Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
ИСФАРА
Оғози нашр 24/04/1932 ***
№ 53-54 (9134-9135) ***
Сешанбе,
22 декабри соли 2015
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Боготи сиёхолу бунёд мешавад
Дар Исфара ба бунёди боғҳои сиёҳолу диққати хоса дода истодаанд.
Иқдоми мазкур бевосита дар заминаи пиёдасозии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳидоятҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбиқи худро меёбад. Ин аст, ки бо ташаббуси раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар нуктаи такягоҳии ИИИ «Боғпарвар» шинонидани ниҳолони сиёҳолу дар майдони беш аз 1,5 гектар оғоз шуд.Раиси шаҳр зимни шинонидани ниҳоли сиёҳолу таъкид бар он дошт, ки бояд аз таҷрибаҳои пешқадами боғбонон фаровон истифода бурда шавад. Бино ба гуфти сардори раёсати кишоварзии Исфара Файёзиддин Каримов дар назар аст, ки имсол беш аз 13 гектар боғҳои сиёҳолу дар Исфара бунёд карда шаванд.
Мулоқот дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифта, дар раванди он беш аз 800 нафар иштирок доштанд. Шаҳрдори Исфара дар баробари зикри самтҳои пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба тарбияи мутахассисони ҷавон қайд кард, ки бо ҷойи кор таъмин намудани 1132 нафар нафар ҷавонони Исфарамарзи айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд таҳсилдошта мушкилоте нахоҳад буд. Зеро Исфара, ки яке аз минтақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи кишоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 50 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 85 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасониву савдост. Инчунин дар рафти мулоқот Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, ки барои 10 нафар донишҷӯёни муваффақу лаёқатманд ибтидо аз соли 2016 стипендияи раиси шаҳри Исфара таъсис дода хоҳад шуд. Ҷойизи зикр аст, ки 30 нафар донишҷӯёни фаъол ва ҳам эҳтиёҷманди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят зимни мулоқот аз ҷониби раиси шаҳри Исфара қадршиносӣ ва аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ ёфтанд, ҳамчу-
ҚАРОРИ
РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА аз «16» декабри соли 2015
№741
Бо кор таъмин намудани донишчуён мушкили надорад Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара, ки дар макотиби олии вилоят таҳсил доранд, мулоқот кард.
нон ба бошандагони хобгоҳҳо таҷҳизоти гармидиҳанда тақдим гардид. Бино бар гуфтори Меҳрона Салимбекова, донишҷӯйи соли сеюми
1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум 28-уми декабри соли 2015, соати 9.00 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад. 2. Ба муҳокимаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум масъалаҳои зерин гузошта шаванд: * Ҳисоботи раиси шаҳри Исфара "Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳи соли 2015"; * Оид ба иҷрои буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷети давлатии шаҳр барои соли 2016; * Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016; * Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара дар соли 2015; * Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии "Сари Осиё", № 5 Ҷалилова Фотима дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; * Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Раиси шаҳр Д.ЗОҲИДЗОДА.
аз ин гуна вохӯриву мулоқоти хушоянд бо раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир куллан шоду ризоманд гаштаанд.
Эмомали Рахмон - Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат Асосгузори ваҳдат
Дар бораи даъвати иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:
факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз ин боздид ва
Ҷонибдории ҷавонон Ҷавонони Исфара бори дигар истиқболи худро аз қонуни қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» нишон доданд. Ба ин хотир ҳамоиши бошукӯҳе дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳр доир гардид. Дар он садҳо ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара ширкат варзида, бори дигар бо парафшонии Парчами давлатӣ ва навиштаҷоту овезаҳои тарғиби ватандӯстидошта шукргузорӣ аз рушди Тоҷикистони азиз ва роҳбарияти он намуданд.
Пешвои миллат ҳадяи таърихист Иқдоми вакилони халқ оид ба Пешвои миллат пешниҳод намудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пеш аз ҳама аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик сарчашма мегирад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурнигар, сулҳофарин, ваҳдатшиор ва меҳанпараст ҳанўз аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси роҳбари давлат нахустин иқдоме, ки пеш гирифт, такя бар эътимод ва боварии мардум буд. Дар баробари ин, таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низоми таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб карда аст, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир
Таърих исбот намуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми беш аз 23 соли сарварӣ як кишвари ноободу нооромро бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ба давлати мутараққӣ табдил доданд. Дар баробари тамоми соҳаҳо Президенти мӯҳтарам ба пешрафт ва тараққиёти соҳаи маориф аҳамияти беандоза медиҳанд, ки ин боиси хурсандии мо, омӯзгорон аст. Бо иқдомҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон чор сол боз аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаи маориф миллионҳо сомонӣ сарф карда мешавад. Итминони комил дорем, ки дар атрофи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ муттаҳид гашта, кишварамонро боз ҳам ободтару зеботар мегардонем. Исроилхон ИБРОҲИМОВ, Бобохон САИДОВ, омӯзгорони МТМУ № 64-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ. эътироф шуда, ҳамчун модели оштии зидҳо маънидод мешавад. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархурдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Имрўз вақте мо ба 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик мешавем, беихтиёр зарурати таваҷҷўҳ ба ин гузаштаи начандон дур пеш меояд. Маҳз, хидматҳои пешвоёнаи Роҳбари давлат буд, ки мо чун миллат муттаҳид, соҳиби давлат шудему мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор ёфтем. Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА, директори генералии ҶДММ "Наҷот".
Қонуни қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" -ро аҳли ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳи "Зумрад" чун дигар сокинони Исфара дар рӯҳияи баланд қабул намуданд.
Иқдоми саривақтӣ
Тавре сарвари осоишгоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд З.Олимов иброз дошт, қонун хеле муҳим ва саривақтӣ буда, дар байни кормандони осоишгоҳ ҳамовозии амиқ пайдо кард. Дар ҳақиқат Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то ба имрӯз барои халқу миллат садоқатмандона барои рушди Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Мо бояд ҳама шукргузор аз он бошем, ки дар фазои софу беғубор, дар тинҷию оромӣ ва осудагӣ умр ба сар мебарем. Бешак ҳамаи ин аз талош ва иқдомҳои Сарвари давлат ба даст омадааст. Мухтадил ҶӮРАЕВ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.