Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 9 (9192) *** Чоршанбе, 1. 03. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Мулоқот
РАИСИ ШАҲР: ниёз ба мутахассисон дорем
Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо донишҷӯёни исфарагии макотиби олӣ ва миёнаи касбиву техникӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуд.
М
улоқоти мазкур дар асоси нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр дар маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гашт. Дар ҷараёни он шаҳрдори Исфара аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, фароҳамории шароитҳо ҷиҳати такомули шахсият ва баландбардории сатҳи маърифату ҷаҳонбинии Н/И
онҳо ёдовар шуда, Соли ҷавонон эълон шудани соли равонро нишони бовариву эътимод ва умедвориҳои Сарвари давлат аз ҷавонон арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳоло дар ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ва дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мувофиқан 410 ва 34 нафар ҷавонони исфарагӣ таҳсил мекунанд ва алҳол дар 85 муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара норасоии муаллимони фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, омодагии ҳарбиву тарбияи ҷисмонӣ эҳсос карда мешавад. Дар ин радиф раиси шаҳр аз
Соли 2017- Соли ҷавонон
Ҷавонон пайрави Пешвои миллат
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони “Ин Ватанро модарам бар ман амонат додааст” чорабинии хотирмоне ороста шуд, ки дар раванди он беш аз 400 нафар ҷавонони фаъоли шаҳру деҳоти Исфара ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” ширкат доштанд. Дар ҷараёни ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори бошарафи ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. ***
имтиёзҳои барои омӯзгорони ҷавон муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶТ, ба мисли дар навбати аввал ҷудо карда шудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва қарзҳои сабуки бонкӣ ёдовар гардид. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ инчунин гуфт, ки дар 50 корхонаҳои фаъоли шаҳри Исфара талабот ба кадрҳои баландихтисос мавҷуд буда, ба 62 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургӣ фароҳам овардани ҷойҳои корӣ имконият дорад. Минбаъд донишҷӯён доир ба масъалаҳои барояшон ҳалталаб бо раиси шаҳр суолу ҷавоб карданд. Дар рафти мулоқот ба 30 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон ба миқдори 100 сомонигӣ мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд. Инчунин қайд гардид, ки 10 стипендияи раиси шаҳр барои донишҷӯёни беҳтарин бахшида ба Соли ҷавонон таъсис дода мешавад. Бояд гуфт, ки пеш аз мулоқоти раиси шаҳр бо донишҷӯён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 150 нафар донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд зиндагū мекунанд, маводи ғизоӣ тақдим шуд. *** Интизор меравад, ки имрӯз ин гуна мулоқоти раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни ҳамшаҳриамон баргузор мегардад.
Дар деҳаи Чоркӯҳ бошад, бо ташаббуси маркази ҷавонони деҳа ва ташкилоти ҷамъиятии «Шото», бо дастгирии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва дар ҳамдастӣ бо раёсати маориф, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва шуъбаи 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба ифтихори Соли ҷавонон роҳпаймоии ҷавонон ва конфронси илмӣ - адабӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Сароғоз беш аз 1000 нафар ҷавонони фаъол бо нишони садоқат ба Ватан, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлативу шиору навиштаҷоти ифодагари ҳамраъйӣ бо Пешвои миллат ва нақшаву ниятҳои созанда дар кӯчаи марказии деҳа роҳпаймоӣ намуданд. Минбаъд дар маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» конфронси илмиву адабӣ доир гардид, ки дар он дар қатори маърӯзачиёни асосӣ ҷавонон низ бо мавзӯъҳои омода кардаашон баромад карданд. *** Инчунин дар Чоркӯҳ мусобиқаи футбол дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷагноварони Афғонистон доир гашт. Дар натиҷа дастаи футболбозони «Навгилем» мақоми аввалу дастаи деҳаи «Чоркӯҳ» зинаи дуюмро ишғол намуда, соҳиби туҳфаву мукофотҳои маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ гардиданд.
Н/И
Имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд то дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Федератсияи Россия ташриф оваранд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ: - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии
сулҳҷӯёна; - Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; - Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид. Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки ба даст омадани тавофуқоти зиёд ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок минбаъд мусоидати фаъол менамоянд. www.president.tj
Маърифати ҳуқуқӣ
Акнун кӣ андоз месупорад?
Барои соҳибкорони инфиродӣ ва субъектҳои хоҷагидори шаҳру деҳоти Исфара семинар – машварат доир гардид. Дар ҷараёни он сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони раёсати андози вилоят Ҳусейнов ва сардори нозироти андози шаҳри Исфара Д. Азизов баромад намуда, вобаста ба татбиқ ва тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати ҶТ аз 31-уми августи соли 2012 таҳти рақами 451 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият мебаранд» ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ аз 25-уми январи соли равон маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки мувофиқ ба тағйироту иловаҳои ба Кодекси андоз ворид
карда шуда минбаъд агар соҳибкорони инфиродӣ маблағи андозашонро барои 3 моҳ пешпардохт намоянд ҷиҳати ҳавасманд гардонидани онҳо ҳаҷми андози ҳаминдавраашон 10 фоиз кам карда мешавад. Бо мақсади дастгирии соҳибкорони инфиродӣ Ҳукумати ҶТ қарор кардааст, ки индексатсияи ҳаҷми маблағи патенти онҳо, ки қонун муқаррар намудааст, то соли 2019 боз дошта шуда, татбиқи пардохти 10 каратаи андози моҳонаи патент дар ҳолати риоя нашудани тартиби андозсупорӣ дар қонунгузоии ҶТ бекор гардидааст. Соҳибкорони инфиродии дар хизмати ҳарбӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё худ дар маконҳои маҳрумият аз озодӣ қарор дошта аз пардохти андоз барои ҳамон давра озод карда шудаанд.
Ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаклҳои фаъолияти соҳибкорие, ки ба намуди камдаромади фаъолият мансубанд, аз қабили фурӯши гиёҳҳои худрӯйи шифобахш, дӯғоб, чой ва донаи офтобпараст (дар кӯча), фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо, тақвиму китобҳо ва молҳои қаблан дар истеъмол буда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубини беморон, пиронсолон ва кӯдакон, кашонидани бор ба воситаи ароба, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча, қабрканӣ, фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ ва маҳсулоти бофташуда дар деҳот, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ аз феҳрасти номгӯйи фаъолияти андозбандишаванда берун карда шудаанд.