6 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

***

№ 6 (9141) ***

Чоршанбе,

10 феврали соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Сохибкорон ба маблаги кариб 4 миллион сомони иншоот сохтанианд Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ мулоқоти озод доир намуд. Мулоқоти мазкур дар ошёнаи сеюми маҷмааи “Ҷаҳони нав” баргузор гардида, он озод, бе расмиятчигӣ, яъне бо ибораи маъмулии "бидуни галстук" сурат гирифт. Бино ба иттилои мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маъруфхӯҷа Бузургхӯҷаев дар раванди мулоқот 80 нафар соҳибкорони Исфара ширкати бевосита намуданд. Ҳар яке дар алоҳидагӣ имконият дошт оид ба мушкилот, тасмиму ниятҳо ва роҳҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи Исфара бо раиси шаҳр ҳамсӯҳбат гардад. Инчунин бо раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ тариқи алоқаи онлайнӣ соҳибкорони дар хориҷи кишварбуда мулоқот доштанд. Дар

ҳамватанони худ баҳраманд гарданду пуштибонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва масъулинро бевосита эҳсос намоянд. Дар навбати худ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ омодагии мақомоти иҷроияро дар ин самт қайд кард. Дар раванди мулоқоти мазкур байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ 3 ёддошти тафоҳуми ҳамдигарӣ барои ҳамкорӣ баста шуд. Мутобиқ ба онҳо соҳибкор Акмал Шокиров ният дорад дар ҳудуди Исфара 4 маркази хизматрасонӣ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ, Идрисхӯҷа Ваҳҳобов тасмим гирифтааст, ки бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ корхонаи ордбарорӣ бунёд кунад ва соҳибкори дигар Фаридун Икромов мехоҳад бо маблағи наздик 1,7 миллион сомонӣ биноҳои истиқоматӣ бунёд намояд. Ҳарчанд мутобиқ ба ёддоштҳои ба имзорасида бунёди иншоотҳои мазкур тӯли ду сол дар назар дошта шудааст, аммо соҳибкорон ният доранд баъзе аз ин иншоотҳоро ҳамчун армуғон ба 25-солагии Истиқлоумум дар хатти алоқаи онлайнӣ кору фаъолият менамуда, ҳузур лияти давлатии Тоҷикистон то 9 наздик 20 нафар соҳибкорон аз доштанд. Онҳо дар баробари сентябри соли равон ба истифоФедератсияи Русияву Норвегия, изҳори омодагиву ҳиссагузорӣ да диҳанд. Бори аввал аст, ки раиси Зеландияи наву дигар мамолики дар рушди Исфара ва бунёди дуру наздик ҳаводори бо раиси иншоотҳои ҳаётан муҳим дар шаҳри Исфара бо соҳибкорон шаҳр сӯҳбат намудан шуданд. зодгоҳи худ таклиф намуданд, дар фазои озод мулоқот намуДар раванди сӯҳбати онлай- ки телефони боварӣ бо номи да, имконият фароҳам овард, то нӣ, ки бо соҳибкори муваффақи рамзии “Шуморо гӯш мекунам, соҳибкорон озодона аз нақшамуқими Маскав Насриддин Неъ- муҳоҷир!” таъсис дода шавад. То ву ниятҳо ва мушкилотҳои худ матов сурат гирифт, беш аз даҳ дар хориҷи кишварбудагон таво- гуфтугузор намоянд. соҳибкорони дар пойтахти Русия нанд аз дастгириву маслиҳатҳои

Раиси шахр дар Шахрак: таъминот бо барк, об ва таъмири пул Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз як қатор иншооту муассисаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак боздид ва бо мардум мулоқот кард.

Сараввал Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз мавзеи навбунёди Сурхии деҳаи Зумрадшоҳ дидан намуда, оид ба кашидани хатти барқ ва об ба ин мавзеъ вазифагузориҳои мушаххас кард. Сипас аз мтму № 16-и деҳаи Чорқишлоқ ва Маркази адрасу атласбофӣ дидан намуд. Шиносоии наздик аз раванди кор ва ҳолат дар кӯпруки Исфара-Ворух дар деҳаи Чорқишлоқ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18

паҳлӯи дигари ташрифи Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба ҷамоати деҳоти Шаҳрак буд. Баъд аз шинос шудан бо ҳолати воқеии иҷтимоиву сиёсии Шаҳрак раиси шаҳр бо аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони деҳоти мазкур мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод. Дар раванди он мардум оид ба масъалаҳои ҳалталаби деҳа ибрози назар карданд. Масъалаҳои таъминот бо оби полезии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз канали Моҳпарӣ шодоб мегарданд, бунёди бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Чорводорон, васеъ ва таъмир кардани пули деҳаи Чорқишлоқ, бурдани корҳои мафкуравиву пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта аз зумраи он мушкилоте буданд, ки фаъолон дар ҳалли онҳо аз Расул-

зода Дилшод Ҷабборӣ дархост намуданд. Раиси шаҳр оид ба ҳалли масъалаҳои мазкур дастуру пешниҳодҳои худро иброз дошт ва бори дигар таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи вилояту шаҳр ҳамеша барои осон кардани мушкилоти мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд. Дар ин росто роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон сармашқи кор ҳастанд. Бино ба иттилои мудири бахши иқтисод ва савдо Маъруфхӯҷа Бузургхӯҷаев дар назар аст, ки давоми соли 2016 дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Исфара барои солҳои 2013-2017 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак ба маблағи беш аз 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ корҳо амалӣ карда шаванд. * * * Ин гуна мулоқотҳои раиси шаҳр бо сокинони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ доир гардида, дар назар аст, ки Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рӯзҳои наздик вохӯриҳо гузаронад.

Н/И

Бунёди корхонаи коркард Абдуманнон Эрматов тасмим дорад, давоми ду соли оянда дар ҷамоати деҳоти Навгилем корхонаи коркарди меваю сабзавотро бо арзиши лоиҳавии 400 ҳазор сомонӣ бунёд намояд. Дар ин бора меморандум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар симои раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкор Абдуманнон Эрматов ба имзо расид. Меморандуми мазкур дар мулоқоте, ки Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо роҳбарони корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, рӯйи кор омад. Гуфтан кофист, ки Абдуманнон Эрматов яке аз соҳибкорони муваффақ дар соҳаи саноати коркарди меваю сабзавот дар Исфара ба ҳисоб рафта, сарвари корхонаи хурди консервабарории «Субҳи Ватан» мебошад ва корхонаи мазкур алҳол бо хоҷагиҳои кишоварзӣ барои харидории меваю сабзавот шартномаҳо баста истодааст.

Таъинот

Сардори нави нозирот Сардори нозироти андози шаҳр нав шуд.

Интихоби раиси шуро Маҷлиси ҷамъбастии шӯрои занон доир ва он дар як вақт масъалаи ташкилиро низ баррасӣ намуд. Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои оқибатҳои никоҳи барвақтӣ, пешгирии шомилгардӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва аз даст

Ба ин вазифа Нарзуллоев Илҳом Ҳақризоевич таъин гардида, ӯ Сафолов Валӣ Каваровичро иваз намуд. надодани зиракии сиёсӣ мавриди гуфтугӯзор қарор дода шуд. Дар он мудири шӯъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гавҳархон Ҳамроева оид ба фаъолияти солона ва корҳои ба сомон расида маълумоти муфассал дод. Баъди баррасии масъалаҳои асосии рӯзнома масъалаи ташкилӣ дида баромада шуда, ҳайати нави шӯрои занон бо теъдоди 35 нафар ва муовини раиси шаҳр Т. Файзуллоева раиси он интихоб гардиданд. Шӯрои мазкур ҷамъиятӣ буда, он беш аз 90 нафар занони фаъоли Исфараро муттаҳид менамояд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.