Рӯзи Модар муборак, ҳамдиёрон! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №9 (9424) *** Чоршанбе, 2. 03. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Оғози бунёди боғи сиёҳолу Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо пирони кор ва масъулини бахши кишоварзӣ дар Кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи сиёҳолу иштирок намуд.
намуди зардолу парвариш карда мешавад. Чун хоҷагии мазкур фаъолияташро дар самти сабзавоткорӣ низ ба роҳ гузоштааст, дар замини байни қаторҳо сабзавот кишту парвариш карда хоҳад шуд, ки дар оянда ҷиҳати таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ҳам барои ғанигардонии бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони боғот авре ба раиси шаҳр иттилоъ зиёда аз 13 ҳазору 300 гектарро доданд, масоҳати боғи мазкур ташкил медиҳад, ки аз ин 11 ҳазор наздик ба ду гектар буда, дар гектараш ба боғоти зардолу рост он олуи сиёҳи навъи "Венгерка" меояд. парвариш карда мешавад. Дар Раиси шаҳр иқдоми хоҷагидоронро умум дар ин қитъаи замин беш аз ҷиҳати бунёди боғҳои нав, аз 400 бех ниҳоли олу парвариш карда ҷумла боғи сиёҳолу шоистаи хоҳад шуд. дастгирӣ ва мувофиқи матлаб Бино бар иттилои муовини раиси ҳисобида, зимнан дастур дод, ки хоҷагӣ Абдумухтор Ахмедов айни бо истифода аз усулҳои муосир замон дар ҳудуди майдони боғоти ва таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ Кооперативи тиҷоратию истеҳсолии барои бунёди боғҳои интенсивӣ «Кишоварзони Навгилем» ба ғайр ва суперинтенсивӣ низ амалан аз олуи сиёҳ, инчунин зиёда аз 40 ташаббус зоҳир намоянд.
Т
Мулоқот бо Терҳи Ҳакала Раиси шаҳри Исфара ва муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала ва ҷонишини сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, мудири шуъба оид ба масоили сиёсӣ, матбуот ва иттилоот Пэтра Гашпарова мулоқот анҷом доданд.
М
еҳмон Терҳи Ҳакала аз гузаргоҳи “Гулистон” вориди Тоҷикистон гардида, сипас дар маҷмааи “Ориён” бо роҳбарияти шаҳр дар ҳузури муовини раиси вилоят мулоқот намуд. Ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи амалишудаистода дар ҳудуди Исфара бо маблағгузории ин созмон, нақши созмони Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масоили иҷтимоӣ аз масъалаҳои меҳварии мулоқот буданд. Баъдан Терҳи Ҳакала, Пэтра Гашпарова ва ҳамроҳонаш аз
филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва рафти амалигашти лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта”, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ шуда истодааст, шинос шуданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз соли 2020 оғоз гардида, давомнокиаш то моҳи августи соли ҷорист ва деҳаҳои Лаккон ва Хоҷаи Аълову Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро дар бар мегирад.
Р
аиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода охири ҳафтаи сипаришуда аз рафти корҳо дар гармхонаи сокини Ҷамоати деҳоти Навгилем, соҳибкор Сулаймонхон Султонов дидан намуда, ба шинонидани беш аз 4 ҳазор бех кӯчати помидору бодиринг ҳусни оғоз бахшид. Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз иқдоми неки соҳибкор, барои корбаст аз таҷрибаҳои пешқадами гармхонадорӣ тавсияҳои судманд дод. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта раиси шаҳр зимни боздид аз ин гармхона вобаста ба васеъ намудани майдони он маслиҳат дода буд. Соҳибкор дар асоси ин маслиҳат то имрӯз гармхонаи худро васеъ намудаву дар он кишту парвариши чанд намуд зироатҳоро ба роҳ мондааст. -Нияти мо, - мегӯяд соҳибкор Сулаймонхон Султонов - дар тамоми фасли сол таъмини бозорҳои Исфара бо маҳсулоти полезии хушсифат, арзон, дастрас ва аз витаминҳо бой мебошад. Модари меҳрубон! Ҳар вақт дафтари умри худро бо ангуштҳои хотирот варақ мезанам ва дуртар меравам, исми туро бештар мебинам ва ҳатто ҷое мерасам, ки ғайр аз номи ту калимаи муқаддастар вуҷуд надорад. Виктор Ҳюго. *** Ёд овар аз он дасте, ки дар шабҳои кӯдакӣ бо навозишҳояш дардҳои туро таскин дод. Ёд овар аз он диле, ки ба хотири ту захмҳо хӯрд ва боз вафодору вафокор монд. Зонуи худро ба замин гузор ва барои модарат дуо кун. Шиллер. *** Дар зиндагӣ ду бор зону задам, як бор барои офаридгорам ва бори дигар барои модарам. Шеллӣ. ***
Баҳри фаровонии бозор Гармхонаҳо дар шароити имрӯза барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ғайримавсимӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дошта, аз нигоҳи иқтисодӣ воситаи хуби даромад ҳам мебошанд. Ин аст, ки дар шаҳру деҳоти Исфара сол то сол раванди бунёди гармхонаҳо бо намуд ва усулҳои нав вусъат меёбад.
Гуфторҳо дар бораи Модар меҳрубонӣ бофтаанд. Ролф Эмерсон. *** Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст. Андре Гретри. *** Қалби модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он пайдо кунед. *** Ҳеҷ атргуле ранг ва бӯйи Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро хубтар ва воқеитар модарро надорад. Эрнест Ҳаменгуэй. аз муҳаббати модари худ ёбед. Ҳоноре де Балзак. *** Барои модар вожае зеботар аз Таҳияи “фидокор” наметавон ёфт. М. ҚОДИРОВА, Уруди Бузург. омӯзгори МТМУ № 12. *** Тору пуди модарро аз Ширинтарин аз бӯсаҳо бӯсаи модар аст. Дикуинс. *** Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ, чашмаи бахшиш аст. Иқболи Лоҳурӣ.
Дуои модар Зи боду тундару тӯфон натарсам, Зи теғи санги кӯҳсорон натарсам. Зи селу жолаю борон натарсам. Чаро ки дилпурии ман падарҷон, Дуои сабзи модар қуввати ҷон. Ба ҳар ҷо меравам, роҳам кушода, Ба сахтиву ба сардӣ тан надода. Камие дорам ар, гардад зиёда, Чаро ки дилпурии ман падарҷон, Дуои сабзи модар қуввати ҷон.
Уқобам, дар само парвоз дорам, Баландтар аз фалак овоз дорам. Зи рӯи маҳ бибӯсам, ноз дорам. Чаро ки дилпурии ман падарҷон, Дуои сабзи модар қуввати ҷон. Ҳаросам нест аз шерону гургон, Наметарсам зи номардии мардон, Намеафтам ба пои душмани ҷон. Чаро ки дилпурии ман падарҷон, Дуои сабзи модар қуввати ҷон. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.