8 2017 22 феврал

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24/04/1932 *** № 8 (9191) *** Чоршанбе, 22. 02. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Имрӯзҳо азнавсозии гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ бо суръат идома дораду ин мавзеъ ба ҷабҳаи меҳнати зарбдор табдил ёфтааст. Ҳамаи он нафароне, ки шаҳри худро дӯст медоранд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободии ин гӯшаи нозанини Исфара саҳми арзандаи худро гузоранд. Н/И

Ободкорӣ

Азнавсозии хатти ташноб

Дар кӯчаи собиқ Колхозчӣ, имрӯза Абдуллоев корҳои вобаста ба таъмиру азнавсозии хатти ташноби шахрӣ шурӯъ гардид. Мувофиқ ба маълумоти қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр барои барқарорсозии хатти фишорноки қутраш 355 миллиметра, бунёди ҳавзи захиравӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб, таъмири иншоотҳо ва агрегатҳои партовобкашӣ, барқарорсозии иншоотҳои партовобтозакунӣ ва 1000 метри тӯлони қубури худҷории кӯчаи Киров аз ҷониби Бонки Арупоии таҷдид ва рушд 701 ҳазор доллари Амрикоӣ ҷудо шудааст, ки дар ин радиф бояд хатти фишорноки канализатсияи кӯчаи Абдуллоев низ дар масофаи 3 ҳазор метр барқарор карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки системаи якҷоягӣ ва схемаи худҷории канализатсияи шаҳрӣ соли 1979 бунёд шудаву патовобро тавассути насосҳои махсус, 42 километр қубурҳои худҷорӣ ва фишорнок аз маҳалли аҳолинишин дур месозад ва ба имрӯз бино ба гуфти сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр А. Мирҷаъфаров беш аз 60 фоизи шабака корношоям шудааст.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода бо баёни аҳдофи баргузории он ифтитоҳ намуд. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фарогирии таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои олии вилоят маълумот дод. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ зимни муаррифии ин боргоҳи маърифат аз ҷумла афзуд, ки дар донишгоҳ 16 факултет ва 69 кафедра, аз он 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, парки технологӣ ва китобхонаи марказӣ фаъолият доранд. Дар ин боргоҳи маърифат аз рӯи 68 ихтисос дар шӯъбаи рӯзонаву 22 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Ҳомидҷон Ҳаким дар ҳузури хатмкунандагон таъкид кард, ки донишкада аз рӯи 17 номгӯи ихтисосҳо мутахассис омода месозад.

Н/И

Вохӯрӣ

Мулоқот бо ректорон

Дар донишкада 12 кафедра дар ҳайати се факулта фаъолият мебарад. Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода ва муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хуршед Худойбердиев оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таълимии худ тариқи слайдҳо ва видероликҳо маълумот пеш оварданд. Хатмкунадагони макотиби шаҳри Исфара перомуни шароит ва маблағи таҳсил, ихтисосҳои нав, сатҳи тайёр намудани мутахассисон ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. *** Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ мулоқоти намояндагони макотиби олии кишвар бо хатмкунандагон идома дорад. Инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуҷҷатсупоорӣ тавассути маркази миллии тестӣ сурат гирифта истодаанд. Дар варзишгоҳи марказӣ даври ниҳоии мусобикаи футбол барои дарёфти ҷоми раиси шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар вохурии ҳалкунанда дастаҳои «Исфагрупп» ва Мактаби варзишии рақами 2-и ҷамоати Навгилем ба майдон баромаданд. Футболбозони ҳарду даста ҳам, дар ҳузури ҳазорҳо нафар ҳаводорони футбол бозии вокеан ҳуб нишон доданд. Вохурӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи «Исфагрупп» анҷом ёфт ва ин даста барандаи Ҷоми раиси шаҳр гардид. Раиси федератсияи футболи

Н/И

Соли 2017 - Соли ҷавонон

Гӯштин дар Шаҳрак

Бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаву чорабиниҳо баҳшида ба Соли ҷавонон ва ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон дар мавзеи Сурхии ҷамоати деҳоти Шаҳрак мусобиқа оид ба гӯштини тарзи камарбандӣ байни ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара доир карда шуд. Дар қувваозмоии мазкур беш аз 180 нафар варзишгарон аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Воруҳ ва Шаҳраку

маркази шаҳр ширкат варзиданду баромади онҳоро беш аз 1500 нафар тамошобинон ҳаводорӣ намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ бо баробари ғолибон волидайни 5 нафар сарбозони артиши миллӣ, ки дар айни замон сарбаландона қарзи шаҳрвандии ҳудро адо мекунанд аз тарафи баҳши ҷавонон ва раиси ҷамоат бо тӯҳфаҳои ҳотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Бо ширкати масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон, корхонаҳои коркард, таъминкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи помидор дар мавзӯи «Омӯзиш ва табодули маҳорат дар самти парвариши помидор» мувофиқ ба лоиҳаи «Рушди фарогир ва суботи иқтисодии деҳот», ки аз тарафи «Ҷамъияти техникии Олмон» маблағгузорӣ мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷараёни он муовини раиси шаҳр Муҳаммад Муҳиддинзода оид ба кишти помидор ва зиёд на-

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Т

аҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд. Сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд. Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд. Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, суистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассисаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд. www.president.tj Н/И

Варзиш

"Исфагрупп" соҳиби Ҷом

шаҳри Исфара, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Чаббори дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа – футболбозони дастаи «Исфагрупп» ҷом ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Ҳамчунин, ҳайати ҳакамоти мусоН/И

биқа футболбозони беҳтаринро, ки дар ҷараёни қувваозмоӣ маҳорату малакаи варзишии баланд нишон доданд, муайян намуд. Ҳамин зайл, Ғуфрон Исоев аз дастаи мактаби варзишии рақами 2 дарвозабони беҳтарин, Восит Абдуқуддусов аз дастаи «Исфагрупп» ҳимоятгари беҳтарин, Атоҳон Раҳматов аз дастаи Гумбазӣ ниммуҳофизатгари беҳтарин, Амин Раззоқов аз дастаи "Боғдорӣ" нишонзани беҳтарин, Хушбаҳт Назиров аз ҳамин даста бозингари ҷавонтарини мусобиқа дониста шуда, бо Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.

Ҳамкорӣ

Баҳри серҳосилии помидор

мудани майдони кишту таъмини самаранокии он, сол аз сол камшавии хосил ибрози назар кард. Минбаъд корманди саҳроии лоиҳаи «Рушди фарогир ва суботи иқтисодии деҳот» дар шаҳри Исфара Ғолибҷон Урунов, менеҷери минтақавии барнома дар вилояти Суғд Мирзо Мирзоев ва мутахассиси соҳаи агробизнеси лоиҳа Ихтиёр Алиёров оид ба лоиҳа ва ҳадафҳои ниҳоии он маълумот доданд.

Баъдан байни ширкатдорон вобаста ба масъалаҳои дарёфти роҳу усулҳои афзун намудани самаранокии майдонҳои парвариши помидор, ҳавасмандсозии марди деҳқон ба ин шуғл ва пешниҳоди мадади захираҳои молиявӣ ба кишоварзон, тариқи муборизаи пурсамар бо бемориҳои помидор ва эҳёи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишоварзон ва корхонаҳои коркард мубодилаи афкор сурат гирифт.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
8 2017 22 феврал by Абдумуталиб Шарипов - Issuu