"Насими Исфара", № 7 от 16 февраля 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №7 (9422) *** Чоршанбе, 16. 02. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар шаҳри Бӯстон нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ - бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудаанд, сурат мегирад. Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон, аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуда, дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Мехҳои печони корхона аслан барои насби шифер, гаҷкартон, сохтани мебел ва дар маҷмуъ ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тӯлонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад. *** Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ҳамчунин Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳ зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд куҳнаву фарсуда ва бекор буд. Пас аз эълони

иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои насли нави корӣ таъмин карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сехҳои истеҳсолии коргоҳ дидан намуда, бо коргарони он суҳбати самимӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал корхона дар ҳаҷми то 50 миллион сомонӣ дар як сол маҳсулот истеҳсол менамояд ва ин нишондиҳанда тибқи нақша солҳои баъдӣ ба 100 миллион сомонӣ расонида мешавад. “Зари Суғд” истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. *** Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳадаф аз бунёди корхонаи нави саноатӣ истифодаи босамари имконияти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад. Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар масоҳати 2 гектар бунёд карда шудааст. Бо таъсиси ин корхона дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхонаи навбунёд асосан 28 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла профил ва қубурҳои оҳанин бо шаклу андозаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегарданд. *** Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”-ро ифтитоҳ карданд. Корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Мирхолиқов бунёд ва 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб

таъмин гардиданд. Бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ва ширкату корхонаҳо дар “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтилении аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон, ин зарфҳо аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.

давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок карданд.

*** 9-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои истиқболи арзандаи ҷашни *** 35-солагии ҷашни умумимиллии Асосгузори сулҳу ваҳдати Истиқлолият дастуру супоришҳо миллӣ Пешвои миллат, доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати истифодаи пурраи ҳамчунин дар маросими мавриди имкониятҳо, расидан ба истифода қарор додани корхонаи ҳадафҳои муайянкардаи мебелбарории Ҷамъияти дорои Ҳукумати мамлакат ва таъмин масъулияти маҳдуди «Ситораи намудани рушди устувори вилоят Суғд», дар ноҳияи Бобоҷон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру Ғафуров хатти оби полезии ноҳияҳои он супориш доданд, Корхонаи давлатии кишоварзии ки якҷо бо вазорату идораҳои “Палос”-и Агентии таъминоти дахлдор иҷрои сифатнок амволи махсуси назди Ҳукумати ва саривақтии лоиҳаҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти барномаҳои рушди иҷтимоиву Суғд, дар шаҳраки Сирдарёи иқтисодии шаҳру ноҳияҳои шаҳри Гулистон бинои иловагии вилоят барои солҳои 2021-2025 ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами воридшударо таъмин намуда, 22-и “Бобуна”, бинои маъмурии банақшагириро дар самти рушди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии иҷтимоиву иқтисодӣ воқеъбинона, Демократии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафи дар шаҳри Гулистон, бинои саноатикунонии босуръати Муассисаи давлатии Маркази кишвар ва риояи принсипҳои таҳсилоти иловагии шаҳри «иқтисоди сабз» ба роҳ монанд Гулистон, Муассисаи давлатии ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба фароҳам овардани шароити номи «Темурмалик», шинонидани мусоиди инфрасохторӣ, ҷалби ниҳоли ток ва бунёди 50 гектар боз ҳам бештари сармояи токзори нав ва боғи интенсивии ватаниву хориҷӣ ва рушди зардолу ва ба истифода додани соҳаҳои афзалиятнок диққати хатти оби полезӣ дар Муассисаи аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати саривақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Андешидани тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Ба масъулони соҳа барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, барқарорсозии боғҳои куҳна, бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва риояи талаботи агротехникӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Ба хотири рушди соҳаи маориф Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд. (Давомаш дар саҳ.2).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.