6 7 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

Иди Наврӯз асту бар гулҳои наврӯзӣ нигар, Шамси истиқболро файзу дилафрӯзӣ нигар.

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 6-7 (285-286)

аз 20 марти соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳр:

НАВРӮЗАТОН МУБОРАК БОД!

Ҳамдиёрони азиз! Дӯстони арҷманд! Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирӯзии нур бар зулмат ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад. Бино бар суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебах-

шад” Ҷойизи зикр аст, ки Наврӯз дар давоми таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Мавриди зикр аст, ки Наврўз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди шўравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнўъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзои Турсунзода, барои эҳёи он кўшишҳои зиёд карда буданд. Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврўз дар кишвари мо бо шарофати иқдомоти пайгиронаи фарҳангиву тамад-

дунпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукўҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўз гувоҳи он аст, ки ҳанўз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст. Яъне, Наврӯз аз қадимтарин ва башардӯсттарини ҷашнҳои рӯйи Замин, ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад. Тавре дар таърихномаҳо зикр гардидааст, САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии баҳорӣ дар байни мардуми Исфара мавқеъ ва нуфузи хосае дошт ва дар мавзейи Қалъаи Болои шаҳр, мавзейи Лангари моҳиёни деҳаи Чоркуҳ ва дигар идгоҳҳо бошукуҳ баргузор мегардид, ки дар раванди он ҳофизону паҳлавонони зиёде аз Хуҷанду Андиҷону Марғилон ширкат меварзиданд. Муаррихону фарҳангшиносон овардаанд, ки мардуми фарҳангиву ҳунарманди Исфара ҳанӯз аз қадимулайём дар маросимҳою ҷашнҳо, ба монанди «Наврӯз», «Сайри гули лола», «Бойчечак» суруду таронаҳои ҷашнӣ, оҳангҳои дилфиреб навохта ва мардум дастҷамъона Нақшхонӣ мекарданд.

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Ҳамин тариқ, мусиқии ҷашнӣ, маросимӣ дар байни мардуми диёр хеле васеъ ва гуногунранг буда, асрҳои аср то ба имрӯз беолоиш омада расидаанд. Дар даштҳои Бобомехчагару Шӯртанг то нисфирӯзӣ бӯзкашӣ ва аз шом то бевақтии шаб дар идгоҳҳо сурудхонию гӯштин, дорбозию мусобиқаҳои варзишӣ барпо мегаштанд. Дар замони имрӯз низ мардуми мо то расидани Наврўз суманак тайёр мекунанд, зеро суманак рамзи баҳор, зиндагии сабзу тоза ва ризқу рўзии фаровон мебошад. Ҳангоми расидани Наврўз дастурхони идонаи худро бо ҳафтсин ё ҳафтшин меороянд, ба хонаи ҳамдигар ба либоси тозаву чеҳраи пуртабассум мераванд, соли навро табрик мегўянд, орзуҳои неки осудагию оромӣ ва фаровонию сиҳатмандиро иброз медоранд. Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврўз кинаҳоро аз дилҳо дур месозанд, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд. Дӯстони арҷманд! Бо шукрона аз он, ки боз ба баҳори нав, ба рӯзи наву рӯзгори нав расидем, фарорасии қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ – Наврӯзи оламафрӯзро ба якояки Шумо самимонаву сидқан табрик мегӯям. Аз ин рӯ, бароятон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, дар Соли Оила ба аҳли хонаводатон солимиву тандурустӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям. Орзумандам, ки наврӯз бо қадамҳои сабзу баҳорона ва мубораки худ ба мулки мо ободӣ, ба хирмани деҳқонон файзу баракат, ба хонадони мардум бахту саодат ва шодию нусрат биёрад. ҚУДУМИ САБЗИ НАВРӮЗ БАРОЯТОН МУБОРАК БОД!

Тантанаҳои наврӯзӣ Шуморо интизоранд! 21 МАРТ Соати 10.00 - консерти идона бо иштироки санъаткорони шаҳр дар толори тобистонаи гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ; -ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди Наврӯз дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Нурафшон, Шӯроб, Лаккон, Сурх ва Ворух. 22 МАРТ Cоати 8.00 - маъракаи хатнатӯйи

25 нафар кӯдакон дар тӯйхонаи “Шоҳона”; Соати 9.00-10.00 -намоиши ҳунарҳои халқӣ ва анъанаҳои наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва таомҳои миллӣ, иди гулу паррандаҳо ва намоиши дастовардҳои техникони ҷавон аз чорраҳаи “Орзу” то майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ; Соати 10.00 - намоиши театрику-

нонидашуда дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ; Соати 10.20 - қисми расмии ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди Наврӯз (табрикоти раиси шаҳр ва меҳмонон); Соати 10.45 - консерти калони идона бо иштироки санъаткорони Исфара ва пойтахти мамлакат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ. 23 МАРТ

Соати 10.00ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди Наврӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Навгилем ва Шаҳрак; Соати 14.00 - мусобиқаи гӯштин ва бозиҳои миллӣ дар майдони “Маҳорат”-и гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ. 24 МАРТ Соати 10.00 - ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди Наврӯз

Тел: 2-61-62

САРБАЛАНДУ ХОНОБОД БОШЕД! Наврӯзи фархундапай қадами мубораки худро бо тулӯи аввалин нурҳои офтоби саҳарӣ бо паёмадҳои тоза ба тоза ба кишвари хуршедиамон, ба хонадони ҳар як ҳамватани мо мениҳад. Боиси тазаккур аст, ки чанд соли охир бо кӯшишу эҳтимоми Раиси ҳизбамон, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми Иди ҷаҳонӣ гирифт. Чун ба ҳазорсолаҳо аз масири таърих назар меафканем, идроки амиқ, дилу ният ва тафаккури пок, ҷаҳонбинии фарох, тамаддуни волои ниёгонамон ба хубӣ эҳсос мешавад. Дарк мекунем, ки Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқест ва миллатест, ки тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезанад. Наврӯз исму моли тоҷик аст! Зеро ин рӯзу ин идро дар тамоми курраи арз бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик! Қайд кардан ҷоиз аст, ки Наврӯз хусусияти ба ҳам овардани мардум, устувор гардонидани пояи ваҳдату ҳамдилии халқҳоро низ дорост. Наврӯз на фақат ид, балки чизе болотар аз ҳама идҳост. Бо Наврӯз руҳи мо то ба имрӯз монд ва Наврӯз рамзи ҳастии мо гашт. Биноан тамоми мардумро бо омадомади баҳори нозанин ва Наврӯзи Аҷам сидқан муборакбод гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва дастурхони пур аз нозу неъматро таманно дорем. КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА.

дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Нефтобод, Хонобод, Кӯлканд ва Чилгазӣ; Соати 10.00 - мусобиқаи гӯштин ва бозиҳои миллӣ дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ; Соати 14.00 - консерти идона бо иштироки санъаткорони шаҳр дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ. Эзоҳ: Рӯзҳои 21,22,23 ва 24 март аз соати 8.00 то 20.00 дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ сайругашти омммавӣ доир мегардад. КУМИТАИ СОЗМОНДЕҲ.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.