуми форсизабон ба тар- фати Истиқлолияти бадастомада иди зи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз Сада аз нав эҳё гардид ва ҳамасола усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар таҷлил мекунанд. даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн
//
31 январи соли 2023 //
email: gazeta-imruz@mail.ru
// САҲ. 4
Аз фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд давоми соли 2022 бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мӯҳтарам Қурбониён Б.Б., ДИ КМ ҶҲАТ ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”, Оиннома, Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶҲАТ ба роҳ монд. Дар давоми соли 2022 аз ҷониби Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд чорабиниҳои мухталифи иҷтимоию хайриявӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Филиал дар ин сол барои баргузории чорабиниҳо дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Идҳои саиди Рамазон ва Қурбон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии таъсисёбии ҶҲАТ дар якҷоягӣ бо масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон корхонаву муассисаҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешид. Чунончӣ, якҷоя бо 18 котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолияти оинномавии худро ба роҳ монда, дар ин давра байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамагӣ 117 вохӯрӣ, 611 чорабинии гуногуни
иҷтимоию хайриявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар корхонаву муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки нисбат ба соли 2021ум 14 % зиёд мебошад. Дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати 1-уми январи соли 2023-юм 393 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 7231 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд, фаъолият бурда истодаанд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба соли 2021 - 22 адад афзоиш ёфтааст. Яъне, шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 7231 нафар расид, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 ба 6834 нафар баробар буд ва афзоиш 12%ро нишон дод. Шумораи волонтёрони ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 3156 нафар расонида шуд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 2903 нафарро ташкил мекард ва афзоиш 11 %-ро нишон медиҳад. Дар умум дар миқёси вилоят дар соли 2022 шумораи аъзоён 12%, волонтёрон 11% ва ташкилотҳои ибтидоӣ 8% афзуданд. Дар давоми соли 2022 ба филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 2471 аризаи шаҳрвандон, бахусус 547 ариза ба унвони Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ворид шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2021ум 15% зиёд мебошад. Аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон бо маводҳои хӯрока ва гигиенӣ, бархе аз онҳо бо маблағ таъмин карда шуданд. Аризаҳо асосан аз ҷониби шаҳрвандони ниёзманд, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, пиронсолон ва модарони яккаву танҳо, шахсони бепарастор ва ятимони кулл ворид гардидаанд, ки мазмуни аксарияти онҳо ин расонидани кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ мебошад. Барои қонеъ намудани аризаи муроҷиаткунанда-
гон дар соли 2022 зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ маблағҳои пулӣ ва зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маблағ барои харидории маводҳои хӯрока ҷудо карда шуд, ки ба муроҷиаткунандагон баҳри расонидани кӯмакҳои яквақта дар намуди маводи хӯрока сарф гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон тавассути сандуқчаҳои хайриявӣ, маблағҷамъкунии анъанавии фандрайзинг ва ҳаққи аъзогӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Ҳамкории Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раёсатҳои тандурустӣ, маориф, ҷавонон ва варзиш ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси созишномаҳои қаблан баимзорасида дуруст ба роҳ монда шуд, ки дар рафти гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалб намудани аъзоён дастгирӣ ёфта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҷамъият барои тайёр намудани ҳисоботҳои омории ҶҲАТ ягон танқисӣ намекашад. Натиҷаҳои баргузории чорабиниҳо нишон доданд, ки таваҷҷӯҳ ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби мардум рӯз то рӯз афзуда истодааст. Доир ба паҳнкунии иттилоот дар шаҳру навоҳии мақсаднок ҳамагӣ 28 839 нафар шаҳрвандон фаро гирифта шуданд. Дар назди Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд якчанд лоиҳа ё худ барномаҳо, ба монанди “Қонун, арзишҳои башарӣ ва иттилоот”, “Огоҳонидани аҳолӣ аз хатари минаҳо”, “Хадамоти ҷустуҷӯ ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ (БРО)”, “Эътино ба ҳолатҳои фавқулода”, “Мусоидат ба Ҳилолҳои Аҳмар дар тадбиқи дарозмуддати ва-
колати иҷтимоиашон ҳамчун ҷамъи- ба таърихи пайдоиши Ҳаракати байятҳои миллии ёрирасон баҳри мар- налмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли думи осебпазир дар Осиёи Марказц” Аҳмар, фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли (лоиҳаи наздисарҳадӣ), “ЮСАИД Аҳмари Тоҷикистон, барномаҳои он оид ба барҳам додани бемории сил ба иштирокдорон маълумот пешдар Осиёи Марказӣ”, “Сафарбар- ниҳод намуда, маводи иттилоотӣ кунии ҷомеа оид ба эмгузаронии тақсим карда шуданд. COVID-19”, “Суръат бахшидани Бо мақсади паҳн намудани итфаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити тилоот тавассути Телевизион ва буҳронҳои гуманитарӣ ва тандуру- радиои вилояти Суғд, радиоҳои стӣ” (ECHO PPP), “Бунёди вижаи “Шаҳри ман”, “Тироз” ва “Замон”, вокуниш ба ҲФ (DREF MDRTJ032)” ширкатҳои телевизионии “АЗИЯ”, дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда ва “СМ-1” ва рӯзномаву маҷаллаҳо, баЛоиҳаи хурду кӯтоҳмуддати “Арзё- хусус рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати бии амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Суғд” – нашрияи Мақомоти иҷроияи Тоҷикистон дар соли 2022” (ЮНИ- ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, СЕФ) дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ви- рӯзномаи “Минбари халқ” – нашрилоят дар амал тадбиқ карда шуданд. яи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Дар давоми соли 2022 тибқи ҳисо- Демократии Тоҷикистон дар вилояти бот ва маълумотномаи пешниҳодшу- Суғд ва рӯзномаҳои шаҳриву ноҳида аз рӯи ҳамаи лоиҳа ва барномаҳое, явӣ дар давоми соли 2022-юм ҳамагӣ ки аз тарафи ФБҶСС ва ҲА, КБСС, 213 баромад, аз ҷумла тавассути раСС Олмон, ЮСАИД дастгирӣ ёфта диоҳо 63 баромад, тавассути телевиистодаанд, мувофиқи нақшаи чо- зионҳо 78 баромад ва дар нашрияҳо рабиниҳо семинар-машваратҳо ва чопи 72 мавод ташкил карда шуда, ба мизҳои мудаввар ташкил ва доир аҳолӣ оид ба мақсаду мароми ҶҲАТ, карда шуданд. фаъолияти асосии он, баргузории Тибқи иҷрои барномаҳои зикршу- чорабиниҳои мухталифи иҷтимоию да ва бо мақсади паҳн намудани ғо- хайриявӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва яҳои башарӣ, ҷалби аъзо ва волонтё- варзишӣ маълумоти васеъ пешниҳод рон, пешниҳоди маълумот доир ба карда шуданд. Ҳамзамон, ҳар як чотаърихи пайдоиши Ҳаракат, дар рабиниву иқдомҳои амалишуда бо бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷики- аксҳо сари вақт дар шабакаҳои инстон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли тернетӣ ҷой дода шуданд. Аҳмари Тоҷикистон”, “Дар бораи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд истифодабарӣ ва ҳимояи аломатҳои дар якҷоягӣ бо филиалҳои шаҳриву Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар”, ноҳиявӣ минбаъд низ баҳри иҷрофаъолияти барномаҳои ҶҲАТ дар иши саривақтӣ ва босифати дастушаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибо- ру супоришҳои Котиби генералии дом, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ТоҷикиҶаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, стон, ДИ КМ ҶҲАТ кӯшиш ба харҷ Деваштич, Мастчоҳ, Ашт, Кӯҳисто- медиҳад ва фаъолияти худро дар ин ни Мастчоҳ дар корхонаву идораҳо, самт боз ҳам ҷоннок менамояд. муассисаву ташкилот, мактабҳои Парвиз ҶАББОРЗОДА, миёнаву олӣ 117 вохӯрӣ баргузор Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ гардиданд. дар вилояти Суғд Дар оғози ҳамаи вохӯриҳо доир
Тренинг дар Исфара Дар шаҳри Исфара тренинги серӯзаи омӯзишӣ барои кормандон ва волонтёрони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки дар вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият намуда истодаанд, дар доираи “Бунёди вижаи вокуниш ба ҲФ баргузор шуд. Тренинги мазкур бо мақсади бори дигар омӯзонидани волонтёрони ҶҲАТ бо дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гузаронида шуд. Тренингро котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Исфара Алиматова М. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Дар идома бошад котиби иҷроияи Филилаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода суханронӣ намуда, вобаста ба мақсаду мароми ин омӯзиш ҳарф зад. Гуфта шуд, ки чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Мустафо Эгамов.
давоми соли 2022 чанд маротиба дар минтақаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нооромиҳо ба вуқуъ пайваст. Бо ба амал омадани нооромиҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ кормандону волонтёрони ҶҲАТ аз ҷумла дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо сохтору идораҳои дахлдор ба роҳ монда ҷиҳати расонидани кӯмак ба сокинон, кӯчонидани онҳо ба ҷойҳои бехавф, дастгирии сокинон ва дигар самтҳои муҳими фаъолият ба таври шабонарӯзӣ корбарӣ намуданд. Дар асоси дархости мақомотҳои маҳаллӣ ҷиҳати расонидани кӯмакҳои амалӣ ба сокинони зарардида ҶҲАТ корбарӣ намуда то кунун чандин маротиба дар намуди маводи хӯрока, маводи ошхона, кӯмаки пулӣ ва дигар намуди кӯмакҳо ба аҳолии зарардида расонида шуд. Барои расонидани кӯмакҳои саривақтӣ дар якҷоягӣ бо як қатор шарикони рушд низ корбарӣ карда шуда дар натиҷа ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод.
ба аҳолии зарардида дасти ёрӣ дароз карда шуд. Дар ин давраи ҳассос аз нахустин лаҳзаҳо то кунун фаъолияти кормандону волонтёрони ҶҲАТ хело назаррас аст. Баъди ба амал омадани задухӯрдҳо дар ҷойҳои хавфнок новобаста аз вазъият кормандону волонтёрон кӯшиш ба харҷ доданд то дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ба аҳолӣ кӯмак расонанд. Парвиз Ҷабборзода зимни су-
{АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-98-104-43-59
ханронии хеш барои фаъолияти самаранок ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, расонидани кӯмаки психологӣ, огоҳонии аҳолӣ аз хатари мина ва дигар лавозимотҳои нотаркидаи ҷангӣ, расонидани кӯмаки аввалин инчунин фаъолияти самаранок дар тақсимоти кӯмкҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида ба ҳамаи кормандону волонтёрон аз номи роҳбарияти ҶҲАТ изҳори сипос намуда баён дошт, ки хизматҳои шоёни кормандону волонтёрон ба E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад.
назар гирифта шуда аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъият қадршиносӣ карда мешавад. Мақсад аз омӯзиши имрӯза бори дигар баррасӣ намудани мавзӯҳое ба ҳисоб меравад, ки барои ҳар як волонтёр донистани он зарур мебошад. Бо ин васила бори дигар донишу малакаи ҳар кадоми волонтёрон такмил дода мешавад. Дар омӯзиш барои баррасӣ як қатор мавзӯҳо гузошта шудааст, ки тибқи барнома давоми рӯз аз ҷониби мутахассисони варзидаву бо таҷриба вобаста ба онҳо маърӯза карда шуд. Тибқи барнома вобаста ба мавзӯҳои мухталиф аз қабили “Маълумоти умумӣ оиди Ҷунбиши Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар”, “Риояи принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳо”, “Нақши ҶҲАТ дар системаи омодагӣ ва вокуниш ба ҲФ дар ҶТ”, “Системаи идоракуни ҳангоми ҲФ”, “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ҳангоми ҲФ” аз ҷониби кормандони масъул аз Дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва кормандони Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд маъруза карда шуд.
{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Наби Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.