Skip to main content

8 9 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

8-9 2015.qxp имруз_Layout 1 22.04.15 14:05 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 8-9 (287-288)

аз 24 апрели соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

ШИРКАТ ДАР 15 - СОЛАГИИ ТАШКИЛЁБИИ ВИЛОЯТИ БОТКОН Бахшида ба 15-солагии ташкилёбии вилояти Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар маркази ин вилояти ҳамсоякишвар тантанаҳои бошукӯҳ баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо намояндагони расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ширкат доштанд. Ба ин муносибат дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Боткон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар раванди он муовини сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Таирбек Сарпашев баромад кард ва барномаи фарҳангӣ низ, бо иштироки ансамбли овозадори «Зебо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Сипас, ҳайати меҳмонон, аз ҷумла намояндагони

вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манзараҳои зебову дилфиреби кӯҳи «Айгултош» дидан намуданд. Тавре ба мо намояндаи расмии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон Ғиёсиддин Эсанов иттилоъ дод, дар ин мавзеи маннои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва афсонавӣ ҳайати намояндагии вилояти Суғд паёми му- ҳамкориҳои мутақобилан судманд дарахти дӯстӣ шиноборакбодии раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба нидаанд. боткониҳо расонида, дар якҷоягӣ бо мизбонон бо та-

Санаҳои 25-26 апрели соли 2015 бахшида ба 70-солагиии Ғалаб, мусобиқаи кушод оид ба муҳорибаи омехта - ММА бахри дарёфти "Ҷоми шаҳри Исфара" баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дархости худро ба бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара ирсол намоянд. ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗ Тибқи дастури раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баҳри фарогирии ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав ва баландбардории савияи дониши ҷавонон озмуни «Беҳтарин ровии ҷавон» эълон карда шуд. Иштирокчиён бо худ барои иштирок дар озмун бояд, ки маълумотнома, 2 дона расм, нусхаи шиносномаро бо қайди ҷои зист дошта бошанд. Озмун нахуст дар ташкилотҳои ибтидоӣ сурат гирифта, сипас даври ниҳоии он дар кумитаи иҷроияи шаҳрӣ доир мегардад. Озмун дар арафаи Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст гашта, ғолибон бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда карда мешаванд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ таввасути тел (8 34 62) 2 58 71 дар тамос бошед!


8-9 2015.qxp имруз_Layout 1 22.04.15 14:05 Страница 2

“Имрeз”

№ 8 - 9 (287-288) аз 24 апрели соли 2015

БАРОИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТ ИСТИФОДА БОЯД БУРД Маxлиси фаъолон та[ти сарварии раиси ша[р Зо[идзода Даврони Абдуrодир ва дар [узури муовини аввали раиси вилояти Суuд Xумъабой Сангинов аз фаъолияти со[а[ои иrтисодиёт ва иxтимоиёти ша[ру де[оти Исфара дар давраи се мо[и сипаришудаи соли равон натиxабардорb намуд. Дар гузориши муовини раиси ша[р Осифхон Мамадов вобаста ба масъала аз xумла гуфта шуд, ки давоми се мо[и аввали соли 2015 иxроиши наrшаи даромади буxет ба андозаи 101,4 фоиз таъмин гардида бошад [ам, бинобар иxро нагардидани наrшаи 3 намуди андозу пардохт[ои давлатb ба буxет 3 миллиону 680 [азор сомонb камтар маблаu ворид шудааст. Дар ин муддат [аxми исте[соли ма[сулоти кишоварзb 30 миллиону 74 [азор сомониро ташкил додааст, ки ин раrам назар ба нишондоди [амин давраи соли гузашта 2 миллиону 100 [азор сомонb зиёд мебошад. {аxми маблаuи исте[соли ма[сулоти саноатb ва анxоми хизматрасони[ои пулакb 58 миллиону 300 [азор сомониро бозгeйb кардааст, ки нисбат ба нишондоди семо[аи якуми соли 2014-ум 11,4 миллион сомонb бештар аст. Дар ин давра дар ша[ру де[оти Исфара 1414 адад xой[ои нави корb таъсис дода шуданд, ки 101 фоизи наrшаи барномавиро ташкил меди[ад. Минбаъд раиси ша[р Зо[идзода Даврони Абдуrодир ва муовини аввали раиси вилоят Xумъабой Сангинов вобаста ба муаммову мушкилоти дар со[а[ои иrтисодиёту иxтимоиёт xойдошта аз ро[барони во[ид[ои сохтории МИМ{Д, корхонаву ташкилот, муассиса ва xамоат[ои ша[раку де[от бозпурсb ба амал оварданд. Зимнан нисбат ба пастшавии нишондод[ои [аxми исте[соли ма[сулот, таъхири раванди бунёду таъмири ро[у кeпрук[ои дар наrша буда, xамъоварии маблаuи барr, иxроиши наrшаи намуд[ои андозу пардохт[о аз аксиз, аз даромад ва аз арзищи иловашуда, масъулияти ро[барb, камшавии шумораи коргарон ва кашолкорb дар пардохти музди ме[нат дар XСШК «Тамохуш» из[ори нигаронии xиддb карда шуда, аз масъулин рафъи [арчb зудтари камбуди[ои тазаккурёфта таrозо гардид. {амчунин аз ро[барон ва масъулини раёсати кишоварзb дархост карда шуд, ки бо баробари аниrу даrиr намудани [аxми [исороти аз сарди[ои охири мо[и март ба боuоти Исфара расида, xи[ати xуброни он аз майдони кишти зироат[о тавассути балaндбардории ма[сулнокии ме[нат ва таъмини истифодаи самараноки замин[о тадбир[ои мушаххас андешида шаванд. Раисони xамоат[ои ша[раку де[от вазифадор гардиданд, ки то санаи 15-уми май иxроиши наrшаи даъвати xавононро ба сафи Rувва[ои Мусалла[и Xум[урии Тоxикистон бечуну чаро таъмин намоянд. Баъд муовини аввали раиси вилоят Xумъабой Сангинов ба минбар баромада, бо баробари зикри дастовард[о аз вазифа[ои иxрояшон [атмии фаъолон ёдовар шуд. Раиси ша[р Зо[идзода Даврони Абдуrодир бо даъвати фаъолон ба масъулиятшиносии бештару ме[нати [алол xаласаро xамъбаст намуд.

Дар мтму № 2-и шаҳри Исфара бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва муаллимони фанни омодагии дифоӣ, ҳамчунин 18 хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр «Рӯзи намунавии мудофиаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода Уматулло Файзуллоев аз омодагии дастаҳои дифоӣ гузориш дод. Баъд аз иҷрои тантаноки Суруди миллӣ ва барафрохтани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини сардори мудофиаи шаҳрвандӣ, ҷонишни аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ дар хусуси корҳои ба анҷомрасида оид ба омодагии дифоӣ ва

Ифродгароӣ ва терроризм ин падидаи номатлубест, ки дар замони ҳозира ба яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонӣ мансуб гаштааст. Ҳоло дар ҷаҳон чандин ташкилотҳои ифродгаро амал мекунанд, ки кӯшиши бо мафкураҳои носолим мусаллаҳ кардани ҷавононро дорад. Гирифтани пеши роҳи ин падидаи номатлуб ва ба наврасон фаҳмонидани ғаразҳои нопоки онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҳамагон мебошад. Ин аст, ки бо ташаббуси омӯзгори фанҳои таъриху ҳуқуқи литсейи №2 ба номи Амонуллоев А. Дилшодҷон Қодиров

Ca[ифаи 2.

РӮЗИ муДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ

ҳолатҳои фавқулода ҳарф зада, аҳамияти ин тадбирҳои муҳимро дар арафаи ҷашнгирии 70-солагии Fалаба таъкид намуд. Пас аз садо додани бонги хатар гурӯҳи алоқа ва хабардоркунӣ саривақт аз сарзании ҳолати фавқулода ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр ва дигар хадамотҳоро воқиф намуд. Гурӯҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷойи ҳодисаро иҳота карда, тавассути маълумоти фаврии гурӯҳи кашф вазъиятро пурра зери назорат гирифтанд. Гурӯҳи сӯхторнишонӣ бо баробари анҷоми амалҳои тақлидии фурӯ нишонидани манбаҳои оташ умури наҷотдиҳӣ ва

«ИфродгароИ ва окИбатхоИ он»

ЧОРҚИШЛОҚИЁН АЪЗОИ ҲХДТ мЕШАВАНД Дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳрак сафи хоҳишмандони аъзошавӣ ба ҲХДТ меафзояд. Мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи шаҳрӣ П.Холиқова ин равандро шарҳ дода, иброз менамояд, ки натиҷаи доирсозии силсилаи мулоқотҳо, вохӯриву сӯҳбатҳо бо аҳолӣ боис шуда, ки имрӯзҳо чорқишлоқиён мехоҳанд ҳарчӣ бештар узвияти ҲХДТ-ро дошта бошанд. Ба гуфти номбурда дар ин моҳ беш аз 50 нафар бо ариза муроҷиат кардаанду аз ин теъдод айни ҳол 28 адад ариза қонеъ карда шудааст. Асосан аҳли зиё ва ҷавонону занон хоҳиши аъзошавӣ ба ҳизбро пайдо кардаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки давоми моҳи ҷорӣ то кунун дар Исфара беш аз 180 нафар аъзои ҲХДТ гаштанд.

email: gazeta-imruz@mail.ru

дарс-сӯҳбат дар мавзҳи «Ифродгароӣ ва оқибатҳои он» бо хонандагони синфи 11 гузаронида шуд. Дар дарс раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Эгамзод Муртазо Машрафӣ, мудири бахши агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара- Рустамов Нуриддин, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» Авезов Абдурауф ва ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти Кӯлканд- Раҳбархон Ҳомидова иштирок намуданд. Дар оғоз омӯзгор хонандагонро бо

эвакуатсияи осебдидагонро ба роҳ гузошт. Ҳайати Гурӯҳи тиб бошад, таъҷилан нуқтаи расонидани ёрии аввалро ташкил намуда, амалҳои тақлидии кӯмак ба осебдидагон: боздоштани хунравӣ, маҳси ғайримустақими дил, шикастабандӣ, бастани ҷароҳатҳо ва нафасдиҳии сунъӣ, ҳамчунин эвакуатсияи осебдидагонро ба таври пиёда ва бо ёрии хадамоти нақлиёти автомобилӣ тавассути нақлиёт намоиш доданд. Дар раванди Рӯзи намунавии ҳифзи шаҳрвандӣ омодагии тамоми хадамотҳои ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр низ ба таври ҷиддӣ санҷида шуданд.

мақсад ва мавзӯъ шинос намуда, мафҳумҳои ифродгароӣ ва терроризмро маънидод намуд. Сипас хонандагон дар бораи сабабҳои пайдоиши ифродгароӣ, муносибати дини Ислом бо ифродгароӣ, ташкилотҳои ҳозираи ифродгароӣ, ҳодисаҳои террористии дар солҳои охир аз ҷониби онҳо ба амал овардашуда андешаҳои худро баён намуданд. Дар ҷамбаст Эгамзод Муртазо Машрафӣ ба сифати дарси баргузоргашта баҳои баланд дода, иброз намуд, ки набояд ҷавонони имрӯза ба роҳҳои хатою гумроҳӣ раванд. Қариб ҳамаи онҳое, ки ба чунин гурӯҳҳои ифродгаро шомил гаштаанд, маълумоти дурусти сиёсӣ, динӣ ва мазҳабӣ надоранд. Бинобар ин бояд ҷавонон дониш омӯзанд ва дар бораи зарару оқибатҳои нохуши шомилшавӣ ба ин гуна ҳаракатҳо огоҳ бошанд. Ҳамчунин иброз дошта шуд, ки воситаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мазкур таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ буда, ҷавонон бо сабабҳои камсаводию камтаҷрибагӣ метавонанд ба доми фиребу найранги ин гуна гурӯҳҳо афтанд. Ташрифовардагон ба хонандагон ва омӯзгори чавон ва инчунин ба маъмурияти литсей барои ташкили чунин дарс ва вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

ОТмЕТИЛИ 80-ЛЕТНИй юБИЛЕй пИСАТЕЛЯ, ГОСуДАРСТВЕННОГО И ОБщЕСТВЕННОГО ДЕЯТЕЛЯ ИБОДА ФАйЗуЛЛО

Общественность Исфары чествует 80-летний юбилей известного писателя, государственного и общественного деятеля Ибода Файзулло. 80-летнему юбилею писателя, государственного и общественного деятеля Ибода Файзулло (Ибодулло Файзуллоев) было посвящено очередное заседание литературного клуба городского отделения Союза писателей Таджикистана «Ганджи Исфара», которое состоялось накануне в средней школе №27 джамоата Чоркух города Исфары. Как отметили организаторы данного мероприятия, этим мероприятием дано начало циклу торжеств, посвященных памяти известного писателя, журналиста и государственного деятеля, уроженца села Чоркух Ибода Файзулло. По словам пресс-секретаря главы города Исфары Икбола Тешаева, данная конференция, в которой приняли участие известные поэты, писатели и жур-

налисты городов Худжанда и Исфары, ученики и соратники Ибода Файзулло, превратилась в настоящий литературный праздник. В своем выступлении почетный председатель Исфаринского отделения Союза писателей Таджикистана, известный писатель-сатирик Дадохон Эгамзод, говоря о вкладе писателя в развитие таджикской литературы и культуры, отметил, что Ибод Файзулло запомнился благодарным читателям своими лирическими рассказами и повестями. «Он был журналистом и литератором до мозга костей и воспитал целую плеяду известных ныне как в республике, так и за рубежом тружеников пера. За свою относительно недолгую жизнь он был редактором двух республиканских газет «Тоджикистони Совети» и «Комсомоли Тоджикистон», а в самые тяжелые для страны годы гражданского противостояния в течение 10 лет возглавлял столичную газету «Паеми Душанбе»», отметил Д.Эгамзод. В своих воспоминаниях известный журналист и литератор, бывший редактор газеты «Хакикати Кургонтеппа» Муким Абдурахмонов отметил, что «литературному и культурному сообществу республики особенно запомнились годы, когда Ибод Файзулло в 80-х годах возглавлял сферу культуры республики и являлся секретарем Союза писателей страны. Он внес огромный вклад в развитие таджикской журналистики. Все

мы помним, когда его острые и неповторимые фельетоны в конце 50-х - начале 60-х с нетерпением ждали читатели, а воскресные номера газеты «Тоджикистони Совети», где публиковались его фельетоны, вмиг раскупались». Затем выступили и поделились своими воспоминаниями литераторы и журналисты Аюб Кенджа, Мавлониддин Пулодов, Нарзуллои Азизиён и другие, а учащиеся продемонстрировали литературно-музыкальную композицию по произведениям писателя. На конференции литераторы предложили назвать одну из улиц и школ джамоата Чоркух, где родился писатель, его именем. Данная инициатива с воодушевлением была принята жителями села и руководством джамоата. В честь юбилея писателя в этот же день в школе №1 имени Пушкина города Исфары был открыт музей Ибода

Файзулло. Как отметил директор музеев города Исфары, известный историк Абдуманнон Раупов, новый музей писателя обладает многими ценными экспонатами, и в будущем он будет способствовать воспитанию молодого поколения в духе эстетизма, любви к литературе, культуре. Необходимо отметить, что литературная конференция и создание музея были организованы согласно решению председателя города Исфары. Как сообщил «АП» заведующий отделом социального развития и связей с общественностью аппарата председателя города Собир Рустамов, предложение о наименовании улицы и одной из школ на малой родине писателя будет рассмотрено со стороны исполнительного органа государственной власти города Исфары.


8-9 2015.qxp имруз_Layout 1 22.04.15 14:05 Страница 3

“Имрeз”

№

№ 8-9 (287-288) аз 24 апрели соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

ИСЛОМ ТЕРРОР НЕСТ!!! Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих нерӯҳои муайяни сиёсӣ онро ба ҳадафҳои хеш истифода бурда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқӣ мондааст. Ба арсаи сиёсат баровардани Ислом бо истифода аз боварӣ ва эҳтироми бузурги мардум ба манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣсиёсӣ гашта буд, аммо ба нархи ҷони кӣ ва манфиати кӣ?

Д

ар давоми асрҳои миёна ҳадафи стратегии дини мубини Ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз «муттаҳид намудан», «бо ҳам овардан» ва «бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо» муаррифӣ мегардид, на тафриқа ва ҷудоиандозӣ: Чуноне, ки дар Қуръони карим омадааст: «…ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебои варзед!» (Анфол 46). Худи ҳамин оятҳои зикршуда далолат ба он мекунанд, ки ҳеҷ як гурӯҳи одамон ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки бо таъсис додани гуруҳи сиёсӣ ва истифода намудан аз арзишҳои диниву мазҳабӣ, боиси ранҷу машаққати аҳолии бегуноҳ гардад. Имрӯзҳо бисёрмазҳабии Исломӣ миёни мусалмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаҳои нафтии дунё, ки бештари ин манбаҳо дар кишварҳои исломӣ-арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай, истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ кардаанд. Ба ҳизбҳо тақсим кардани мардуми мусулмон дар ҳама давру замонҳо ҳамеша натиҷаи манфӣ ба бор оварда, то ҳанӯз самари хубе ба ғайр аз харобиву катлу куштор ба бор наовардааст. Беҳуда нест, ки дар китоби азимушшаън, яъне Қуръони карим борҳо ва такрор ба такрор таъкид гашта, ки ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ҷудокунии пайравони як дин боиси оқибатҳои нохуш мегардад. Масалан, дар яке аз оятҳои ин китоби муқаддас омадааст, ки «…аз

мушрикон мабошед аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гуруҳгуруҳ шуданд; ҳар гуруҳ бо он чи назди ӯст, хурсанд аст!» (Рум,31). Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудани ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ ҳаводорони онҳо худро мусалмонони воқеъӣ шуморида, бо гумони густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ маротибаҳои зиёд аст, ки такрор мешавад ва мусалмононе зиёде аз ҷониби ин гуруҳҳои зархарид азият мекашанд. Ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» низ имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ намудани «Исломи ноб» зери шиори «ғазавот»-«ҷанги муқаддас барои дин» мусалмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, аз ҳаёт маҳрум намудаистодаанд. Ҳол он, ки шартҳои оддитарини ғазавоти исломӣ зарар нарасонидан ба заминҳои кишт, дарахтон ва таҷовуз накардан ба амволи мардум, қатли накардани мардумони беяроқ ва осоишта ва занону кӯдакон ба шумор меравад. Дар мавриде, ки яке аз сарчашмаҳои мӯътамади мазҳаби ҳанафӣ «Ас-саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ, ки дар асри Сомониён бо супориши Исмоили Сомонӣ барои идора намудани фазои динии давлати Сомониён навишта шудааст, чунин омадааст, ки «ҳеҷ касро аз аҳли қибла кофир махонед, ба гуноҳ». Мувофиқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам нафаре, ки аҳли қибла аст, новобаста равияву ҷараёни он ӯро кофир шуморидан номумкин ва хуни ӯро рехтан қатъиян норавост. Чунин амалҳои зиште, ки пайравони бо ном «Давлати исломӣ» анҷом дода истодаанд, дар тули таърих аз ҷониби ягон нафар мусалмон ва ё давлати исломие содир нашудааст.

АМАЛИЁТ{ОИ «РО{» ВА «ГУЗАРГО{И РО{И О{АН» Аз шeъбачаи БДА-и шeъбаи 1-уми ВКД-ии XТ дар ша[ри Исфара хабар доданд, ки тибrи наrша – чорабини[ои маrсадноки назорат xи[ати пешгирии содиршавии [одиса[ои нохуши ро[у наrлиёт, муста[кам намудани интизоми иштирокчиёни [аракат дар ро[, инчунин таъмини бехатарии [аракат дар rитъа[ои хароби ро[ ва гузарго[[ои ро[и о[ан ибтидо аз

санаи 10-ум то 20 – уми апрели соли равон дар [удуди ша[р амалиёт[ои маrсаднок та[ти унвон[ои «Ро[« ва «Гузарго[и ро[и о[ан» идома дорад. Аз ин хотир аз тамоми ронандагони восита[ои наrлиётb ва пиёдагардон э[тиромона хо[иш карда мешавад, ки [ангоми [аракат дар ро[ ва гузарго[[о ба rоида[ои [аракат дар ро[ rатъиян риоя намо-

янд ва ро[[оро тан[о дар xой[ои муrараргардида убур созанд. {амзамон аз ро[барони муассисаи давлатии назорати ро[[ои автомобилгард, корхонаи во[иди давлатии «Хоxагии манзилию коммуналb» ва дигар ташкилоту идора[ое, ки дар тавозуни худ ро[[ои наrлиётгард ва гузарго[[ои ро[и о[ан доранд, даъват ба амал оварда мешавад, ки xи[ати танзими [аракат ва вазъи нига[дорb дар он[о диrrати xиддb зо[ир намоянд.

Ҳадиси Паёмбари акрам (с)"Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд” ва ҳадиси дигаре, ки "Ҳар кадоми шумо то ончиро, ки ба худ раво мебинад, барои бародараш раво набинад, ҳанӯз имон наовардааст” аз он далолат мекунанд, ки ҳатто мусалмоне аз дасту забони мусалмоне набояд озор бинад. Бояд донист, ки нишона ва сифати асосии мусулмон. Пас чигуна метавон иҷоза дод, ки гурӯҳи махсусе аз мусулмонон номи Исломро барои ба ҳадафҳои сиёсии хеш ва хоҷагони худ расидан истифода барад? Илова бар ин Ислом ҳамеша ва дар ҳама давру замон нерӯи бузурге дар ниҳоди хеш дошт, ки он метавонист ва имкон ҳам дошт, ки тавассути даъват ба тавҳид ба сифати идеологияи муттаҳидкунандаи мардуми кишвар баҳри созандагӣ ва бақою пойдории мусолеҳаи мардуми кишвар, рушду инкишофи он дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ истифода барад ва ҳанӯз ҳам шояд дер нашуда бошад. Дар таърих фа фарҳанги миллии тоҷикон ба хусус аз давлатдории шоҳаншоҳии асотирии Каёниён, Хахоманишиҳо, Кушониён, Сосониён ва Сомониён хуб мушоҳида кардан мумкин аст, ки шоҳаншоҳони бузурги ориёӣ чи гуна динро дар хизмати давлат ва ҳукуматҳои замон қарор доданд ва бад-ин восита тавонистанд сесад сол ва ё чорсаду панҷсад сол ҳукумат карданд. Таҷрибаи талхи ҳаёти халқҳои гуногуни олам ва пай дар пай рух додани инқилобҳои сурху бунафшагӣ, қахвагию осмонӣ, инқилобҳои бо ном «баҳори араб» «давлати исломӣ» дар чандин кишварҳои исломӣ, то ҳанӯз чашми дили мусалмононро накушодаву ҳиҷоб аз чеҳраи «дӯстони ҷонии онҳо» бар нагирифтааст. Пажӯҳишгарони Ғарб «Давлати исломӣ»-ро дар Сурия ва Ироқ «фар-

занд»-и Ғарб, ба хусус ИМА медонад. Наметавон инкор кард, ки «салафикунонӣ», «ваҳобикунонӣ» ва ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву диниву мазҳабӣ ҷудо кардани мардуми кишвар низ маҳсули андешаҳои мутахассисони баландмақоми «дӯстон»-и аҷнабии мо мебошанд, ки сиёсати ҷудоиандозӣ ва «парокандасозии нерӯҳои солими кишвар» ҷавҳари стратегия ва тактикаи онҳоро ташкил медиҳад, ки бешубҳа бо ҳадафҳо ва ғазаразҳои муайян дар марказҳои иттилоотии муайян рӯи саҳна ворид карда мешаванд. Мусаллам аст, ки ҳарчанд мардумони форсу тоҷик дар оғози давраи исломӣ аз нигоҳи сиёсӣ аз араб мағлуб шуда бошанд ҳам, дар майдони илму дин нисбат ба араб афзалияти хешро нигоҳ дошта, аз ҳамин роҳ на танҳо фарҳангу давлатдории миллиашонро аз нав эҳё карда, фарҳанги оламшумули миллии худро эҷод намуданд, балки Исломро дар давраи авҷи низоъҳои сиёсию мазҳабӣ аз харобшавӣ наҷот дода, дар ташаккули тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштанд. Имоми Аъзам мактаби аҳкоми фиқҳиеро дар пояи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ эҷод намуд, ки аз тариқи он Ислом дар бисёр кишварҳо густариш ёфт ва он ғолибтарин мазҳаб дар ҷаҳони Ислом ба ҳисоб рафта, дар Хуросону Мовароуннаҳр хусусияти миллӣ касб кардааст. Вақти он расидааст, ки дар сатҳи ҳукумат консепсия ва ё дурнамои муносибати дину давлат дар асоси мазҳаби ҳанафия ва ҳавзаи каломии мовароунаҳрии мотуридия роҳандозӣ карда шавад, чунки ҳанафия ва мотуридия бештар фарҳанги миллии сокинони Осиёи Марказӣ такя намудаанд ва арзишҳои миллии форсӣ-тоҷикиро дар пиёдасозии қавонини исломӣ ба кор бурдаанд, метавонанд дар оянда низ ҳамчун мазҳаби Исломии хусусияти миллидошта хизмат намояд. Воқеаҳои солҳои охири дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, ба ҳамагон маълум аст, ки дар чунин вазъи ногувори сиёсӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, ҷангҳои дохилӣ ва шаҳрвандӣ дар гирифтор намудани давлат ба чунин ҳолат нақши ҳизбҳои сиёсии динӣ ба монанди «Ихвону-лмуслимин» ва «Салафия» баръало намоён гардидааст. Имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нисбати ҳизбҳои хусусияти динидошта эҳтиёткор ва нозукбинона рафтор намоянд ва аз такрори ҳолатҳои номатлуб пешгирӣ намоянд. Пешгирӣ кардан

ТАРТИБОТРО РИОЯ БОЯД КУНЕМ

Вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин хеле ташвишовар шуда истодааст. Сабабҳои аслии сар задани ин гуна ҳодисаҳо ин камтаҷрибагӣ ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад. Дар давоми як моҳи сипаригардида дар ҳудуди хизматии ШБДА ШКД-1-и шаҳр 1772 ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. 15 адад дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт, 56 адад бе ҳуҷҷати

Ca[ифаи

3.

аз терроризм ва ифротгароиро яке аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистааст. Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Дар чунин сурат ҳизби сиёсии диние, ки манфиатҳои миллии тоҷикро дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳимоят карда наметавонад, барои инкишофи тафаккури солими исломии сокинони он монеа эҷод мекунад ва дар оянда бо зоҳир намудани чунин аломатҳои зикршуда метавонад дар ташаккули миллати точик хатар эҷод намояд. Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ аз он иборат аст, ки фаъолияти аз доираи қонун беруни фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва махсусан ташкилотҳои берунаро зери назорати пайваста қарор дода бошад, зеро ташкилотҳои байналмилалии хориҷӣ дар ниқоби «хайрхоҳона» аз оғози пайдоиш то кунун сиёсати нерӯҳои муайяни доираҳои сиёсиеро анҷом медиҳанд, ки дар марказҳои махсус ва бо ҳадафҳои махсус тарҳрезӣ гаштаанд. Ин нерӯҳо дар ҳар лаҳзаи зарурӣ ва муносиб метавонанд раванди ҳамзистии осоиштаро дар ҷомеа халалдор сохта, фазои динии онро носолим намоянд. Ҳамин тавр, байни ҳокимият ва дин ҳамеша дар ҳама кишварҳои ҷаҳон таъсири мутақобилае вуҷуд дорад, ки он дар муносибатҳои байни онҳо зоҳир мегардад аз ҳама муҳимаш он аст, ки ин муносибат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва эҷобӣ сурат гирад. Дар соҳаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ҳокимият ва дин дорои як ҳадаф мебошанд: таъмини сулҳу салоҳ, осоиштагӣ, ризоият, ҳамдигарфаҳмӣ, амният, бехатарӣ, озодӣ ва ваҳдати ҷомеа. Танҳо «сиёсатбозон» ҳастанд, ки ба хотири ҳадафҳои хеш раванди муносибатҳои ҳокимият ва ташкилотҳои диниро бо ҳар баҳонаву дасисабозиҳо ноором сохтанӣ мешаванд! Дин ва ҳокимият ҳаргиз набояд саъю талош намоянд, ки яке дигареро ба худ тобеъ намоянд. Равобити созанда ва тарафайни онҳо метавонад ҳамкориҳои байни онҳоро боз ҳам тақвият бахшида, ба пайдо шудани фазои итминону боварӣ мусоидат кунад ва аз ин роҳ дар самти муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ба музафариятҳои бузург ноил шуда, сулҳу амниятро комилан таъмин намоянд. Ғуломов Т.М., мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ, бознашр аз “Фараж”.

чашм мерасад. Бо мақсади ба танзим дароронандагӣ, 5 адад бе рақами вардани интизоми иштирокдавлатӣ, 78 адад зиёд наму- чиёни ҳаракат кормандони дани суръати мошин, 27 адад бозрасии давлатии шаҳри Исвайрон кардани қоидаи сабқат фара аз тамоми имкониятҳо ва 34 адад вайрон кардани истифода бурда истодаанд ва қоидаи гузариш аз чорроҳа аз барои ин амалиётҳои махсус зумраи ин гуна низ гузаронида мешаванд. қоидавайронкуниҳо ҳастанд. Бинобар ин аз ҳамаи Новобаста аз андешидани соҳибони нақлиёт ва иштироктадбирҳо то ҳол берун аз чиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш таваққуфгоҳҳо дар минтақаҳои карда мешаванд, ки ба истиқоматии шаҳрвандон, қоидаҳо риоя намуда, боиси кӯчаву роҳҳои пиёдагардон, вайроншавии он ва эҷоди даромадгоҳҳои биноҳои серо- монеаҳо нагарданд. шёнаву бозорҳо ва Ш.НЕГМАТОВ, нозири калони даромадгоҳҳои терминалҳо ХДР ШБДА Шӯъбаи якуми ВКД муддати тӯлонӣ нигоҳ дошҶТ дар шаҳри Исфара, лейтенанти калони милитсия. тани воситаҳои нақлиёт ба


8-9 2015.qxp имруз_Layout 1 22.04.15 14:05 Страница 4

Имрeз”

№ 8 - 9 (287-288) аз 24 апрели соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

Cа[ифаи. 4.

БОНУПИЗИШКЕ АЗ ДИЁРИ РОДМАРДОН ҳамкорону ҳамсояҳо медиҳанд.

БАҲО

ОҒОЗ Аз маҳаллаи Таги Бора занг зада хабар доданд, ки зани ҳомила дар ҳолати вазнин қарор дорад. Шаҳлохон дақиқае таъхир накарда, паси чанбар нишаст. Ҳамкоронаш Сабохону Гулчеҳрахонро ҳам бо худ гирифт. Онҳо ба ҷойи таъиншуда рафтанд. Воқеан ҳам зан ва кӯдаки дар батнаш доштааш дар хатар буд. Ҳомилазани беморро зуд ба таваллудхона оварданд. Қисса кӯтоҳ, шаби дароз Шаҳлохону ҳамроҳонаш ҳатто мижжа таҳ накарданд. Хушбахтона модар кӯдаки солим ба дунё овард. Чунин лаҳзаҳо дар фаъолияти 26 солаи духтури дараҷаи олӣ Шаҳлохон Иброҳимова хеле зиёданд. Бо даҳҳо одамони синну сол ва касбу кори гуногун вохӯрдаву сӯҳбат оростам. -Шаҳлохон ба ҳама гуна таърифу тавсиф меарзад. Худо шоҳид, ӯ ва ҳамкоронаш на шаб бемалол мехобанд, на рӯз ором мегиранд. Ҳадафи ягонаашон модарону хоҳарон тансиҳат бошанду насли солим ба дунё биёранд, -изҳор мекунанд хурду калон. Ман худам Шаҳлохонро даҳҳо сол инҷониб аз наздик мешиносам. Воқеан беҳтарини беҳтаринҳост. Вале баҳои ҳаққониро ба ҳар шахс қабл аз дигарон

Инак, аввалин нафаре, ки 26 сол боз бидуни фосила бо Шаҳлохон Иброҳимова кору фаъолият дорад, яъне ӯро аз ҳама беҳтару бештар мешиносанд, собиқ сардухтури беморхона, инсони қадрдону меҳрубон Ғиёсҷон Ҳусейнов чунин гуфт: -Шаҳлохон аз рӯзе, ки худро шинохт, некхоҳи мардумон аст. Бо ҳама муомилаи хуш дорад. Сухани ширину самимӣ мегӯяд. Касбашро дӯст медорад, бомулоҳиза ва бесаросемагӣ кор мекунад. Солеҳбой Ҳакимов, мудири маркази саломатии Чоркӯҳ: -Шаҳлохон ифтихор ва номбардори мост. Аз хурсандӣ сарам гӯё ба осмон мерасад, ки чунин ҳамкор дорам. Эй кош, ҳамаи одамон ба монанди ӯ бошанд. Аз нигоҳашон самимият, аз чеҳраашон нур бораду аз сухани гарму нармашон дил аз фараҳ лабрез гардад. Нозимҷон Каримов, сардухтури беморхонаи Чоркӯҳ: -Перомуни дониши чуқур ва таҷрибаи бойи Шаҳлохон Иброҳимова аслан ниёз ба гуфтан нест. 55 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Сурх аз фаъолияти ӯ комилан розианд. Дар ҷодаи одамгарӣ низ беҳамтост. Сабохон Шарифова, ҳамкор: -Солҳои сол дар паҳлӯи ин зани поксиришт кор мекунам. Шаҳлохон ба ҳама хайрхоҳу меҳрубон. Бо дили софу забони ширин одамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ, накӯкорӣ даъват мекунад. Гулчеҳрахон Вайдуллоева, ҳамкор: -Шаҳлохонро мардум дар ҳама ҷо иззату икром мекунанд. Фикр мекунам, муҷиби чунин маҳбубият пеш аз ҳама хоксории ӯст. Бинед, 26 сол боз муваффақона кор мекунад, вале боре ҳам “ман” нагуфтааст.

Насимҷон мелиев, ҳамкор: -Шаҳлохон байти Фирдавсии бузургвор Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред, Чу дидед сармо баҳор оваред, -ро барномаи амали худ қарор додаанд. Салимахон Абдуллоева, ҳамсоязан: -Саводи баланду фаҳмиши амиқ дорад. Гузашта аз ин покниҳоду покрафтор аст. Ба дигарон ҳасад намебарад. Дурӯғ намегӯяд, касеро фиреб намедиҳад. Ҳатто ба душманаш бадиро раво намебинад. Ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоягиро бошад, аълодараҷа ба ҷо меорад Шаҳлохон. Иҷозатхон Аюбова, ҳамсоязан: -Шаҳлохон ҳамеша дасти афтодагон мегирад. Кӯдаконро хурсанду ятимонро навозиш мекунад. Мунис ва ғамхори беморон аст. Бенавоёнро кӯмак, озурдагонро дилбардорӣ менамояд.

На ҳар шахсе, ки санҷад набзи бемор, Табиби зираку соҳибкамол аст. Барҳақ соҳаи тиб дар Исфараи мо хеле пеш рафтааст. Чун Шумо кдарҳои донишманду баландихтисос, содиқонаю софдилона ба мардум хизмат мерасонанд. Алалхусус дар таваллудхонаҳо, ки насли инсон ба дунё меояд, тартибу низом мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Бо изни Худованди меҳрубон ва талошу заҳматҳои шумову ҳамроҳонатон набераи шашуми ман чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар ин лаҳзаи басо гуворо ба якояки Шумо аз самими дил миннатдорӣ баён мекунам. Хоҳари азиз, таманнои онро дорам, ки доимо тансиҳату хотирҷамъ бошед. Орзуҳои неки Ширинхону Далерҷон ва наберагонатонро бинед. Илоҳо, ҳар як мақсаду мароми дар дил доштаатон ҷомаи амал пӯшанд...”

Шаҳлохон Иброҳимова зодаи деҳаи Чоркӯҳ мебошад. Мактаби миёнаи рақами 28-ро соли 1983 хатм намудааст. Баъди ба итмом расонидани донишкада (щозира Донишгощи давлатии тибби шащри Душанбе ба номи Абӯ Алӣ Сино) 26 сол мешавад, ки дар маркази саломатӣ ва ҳамзамон таваллудхонаи Чоркӯҳ ба сифати духтури бемориҳои занона бенуқсон кор мекунад. Оре, 26 сол бо ин бонуи хайрхоҳу ғамхор бо ашки нӯги мижгон ва сӯзиши муттасили дил ба имдоди хоҳарону модарон мешитобад. Заҳматҳояш аз ҷониби вазорати тандурустӣ, мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бо даҳҳо Ифтихорнома ва дигар мукофотҳои арзанда қард карда шудааст. Корафтодагон бошанд арзи сипоси худро ба ӯ ҳамеша иброз медоранд. Дар сипосномае омада: “Хоҳари азиз Шаҳлохон, хуш ба ҳоли Шумо, ки ном ва амалҳои некатон доимо вирди забон аст. Зеро На ҳар оби равон софу зулол аст, На ҳар кас гил ба каф гирад кулол аст.

“Модар чӣ гуна, духтар намуна” омдаааст дар урфият. Хурду калон, бахусус онҳое, ки модари Ҳоҷӣ Шаҳлохон холаи Ҳоҷӣ Фаридахонро аз наздик мешиносанд, бо як ҷаҳон ихлосу сипос мегӯянд, ки ин гуна бонуи меҳрубону ширинсуханро кам андар кам вохӯрдаанд. Бешак, накӯтарин хислатҳои инсониро ба дили Шаҳлохон маҳз холаи Фаридахон ҷо кардаанд. Шаҳлохон низ дар зиндагӣ аз ҳама зиёдтар модарашро дӯст медорад. Аё модар, дилу ҷонам фидоят, Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят. Заминро сафда гар баҳри ту созам, Ки як бори дигар гирам дуоят. Шаҳлохон ҳамеша даст ба дуо бардошта, аз Худованди якто талаб мекард, ки ӯ ва модарашро ба зиёрати Хонаи худаш мушарраф гардонад. Инак, ду сол пеш бо хости маъбуди барҳақ Холаи Фаридахону Шаҳлохон ба ин зиёрат мушарраф шуданд. Абдуллоҳ АБДУЛЛОҲЗОДА, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ФАЪОЛИЯТ

мЕҲР

КВД " ТОҶИКСуҒуРТА" мАДАДГОРИ ШумОСТ! Агар ба садама дучор шудаед. Нақлиёти шахсии Шумо зарар дид. Шумо ба хотири дарёфти маблағ ва гирифтани қарз нақша мекашед. Дар ин гуна вазъиятҳо КВД "Тоҷиксуғурта" мададгори Шумост! Барои ин танҳо кифоят аст, ки садамаи рух дода аз тарафи нозирони нақлиёти автомобилӣ ҳуҷҷатнигорӣ шуда бошад. Аз тарафи КВД " Тоҷиксуғурта” ба шахси ҷабрдида ва зиёновардаи садама дар асоси ҳуҷҷатҳои тартибдодаи БДА ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад. Инчунин дигар ҳолатҳои ба Шумо додани ҷубронпулӣ мавҷуд аст. Маълумоти бештаре гирифтан мехоҳед пас ба мо муроҷиат кунед.

Суроғаи мо: шаҳри Исфара, кӯчаи марказӣ, 62/1. Телефон барои маълумот: (3462) 2-19-90.

www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru №8-9 (287-288) аз 24.04.2015 ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Машрафxон Эгамов. ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Зафар Амакxонов. Фирeза Мадаминxонова. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62 (904) 66-22-44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Н.Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад. Адади нашр: 1000.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook