Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 8 (9191) *** Чоршанбе, 22. 02. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Имрӯзҳо азнавсозии гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ бо суръат идома дораду ин мавзеъ ба ҷабҳаи меҳнати зарбдор табдил ёфтааст. Ҳамаи он нафароне, ки шаҳри худро дӯст медоранд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободии ин гӯшаи нозанини Исфара саҳми арзандаи худро гузоранд. Н/И
Ободкорӣ
Азнавсозии хатти ташноб
Дар кӯчаи собиқ Колхозчӣ, имрӯза Абдуллоев корҳои вобаста ба таъмиру азнавсозии хатти ташноби шахрӣ шурӯъ гардид. Мувофиқ ба маълумоти қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр барои барқарорсозии хатти фишорноки қутраш 355 миллиметра, бунёди ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб, таъмири иншоотҳо ва агрегатҳои партовобкашӣ, барқарорсозии иншоотҳои партовобтозакунӣ ва 1000 метри тӯлони қубури худҷории кӯчаи Киров аз ҷониби Бонки Арупоии таҷдид ва рушд 701 ҳазор доллари Амрикоӣ ҷудо шудааст, ки дар ин радиф бояд хатти фишорноки канализатсияи кӯчаи Абдуллоев низ дар масофаи 3 ҳазор метр барқарор карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки системаи якҷоягӣ ва схемаи худҷории канализатсияи шаҳрӣ соли 1979 бунёд шудаву патовобро тавассути насосҳои махсус, 42 километр қубурҳои худҷорӣ ва фишорнок аз маҳалли аҳолинишин дур месозад ва ба имрӯз бино ба гуфти сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр А. Мирҷаъфаров беш аз 60 фоизи шабака корношоям шудааст.
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода бо баёни аҳдофи баргузории он ифтитоҳ намуд. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фарогирии таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои олии вилоят маълумот дод. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ зимни муаррифии ин боргоҳи маърифат аз ҷумла афзуд, ки дар донишгоҳ 16 факултет ва 69 кафедра, аз он 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, парки технологӣ ва китобхонаи марказӣ фаъолият доранд. Дар ин боргоҳи маърифат аз рӯи 68 ихтисос дар шӯъбаи рӯзонаву 22 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Ҳомидҷон Ҳаким дар ҳузури хатмкунандагон таъкид кард, ки донишкада аз рӯи 17 номгӯи ихтисосҳо мутахассис омода месозад.
Н/И
Вохӯрӣ
Мулоқот бо ректорон
Дар донишкада 12 кафедра дар ҳайати се факулта фаъолият мебарад. Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода ва муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хуршед Худойбердиев оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таълимии худ тариқи слайдҳо ва видероликҳо маълумот пеш оварданд. Хатмкунадагони макотиби шаҳри Исфара перомуни шароит ва маблағи таҳсил, ихтисосҳои нав, сатҳи тайёр намудани мутахассисон ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. *** Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ мулоқоти намояндагони макотиби олии кишвар бо хатмкунандагон идома дорад. Инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуҷҷатсупоорӣ тавассути маркази миллии тестӣ сурат гирифта истодаанд. Дар варзишгоҳи марказӣ даври ниҳоии мусобикаи футбол барои дарёфти ҷоми раиси шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар вохурии ҳалкунанда дастаҳои «Исфагрупп» ва Мактаби варзишии рақами 2-и ҷамоати Навгилем ба майдон баромаданд. Футболбозони ҳарду даста ҳам, дар ҳузури ҳазорҳо нафар ҳаводорони футбол бозии вокеан ҳуб нишон доданд. Вохурӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи «Исфагрупп» анҷом ёфт ва ин даста барандаи Ҷоми раиси шаҳр гардид. Раиси федератсияи футболи
Н/И
Соли 2017 - Соли ҷавонон
Гӯштин дар Шаҳрак
Бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаву чорабиниҳо баҳшида ба Соли ҷавонон ва ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон дар мавзеи Сурхии ҷамоати деҳоти Шаҳрак мусобиқа оид ба гӯштини тарзи камарбандӣ байни ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара доир карда шуд. Дар қувваозмоии мазкур беш аз 180 нафар варзишгарон аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Воруҳ ва Шаҳраку
маркази шаҳр ширкат варзиданду баромади онҳоро беш аз 1500 нафар тамошобинон ҳаводорӣ намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ бо баробари ғолибон волидайни 5 нафар сарбозони артиши миллӣ, ки дар айни замон сарбаландона қарзи шаҳрвандии ҳудро адо мекунанд аз тарафи баҳши ҷавонон ва раиси ҷамоат бо тӯҳфаҳои ҳотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Бо ширкати масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон, корхонаҳои коркард, таъминкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи помидор дар мавзӯи «Омӯзиш ва табодули маҳорат дар самти парвариши помидор» мувофиқ ба лоиҳаи «Рушди фарогир ва суботи иқтисодии деҳот», ки аз тарафи «Ҷамъияти техникии Олмон» маблағгузорӣ мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷараёни он муовини раиси шаҳр Муҳаммад Муҳиддинзода оид ба кишти помидор ва зиёд на-
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Т
аҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд. Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд. Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд. Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, суистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассисаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд. www.president.tj Н/И
Варзиш
"Исфагрупп" соҳиби Ҷом
шаҳри Исфара, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Чаббори дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа – футболбозони дастаи «Исфагрупп» ҷом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Ҳамчунин, ҳайати ҳакамоти мусоН/И
биқа футболбозони беҳтаринро, ки дар ҷараёни қувваозмоӣ маҳорату малакаи варзишии баланд нишон доданд, муайян намуд. Ҳамин зайл, Ғуфрон Исоев аз дастаи мактаби варзишии рақами 2 дарвозабони беҳтарин, Восит Абдуқуддусов аз дастаи «Исфагрупп» ҳимоятгари беҳтарин, Атоҳон Раҳматов аз дастаи Гумбазӣ ниммуҳофизатгари беҳтарин, Амин Раззоқов аз дастаи "Боғдорӣ" нишонзани беҳтарин, Хушбаҳт Назиров аз ҳамин даста бозингари ҷавонтарини мусобиқа дониста шуда, бо Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.
Ҳамкорӣ
Баҳри серҳосилии помидор
мудани майдони кишту таъмини самаранокии он, сол аз сол камшавии хосил ибрози назар кард. Минбаъд корманди саҳроии лоиҳаи «Рушди фарогир ва суботи иқтисодии деҳот» дар шаҳри Исфара Ғолибҷон Урунов, менеҷери минтақавии барнома дар вилояти Суғд Мирзо Мирзоев ва мутахассиси соҳаи агробизнеси лоиҳа Ихтиёр Алиёров оид ба лоиҳа ва ҳадафҳои ниҳоии он маълумот доданд.
Баъдан байни ширкатдорон вобаста ба масъалаҳои дарёфти роҳу усулҳои афзун намудани самаранокии майдонҳои парвариши помидор, ҳавасмандсозии марди деҳқон ба ин шуғл ва пешниҳоди мадади захираҳои молиявӣ ба кишоварзон, тариқи муборизаи пурсамар бо бемориҳои помидор ва эҳёи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишоварзон ва корхонаҳои коркард мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нигинахон Халилова омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳраки Нефтобод аст. Шавҳараш Бахтиёр бошад, корманди соҳаи нафту газ мебошад.
Ду аскарбачаи модар
-Аз он рӯз аллакай қариб ду сол гузашт,- гуфт Нигинахон.- Порсол ман бо дастгирии ҳукумати шаҳрамон барои дидорбинӣ бо Бахтовар ба шаҳри Душанбе рафта, бо шароити хизматаш шинос гашта ниҳоят хурсанд шудам. Фармондеҳони қисмашон бо миннатдорӣ ба фарзандам иҷозат доданд, ки ҳамроҳи ман ба хона ояд ва чанд рӯз истироҳат кунад. Писари дуюми Нигинахон низ ба акояш пайравӣ кард. Диловар ҳам 19 октябри соли 2016 рӯзи таваллудашро қайд карда, пагоҳаш ба хизмати Ватан раҳсипор шуд. Ҳоло вай дар яке аз қисмҳои низомии шаҳри Ваҳдат сарбаландона лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ҳаёти сарбозиро паси сар карда Ин оилаи аҳлу тифоқ соҳиби се карданро парварида, алҳол ли- истодааст. фарзанд буда, бачаҳоро дар рӯҳи- босҳои зебою шинами аскарӣ ба Муаллима Нигинахон Халилова яи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, бар доранд. дар мактаб шогирдони хешро ба меҳнатдӯстӣ ва ҳурмату эҳтироми Аввал Бахтовар- писари кало- роҳи дурусти зиндагӣ ва соҳибпадару модар калон кардаанд. Аз нии Нигина 1 октябри соли 2015 маърифативу ватанпарварӣ ҳидоин ҷост, ки ду писари хонадон баъ- баъд аз як рӯзи ҷашни зодрӯзи худ ят намуда, аз он ифтихор мекунад, ди хатми мактаб дар қалбҳои хеш дуои волидонро гирифта, ихтиёрӣ ки ду фарзанди Рустаммонандаш орзуи дар сафи Кувваҳои Мусал- ба комиссариати ҳарбӣ рафт. бо як каф дуои неки ӯ муҳофизони Н/И
Баёни меҳр
Ҳиммати созандаашро қоиланд Мо, ҳамшираҳои тиб ва хурди шуъбаи кӯдакони ширмаки беморхонаи марказӣ аз хабари дар вилоят мақоми аввалро сазовор гаштани муассисаи тиббиамон бағоят хурсанд шудем. Ба ин муносибат дар арафаи 23 феврал тамоми ҷавонмардони беморхона, махсусан сартабибамон, роҳбари ободкор ва донишманду ғамхор Тайибиддин Муҳаммедовро табрик гуфта, ин меҳрномаи ҳамкорамон Розия Абдураҳмоноваро чун армуғони идона барояшон туҳфа мекунем. Субҳгоҳон ман ба бемористони худ оям, Аз фараҳ, аз шодӣ қалбам мешукуфад. Чунки ҳар рӯз мешавам ман рӯ ба рӯ, Бо бузургмарди ҷаҳони тиббиёт, Пири кулли духтурони рӯи олам, Бо Ҳаким Синои нуронӣ, Ки ба сӯям бо нигоҳи меҳрполо бингарад. Накҳати гул бар машомам мерасад аз пешу бар, Рақси оби софи фаввора диламро мебарад. Ман аз ин гулбоғ мафтун мешавам, Ман дар ин гулбоғ мамнун мешавам. Дар лабонам ояти шукру сипос гул мекунад: Сад ташаккур бар ту бод аз номи мо, Марди оқил, марди комил, Эй ҷавонмарди асил! Сартабиби кордону мӯниси ҳамкорҳо, Мушфиқи беморҳо. Ҳиммати созандаатро халқ қоил гаштааст, Эътибору ҳурматат бо меҳр дорад рӯи даст.
НАСИМИ ИСФАРА
Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби баландбардории масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ, тибқи барномаи вилоятии «Мубориза бар зидди ҷиноятқорӣ барои солҳои 2016 – 2017, нақшаи чорабиниҳои Раёсати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд доир ба гузаронидани амалиёти профилактики «Маданияти шаҳрдорӣ» ва таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин дар доираи тадбирҳои Соли ҷавонон кормандони ШВКД-1-и шаҳр дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, маркази санҷишии минтақавии «Тоҷикстандарт» ва хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара, аз ҷумла дар кӯчаи Бобо Маҳкамов, дар мавзеи беморхона ва бозори марказӣ гардиши санҷишӣ гузарониданд. Дар ҷараёни он ба сатҳи риояи меъёри қоидаҳои савдову хизматрасонӣ, вазъи санитариву эпидемиологӣ, интихоби макони ташки-
Н/И
Cанҷиш
Риояи маданияти шаҳрдорӣ
ли савдо, намуди зоҳириву тарзи либоспӯшӣ, маданияти муомилаву муошират, сифати молу маҳсулоти бафурӯшгузошташуда ва таъмини талаботи зиддисӯхторӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бархе аз вайронкунандагони меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба таври қатъӣ огоҳ карда шуда, нисбат ба иддаи дигар дар асоси моддаи 640 (ташкили савдо дар ҷойҳои муқарраркарданашуда) ва моддаи 112 (риоя накардани қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамзамон ба соҳибкорон бо дарназардошти шарту шароитҳои мавҷуда дар мавриди ташкили дурусти савдову хизматрасонӣ, таъмини иҷроиши талаботи зидисӯхторӣ ва парҳез аз тақлиди кӯр-кӯрона ба тарзи либоспӯшии ба маданияти халқи тоҷик бегона дастуру маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.
Римиёни қадим чунин ҳикмате доранд: «Хўрок барои зиндагист, на зиндагӣ барои хўрок». Истеъмоли хўрок аз муҳимтарин талаботи организми инсон аст. Лекин хўрокро мақсади ягона қарор додан зарар дорад. Пурхўрии доимӣ боиси халалёбии фаъолияти узвҳои ҳозима, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, вазни барзиёди бадан мешавад. Баробари камҳаракатӣ вазни барзиёди бадан ба инкишофи бемориҳои вазнини дилу рагҳо сабаб мегардад. Майлу хоҳиши одамон ба ғизо якгуна нест. Ҳангоми иҷрои кор ва кайфияти якхела ба ғизо ҳар кас ба таври худ талабот дорад. Ин ба хусусияти фардии моддаҳо ва дигар ҷараёни физиологӣ алоқаманд аст. Муносибати бошуурона ба хўрок ба одам ёрӣ мерасонад, ки аз бисёр бемориҳо эмин бошад. Одам мувофиқи эҳсоси гуруснагӣ ва иштиҳо хўрок мехўрад. Эҳсоси гуруснагӣ фиребанда аст. Аксар одамони фарбеҳ доимо ва баъзан, ҳатто баъд аз истеъмоли хўрок гуруснагиро ҳис мекунанд ва хўрокҳои серғизо: макарон, кулчаҳои қандину равғанин, торт ва ғайраро афзал мешуморанд, ки ин аз ҳама бештар
Н/И
Як хафтаи Исфара
Мулоқот бо раиси суд матиниродаи оромиву осудагии марзу буми кишвар ва ҳаёти хушу бароҳати ҳамватанон ҳастанд. -Ман боварии комил дорам, ки дар Соли ҷавонон фарзандони баномуси Исфара барои хизмати Ватан-Модар ҳамеша тайёр будани худро изҳор дошта, дар сафҳои артиши миллиамон ҷавонмардона хизмат мекунанд,- иброз медорад модари Бахтовару Диловар ва хушнудона мегӯяд: -Идатон муборак, мардони ҷасури Ватан! Муҳаррама СОДИҚОВА, омӯзгори мтму №4.
Мувофиқ ба нақшаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва прокуратураи шаҳри Исфара дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроия ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Некзод Хоҷаев бо роҳбарон ва масъулини корхонаҳои саноатию бонкҳо оид ба таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» семинари дастурдиҳӣ доир намуд. Дар он ба ҳозирин дар боби фарқияти Қонуни ҶТ «Дар бораи муБо ташаббуси сарвари осорхонаи марказии шаҳр Гулчеҳра Раҳимова ва корманди осорхонаи деҳаи Қалъачаи Мазор Биқоҳира Воҳидова дар мтму №19 бахшида ба 65-солагии адибаи шодравон Муаззама Аҳмадова маҳфили бузургдошт доир карда шуд. Дар оғоз яке аз шогирдони Муаззама-омӯзгор, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон А. Шерматов андешаву хотираҳои хешро дар боби ҳаёт ва эҷодиёти устоди соҳибқалами хеш ба аҳли маҳфил ҳикоят намуд. Хонандагони дабистон аз чакидаҳои назмиву
Н/И
Нишаст
Семинари дастурдиҳӣ
роҷиати шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз қонуни ҳамноми пештара ва тағйироту иловаҳои воридкарда шуда иттилои муфассал дода шуд. Ширкатдорон вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи масъалаи баррасишуда маълумоти мукаммалу қонеъкунанда гирифтанд.
Ёде аз Муаззама
насрии Муаззама сухан карда , аз рӯи ҳикояҳои ӯ сахначаҳои ҷолиб намоиш доданд, санъаткорон З.Обидов ва Ҳ.Каримов бо сурудҳои аз эҷодиёти адибаи зиндаёд омоданамудаашон хотири аҳли нишастро болида гардониданд. Инчунин дар маҳфил Анвар Сангинов, Абдуманон Рауфов ва бародари адиба Атохон Аҳмадов аз Муаззама ёдоварӣ карданд. Абдумуталими ОЗОД.
Аз кӯлвори "Шифо"
Зиндагӣ барои хӯрок нест
боиси фарбеҳӣ мегардад. Чунин одамон бояд доимо вазни худро санҷида, ҳангоми зиёд шудани он чораҳои зеринро бояд андешанд: миқдори хўрокро кам кунанд, таомҳои равғанӣ, ширинӣ, хамирӣ нахўранд, обро умуман кам нўшанд. Истеъмоли беандозаи об боиси афзоиши вазни барзиёди одам мегардад. Ҳангоми кам истеъмол намудани моеот равғани оранизми одамони фарбеҳ зуд об шуда, вазнашон кам мешавад. Ҳар як одам вазни бадани худро дар зери назорат бояд қарор диҳад. Муддати зиёди хўрок нахўрдан ё аз меъёр кам истеъмол намудан заъфу хастагӣ меорад, қобилияти коршоямиро паст ва мубодилаи моддаҳоро вайрон мекунад. Хўрок ба қадри имкон бояд нав пухташуда, бомазза, хушбў ва дилкаш бошад. Навъи таом, инчунин ҷою вазъи хўрокхўрӣ барои хуб ҳазм шудани он аҳа-
22. 02. 2017
23 ферал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
№8
2
мияти калон дорад. Дар шароити ҳозира бо плитаи газӣ ё барқӣ хўрокро тез пухтан мумкин аст. Якчанд рўз пешакӣ хўрокро мондан фоида надорад, чунки сифати он паст мешавад. Барои нағз ҳазм шудани таом хўрданро аз таомҳое, ки боиси ҷудошавии шира мегарданд (шўрбо, шавла, сабзавотҳои пухта) оғоз намудан беҳтар мебошад. Аммо истеъмоли маҳсулоти тезтайёр: фаст-фуд, пирожки, чипс, нўшокиҳое, ки дар асоси моддаҳои химиявӣ тайёр шудаанд зарар дорад, зеро он аз ҷиҳати таркиб пастсифат буда, пардаи луобии меъдаро озурда мекунад. Саросема хўрок истеъмол кардан мумкин нест, зеро дар ин ҳол вай дуруст хоида намешавад, ҳиссаҳои дурушти он ба меъда рафта, пардаи луобиро озурда мекунад, ҷудошавии шираи меъда ва ҳазми хўрок бад мешавад. Агар одам мунтазам хўрок нахўрад, шираи меъда ҷамъ шуда, девораҳои меъ-
Дар бинои суди шаҳр бо 40 нафар хонандагони МТМУ № 1 раиси суди шаҳр Т. М. Ҳафиззода вохӯрӣ гузаронид. Раиси суд доир ба мавзӯъҳои муҳиме, ки имрӯзҳо масъалаҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи соли 2017ро Соли ҷавонон эълон кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028, пешгирии ҷиноят дар байни ноболиғон, муомилоти ғайриқонунии асъори миллӣ ва ғайраҳо суҳбат орост. Мулоқоти кушоду озодона баргузор гашта хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд. Дар мулоқот инчунин директори мактаб А. Ғаффоров ширкат ва суханронӣ дошт. С. САЛИМБЕКОВА, омӯзгори МТМУ № 1. .
Хушдоманҳо дар коллеҷ
Дар коллеҷи тиббии шаҳр бо ширкати мудири баҳши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мавҷуда Назирова, модарон ва ҳушдоманҳои донишҷӯён маҳфили зебову ҳотирмон ва ибратомӯзе доир гардид. Дар ҷараёни он доир ба одоби оиладорӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон, муносибатҳои келин ва ҳушдоман, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии тақлидҳои кӯр-кӯрона ба либоспӯшии ба фарҳанги тоҷикон бегона, никоҳҳои ҳешутабориву номзадкунии бармаҳали дуҳтарон, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва риояи меъёри Қонунҳри ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мубодилаи афкор сурат гирифт. даро озурда мекунад, ки боиси дарди меъда (гастрит) шуда метавонад. Хўроки аз ҳад зиёд гарм пардаи луобии сурхрўда ва меъдаро озурда карда месўзонад ва ҳамчунин боиси бемории он мегардад. Хўроки тунд, ки миқдори зиёди сирко, мурч, пиёзи кабуд дорад, ба пардаи луобии сурхрўда ва меъда зиён оварда, ба ҷигар зарар мерасонад. Хўроки бесифат одатан рангу бўйи нохуш дорад, нишонаи пўсиш ё ҷўшиш ба назар мерасад. Аммо баъзан микробҳои бемориовар доштани хўрок зоҳиран аён намешавад. Ғайр аз он хўрок тамоман хушсифат менамояд ва мазаи муқаррариашро нигоҳ медорад. Маҳз барои ҳамин дар маҳсулоти гуногуни ғизоӣ таърихи истеҳсол ва мўҳлати истифодаи онҳоро нишон медиҳанд, ки ба он диққат додан ҳатмист. Маҳсулоти консервашуда муносибати эҳтиёткорона мехоҳад. Агар қуттии консерва андаке дамида бошад ҳам, онро истеъмол намудан мумкин нест. Бурҳониддин САДРИДДИНОВ, муовини директор оид ба таълими коллеҷи тиббии шаҳр.
Одамизод шири хомхӯрда аст. Баъзан дидаву дониста ба кору амалҳои норавое даст мезанад, ки оқибаташон ба ҷуз шармсориву пушаймонӣ дигар чизе нест. Беҳуда “Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ”-нагуфтаанд. Инсонро ақлу идрокаш идора мекунад. Яъне хубро аз бад, сафедро аз сиёҳ, зиёнро аз фоида фарқ карда тавонистани ҳар шахс аз фаҳму фаросати ӯ маншаъ мегирад. Ҳангоме, ки Рашид Саидмамадов ба вазифаи нозир-хазинадори маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) № 29/227-и дар деҳаи Чоркӯҳ будаи бахши Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”дар шаҳри Исфара №29 таъин намуданд, албатта нағз медонист, ки бо пул сарукордор мешавад. Ва ӯ бояд дар қабул ва ба хазинаи давлат ворид намудани маблағҳои ба амонат медодаи шаҳрвандон ҳамеша ҳушёру эҳтиёткор бошад, бо дасту дили тоза кор кунад. Муддати даҳ сол ӯ дар хизмати ҳамдеҳагони худ буд. Мардум тариқи маркази хизматрасонии бонкӣ маблағ месупориданду қабул мекарданд, маошу нафақапулӣ мегирифтанд, ин ҷо амалиёти ҷамъоварии пасандоз, интиқоли пулӣ, инчунин ҳисобу китоби зиёде низ роҳандозӣ мегардид. Минҷумла, ронандагони воситаҳои нақлиёт низ маблағи ҳарсолаи пардохти андози мошинҳо ва ё ҷаримапулиҳои маъмурии аз тарафи шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-2 дар шаҳри Исфара таъинкардаро ба “Амонатбонк”-и деҳа оварда месупориданд. Ҳар яке аз мизоҷон шакку шубҳа надоштанд ва ба он бовар буданд, ки пулҳои ба воситаи марказ гузаронидаи онҳо ба суроғаи лозимӣ ирсол мегардад. Аммо на ҳама вақт чунин мешудааст. Вақте бо саҳифаҳои дафтари аъмоли ин шахси масъул, ки дар давраи солҳои 2014-2016 даст ба сохтакории амалиёти бонкӣ ва аз они худкунии маблағҳои мизоҷон задааст, ошно мешавед, бе муҳобот чашмонатон аз ҳайрат мош барин кушода мешавад. *** Чун дар парвандаи ҷиноятӣ, ки маводи зайл ба он истинод шудаасту сухан бештар аз боби таҳрифу сохтакорӣ дар расидҳо меравад, ба маълумоти хонанда расониданиҲангоми баррасии парвандаи ҷиноятии сокини кӯчаи “Насими Исфара”-и маркази шаҳр Қосимов Исроилҷон Иброҳимович дар суди шаҳр маълум гардид, ки мавсуф ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар он ҷо ақидаҳои ифротгароёна пайдо намуда, аз аввали моҳи феврал то моҳи майи соли 2012 бо аъзои ҷамъияти “Ансоруллоҳ” (собиқ иттиҳоди ҷиноятии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”) мунтазам вохӯрдааст. Исроилҷон Қосимов дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъияти “Ансоруллоҳ” ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, ба ин гуруҳи ҷиноятӣ байъат намуда, аъзои он гаштааст. Минбаъд ӯ супоришҳои аъзои ташкилоти зикршударо дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ ва ҳамзамон маблағгузории он то лаҳзаи дастгир шуданаш-17 сентябри соли 2016 ба уҳда гирифта иҷро кардааст.
НАСИМИ ИСФАРА
Хиёнат ба амонат сабаби “миллионер” шудани хазинадори бонк гардид
ем: Расид ҳуҷҷати хазинавии ҳисоботаш қатъӣ ба шумор рафта, аз қисми асосӣ ва нусха иборат мебошад ва ҳарду қисм бо тарзи якхела пур карда мешавад. Дар акси ҳол... Моҳи январи соли 2014 Рашид Саидмамадов зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш аз сокини деҳаи Чоркӯҳ, кӯчаи Тоҷикистон ҳавлии 10 Зокир Қосимов 300 сомонӣ маблағи андози нақлиёти шахсиашро қабул намуда, ба ивазаш расиди пардохти бо муҳр тасдиқшудаи шакли №ХП4-ро дода, бо ғарази соҳиб шудан ба даромади муфт қисми дигари иттилоияи расидро нобуд карда, пулро ба эҳтиёҷоташ сарф кардааст. Моҳи августи ҳамон сол нозир-хазинадор аз шаҳрванд Саидҷон Ҳомидов маблағи пардохти андози воситаи нақлиётро дар ҳаҷми 240 сомонӣ гирифта, расиди шакли №31, силсилаи № 0282822-ро бо тарзи дастнавис тартиб додаву бо муҳр тасдиқ намуда ба пардохткунанда додааст. Вале маблағи мазкурро ба хазинаи бонк ворид накарда онро аз они худ мекунад. Сипас, бо мақсади рӯпӯш намудани пули дуздидааш ҳангоми аз шаҳрванди дигар Ҳ. Аҳадов қабул кардани 40 сомонӣ ҷаримапулии шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар шаҳри Исфара таъиннамуда ба ин шахс расиди шакли №ХП-4-ро навишта дода, дар ҳисоботи худ бошад, ин маблағи 40 сомониро ба нусхаи расиди шакли №31 дорои силсилаи № 0282822, ки қисми асосии онро пештар ба Саидҷон Ҳомидов оиди қабули 240 сомонӣ дода буд, ворид карда ба филиали бонк супоридаст. Рашид Саидмамадов бо ин роҳ расиди шакли №31-ро қонунӣ вонамуд сохта, 240 сомонии тасарруфкардаашро рӯпӯш мекунад. Ана ҳамин тавр нозир-хазинадори МХБ дар Чоркӯҳ “амалиёт”-и муфт пулёбиашро бидуни андеша аз оқибатҳои талху ногувор идома бахшидан мегирад. *** Бешак, Рашид Саидмамадов аз “кашфиёт”-и худ, ки бо василаи он соҳиби пулҳои бедардимиён мегардад, рӯз аз рӯз дилпуру руҳбаланд гашта, даҳони ҷуволи нафсаш торафт калонтар мешавад. “Қатра-қатра дарё шавад”- гуфтагӣ барин аз ҳисоби сохтакориву ҳисоботи бардурӯғ адади пулҳои дуздидаву ба зиндагиаш харҷнамудаи нозир-хазинадор нахуст ба ду-се ва минбаъд то ба панҷ-шаш рақам табдил ёфтаанд. Бо ҳамон тарзу усуле, ки дар боло зикр гардид, хазинадори бонк бо Н/И
Ахбори судӣ
Рӯзи талхи гумроҳӣ
Худи судшаванда дар маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда пурра айбдор шуморид. Аз ҷумла ӯ дар нишондоди хеш қайд намуд, ки моҳи майи соли 2011 бо даъвати рафиқаш Ёқубзода Қосим ба ошхонаи “Сомон”-и назди вокзали Қазони шаҳри Маскав рафта, дар он ҷо Қосимро ҳамроҳи Алишер Бурҳонов (тахаллусаш “Алӣ”, айни ҳол дар кофтуков қарор дорад), бародарон Илёс ва Идрис Бобоевҳо ва Фозилов Суҳробиддин (ҳар се дар маҳбас ҳастанд), ки сокинони шаҳри Исфара мебошанд вохӯрда, суҳбат намудаанд.
филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти ШБДА ШВКД-2 дар шаҳри Исфара МХБ Чоркӯҳ дар давраи соли 2016 маблағи 121 993 сомонӣ андоз аз воситаҳои нақлиётро қабул намуда, ин миқдор пулро ба буҷет даромад накардааст. Маъмурони филиали бонк вақте ҳисоботҳои ба филиал пешниҳодкардаи Рашид Саидмамадовро дар соли 2016 аз назар мегузаронанд дар ҳақиқат маълум мешавад, ки ин миқдор маблағ дар хисоботи марказ дарҷ нашудааст. Ба пурсиши онҳо Рашид Саидмамадов барои аз об хушк баромадан баҳона меорад, ки шогирде дорад ва хизматчии бонк набошад ҳам ба ӯ ёрӣ мерасонад. Шояд ҳамон ёрдамчиаш ин номаъқулиро карда, маблағҳои аз одамон қабул кардаро ба хазина ворид накардааст. Ҳатто ӯ аз ҳоҷатхона як миқдор бастаи иттилоияи расидҳоро пайдо карда, аз шогирдаш пурсон шудааст ва охирӣ ба вай 50 000 Дар маҷмӯъ Рашид сомонӣ оварда додааст. Саидмамадов наздик Аммо дурӯғи Рашид Саидмамадов 2 миллион сомонии аз бебунёд буд. Зеро дар МХБ танҳо шаҳрвандон қабул карда- як басти кории нозир-хазинадор мебошад. Бар иловаи он ӯ ашро аз они худ намуда, мавҷуд номи шогирдашро ҳам гуфтан набо ин кирдораш ба дав- тавонист. Чун дид, ки офтобро бо лат дар шахсияти фили- доман пӯшидан намешавад, дар ҳузури роҳбарияти филиали бонк али №29 Бонки давлатии ба занг зада мегӯяд, ки амонатгузории Ҷумҳурии 121 писараш 993 сомонӣ пул биёрад. Ҳамин Тоҷикистон “Амонатбонк” тавр ин маблағи камоамад нахуст ба бонк , баъд ба буҷети давлат гудар шаҳри Исфара зазаронида мешавад. рари махсусан калони Рӯзи дигараш дар нозироти андоз моддӣ расонид. ба роҳбарони филиали бонк нусхаи расидҳои пардохти маб- лағи андоз аз воситаҳои нақлиёти аз мақомоти Сирри фиребгарию қалобии Ра- БДА гирифтаро нишон медиҳанд, шид Саидмамадовро дар нозироти ки мувофиқи онҳо аз ҳисоби МХБ андози шаҳр пайхас карда, “трево- 29/227 боз 407 000 сомонӣ ба буҷет га” бардоштанд. Масъулини нозирот ворид нашудааст. охири моҳи майи соли гузашта ба
мақсади ягонаи ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр амал карда, давоми солҳои 2014-2016 аз сокинони шаҳри Исфара бо роҳи тартиб додани 5327 адад расиди шакли №ХП4 ва 596 адад расиди шакли №31 маблағҳои пардохти андоз аз воситаҳои нақлиётро ба миқдори зиёда аз 1, 7 миллион сомонии дигар гирифта, пули ба ӯ бовар карда супоридаро ба хазинаи бонк не, балки ба кисаи хеш андохтааст. Ҳамзамон Рашид Саидмамадов аз мизоҷони маркази хизматрасонӣ дар асоси 4479 адад расидҳои шакли №ХП-4 пулҳои пардохти ҷаримаи маъмурии таъиннамудаи шуъбаи БДА-и ШВКД ҶТ дар шаҳри Исфараро ба маблағи 280 771 сомонӣ гирифта, дар ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисобот таҳрифкорӣ карда, маълумоти дурӯғин навиштааст.
Онҳо аз кору машғулияти ӯ пурсон шуда, амри маъруф кардаанд. Сипас дар бораи ҷамъияти “Ансоруллоҳ” нақл намуда, таклиф мекунанд, ки ба гуруҳашон аъзо шавад. Ҳамин тавр вай ҳар ҳафта баъди намози ҷумъа дар амри маъруфи номбаршудагон иштирок намуда, бо таклифи онҳо моҳи августи соли 2011 бо роҳи қасам ёд кардан ба ҷамъияти “Ансоруллоҳ” аъзо шудааст. Ҳамчунин бо супориши “Алӣ” барои дастгирии гуруҳи ифротиён маблағ додаву баҳри кӯмак ба "бародарон"-и дар маҳбас буда либосҳои варзиширо аз мағоза дуздидааст... Суди шаҳр Исроилҷон Қосимовро бо ҷурми иштирок дар фаъолияти ҷамъияти ғайриқонунии терорристиву экстремистии “Ансоруллоҳ” (собиқ иттиҳоди ҷиноятии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон) гунахкор дониста, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин намуд. РАҲИМЗОДА Аъзамҷон Аюбҷонӣ, судяи суди шаҳр.
Таваҷҷуҳ: озмун
Раёсати молия дар шаҳри Исфара барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад: Сармутахассиси шуъбаи сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ Сармутахассиси шуъбаи банақшагирии хароҷотҳои буҷети давлатӣ. Талаботи тахассусӣ: таҳсилоти олӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Маоши вазифавӣ: 988 сомонӣ. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии хароҷотҳои буҷети давлатӣ. Талаботи тахассусӣ: таҳсилоти
22. 02. 2017
Ҷиноят ва ҷазо
№8
3
Зимни пурсуҷӯ Рашид Саидмамадов қабули ин пулҳоро аввал инкор мекунад, вале сонитар бо факту далел рӯ ба рӯ гашта, ба сохтакории худ иқрор шуда, ин дафъа низ 407 000 сомонии тасарруф намудаашро ба хазинаи буҷети давлат супорида, миқдори маблағҳои барқарор кардаашро ба 560 993 сомонӣ мерасонад. Аҷоибии коррр бинед, ки нозири батамом ба ботлоқи сохтакорӣ ғӯтаваргашта бо мақсади рӯпӯш намудани сарчашмаи даромади маблағҳои баръало бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда як қисми пули дуздидаашро ба миқдори 50 000 сомонӣ дар асоси шартнома ба филиали БДА “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара аз номи худ ҳамчун пасандози муҳлатнок гузоштааст. Бо ин амалиёти молиявӣ ӯ маблағҳои пулии аз они худкардаашро қонунӣ вонамуд сохтааст... *** Агар аз дасткаҷии хазинадори ба пули муфт одаткарда касе огоҳ намешуд, кӣ медонад ин марди синнаш ба шастсолагӣ расидаи панҷ фарзанддор боз чандин ҳазор маблағҳоро ба ҷайби бетагаш андохтаву ба чашми амонатдиҳандагону муттасаддиёни хеш хок пошида мегашт. Вақте Рашид Саидмамадовро ба паси панҷараи суд шинониданд, боварии комил ҳосил кард, ки подоши ҳар амали бадро ҷазо ногузир мебошад. Аз ин рӯ вай айбу гуноҳи содиркардаашро пурра ба гардан гирифта, як-як аз боби хиёнати худ ба амонати дар даст будааш шаҳодат дод ва аз суд хоҳиш намуд, ки аз кирдораш сидқан пушаймон асту ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад. Ҷинояти содирнамудаи Рашид Саидмамадовро дар мизони қонун баркашида, нисбати вай ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо мусодираи молу амвол ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул гаштан ба фаъолияти моливу пулӣ ва хазинадорӣ ба муддати 3 сол таъин карда шуд. Суди шаҳр ҳукм баровард, ки дар асоси қонуни авф муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ нисбати судшаванда аз се як ҳисса кам карда шавад. Инчунин суд даъвои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро оиди аз ҳисоби Рашид Саидмамадов рӯёнидани 1 430 404,40 сомонӣ зарари моддӣ ба манфиати бахши №29 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Исфара қонеъ намуд. “Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ”- гуфтаанд. Ҳамон тавре дар ибтидои мақола гуфтем, инсонро ақлу идрокаш идора мекунад. Пас, аз кӣ бояд гила кунад вақте ӯ ба ҳоли табоҳ гирфтор мешавад? Мавлонхон НАҶМИДДИНЗОДА, ёрдамчии прокурори шаҳр, Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, шореҳи ҳуқуқии “НИ”.
олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Маоши вазифавӣ: 733 сомонӣ. Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: -ариза ба номи роҳбарияти мақомот, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, 2 дона расм, шарҳи ҳол, нусхаи шиноснома, нусхаи диплом, маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ, нусхаи РМА, маълумот аз ҷойи истиқомат. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо давоми 14 рӯзи баъди нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун. Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев № 45, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сарраёсати молия дар вилояти Суғд. Телефон барои тамос: 2-58-35.
Н/И
БДА хабар медиҳад
Шарҳи як ҳодиса
Санаи 15-уми феврали соли равон тахминан соатҳои 17.50 дақиқа ронандаи автомошинаи тамғаи БМВ рақами қайди давлатиаш 5995 ВМ02 Холиқов Фаррух Фаёзович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Шӯртанг ҳавлии №150 ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Марказии шаҳр, назди мағозаи “Сомон” ва сихкабоби “Хуҷанд” аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Маҳбуба Фозилова, соли тавалудаш 1979, сокини маркази шаҳр ва кӯдакаш Саидҷон Қурбонов соли таваллудаш 2007-ро, ки аз канори рости роҳ ба тарафи чап мегузаштанд, пахш намуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса модару кӯдак ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, Саидҷон Қурбонов дар шуъбаи эҳёи БМШ вафот карда, Маҳбуба Фозилова дар шуъбаи осебшиносӣ бистарӣ гардид. ***
ШБДА ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Исфара мерасонад, ки аз 15 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти профилактикии “Маданияти шаҳрдорӣ” оғоз ёфтааст ва он то санаи 15 марти соли 2017 идома меёбад.
Вараҷа – бемории паразитиест, ки ба гурӯҳи бемориҳои сироятӣ, факсмиссивӣ, антропонозҳо дохил гашта, аз системаи паризатарии сегона иборат мебошад. Барангезандаи ин беморӣ – паразит аз авлоди «Плазмодиум», паҳнкунанда – хомӯшаки авлоди анофилис аст. Сироятёбии одам бо барангезандагони вараҷа бештар ба воситаи хомӯшакҳои вараҷаовар бо роҳи трансмиссивӣ (яъне бо воситаи неш задан), камтар ҳангоми хунгузаронӣ аз ҳомиладорон, беморони вараҷа, ё ҳангоми сироятёбии кӯдаки батн (одатан дар вақти таваллуд аз модари сироятёфта) сурат мегирад. Нишонаҳои беморӣ: сустӣ, беҳаракатӣ, дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ, баъзан дарунравӣ, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунӣ, калоншавии ҷигару испурч ва камхунӣ. Давомнокии рафти бемории вараҷа ҳангоми нагирифтани табобат 6-12 моҳ, баъзан сол ва зиёдтар мебошад. Шарҳи вазъият: Вазъи эпидемиологӣ дар мамлакат аз бемории вараҷа, ки аз суст шудани маҷмӯи чорабиниҳои пешгирӣ, муҳоҷирати аҳолӣ сар зад мураккаб гардид. Агар солҳои пеш ин беморӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ мушоҳида мегардид, аз соли 1991 сар карда дар дигар ноҳияҳо ҳам паҳн шуд. Исфара ба минтақаи нисбатан хавфнок барои паҳншавии вараҷа дохил мешавад. Афзоиши вараҷа аз набудан ва истифода накардани заҳрҳои кимиёвии зидди ҳашароти зарарасон, аз он ҷумла хомӯшакҳо ба вуҷуд меояд.
Н/И
№ 8
Он чи арзон аст олам дар баҳош, Ақли комил дон, ту з-ӯ дилшод бош.
Аз кӯлвори "Шифо"
Аз вараҷа эҳтиёт шавед
Нишонаҳои вараҷа дар занҳои ҳомиладор. Вараҷа дар занҳои ҳомила бештар вазнин гузашта, метавонад сабабгори исқоти ҳамл (аборт), таваллуди пеш аз мӯҳлат, оризаҳои баъди таваллуд ва фавт гардад. Дар занҳои ҳомила, ки дар хунашон паразити вараҷа махсусан «плазмодиа-фалсипарум» дорад, дар охири ҳомиладорӣ бисёртар камхунии назаррас ба мушоҳида мерасад. Якбора калоншавии испурч ва ҷигар ба калоншавии физиологии бачадон дар раванди инкишофи кӯдак монеъ гардида, сабаби исқоти ҳамл ва таваллуди пеш аз мӯҳлат мегардад. Вараҷа дар вақти ҳомиладорӣ хатари ҷиддиро ҳам барои модар ва ҳам барои кӯдаки инкишофёбанда, ки бояд таҳти назорати духтур бошанд ба бор меорад. Хусусиятҳои нишонаҳои вараҷа дар кӯдакон. Зоҳиршавии клиникии хурӯҷҳои вараҷа дар кӯдакон назар ба калонсолон камтар хос мебошад. Дар кӯдакони то 6-моҳа бемории вараҷа қариб ки вонамехӯрад. Дар онҳо
аз 6 моҳа то 3 солагӣ пайдо мегардад. Дар ҳоле, ки антиҷисми модар нобуд гардидааст ва масъунияти хуни кӯдак ҳоло инкишоф нааёфтааст. Кӯдаки бемор беҳавсала, ноором ё хоболуд гардида, иштиҳояш суст, қайкунӣ бо омехтаи талха пайдо мешавад. Паридани ранги пӯст, кабудчатоб гардидани пардаи луобӣ, баландшавии ҳарорати бадан ба монанди нишонаҳои ангезиши мағзи сар, рагкашӣ (судорог) ба амал меояд. Гурӯҳи хатарноки ин беморӣ. Кӯдакони аз 6 моҳа боло, занҳои ҳомила, муҳоҷирон, гурезаҳо, гурӯҳи калонсолон, ки дар шолизор, саҳро ва бешазорҳо кор мекунанд, хизматчиёни ҳарбӣ, сарҳадбонон, коркунони шуъбаи корҳои дохила, шахси бемор, беморони камхун. Пешгирии бемории вараҷа. Дар вақти кор кардан дар саҳро, шолизорҳо бояд шахс либосҳои сабуки пахтагин, шимҳои дароз, куртаҳои остиндароз пӯшад. Васеъ истифода бурдани пашшахонаҳо дар шароити саҳро ва хаймаҳои заҳрдору пошидашуда мувофиқи мақсад мебуд. Истифода бурдани кремҳо ва гелҳо барои дасту рӯй низ муҳим аст. Ҳамдиёрони азиз, агар дар шумо ва ё дар оилаи шумо аломатҳои бемории вараҷа пайдо шавад зуд ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед. Саломатии шумо дар дасти шумост. З. МАМАДОВА, духтури оилавии маркази саломатии шаҳр.
Маърифат дар калла ё дар балкон? Ба Лаккон мехмон нашавед! Ҷайра-тағо шумо медонед-мӣ, ки дар вилояти мо соли 2017-ро Соли дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ эълон кардаанд? Мумкин Шумо донеду аммо баъзе роҳбарон не-да. Ба хаёлам ин ташаббус туфайли онҳо ба 8000 аҳолии деҳаи Лаккон тааллуқ надорад-де. Зеро аз 5 январ боз хатти оби нӯшокиамон кор наменамуду ҳалқамон чарсас мекард. “Уштур як бор аз об сер шавад, як моҳ зиндагӣ мекунад”-гуфта воҳима месозеду намедонед, ки мо уштурро як нӯл задем. Ба гуфти машоихҳо “як бало карда, эсун усуна дида” насоси обтаъминкуниро аз ҳисоби ҷамоату аҳолӣ таъ-
мир намудему чӣ мегӯед, ки боз вайрон шуд ва боз таъмир кардем. Ҳоло об бошад ҳам, боваримон нест, то кай об мешавад? Ба мурданамон боварӣ дорему ба будани оби серобу намурдани насос не. Так-что ба хонаи мо меҳмон нашавед, зеро кадушӯрбо пухта наметавонем. Беҳтараш дар ҳаққи ташкилотҳои обрасон дуо кунед Ҷайра-тағо, ки обамон хок нашаваду насосамон вайрон. Вагарна кор таяммум - як зарб задам ба даст, як зарб задам ба рӯ ва... як зарб задам ба каду мешавад... Юсуфбой ФАЙЗИЕВ, аз Лаккон.
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0465684, ки МТМУ № 19 соли хониши 2011 ба Ризоев Сӯҳробҷон додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0052076, ки МТМУ №
Муҳтарам сокинони шаҳр! Баъд аз ба шумо расонидани саломи беалангаи худ аз худатон ба каси дигар маълум ва равшан набод, ки аз кору бори шумо - аҳолии шаҳр мо ниҳоят норозием. Дар бораи тозагӣ ва ободонӣ аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ ва депутатҳои Маҷлиси шаҳрӣ дар ҷамъомаду мулоқотҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ он қадар гап заданд, ки ба худашон ҳам гап намонд. Вале ҳамаи ин ба шумо асаре накарда, натиҷааш симчӯбро эм кардагӣ барин шуда баромад. Масалан, маърифати шаҳрдории Шуморо гирем. О дар балкони биноҳои истиқоматӣ чор кас бинад гуфта, либосҳоятонро баъди шустан қатор карда мондаед. Охир шумо фикр намекунед-мӣ, ки одамон ин либосҳои шуморо дида, ҳар хел фикр карданашон мумкин. Ё худ барои дари даромадгоҳи
1 соли хониши 2006-2007 ба Аброров Далер Анварович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии Т-ШТА № 0012775, ки МТМУ № 54 соли хониши 2004-2005 ба Қосимов Аслидин Абдувалиевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи № 163228, ки МТМУ № 28 соли хониши 1987-1988 ба Комилова Мавлуда Сафарбоевна додааст.
«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ
хонаатонро тоза кардан миёнатон хам намехӯрад. Поруву мусоратонро дида, гапамон гум. Хайрият Шерлок Холмс нест, набошад аз партовҳои шумо дар як зум мегуфт, ки ҳафт пуштатон кию шаб ба чӣ кор машғул шудед. Баъзеҳоятон пули чароғро намедиҳетону бар болои ин дар рӯзи равшан чароғатон гирон. О, дар чиллаатон чароғ надидаед-чӣ? Ё ба фикратон кормандони шабакаҳои барқ писарамакатон мешаванду “ягон бало” мекунанд? Шумо мардуми шаҳрнишин, мувофиқи шаҳр кор кунед-е, ҷӯраҳо, “бало” нашавед! Агар ин маъқул набошад, ба шумоён маслиҳат ҳамин ки ҷуллу ҷиҳозатонро аз маркази шаҳри зебоямон рӯбучин карда, ба ягон ҷойи хилват гирифта равед. Бо эҳтироми вадаванг ДАНГАЛМАХСУМ.
*** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ «БММF» таҳти рақами инвентарии 2938 дар суроғаи ҷамоати Навгилем , кӯчаи Ваҳдат хонаи 160 ба номи Насрединов Баҳодур ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Ҳуҷҷати тракторчигии С № 202391 ва талони огоҳии Содиқов Муқимҷон Мубинович бинобар гум шуданаш.
Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.
НАСИМИ ИСФАРА Н/И
Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 4700.
Аз саҳифаҳои таърихи "НИ"
Аз Оқсой томарқа диҳед Раҳматӣ бобоям нияти ба дашти Оқсой об баровардан доштанду лекин ба мақсадашон нарасида мурданд. Ҳозир Оқсой ба замини ҳосилхез табдил шуда истодааст. Акнун ман ҳаққанҳақо вориси бобоям буда, аз Оқсой томарқаи калон доданро талаб мекунам. (Аз талабномаи як ворухӣ), № 10, аз 22 январи соли 1966. Луқма: Агар 51 сол пеш ба ин ворухӣ ҳамон томарқаро медоданд, шояд имрӯз дар Оқсой ҳам "Насими Исфара"-ро мехонданд. Баҳсҳои наздисарҳадӣ баҳсҳои бистарӣ мегардид...
Мизони занона Ман ба тӯйи ҳамсояам бо дастархони калон: чор фатири варақин, 8 кулчаи ширмол ва як куртаворӣ фаранги пистоқиранг бурда будам. Вай бошад, ба таги лагандам шашто нони пиррак ва як куртагӣ роҳати бадани элакмонанд мондааст. Ин зани суққи чашмгуруснаро дар ягон маърака дида монам, шарта-шарта ҳамаашро ба рӯяш гуфта, атаку патакашро мебарорам. Агар ҳамин тавр накунам, номам Нусратпошшо набошад. (Аз суҳбат дар оши занон). №84, аз 12 июли соли 1966. Луқма: Ҳама гап дар сари танзим не, дар сари занҳо будааст-ку. Занҳоро ба танзим даровардан лозим, занҳоро... Аз ин навиштаҳо 50 сол гузашту занҳо ҳамонанд, ки ҳамон.
Аз ҳама қафо Деҳқонбой пешсаф гуфта, ба газета таъриф карда навиштаанд. Ин нодуруст. Зеро мо дирӯз ба тӯйи ҳаммаҳаллагиамон саф кашида мерафтем. Вай бошад, аз ҳама қафо меомад.. (Аз мактуб ба редаксия) “№ 75, аз 24 июни соли 1967. Луқма: Аз афташ ин Деҳқонбой ягон аҳли зиё будагист-де. Бовар накунед, тӯйҳои имрӯзаро бинед, зиёиён пойганишин шудагӣ. Ба ҷойи онҳо ким-кадом "ту напурсу ман нагӯям" бологузар. Эҳ таърих, таърих...
*** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи ГТС № 0068025, ки МТМУ № 18 соли хониши 2003-2004 ба Шарипова Мавзуна Абдуғаниевна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии ШТС № 0017780, ки МТМУ № 12 соли хониши 2002 ба Ахмеджанова Умеда Баҳодуровна додааст.
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст.
22. 02. 2017
4
Ҷомеаи меҳнатии МТМУ № 12 ба корманди техникии таълимгоҳ Мамадалиева Ашӯрхон нисбати вафоти ДУХТАРАШ - хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Марҳабохон Мамадалиева андуҳгин буда, ба ӯву наздиконаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳад.
www.nasimisfara.com
Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru
Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА. Иҷозат ба чоп: 21. 02. 2017.