8 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

ИСФАРА

www.nasimisfara.com

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 8 (9143) ***

Ҷумъа,

4 марти соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мулокоти судманд бо маорифчиён

Ҳамеша саодатманд бошед, модарону хоҳарони азиз!

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо намояндагони ҳамаи соҳаҳо мулоқоту сӯҳбати ошкоро доир намуда истодааст.

Паёми табрикотии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Модарони гиромиқадр. Бонувони арҷманд. Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза дар ин рўзи мубораку хуҷаста Шуморо бо оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва ҳам ба ифтихори Рӯзи Модар табрику таҳният мегӯям. Ҷойизи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол расман дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани Рўзи Модар нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати шумо - модарони поксиришт ва гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - бонувони азиз дар ҷомеаи навини мо мебошад. Бино бар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - “ Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан - Модар ташкил медиҳад”. Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан - Модар шоҳкории табиат ва тоҷи офариниш мебошад, зеро башарият ва дунё дар домони биҳиштии шумо - занону модарони арҷманд парвариш меёбанд. Беҳуда мутафаккире нагуфтааст:- “Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, метавонад дунёро таккон диҳад ва оламро идора бикунад”. Воқеан ҳам мақому манзалати Зан - Модар ҳамчун мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон басо бузург мебошад. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб мекунад, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии мо таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он буда, имкон фароҳам меорад, то мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки муҳайё намудани

Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву матонати мо натиҷа ва самараи заҳмати шабонарўзии Шумо - Модарони гиромиқадр аст. Боиси қаноатмандист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалигашти силсилаиқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъ, мақому мартабаи Шумо бонувони саодатманд дар ҷомеаи навини мо пайваста боло меравад. Дар ин радиф занони соҳибдилу некназар, меҳнатдӯсту мушкилнописанд ва заковатманду ҳунарманди Исфараи бостонӣ низ дар пешбурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолонаву муваффақона нақши муассир ва саҳми назаррас доранд. Мо бо занони ҳунарманду барӯманди диёр ҳамеша ифтихор ва онҳоро дар сатҳи шоиста эҳтирому қадр мекунем. Модарони арҷманд. Тавре адиби маъруфи рус Максим Горкий, ки бо шоҳасари худ «Модар» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст, гуфта: - «Ҳама зебоиҳое, ки инсоният дорад, аз нури Офтоб ва аз шири Модар аст». Воқеан ҳам, аввалин туҳфаи шумо, Модарон ба мо - ҳаёт, дуввум – меҳру муҳаббат ва саввуминаш –фаҳму дарк аст. Мо ба хубӣ дарку эҳсос менамоем, ки Модар ягона ва азизтарин вуҷуди рӯи замин аст, ки ба мо натанҳо ҳаёт туҳфа меку-

над, балки ҳама умр ҳастиву ҷонашро сипар карда, мову ҳаётамонро ҳифзу ҳимоят менамояд. Яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии Модарро надорад”. Шумо – модарон ва бонувони азизу арҷманд барҳақ гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед. Орзуманди он ҳастам, ки чеҳраи шумо чун гул ҳамеша хандону шукуфон бошад! Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям. Таманнои онро дорам, ки ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд! Бигзор ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону бародарон ва дӯстону пайвандони худ саодати рӯзгор насибатон гардад!

Ин навбат вохӯрии шаҳрдори Исфара бо маорифчиён — сарварони мактабҳо, омӯзгорони фаъол ва пешсафони соҳа барпо шуд. Дар ин мулоқот сардори раёсати маорифи шаҳр Қаноатхон Абророва оид ба фаъолияти маорифчиён дар соли 2015 дар қиёси дигар солҳо гузориш дод. Дар гузориши мазкур бобати раванди таъмиру тармими мактабҳо, сохтмони биноҳои иловагӣ, бунёди иншоотҳои таълимӣ, ташкили мактабҳои типи нав ва литсейҳо, раванди дохилгардӣ ба мактабҳои олии кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ ва ишғоли ҷойҳои намоён дар озмунҳои фаннӣ дар миқёси вилояту Ҷумҳурӣ аз ҷониби толибилмони Исфара ибрози назар кард. Мукаррам Мелиев, сарвари мактаб аз деҳаи Чилгазӣ бо ибрози сипос ба таъсис додани литсейи № 4 дар ин деҳа дар бинои садорати хоҷагӣ омодагии омӯзгоронро бобати беҳтар кардани сифати таълиму илмомӯзонӣ баён дошт. Андешаҳои ӯро София Ҷалилова ва Меҳрӣ Раҳматова, директорони мтму №№ 67 ва 60 тақвият доданд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар баромади худ перомуни соҳаи калидӣ будани маориф ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самтро бо мисолҳои мушаххас баён кард. Ҳамзамон дар назди масъулин оид ба зиёд намудани теъдоди қабулшавӣ ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва дар олимпиадаву озмунҳо ширкати муҳассилини ҳамаи мактабҳо ва ишғоли ҷойҳои намоёнро аз тарафи онҳо тақозо намуд. Инчунин бобати ривоҷи корҳои ободонӣ дар мактабҳо таъкид сохт. Харидории либосҳои мактабӣ аз корхонаҳои ҳудуди Исфара ба бастани шартномаҳои сетарафа дар ин самт аз дархост ва вазифагузориҳои дигари Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ин мулоқот буд. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Исфара 84 муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 3200 омӯзгорон ба тарбияву таълими 46380 нафар машғуланд.

Конститутсия ба талаботи замон мувофик мегардад шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад”. Тағйиру иловаҳои ба Конститусия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конситутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститусия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003

ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститусия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд: таҳкиму такмили асосҳои конситутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо. Бояд ёдовар шуд, Конститутсия ҳамчун қонуни асосии (олии) давлат муайянкунандаи асосҳои

ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва таҳким ёбад. Аз ин рӯ тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои онҳо бахшида шудааст. Бо назардошти рушди забони давлатӣ ба инобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш

омадааст, ки матни Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конситутсия бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Омилу равандҳои зикргардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад. РАҲМОНЗОДА Анвар Хол, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.