Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
Оғози нашр 24/04/1932 ***
ИСФАРА
№ 7 (9142) ***
Сешанбе,
23 феврали соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Гузориш
Ташрифи раиси вилоят ба Исфара
Сафари кории раиси вилояти Суғд аз боздид ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳраки навбунёди мавзеи Моҳпарӣ оғоз ёфт.
Иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр ҷиҳати оғози кор дар самти тахту ҳамвор ва шағалпӯш намудани 18,2 километр роҳҳои дохилии шаҳрак, ки давоми як моҳи гузашта анҷом дода шудааст ва ҳам бунёднамоии роҳи марказии он мавриди таваҷҷӯҳи раиси вилоят қарор ёфт. Мавсуф қаноатмандии худро аз оғози корҳо дар самти бунёди инфрасохторҳои зарурӣ дар маҳалли аҳолинишини мазкур баён дошта, роҳбарияти шаҳр ва масъулини идораҳои марбутаро ҷиҳати чораҷӯӣ оид ба гузаронидани хатти об, дастрас намудани ҷӯйбор ва деворакҳои бетонӣ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва ҳам чароғонкунии кӯчаи марказии шаҳрак муваззаф сохт. Раиси вилоят ҳамзамон ташкили муассисаи давлатии шаҳраки сохташавандаи Моҳпарӣ, бозори маводи сохтмон ва бунёди коргоҳи шағалмайдакуниро дар ин мавзеъ иқдоми зарурӣ маҳсуб дониста,
баҳри таъмини амалигашти онҳо дастур дод. Ҳамзамон ташкили ҳашарҳои ободонӣ ва кушодани кӯчаҳои дохилимаҳаллиро бо ҷалби сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр тақвиятбахшандаи амалҳои ободкорона арзёбӣ намуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бунёди ҳавзҳои оби нӯшокиро тадбири аввалиндараҷа ҳисобида, ба идораи сохтмони асосии вилоят баҳри вусъати корҳо оид ба дарёфти маблағ барои бунёди 2 адад ҳавзҳои обнигаҳдории ҳаҷми ҳар яке 2000м3 мушаххасан супориш дод. Тасмим гирифта шуд, ки ин иншооти ҳаётан муҳим аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ бунёд карда мешавад. Баъдани раиси вилоят аз раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои тозабунёди мақомоти прокуратура ва маркази адлия, ки дар оянда чун бинои маъмурии шӯъбаи
САҲШ, нотариати давлатӣ, адвокатура ва ҳам бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ истифода мегардад, инчунин бинои навбунёди маркази хизматрасонии ҶДММ «Акмал» дидан намуд. Сохтмончиён ҷиҳати то санаи 10 марти соли равон ба охир расондани корҳои сохтмонӣ, дигар масъулин барои саривақт тахту ҳамвор кардани заминҳо, шинондани дарахтону гулҳо ва кабудизоркунию ободонии ҳудуди иншоотҳо вазифадор карда шуданд Дар раванди сафар раиси вилоят ҳамчунон аз силсилаиншоотҳои тозабунёди воқеъ дар майдони Исмоили Сомонии маркази шаҳр боздид ба амал оварда, баҳри беҳбудии сатҳу сифати корҳо, ба талаботи меъмории муосир мувофиқгардонии иншоотҳо, дастраснамоии лавозимоту таҷҳизотҳои замонавӣ маслиҳату дастурҳои муфид дод. Зимни сӯҳбат бо соҳибмулкони иншоотҳо Абдураҳмон Қодирӣ онҳоро ҷиҳати то фарорасии ҷашни байналмиллалии Наврӯз пурра барои истифодадиҳӣ омода кардани силсилаиншоот, кабудизоркунию ободонии ҳудуд вазифадор намуд. Дар интиҳо раиси вилоят аз иншооти тозабунёди корхонаи коркарди меваи хушк ва коргоҳҳои дӯзандагию қаннодии ҶДММ “Файзи Навгилем” боздид ба амал овард. Ҳамзамон бо шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар назди соҳибмулки он баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, воридсозӣ ва васлу насби саривақтии дастгоҳу таҷҳизотҳо низ бо зикри мӯҳлати иҷрои кор вазифаҳои мушаххас гузошт. Тамошои гулбоғи навбунёди маркази “Ҷаҳони нав” ва ҳам боғи ботаникӣ анҷомбахши сафари кории раиси вилоят ба Исфара буд. Соҳибмулкони иншооти мазкур низ барои воридсозии атраксионҳо, шинонидани дарахтони сўзанбарги нодир, гулзоркунии ҳудуд ва дар маҷмўъ ба макони истироҳату фароғат табдил додани гулбоғ дастур гирифтанд.
Н/И
Таҷлил
Ачргузори ба хомиёни Ватан
Ба ифтихори 23-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри “Кимиёгарон”-и шаҳр маҷлиси ботантана доир гардид. Дар ҳузури иштирокдорон раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аскарону афсарон ва кулли мардуми шарафманди Исфараро бо иди саиди Артиши миллӣ муборакбод намуда, доир ба нақши беназири ҳарбиёни кишвар дар пойдории амну осоиш ва корнамоиву қаҳрамонии онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан суханҳои ифтихорангез баён кард. Сипас аз ҷониби шаҳрдори Исфара ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаву софдилона ба гурӯҳи низомиёни шуҷои қисмҳои ҳарбии дар Исфара буда тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд. Дар ҷамъомад инчунин комиссари ҳарбии шаҳр Ф. Ҳафизов бо ироаи сухани шодбошӣ як зумра ҳомиёнро қадршиносӣ намуд. Н/И
Муаррифӣ
Сарвари нави "Корхонаи кимиёви"
Сарвари нави ҶСК "Корхонаи кимиёвӣ" таъин гардид.
Маросими муаррифии директори генералии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва бо ҳузури муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдари Хол дар маҷлисгоҳи корхонаи мазкур сурат гирифт. Бояд тазаккур дод, ки Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода дастпарвари Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистон ва хатмкардаи Академияи хизмати давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Россия буда, дар мансабҳои давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда босамару пурмаҳсул кор кардааст. Аз ҷумла, давоми солҳои гуногун мансабҳои муовини раиси шаҳри Исфара, директори заводи спиртбарории шаҳри Исфара, директори комбинати консервбарории шаҳри Исфара, муовини аввали раиси шаҳри Исфара, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ахиран масъулияти муовинии аввали раиси шаҳри Чкаловро ба зимма дошт.
"Соли 2016 - Соли махалла, деха ва шахраки обод" Бо мақсади рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, босамар ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиб, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ Барномаи шаҳрии «Соли 2016-Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» тасдиқ карда шуд. Таъмиру тармим ва ободу зебо гардонидани манзили истиқоматии шаҳрвандон, дар ҳавлӣ, маҳалла, деҳа ва шаҳракҳо ташкил намудани сафарбаркунии оммавӣ барои ниҳолшинонӣ, бунёди ҷойҳои истироҳатӣ, варзишӣ, фа-
роғатӣ ва баргузории маҳфилҳои гуногун, ташкил ва азнавсозии майдончаҳои варзишии дохили ҳавлиҳои маҳаллаҳои шаҳракҳо, дар ҳамаи деҳаҳои сераҳолӣ ташкил кардани чунин майдончаҳо, азнавбарқароркунии хатҳои
оби нӯшокӣ ва полезӣ, барқрасонӣ ба ҳавлиҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо ва шаҳракҳо, сохта ба истифодабарӣ супоридани хатҳои нави хизматрасонии обу барқ аз самтҳои асосии Барнома маҳсуб меёбад.
Тибқи ин қарор ҳамчунин ҳайати комиссия ва низомномаи комиссияи озмуни шаҳрии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» тасдиқ карда шудааст. Озмуни маҳалла, деҳа ва шаҳраки беҳтарин дар байни се воҳиди марзии аҳоли-
нишин - шаҳрак, деҳа ва маҳалла барои гирифтани унвони беҳтарин гузаронида мешавад. Ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба ғолибони озмун байни маҳаллаҳо барои ҷойҳои якум 1000 сомонӣ, дуюм 700 сомонӣ ва сеюм 500 сомонӣ, озмуни байни деҳаҳо ҷойҳои якум 5000 сомонӣ, дуюм 3000 сомонӣ, сеюм 2000 сомонӣ, озмуни байни ҷамоатҳо барои ҷойҳои якум 1500 сомонӣ, дуюм 800 сомонӣ ва сеюм 500 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст.