Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 7 (9190) *** Чоршанбе, 15. 02. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Ободкорӣ
Азхудсозии заминҳои бекорхобида
Дар Исфара аз ҳисоби заминҳои бекорхобида бунёди боғҳо сурат гирифта истодааст.
Т
анҳо давоми 6 соли охир 1253 гектар боғоти нав бунёд карда шудааст, ки беш аз 1100 гектарашро боғи зардолу, 95 гектарашро боғи меваҳои тухмдор ва 11 гектарашро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳанд. Аз майдони умумии боғоти солҳои охир бунёд шуда беш аз 1000 гектар дар заминҳои захираи давлатии аз кишоварзӣ берунмонда ва бекорхобида сурат гирифтааст. Ибтидо аз даҳаи аввали моҳи феврал аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ ва ҷалби маблағҳои сектори хусусӣ дар талу теппаҳои ҳудуди маъмурии шаҳри Исфара маъракаи ҷадиди бунёди боғоти нав роҳандозӣ гардид ва интизор меравад, ки дар ин радиф дар майдони беш аз 100 гектар заминҳои бекорхобида боғоти нав бунёд карда мешавад. Бино ба иттилои Файёзиддин Каримов-сардори идораи кишоварзии шаҳр бо баробари бунёди боғҳои нав масъалаи усулҳои хубу устувори бо об таъмин намудани онҳо низ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, барои бунёди пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрии қатрагӣ аз воситаву имкониятҳои бахши хусусӣ фаровон истифода бурда мешавад. Алъон майдони умумии боғот дар шаҳри Исфара наздик 10 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ҷиҳати гузоштани заминаи боэътимод барои эҳёи боғот дар соли 2017-ум мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақша гирифтааст, ки дар ҷойи боғоти кӯҳна ва аз ҳисоби азхудсозии заминҳои бекорхобида дар маҷмӯъ 247 гектар боғоти нав бунёд намояд.
Ф
илми «12 соли интизорӣ» намоиш дода шуда истодааст, ки садҳо ҳаводорони санъати кинои ватанӣ аллакай аз он баҳравар гардиданд. Яке аз ташаббускорони намоиши филми мазкур дар шаҳри Исфара Хусрав Додохонов мегӯяд, ки муваффақияти филмро мавзӯи ҷовидона – ишқу вафодорӣ, муборизаи қувваи некӣ бо бадӣ ва дар мисоли воқеаҳои ҳамарӯза моҳирона нишон дода тавонистани омилҳои умдаи оилавайронӣ таъмин намудааст. Созандагони «12 соли инти-
Инъикоси ташаббуси Президент дар маҷаллаи Invoice Magazine
Т
Натиҷагирии фаъолияти шӯрои ҷамъиятӣ Таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҷаласаи шӯрои ҷамъиятии шаҳри Исфара баргузор гардид.
О
н масъалаҳои натиҷаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳрро дар соли 2016, интихоби ҳайати нави шӯрои ҷамъиятӣ ва нақшаи корӣ барои соли 2017-ро баррасӣ кард. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Собирҷон Рустамов қайд кард, ки аъзои шӯро дар ҳамкории наздик бо мақомоти иҷроия давоми соли 2016-ум 109 мулоқот доир ва дар онҳо ташвиқу тарғиби сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати ҶТ, шарҳу тавзеҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани тафаккури созандаву бунёдкорона, тақвияти ваҳдату ягонагӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва адои хизмати ҳарбӣ, муборизаи беа-
мон бо терроризму экстремизм ва радикализми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сурат гирифтанд. Минбаъд дар қисмати музокира аъзои шӯро Мансурҷон Усмонов, Абдумуталиб Шарифов, Ҷамолиддин Нуриддинов, Амонулло Мусоев, Сулаймонхон Султонов, Судуриддин Маҳкамов, Кубро Собитова, Мамадҷон Абдуллоев ва Субҳон Ёдгорӣ баромад намуда, бо баробари баҳодиҳӣ ба натиҷаи кори яксолаи шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти он фикру дархостҳои худро баён карданд. Раиси шӯрои ҷамъиятӣ, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар навбати худ мақсади умдаи ҷаласаро дарёфти роҳҳои ҷоннок намудани фаъолияти шӯро арзёбӣ карда, тақозо намуд, ки дар баробари мақомоти давлатӣ барои ҷалби ҷавонон дар корҳои созандагиву ободкорӣ нақши фаъол гузошта, дар пешгирӣ намудани паҳншавии бегонапарастиву хурофот ва экстремизму терроризм дар байни ҷавонон саҳми муносиб гузоранд.
Дар деҳаи Кӯлканд роҳбари Н/И Маърифати ҳуқуқӣ дастгоҳи раиси шаҳр Фирдавси Аҳмадиён ва ёрдамчии калони прокурори шаҳр Далер Юсуфӣ барои кормандони масъули ҷамоатҳои деҳоти Навгилему Кӯлканд ва Чилгазиву Лаккон, ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои маорифу шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» семинатандурустӣ ва корхонаву ташки- ри дастурдиҳӣ доир намуданд. Ёрдамчии калони прокурори лотҳо оид ба таъмини иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳр Далер Юсуфӣ ба ҳозирин
Муроҷиатҳо ва баррасии онҳо
Н/И
Фарҳанг
Ҳикоят аз оиладорӣ зорӣ» пеш аз он, ки ба навиштани филмнома шурӯъ намоянд, сабаби вайроншавии беш аз 50 оилаҳоро тавассути суҳбату мулоқотҳо бо аъзои онҳо ҳаматарафа омӯхтаанд. Филми мазкур дар заминаи муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба навор гирифта шудаву муаллифи он Бахтиёр Каримов, коргардон Муҳиддини Музаффар,
директор Осими Орифпур ва продюссер Дилошӯб Орифзода мебошанд.
ашаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Покистон дар мақолаи зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» инъикос гардид. Дар ин мақола аҳамияти байналмилалии қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ вобаста ба ин ташаббус ва ҳадафҳои он дар самти ҳифзи захираҳои обии сайёра ва таъмини манфиатҳои башарият дарҷ шудаанд. Мақолаи мазкур дар нишонии зерин бо забони англисӣ дастрас аст: http://invoice.com.pk/2017/02/01/emomali-rahmon-presidenttajikistan-advocates-water-for-sustainable-development/ Н/И
Шанбегӣ
Ободонии кимиёгарон
Дар ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» ва шаҳраки Навобод аз иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар боби ҳар рӯзи шанбе то ҷашни Наврӯз баргузор намудани ҳашарҳои ободонӣ бо қаноатмандии хоса истиқбол намуданд.
И
нак ҳафтаи дуюм аст, ки кимиёгарон дар ин маъракаи муҳиму хайр фаъолнокӣ нишон медиҳанд. Ахиран дар шанбегӣ беш аз дар боби фарқияти Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз қонуни ҳамноми пештара ва тағйироту иловаҳои воридкардашуда иттилои муфассал дод. Дар анҷом ширкатдорон вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаи баррасишуда аз намояндаи прокуратураи шаҳр посухҳои мукаммалу қонеъкунанда гирифтанд. Филм дар бадали 45 рӯз наворгирӣ шудаву танзими он 6 моҳ идома доштааст ва хароҷоти ин филм 300 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. То шаҳри Исфара намоиши филм дар кинотеатрҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Конибодом низ ташкил карда шудаанд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик сафари «12 соли интизорӣ» дар ҳудуди Исфара, ҳамчунин дар шаҳраки Нефтободу деҳоти Чилгазӣ, Чоркӯҳ ва Ворух идома меёбад.
400 нафар ширкат варзида, дар заминҳои атрофи идораву ҳудуди фаъолияти доимӣ ва шаҳраки Навобод 180 метри тӯлонӣ ҷӯйборҳоро аз гилу партовҳо ва майдони 2800 метри мураббаъро аз растаниву алафҳои бегона тоза намуданд. Дар ин рӯз аз маҳаллaҳои тозакоришуда ба миқдори 6 тонна партов ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ бароварда шуда, дар қади роҳу пеши бинову иншоотҳо 350 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд. Аз кӯшишу ғайрати ҳашарчиён роҳбарияти ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» таҳти сарварии директори кулли корхона Содиқҷон Рустамӣ ва ҳатто меҳмонони аз Федератсияи Русия барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд ташриф оварда илҳом гирифта, дар саҳни бинои идора бо рамзи сарсабзии минбаъдаи Тоҷикистону рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ниҳол шинониданд. Н/И
Бозори шуғл
11 нафар соҳиби кор
Дар маркази ҷавонони деҳаи Чоркӯҳ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
О
н мувофиқ ба нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара бо мақсади бо кор таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҳиссаи бекори аҳолӣ доир шуд. Корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ширкатдор 250 ҷойи кориро бо музди меҳнати аз 400 то 1350 сомонӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷараёни он 265 нафар ширкат варзида, 11 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ ва 30 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.