Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
www.nasimisfara.com
Оғози нашр 24/04/1932 ***
№ 51 (9132) ***
Чоршанбе,
2 декабри соли 2015
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Гиромидошт
Табибе, ки беш аз 12000 чаррохи кардааст
Дар беморхонаи марказии шаҳр бо ширкати бевоситаи раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир маросими Н/И
гузоштани Лавҳаи ёдгорӣ ба хотири гиромидошти Амонулло Бобоев доир гардид.
Дар арзҳои маориф
Гирандагони идрор муайян шуданд
Дар маркази рушди истеъдодҳои ҷавон 40 нафар барои гирифтани стипендияи раиси шаҳр қувваозмоӣ карданд. Қувваозмоӣ дар байни муҳассилини синфҳои 1011-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳои варзишии шаҳр аз тариқи озмуни умумишаҳрӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи баргузорсозии имтиҳони тестӣ 20 нафар ғолибон, аз ҷумла 18 нафар дастпарварони муассисаҳои таълимӣ, 1 нафар донишҷӯйи коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ва 1 нафар дастпарвари мактаби варзишии шаҳр муайян гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки пештар аз ин тавассути озмун 8 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии Исфара стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфта буданд.
Н/И
Зимни лавҳагузорӣ Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба хизматҳои шоистаи А. Бобоев дар рушди соҳаи тандурустӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва корҳои анҷомдодаи номбурда ҳамчун вакили мардумӣ дар мақомоти болоиву маҳаллӣ ҳарф зад. Сипас, ҳамкорону шогирдон ва дӯстони Амонулло Бобоев оид ба хислатҳои ҳамида ва нотакрори мавсуф сухан намуданд. Баъдан раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҳамчун рамзи оғози ободонӣ дар гулгашти саҳни беморхонаи марказӣ ниҳол шинонид. Дар назар аст, ки дар оянда дар ин гулгашт нимпайкараи Абӯалӣ ибни Сино гузошта мешавад. Инчунин Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз шӯъбаи эҳёи ҳаёти кӯдакон дидан карда, ба сатҳу сифати фаъолияти пизишкони он ва муаммову мушкилоташон мароқ зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик бо кӯмаки директори кулли ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ» Дилшодҷон Расулов ба ин шӯъба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дастрас карда хохад шуд.
Арзи сипос
Рузи камиро набинед Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва меҳнати тӯлонии падари азизу мӯътабарамон Амонуллохон Бобоевро дар роҳи сиҳатии мардуми диёр ба ҳисоб гирифта, бо иқдоми сартабиби беморхонаи марказӣ Тайибиддин Муҳаммедов, дастгирии раиси шаҳр мӯҳтарам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва ширкати шогирдону ҳамкорон ва дӯстонашон дар даромадгоҳи шӯъбаи ҷарроҳӣ дар вазъи тантанавӣ Лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд. Барои қадршиносӣ ва нигаҳдошти поси хотири қиблагоҳамон ба ҳамаи онҳо аз самими дил миннатдорӣ баён менамоем. Рӯзи камиро набинед, дӯстони азиз! Аз номи аҳли оила ҲАМИДУЛЛО. Н/И
Обуна-2016
Бехтарин байни чамоатхо
Ташкили хуби кор ва вусъати фаъолияти тарғибиву фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоати Хонобод (раисаш Суруриддин Зиёвид-
Хониши тибби дар масъалаи ВНМО Бо дастгирӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, менеҷери сохтори госпиталии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов ва ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии "Шото" дар беморхонаи марказии шаҳр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бори аввал дар Тоҷикистон хониши тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он баъди шарҳ додани ҳадафи аксия аз ҷониби менеҷери хадамо-
ти госпиталӣ Т. Муҳаммедов ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Шото" С. Султонов собиқадори меҳнат, сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҳокимҷон Сафаров, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов ва директори маркази мубориза алайҳи ВНМО дар шаҳри Исфара Муродҷон Пӯлодов баромад намуда, дар робита бо мавзӯи паҳншавии босуръати ВНМО дар сайёра, усулҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ изҳори назар
Н/И
Нишаст
Мулокот бо чавонон
Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ширкати муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ, раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ва сарварони як қатор донишгоҳҳои олии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру деҳот мулоқот баргузор гардид. Н/И
Мақсаду мароми чунин вохӯриҳо, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и вилоят доир карда мешаванд, ин ҷалби бештари муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳиву ватанпарварӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва технологияҳои замони муосир аз ҷониби духтарону писарон мебошад. Ҳамин гуна мулоқотҳои судманд, ки дар тафаккури ояндабинии ҷавонон нақши боризе гузошта метавонад, дар деҳоти Воруху Чоркӯҳ низ шуда гузашт.
Амалигашти Барномаи рушд
Боз як корхонаи коркард мавриди истифода Корхонаи коркард ва банду басти «Файзи Навгилем» дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад. Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз ин корхона, ки аз тарафи соҳибкор Файзулло Нуруллоев дар ҷамоати деҳоти Навгилем бунёд шуда истодааст, дидан намуда, дар ҷараёни боздид таклифу дархостҳои худро бобати истифодаи самараноки технологияи пешқадам дар истеҳсолот, мутобиқ ба замон намудани маҳсулоти пешниҳодшаванда ва фароҳам овардани ҷойҳои
динов) чун маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар маъракаи сиёсии обуна ба матбуоти даврии соли 2016 низ натиҷаҳои хуби худро зоҳир кард. Ин ҷо ба 125 нусха рӯзномаи «Насими Исфара» ва бо теъдоди зиёд ба дигар нашрияҳо обуна гардидаанд, ки нишондиҳанди беҳтарин аст. Ҷамоати Нурафшон низ нақшаи обуна ба рӯзномаи шаҳриро кайҳо иҷро намудааст. Офарин, Хонободӣ ва Нурафшониҳо. С. МЕҲРУБОН.
карданд. Зимнан тазаккур дода шуд, ки дар шароити имрӯзаи бидуни мавҷудияти муолиҷаи пурра боқӣ мондани ВНМО огоҳсозии омма аз роҳҳои сироятёбӣ ва хавфу хатарҳои даҳшатбори он усули умдаи пешгирии ВНМО маҳсуб мешавад. Дар ин рӯз ҳамчунин байни ширкатдорони аксияи мазкур 160 адад брошюраҳои мавзӯӣ тақсим гардида, 35 нафар ба таври ройгон аз таҳлили умумӣ ҷиҳати муайянсозии мубталоӣ ба ВНМО гузаронида шуданд. Бо 50 нафар бошад, сӯҳбатҳои то тестӣ ва баъди тестӣ сурат гирифт. Шукрулло ШАРИФОВ, мутасаддии Барномаи миллии мубориза алайҳи ВНМО дар Исфара.
Н/И
нави корӣ иброз дошт. Аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамагуна иқдоми созанда ва бунёдкори соҳибкоронро дастгирӣ менамояд. Барои рушди соҳибкории хурду миёна имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар назар аст дар арафаи иди Наврӯзи дар пешистода корхонаи «Файзи Навгилем» ба фаъолият шурӯъ менамояд ва наздик 40 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.
Мужда
"Насими Исфара" сохиби чоиза Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун Диплом ва ҷоизаҳои пулиро тақдим намуд. Боиси шодмонист, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Исфара» дар ин озмун ширкат варзида, ҷойи дуюмро ишғол кард. *** Инчунин бояд гуфт, ки рӯзномаи «Насими Исфара» минбаъд барои муштариёнаш на танҳо дар шакли чопӣ балки тавассути шабакаҳои интернетӣ низ дастрас аст. Барои аз навигариҳои Исфара саривақт огоҳӣ пайдо намудан шумо метавонед рӯзномаи «Насими Исфара»-ро ба ғайр аз сомонаи мазкур http://nasimisfara.com/ инчунин дар шабакаҳои иҷтимоии дигар низ дарёб кунед. Дар Фейсбук: саҳифаи «Насими Исфара» https://www.facebook.com/ nasimiisfara/, гурӯҳи «Газета Насими Исфара» https://www.facebook. com/groups/1415580475383910/. Дар Твиттер: https://twitter.com/ nasimiisfara. Дар «Одноклассники», гурӯҳи «Насими Исфара»: http:// ok.ru/group/53778647482472. Дар «В контакте», гурӯҳи «Насими Исфара»: http://vk.com/club108196150. Инчунин метавонед рӯйдоду воқеаҳои Исфараро саривақт дар радиоканали интернетии «Насими Исфара» http://nasimi-isfara-.podster. fm/ гӯш кунед.