Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
www.nasimisfara.com
Оғози нашр 24/04/1932 ***
№ 9 (9144) ***
Панҷшанбе,
10 марти соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Ҷашнвора
Таҷлили Рӯзи Модар Дар Қасри фарҳанги «Кимиёгарон» ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо муборакбодии самимонаи хеш дар ҳузури наздик 450 нафар фаъолзанони шаҳр, дар такя ба гуфтори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза ташкил медиҳад. Инчунин зикр гардид, ки алҳол дар байни кадрҳои роҳбарикунанда 1 нафар муовинии раиси шахр, 5 нафар занон сарварии раёсату идораҳо, шӯъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатиро ба ӯҳда дошта, 1 нафар ба ҳайси раиси ҷамоат, 6 нафар ҳамчун муовинони раис ва 3 нафар ба сифати котиби ҷамоатҳо фаъолият мебаранд. Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 167 нафар хизматчиёни давлатӣ 60 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, 2 хазору 60 нафар занон дар соҳаи маориф, 2000 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 826 нафар дар соҳаи саноат, беш аз 7000 нафар дар соҳаи кишоварзӣ ва 2500 нафар бонувон дар соҳаи савдою хизматрасонӣ босамару пурмаҳсул меҳнат мекунанд. Дар раванди ҷамъомади тантанавӣ ба 21 нафар фаъолзанони шаҳр барои фаъолияти босамар, дастовардҳои шоёни меҳнатӣ, саҳми муассир дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд. *** Инчунин дар арафаи Рӯзи Модар Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҳолу аҳволи як зумра занони собиқадор хабар гирифт. Аёдат аз собиқадори соҳаи тиб Зинаида Дмитриевна Куликова оғоз шуд. Номбурда зиёда аз 50 сол дар ташхисгоҳи беморхонаи марказии шаҳр фаъолият намудааст. Ӯ аз ташрифу хабаргирии раиси шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯза ба давлату ҳукумат шукргузорӣ кард. Зимни сӯҳбат бо собиқадори меҳнат Куброхон Собитова таъкид гардид, ки фаъолияти чандинсолаи ин зани меҳнатқарину матинирода ва зиндадилу маҳфилоро барои насли ҷавон шоистаи ибрат аст. Пиразани 101 сола Ҳамроҳбибӣ Сангинова аснои аёдати Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дуои хайре кард.
Вақти он аст, эй қалам... Аҳли қалами "Насими Исфара"ба пешвози Рӯзи матбуоти тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ мулоқотҳо анҷом дода истодааст.
Дар доираи иҷрои тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ҷашнгирии Рӯзи матбуоти тоҷик гурӯҳи қаламкашон дар ҳайати котиби масъули рӯзномаи “Насими Исфара” Субҳиддин Сайфиддинов ва мухбирони ҷамъиятии нашрия, нависанда Субҳон Ёдгорӣ ва драматург Қудратулло Эшонов ба меҳмонии толибил-
мони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №57 омаданд. Дар ин ҷо бо ташаббуси роҳбарияти муассиса дидорбинии писарону духтарони синфҳои болоӣ бо аҳли сухан дар мавзӯи “Вақти он аст, эй қалам...” баргузор гардид. Намояндагони рӯзномаи шаҳрӣ оид ба нақши журналистика дар ҳаёти рӯзмарраи мардум, таблиғи сиёсати давлату давлатдории миллӣ, хусусан ҳидояти ҷавонон ба олами эҷод ва эҷодкорӣ дар ҳузури омӯзгорону шогирдон суханронӣ карданд. Дар раванди вохӯрӣ, ки хеле шавқовар гузашт, қаламкашони навқадам чакидаҳои хомаи хешро қироат карда, маслиҳати
Мулоқотҳои раиси шаҳр самараҳои неки худро дода истодааст. Ин аст, ки то оғози ҷашни Наврӯз дар ҳудуди корхонаи коркарди чўбу тахта боз як сехи истеҳсоли нўшокиҳои ташнашикани «Афсар» ба фаъолият оғоз менамояд.
Самараи мулоқотҳо Оид ба раванди омодагии сехи мазкур раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳангоми мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои «Тамохуш» ва А.Шарифов шинос шуд. Зикр гардид, ки бо фаъолгардиии сехи тозабунёд дар марҳилаи аввал 20 нафар занону духтарони маҳалла бо кори доимӣ таъмин хоханд шуд.
"Баракат-Исфара" оинабандӣ мекунад
«Баракат – Исфара» бо назардошти ҳолати начандон хуби намои берунаи бинои бисёрошёнаи истиқоматии рақами 34-и маҳаллаи 10-ум, ки дар паси корхона қарор дорад, тасмим гирифтанд, ки ҳамаи тирезаҳои фарсудаву оинаҳояшон кайҳо рехтаи 6 даромадгоҳи ин биноро бо тирезаҳои нав иваз карда, -Агар ҳар соҳибкор, ё худ ҳамзамон оинабандии онҳоро низ таъмин ҷомеаи меҳнатӣ аққалан ханамоянд. робаҳои атрофи худро обод Муҳандис-сохтмончии корхонаи «Баракат — Исфара» Идрисхон Асламов мегӯяд, ки созад, шаҳри мо боз ҳам агар ҳар соҳибкор ва ё худ ҷомеаи меҳнатӣ дилработар мешавад, — меаққалан харобаҳои атрофи худро бартараф гӯяд Идрисхон Асламов. созад, шаҳри мо боз ҳам дилработар мешаТавре ки маълум аст, раиси шаҳр Дил- вад. Сокинони бинои бисёрошёнаи истиқомашод Расулзода чанде пеш зимни мулоқот тии рақами 34 ба ҷомеаи меҳнатии «Барабо соҳибкорони маҳаллӣ аз онҳо даъват ба кат-Исфара» изҳори миннатдорӣ намуда, амал оварда буд, ки дар таъмини пешрафту умедворӣ аз он доранд, ки соҳибкорони сатараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва обоховатманди дигаре дар таъмири пурраи надонии шаҳр фаъолнокии бештар зоҳир намои берунаи бино низ ба онҳо кӯмак хоҳанд моянд. кард. Дар ҷавоб ба ин даъват роҳбарияти ҶДММ
меҳмононро шуниданд ва ба суолҳояшон посух гирифтанд. *** Бо ибтикори омӯзгори варзида ва бонуи эҷодкор Орзухон Юсуфова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32 дар доираи ҳафтаи забон ва адабиёти тоҷик мулоқоти толибилмону устодони дабистон бо шоирони Исфара барпо гашт. Дар назди шогирдони ба адабиёту эҷод меҳру муҳаббатдошта шоирон Субҳиддин Сайфиддинов, Исматуллоҳ Абдулло ва Хоҷаи Исфарангӣ суханронӣ намуда, шеърҳои нави худро ба аҳли нишаст манзур гардониданд. Хонандагони дабистон бо қироати намунаҳо аз ашъори суханварони диёр ба мулоқот рангу мазмуни хотирмон бахшиданд. Каромат МАҲКАМОВА.
Бунёди боғҳои нав Барои зиёд намудани содироти меваи хушк ва таъмини корхонаҳои коркард бо мева масоҳати боғзорро васеъ намуда истодаанд.
Ин тадбир бахусус дар хоҷагии тиҷоратии тухмипарварии “Чоркӯҳ” хубтар ба чашм мерасад. Аз рӯйи гуфти сарвари хоҷагии мазкур Неъматбой Олимов алҳол дар хоҷагӣ зиёда аз 442 гектар боғот парвариш меёбад, ки аз ин 25 гектарашро себзор
ташкил медиҳад. Мақсад гузошта шудааст, ки имсол масоҳати боғоти нав ба 9 гектар расонида шуда, дар майдони 15 гектар боғҳо барқарор мегардад. Дар масоҳати 4 гектар бошад, дарахтони олу нашъунамо доранд ва ин гуна боғҳо боз 2 гектар бунёд карда шуда, интизор меравад, ки дар майдони 7 гектар ниҳолҳои зардолуи навъҳои бобоӣ, кадухурмоӣ, мирсанҷалӣ ва тоҷибоӣ шинонида шаванд.