9-10- 2016.qxp имруз_Layout 1 14.06.2016 16:17 Страница 1
Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахсе ё гурӯҳе имрӯз аҳамияти ин дастовардро, ки бо майлу ирода ва пуштибонии халқ насиби мо шудааст, нодида гирифта, паҳлӯҳои гуногуни ин раванди таърихиро таҳти шубҳа қарор медиҳад, нотавонбин ва ношукр аст. Ба назар чунин мерасад, ки ин гуна ашхос даҳшату фоҷиаи он солҳои нооромро аллакай аз хотир баровардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки чанд сол қабл аз ин на танҳо аз баёни ошкорои фикри худ, ҳатто аз гаштугузор дар кӯча ва нишастан дар хонаҳои хеш тарсу ҳарос доштанд. Аз ин рӯ, аз сулҳу суботе, ки ҳоло ҳукмфармо гардидааст, бояд шукрона кард. Эмомалӣ РАҲМОН.
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 9-10 (319-320)
аз 15 июни соли 2016
email: gazeta-imruz@mail.ru
Рӯзҳои фарҳанги Исфара дар Хуҷанд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят фарҳангиёни Исфара тибқи низомномаи тасдиқшуда барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинони маркази вилоят гардониданд. Дар даромадгоҳи маҷмаа аз ҷониби намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо,
www:7imruz.wordpress.com
муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, ҳунармандону соҳибкорон ва кишоварзону қаннодон намоиши ҳунарҳои халқӣ ороста шуда, иштирокдорони чорабинӣ ва сокинону меҳмонони маркази вилоят бо анъанаҳои мардумии Исфара ошно гаштанд. Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунарҳои халқӣ,аз қабили
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
кашидадӯзиву дуредгарӣ, дастгоҳи бофандагию зарфҳои рӯзгор, зардӯзиву кандакорӣ, дастранҷи кишоварзону кордсозон , техникони ҷавон ва дӯстдорони табиат ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аҳли базмгоҳ ҳамчунин имкон доштанд аз маҳсули дастони пазандагон ва қаннодони моҳири Исфара чашида бошанд. Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Чабборӣ бо ҳамроҳии раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва ҳайати ҳакамони чорабинӣ нахуст аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва намоиши дастранҷи ҳунармандон дидан намуда бо намояндагони шаҳри Исфара сӯҳбатҳои самимӣ анҷом доданд. Боздиди ҳайати ҳакамон ва меҳмонони чорабинӣ аз Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар он ҷо исфарагиён бо оростани «Хонаи арӯс» ва намоиши анъанаҳои хоси маҳал меҳмононро пазироӣ менамуданд, басо ҷолибу хотирмон буд. Баъдан аҳли ҳунари Исфара барномаи рангини фарҳангиро иборат аз суруду таронаҳои саршори шукронаи фазои осудаву ором ва васфкунандаи Ватани маҳбуб манзури тамошобинони сершумор гардониданд. Ширкатдорони чорабинӣ то дергоҳ аз ҳунари волои ромишгарони мумтоз, ворисони сазовори устодони шуҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Мирзоқурбони Солеҳ ҳаловат бурданд.
Тел: 2-61-62
Нишасти фаъолзанон Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд Нодира Мирзозода бо фаъолзанони шаҳру деҳоти Исфара баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева бо баробари хайрамақдам гуфтани меҳмонон, аз мавқею мақом ва манзалати занону духтарони Исфара, нақши назарраси онҳо дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳарф зад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки қариб нисфи аҳолии шаҳрро занон ташкил дода, шумораи онҳо дар ҳама зинаҳои идоракунии давлатӣ меафзояд. Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон оид ба андешидани чораҳо дар самти боло бурдани сатҳи маърифатнокии занон, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, ифротгароии ҷавонон ва истифодаи нерӯи занон дар ин самт суханронӣ намуд. Минбаъд омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 Орзухон Юсуфова, сарвари мактаб-интернати шаҳр Умияхон Маҳмудова, донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Маҳлиё Парпиева ва чанде дигарон дар иртибот ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон, риояи меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»ва амсоли ин ибрози ақида намуданд.