Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №8 (9423) *** Чоршанбе, 23. 02. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА қудрату неру ва қобилияту зиракиро доред ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед. Шумо, ҷавонони саодатманди диёр бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Мо дар симои шумо - фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро Дар як вақт садҳо нафар мебинем Мавриди зикр аст, ки ҳифзи фарзандони баору номуси Исфара дар ҳайати ҷузъу томҳои Қувваҳои Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, Мусаллаҳи мамлакат содиқона таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори хизмат мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи давлатии шаҳри Исфара дар пайгирӣ хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи аз иқдомоти роҳбарияти Ҳукумати муқаддаси ҳар як шаҳрванд, хосса Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар насли ҷавони ҷомеа аст. Дар интиҳои сухан, бори дигар намудани пойгоҳи моддӣ ва шароити хизматию истироҳатии хизматчиёни ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ ва мусоидат тамоми хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри менамояд. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз Исфара амалкунанда, дар маҷмуъ фурсати муносиб ба ҳайати шахсии кулли ҳамдиёронро ба муносибати ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ қисми сарҳадӣ ва хизматчиёни табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои кишвар саломативу хонаободӣ, дар хизмати содиқонаашон сипосгузории ҳифзи осудагиву оромии Ватан Мақомоти иҷроияи ҳокимияти барори кор таманно дорам. Ба кишвари маҳбубамон давлатии шаҳр ва миннатдории самимонаи худро сидқан баён Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр суботу оромии ҷовидонӣ, ба ҳар яки менамоям. Давлату ҳукумат ва мардуми шумо - ҳамшаҳриёни азиз тансиҳативу Тоҷикистон масъулияти ҳифзи Ватан, хушбахтӣ, рӯзгори хушу осуда ва дар таъмини амнияти милливу давлатӣ ҳифзи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва суботу оромии ҷомеаро ба зиммаи бурдбориҳо орзу менамоям. шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Идатон муборак, муҳофизони Мусаллаҳ вогузор намудаанд. Мо борҳо ва амалан бовар кардаем, далеру шуҷои Ватан! ки шумо - хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чунин
Сипари боэътимоди Ватани маҳбуб Паёми табрикотии Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоянд. Ба муносибати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ, ман қабл аз ҳама, шумо - ҳомиёни шуҷои Ватан ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро самимона муборакбод мегӯям. Бароятон нерумандию сарбаландӣ ва дар ҷодаи ҳимояи сарзамини муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд:- «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад». Бо гузашти 29 сол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаноатмандона
метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иқдомоти ояндасози Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Артиши миллии мо ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ табдил ёфтааст. Хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизматҳои фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳоноти ҷиддии ҳаёт гузаштанд. Ҷоизи зикр аст, ки дар раванди ташаккулёбии сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Исфара низ қисмҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиа ва қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидаанд. Боиси ифтихор аст, ки ин рӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз гӯшаю канори мамлакат дар ҳайати ин ҷузъу томҳо уҳдадории шаҳрвандии худро бо интизоми қавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба ҷо меоранд.
Омодагӣ ба даъвати баҳорона
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҷаласаи васеи Ситод оид ба омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҷаласаи Ситодро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода оғоз бахшид. Муовини раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир қайд намуд, ки ин 11-умин ҷаласаи сайёр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, мақсади он баррасии натиҷаҳои даъвати тирамоҳии соли 2021 ва омодагиҳо ба
даъвати баҳоронаи соли 2022 ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи даъватӣ Бобоиён Мадина Абдуяқинзода оид ба корҳои анҷомдодашуда, мушкилиҳои даъвати тирамоҳӣ, сабақҳои гирифта ва вазъи омодагӣ ба даъвати баҳорона гузориш дод. Зикр намуд, ки дар ҳамаи шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр корбариҳо ба роҳ гузошта шудаанд. Теъдоди муайяни даъватшавандагон омодаи таҳсил дар Ташкилоти мададгори мудофиа ҳастанд. Комиссари ҳарбии шаҳр Аҳмадалӣ Сангинзода бошад, оид ба корбариҳо дар ҷамоатҳои
шаҳраку деҳот, омодагии ҷамоатҳо ва раванди аз комиссияи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон маълумот дод. Муовини раиси вилоят аз нафарони масъул, аз ҷумла раиси комиссияи даъватӣ, комиссари шаҳр, раиси комиссияи тиббӣ, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раиси Ташкилоти мададгори мудофиа ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдор пурсишҳо ба амал овард. Дар рафти Ситод раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе ниҳодҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2021 ёдоварӣ намуда, бо зикри корҳои анҷомдодашуда бори дигар таъкид намуд, ки даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Мавсуф афзуд, ки "Вусъат додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии ҷавонон, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани онҳо заминагузори иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт бояд ҳамаи ниҳодҳо дар якҷоягӣ корбарӣ намоянд".
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб шуданд
Р
ӯзи якшанбе дар ду ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ҷойи вакилони хориҷшуда баргузор гардид. Тибқи иттилои раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Саидхўҷа Бақоев, ширкати интихобкунандагон дар ҳамаи нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъолона буд. Дар ҷараёни интихоботи баргузоршуда номзадҳои арзанда аз ҲХДТ Тоҳирҷон Сулаймонов аз ҳавзаи интихоботии "Хоҷаи
Ҷаласаи гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон Тибқи мувофиқаи тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҷонибҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. АМИТ "Ховар".
Вакилони тозаинтихоб Аъло" № 17 ва Абдусамад Фозилов аз ҳавзаи интихоботии "Лаккон" № 40 бо дарёфти аксари овзои интихобкунандагон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.
Ҳашари ободонӣ Шанбеи гузашта бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ ҳашари ободонӣ доир гардид. Басо хушоянд аст, ки аз ин иқдоми нек натанҳо сокинон ва кормандони муассисаву ташкилотҳои маркази шаҳр, балки аҳли ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ амалан ҷонибдорӣ намуданд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳи кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбут ба ободонию кабудизоркунӣ бо раванди корҳо аз наздик ошно шуда, самтҳо ва ҷабҳаҳои умдаи умури минбаъдаро муайян карданд. Дар ин рӯз ҳазорҳо нафар кормандони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳо, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ, аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва сокинони
шаҳраку деҳот бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ дар корҳои ободонӣ ва ба тартиб даровардани атрофи маҳалли зисту ҳудуди вобасташуда ва кӯчаю хиёбонҳо саҳм гузоштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд то фарорасии ҷашни Наврӯз ҳар рӯзи шанбе чунин ҳашарҳои ободониву тамйизкорӣ баргузор карда хоҳанд шуд.