7 8 2016 qxp имруз layout 1

Page 1

7-8- 2016.qxp имруз_Layout 1 10.05.2016 11:46 Страница 1

22 май - Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати мусоидат ва амалӣ намудани ин мақсади олӣ кӯмак мерасонанд.

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 7-8 (317-318)

аз 11 майи соли 2016

email: gazeta-imruz@mail.ru

www:7imruz.wordpress.com

www.tojinfo.ru

Таҷлили 71-солагии Ғалаба

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

Мавсуф замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тавассути идораи самолётҳои “У-2” ва “ИЛ-2” алайҳи фашизм мардона мубориза бурда дар таъмини Ғалабаи Бузург саҳми муассир ва нақши муҳим доштааст Тавре нависанд Ибод Файзуллоев дар қомуси энсиклопедии «Исфара» навишта: «РАҲМАТОВА Хосият, яке аввалин лочинзанони тоҷик. Аҳли оилаи ў с. 1930 аз деҳ. Ворухи н. Исфара ба Душанбе кўч баст. Дар м.м. №1 таҳсилро

ЯКЕ АВВАЛИН ЛОЧИНЗАНОНИ ТОҶИК РАҲМАТОВА ХОСИЯТ АЗ ДЕҲАИ ВОРУХ Дар шаҳру деҳоти Исфара 71 солагии пирўзи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро аз болои Германияи фашистӣ бо сипосгузории бекарон нисбат ба падару бобоёни қаҳрамон ва меҳнаткашони мушкилнописанди ақибгоҳи солҳои 19411945, ҳамчунин шукргузории бепоён ба соҳибдавлативу ҳаёти осудаву ором таҷлил намуданд. Субҳи барвақт собиқадорони ҶБВ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ дар пояи лавҳаи ёдгории собиқ госпитали ҳарбӣ ва қабристони бародарӣ бо нишони арҷгузорӣ ба фидокории аскарону афсарони шаҳидгаштаи Артиши шуҷои Шӯравӣ гулчанбарҳои тару тоза гузоштанд. Чорабинии ботантанаи идона дар майдони Ғалабаи маркази шаҳр сурат гирифт. Ин ҷо низ

бо рамзи арҷгузорӣ ба қаҳрамониву диловарии сарбозони Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар пояи муҷассамаи сарбози наҷотбахш гулу гулчанбарҳо гузошта шуданд. Дар назди собиқадорони ҶБВ, набардҳо дар Афғонистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аскарону афсарони қисмҳои низомӣ ва омўзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, бо баробари муборакбодии мардуми шарифи Исфара аз аҳамияти пирўзии 71 сол қабл ба дастоварда ёдрас шуд. Дар баромади раиси шаҳр аз ҷумла гуфта шуд: «ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз арсаҳои ҷанги дуюми ҷаҳон

ҳазорҳо фарсах дур буд, лекин дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳо 7389 нафар родмардони Исфара низ дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсўз қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири осудагии инсоният ҷони худро қурбон кардаанд». Минбаъд ширкатдорони ҷамъомад бо дақиқаи хомўшӣ хотираи неки қурбониёни ҷангро ёд ва рўҳашонро шод гардониданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ суруду таронаҳои маълуму машҳури давраи ҶБВ ва васфкунандаи Ватану мардуми матиниродаи сарзамин садо доданд. Сўҳбати гарми собиқадорони арсаҳои ҷангу меҳнат сари мизи идона дар маҷмааи «Васл» анҷомбахши чорабинӣ гардид.

идома дод ва дар як вақт ба машқи ҷаҳиш аз парашут дар аэроклуби пойтахт шуғл варзид. Донишҷўйи ИДПД . Лочиниро аз лочинзанони рус ва идораи самолёти “У-2”-ро аз инструктор П. Ткаченко омӯхт. Сипас лётчик-инструктори ҳайати отряди П. Ткаченко дар полки 101-уми авиатсионӣ. Вақти ҷанг пас аз санҷиш ва иҷозат дар Смолний бо самолёти санитарӣ ба маҷрўҳон озуқаворӣ ва доруворӣ мекашонд. То зимистони с. 1944 парвозро дар самолёти “ИЛ-2” идома дод. Дар яке аз парвозҳо захмдор шуда ба госпитал

афтид. Вакилони тоҷик бо сардории Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев вақти бозгашт аз фронт Хосиятро низ ба ватан оварданд. Хосият таҳсилро дар Донишкадаи педагогӣ идома дода, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Барои кор ӯро ба Ғарм фиристонида ва директори Омўзишгоҳи педагогии Навобод таъин карданд. Р. баъдтар дар Ўротеппа, Норак ва Душанбе, 40 сол ба фаъолияти омӯзгорӣ шуғл варзид. Хизматҳояш бо 15 ордену медалҳои гуногун қадр шудаанд».


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.