52 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

№ 52 (9133)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

9 декабри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Бо ширкати раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, роҳбарияти Агентии давлатии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ, намояндагони расмии ниҳоди мазкур аз Федератсия Русияву Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи шӯъбаи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баргузор гардид.

Пешвои милли будани Эмомали Рахмон рисолати уст (Аввалаш дар шумораи гузашта). Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Чор дастоварди зикршуда боис гаштанд, ки заруратҳои ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин гашта, масъалаи наҷоти миллӣ ҳалли худро ёбад. Ва дар ин раванди мураккабтарини таърихӣ, ки масъалаи буду набуди давлату миллат ҳал мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ зуҳур карда, ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ ва лидери умумимиллӣ табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми Эмомалӣ Раҳмон, балки дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон буд. Масъалаи пешвои миллӣ ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин бисёр муҳим аст: Якум, масъалаи пешвои миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯ ба рӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон, ин «пешвоён» ҳамдигарро умуман эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷеаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми нерӯҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури пешвои миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад. (Давомаш дар саҳ.2).

Лозим ба тазаккур аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва бо назардошти фаъолгардии гурӯҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллоб дар минтақа дар шаҳри Исфара шӯъбаи ниҳоди мазкур ташкил карда шуд, ки аз утоқҳои кории бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазгардонидашуда, хобгоҳ, ошхона ва ҳатто макони нигаҳдории сагҳои бӯйгири хидматӣ иборат мебошад. Дар раванди ҷамъомади тантанавӣ сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода, раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, намояндагон аз

Шуъбаи АНМН кушода шуд

хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовар ва консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон баромад намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дастовардҳои рӯзафзун дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, тинҷиву амонӣ дар кишвар ва осоиштагии мардум аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ вобаста аст. Маҳз ҳамкории самарабахши онҳо бо ҷомеа дар иҷрои рисолати муҳим нақши арзанда дорад. Мавриди зикр аст, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолият дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони шўъбаи Исфарагии Раёсати Агентии назорати

Натичагири аз даъвати харби Маҷлиси машваратӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳои Тоҷикистонро натиҷагирӣ кард.

Маҷлис таҳти роҳбарии раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир сурат гирифта, дар он раиси комиссияи даъ-

вати ҳарбӣ, муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва комиссари ҳарбии шаҳр Фирӯз Ҳафизов гузориш доданд. Зикр гардид, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон 102 фоиз ва пеш аз мӯҳлат иҷро шуда, дар он саҳми масъулини ҷамоатҳои деҳоти Хонободу Навгилем ва Чоркӯҳ дар қатори дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назаррас мебошад. Баъди натиҷагирии маъракаи даъват ва шунидани фикру мулоҳизаҳо раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Занон сохиби чойи кор мешаванд

Ташкили марказҳои атласбофию адрасбофӣ дар деҳот боиси бо ҷойи кор таъмин гардидани занони маҳаллӣ шуда истодааст.

Бино ба гуфти мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гавҳархон Ҳамроева туфайли ба фаъолият оғоз бахшидани ин гуна марказҳо дар шаҳру деҳоти Исфара 88 нафар занону духтарон ба кор ва коромӯзӣ ҷалб карда шудаанду ин нишондод дар ҳоли афзоиш мебошад. Дар баробари ин тавассути баргузор кардани бозори ҷойҳои холии корӣ давоми соли 2015-ум 38 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ ва теъдоди зиёди дигар ба курсҳои омӯзишӣ фарогир гаштаанд. Теъдоди занони аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр танҳо давоми соли 2015 қарзи имтиёзнок гирифта бошад, 39 нафарро дарбар мегирад.

маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд. Дар ин давра 5 ҷиноят бо мусодираи 10 килову 754 грамм маводи нашъадор, аз он ҷумла 7,6 грамм маводи сахттаъсири навъи “героин”, беш аз 3 кило маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ошкор ва ба қайд гирифта шуда, барои содир намудани ин ҷиноятҳо 4 нафар шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимнан изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис минбаъд вусъат хоҳад бахшид. бори дигар дар назди масъулин вазифагузориҳо намуда, таъкид дошт, ки бояд дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар мактабҳо тақвият , ба бетарафӣ хотима дода шавад ва бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ мунтазам дар байни аҳолӣ ва волидайн роҳандозӣ гардад. Сипас дар вазъи тантанавӣ бо назардошти ҳиссагузорӣ дар ҷараёни даъвати тирамоҳии имсола наздик 30 нафар бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр, Ифтихорномаи комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ва медалҳои ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳ сарфароз гардонида шуданд.

Муроҷиатҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон оид ба кӯмаки моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ворид мешаванд, сари вақт баррасӣ гардида, ҳалли худро меёбанд.

Камбизоатон дастгири меёбанд

ҳамасола аз тарафи ташкилоту муассисаҳо дар доираи имконияташон дастгирии ниёзмандон роҳандозӣ мегардад. Масалан, чанде пеш ташкилоти Бино ба иттилои мудири бахши ҷамъиятии “Ғамгусор” ба ниёзманАгентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии дон 250 кило гӯшт ва ба 70 нафар мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав- аъзои оилаҳои камбизоат ба миқлатии шаҳр Нуриддин Рустамов дори зарурӣ ангиштсанг барои зидавоми соли 2015 беш аз 500 ари- мистонгузаронӣ кӯмак намуд. заи дархосткунандаи кӯмаки моддӣ Инчунин дар арафаи иду саворид шуда, ки мутобиқ ба онҳо аз наҳои таърихӣ аз ҷониби сарпафонди захиравии мақомоти иҷрои- растон, ба мисли ҶСШК «КМБИ», яи ҳокимияти давлатии шаҳр 67896 “Ангишт”, ҶСК «Ориёнбонк» ва сомонӣ маблағ ҷудо ва кӯмаки «Корхонаи кимиёвӣ» дастархони яквақтаи моддӣ расонида шуд. идонаву дигар дастгириҳо амалӣ Гузашта аз ин давоми соли ҷорӣ карда мешаванд. ба эҳтиёҷмандон 15 адад аробачаҳои маъюбӣ дастрас карда шуда,


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.