Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №5 (9420) *** Чоршанбе, 2. 02. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА *** -уми январ дар гузаргоҳи сарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон даври дуюми мулоқоту музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Гурӯҳҳои кориро раиси Кумитаи Аз мардум даъват ба амал оварда давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти надиҳанд. Ҷумҳурии Қирғизистон Таъкид гардид, ки Пешвои миллат миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекарданд. Дар мулоқот вазъи баамаломадаи ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорат худ гирифта, барои ҳалли рӯзи 27 январи соли равон дар хатти саривақтии он мақомоти дахлдорро марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти вазифадор намудаанд. Чоркӯҳи шаҳри Исфара муҳокима гардид. *** Ҷонибҳо давоми қариб 3 соат паси аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хоҷаи дарҳои пӯшида музокирот доштанд. Пас аз анҷоми гуфтушунид Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба манзили зисти Обидҷон Тӯйчиев, Саймумин Ятимов ва Қамчибек ки бар асари муноқишаи марзӣ Тошиев дар назди намояндагони фавтидааст, ташриф оварда, аз расонаҳои хабарӣ изҳорот доданд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти номи Асосгузори сулҳу ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон миллӣ - Пешвои миллат, Президенти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саймумин Ятимов зимнан изҳор дошт, ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти ки сарзании муноқиша ва дар пай Қирғизистон Қамчибек Тошиев иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти доштани куштаю захмиҳо худ далели роҳбарӣ мекарданд. Суғд ба пайвандони марҳум изҳори мавҷудияти мушкилоти ҳалношудаи Дар мулоқот раисони вилоятҳои тасаллият намуд. сарҳадист. Масъалаҳо бояд дар Суғду Ботканд ва дигар шахсони Таъкид карда шуд, ки вазъи асоси санадҳои ҳуқуқӣ ва ризоияту расмӣ низ ҳузур доштанд. баамаломада зери назорати иродаи тарафайн ҳал карда шаванд. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад "Саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ ва сабабҳои рух додани муноқиша ва протоколҳои имзошуда боиси низоъ Раҳмоналӣ зимни мулоқот изҳор дошт, омӯхта мешавад. мегардад", - изҳор дошт Саймумин ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу Раиси вилоят гуфт, ки роҳбарияти Ятимов. субот ва таъмини амният дар марз давлату Ҳукумат дар паҳлуи сокинон Мувофиқа карда шуд, ки дар рафти аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд бо қарор дошта, барои ҳалли масоили гуфтушунидҳо бояд хуҷҷатҳои асосӣ риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ мавҷуда аз тамоми имкониятҳо ва натиҷаҳои кори комиссияҳо мудом ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ истифода менамоянд. дар мадди назар бошанд. Пас аз ҳашт намоянд ва минбаъд пеши роҳи чунин рӯз комиссияҳои паритетӣ оид ба даргириҳо гирифта шавад. масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ аз *** Роҳбари хадамоти амнияти аиси вилояти Суғд Раҷаббой нав ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ "Агарчи дар пайи музокироти имрӯза Аҳмадзода ва раиси шаҳри изҳор дошт, ки низоъ бояд бо роҳи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода санаде ба имзо нарасида бошад мусолиҳатомез ҳал карда шавад. Ӯ дар ин рӯз ҳамчунин дар Беморхонаи ҳам, бо ҳам даст фишурда, қавл низ муҳим будани посдории одоби марказии шаҳри Исфара аз ҳолу додем, ки тамоми созишҳои байни ҳамсоядориро таъкид кард. аҳволи захмиёни даргирии охир дар раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро марз бохабар гардиданд. *** Ба ҷароҳатбардоштагон аз номи мекунем", - иттилоъ дод раиси -уми январ раиси вилояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ятимов. Чоркӯҳ сафар намуда, аз наздик бо Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моливу Қамчибек Тошиев - раиси Кумитаи вазъ шинос шуд. давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии пулӣ расонида шуд. Муайян гардид, ки дар натиҷаи Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Қирғизистон бо тақвияти гуфтаҳои муноқишаи марзӣ, ки санаи 27-уми табибони варзида ва мутахассисони роҳбари гурӯҳи кории ҷониби январ ба амал омад, манзили зисти соҳаи тандурустии вилоят саломатии Тоҷикистон, дар навбати худ изҳор сокинони деҳа зарар дидааст. захмиёнро барқарор намуда дошт, ки тасмим гирифта шуд, то кори Зимни суҳбат бо аҳолии Чоркӯҳ истодаанд. комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъкид гардид, ки хонаҳои зарардида Раванди табобат зери назорати делимитатсия ва аломатгузории марз, дар муҳлати кӯтоҳ барқарор карда роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ки фаъолияташ ду моҳ пеш боздошта мешавад. ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шуда буд, аз сар гирифта шавад. Ба сокинон аз натиҷаи гуфтушуниди қарор гирифта, дар асоси супориши Комиссия дар асоси санадҳо, қонунҳо гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Президенти мамлакат тамоми ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимӣ Қирғизистон низ маълумот дода лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ фаъолият хоҳад кард. шуда, илова гардид, ки минбаъд пеши дастрас карда шудааст. роҳи муноқишаҳои марзӣ сари вақт гирифта мешавад.
Иғвои навбатӣ ва низоъ дар марз Рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшон ва маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Р
Т
ибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз як гурӯҳи 50 нафараи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҳисоби сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд маҷбуран боздоштанд. Бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара ва вилояти Бодканд вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомад. Баръакс тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда мавқеъ гирифта буданд, аз силоҳи оташфишон ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд ҷузъу томҳо ва техникаи ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода шуда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид сурат гирифт. Дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда шудаанд. Вайронкунии ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини Ҷумҳурии Қирғизистон ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейкӣ дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард мекард. Дар натиҷаи низои наздисарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ
мебошанд. Ҳамчунин 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тӯйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1966, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномёти низомиёни Қирғизистон дар ҳавлиаш ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло аз зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Қирғизистон аз 11 маҷрӯҳшуда иттилоъ дод. *** ӯзи 28 январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ оид ба эълон намудани оташбас ба мувофиқа расиданд ва қарор карда шуд, ки то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хатти сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.
Р
*** ӯзи 28-уми январ дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон идома ёфт. Ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва
Р
Паёми Президент - раҳнамои мо
Қутбнамои фаъолияти мо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳои давлату давлатдорӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рӯзгори сокинони кишвар буд. Дар он бори дигар Сарвари давлат аз роҳи тай намудаи 30 солаи Истиқлоли давлатӣ ёдовар гардида, ноил шудан ба ваҳдати милливу сулҳу суботро дастоварди муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин Пешвои миллат нақши боризи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар
29
таърихи миллат зикр намуда, қайд карданд, ки ба Ватан баргардонидани беш аз 1 миллион нафар гурезагон, қабули Конститутсияи нав ҳама бо пуштибонии мардум рӯйи кор омадааст ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ мебошад ва касе онро дигар карда наметавонад. Аслан соҳае набуд, ки дар Паёми навбатӣ фарогир нашуда бошад. Аз соли 2004 то ин ҷониб 17 маротиба ба имзо расидани қонуни авф ва татбиқи он нисбати 170 000 нафар,
Р
28
4 маротиба амали қонуни авфи молу мулк ва қонунгардонии он бори дигар дарак аз башардӯстона будани сиёсати Ҳукумати кишварро дорад. Инчунин дар Паёме, ки қутбнамои ҷомеа ба оянда мебошад, дастгирии кормандони буҷетӣ, нафақахӯрону маъюбон мавқеи хосса дошт. Ин аст, ки Пешвои миллат вобаста ба зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ба 20 фоиз ва нафақаи маъюбон ба 50 фоиз истода гузашта, таъкид намуданд, ки бе маориф ягон давлат пеш рафта наметавонад. Аз ин лиҳоз бояд диққати хосса ба рушди соҳаи маориф, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим дар муассисаҳо ба роҳ монда шавад. Дар идомаи Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон карданд, ки ин иқдом ба саноатикунонии мамлакат
таккони ҷиддӣ хоҳад буд. Кам шудани намудҳои андоз, беш аз 3,3 миллион таъсиси ҷойҳои нави корӣ, диққати махсус додан ба бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна, 21 маротиба кам гардидани воридоти маҳсулоти паранда ба Тоҷикистон, ба таҳсил дар хориҷи кишвар фаро гирифтани ҷавонони тоҷикистонӣ, нақши бонувон ва занон дар пешрафти кишвар ва таҳкими оила, рушди соҳаи тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди ҷавонон, навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ, махсусан қувваҳои сарҳадӣ, ҷойгоҳи фарҳанг дар рушди ҷомеа, додани сабукиҳо ба кишоварзон, хосса дар соҳаи пиллапарварӣ аз бандҳои калидии Паёми Пешвои миллат буданд. Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистон бино ба гуфти Президенти кишвар дар ҷодаи тавлиди энергияи сабз
дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунаду кишварест, ки аз ҳама камтар газҳои парникиро ихроҷ менамояд. Дар баробари ин зарурати гузаштан ба воситаҳои нақлиётии аз лиҳози экологӣ безарар ва тоза дар пешорӯй истодааст ва Пешвои миллат дар ин самт аз як қатор сабукиҳо ёдрас шуданд. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамои фардои дурахшон ва ободу зебои кишвар, маҳаке дар созандагӣ ба 35умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Х.ДОДОХОНОВ, нотариуси давлатии шаҳр.
2
"Насими ИСФАРА"
2 феврали соли 2022
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
№ 5 (9420)
Дар рафти ташкили ноҳияҳо (19241926) дар вулуси Исфара ҷамоа (иҷроқумҳо)-и Шаҳрак ва Лаккон барҳам хӯрда, ҷамоаҳои нав — Исфара, Самарқандак ва Қалъачаи Мазор ба ҳайати волости Исфара ва ҷамоаи Сурх ба ҳайати волости Чоркӯҳ шомил шуданд. 10 январи соли 1927 кумиҷроияи округи Хуҷанд дар маҷлиси худ ахбороти КИМ-и Ӯзбекистонро дар бораи ташкили ноҳияи Исфара ва муайян кардани сарҳади он шунида, муҳокима намуд. 31 январи соли 10 январи соли 1927 кумиҷроияи округи Хуҷанд дар 1927 дар бораи ташкили ноҳияи Исфара қарори КИМ-и Ӯзбекистон маҷлиси худ ахбороти КИМ-и Ӯзбекистонро дар бораи нашр гардид ва ин рӯз дар таърих ташкили ноҳияи Исфара ва муайян кардани сарҳади ҳамчун рӯзи ташкили ноҳияи Исфара он шунида, муҳокима намуд. 31 январи соли 1927 дар сабт шуд. бораи ташкили ноҳияи Исфара қарори КИМ-и Ӯзбекистон 1 январи соли 1931 аз рӯи нашр гардид ва ин рӯз дар таърих ҳамчун рӯзи ташкили ҳисоботи кумиҷроия дар ҳайати ноҳияи Исфара 10 Шӯроҳои деҳот ноҳияи Исфара сабт шуд. мавҷуд буд, ки ба онҳо 21 деҳоти Шаҳр бо номи Исфара нахустин шимол Мадрасаи Қалъа бо 16 маротиба дар асари «Таърихи хонақоҳу ҳуҷра, дар канори шаҳр аҳолинишин шомил буданд. Ҳамагӣ Табарӣ» (асри Х) зикр шудааст. Дар мадрасаи Хоҷиён бо 13 хонақоҳу дар ноҳия 8061 хоҷагӣ бо 38312 бораи Исфара дар китоби академик ҳуҷра ва дар марказ растаи дуконҳои нафар аҳолӣ вуҷуд дошт. 27 октябри соли 1939 бо Укази Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ҳам савдогарону устохонаҳои косибон маълумоти саҳеҳ вуҷуд дорад. ҷой гирифта буданд. Соли 1871 дар Президиуми Шӯрои Олии ЧШС Мувофиқи ақидаи олимон, Исфара 16 қассоб, 6 чойхоначӣ, 42 Тоҷикистон вилояти Ленинобод Исфараи асримиёнагӣ аз замонҳои дукондори майда, 8 савдогари моли ташкил ва ноҳияи Исфара ба ҳайати султони темуриён Бобур (1483-1530) сурх, 5 намадфурӯш, 3 табақфурӯш; ин вилоят дохил карда шуд. Бо Указ аз 15 сентябри соли 1952 то асри ХIХ дар мавзеи имрӯзаи дар ибтидои асри ХХ 200 дӯкон; соли шаҳраки Исфара ба шаҳри тобеи Навгилем қарор дошт. Исфара дар 1914 209 фурӯшгоҳ ва 8 корвонсарой вилояти Ленинобод табдил ёфт. асрҳои XI - XIII аз ҷиҳати иқтисодӣ мавҷуд буданд. 28 марти соли 1962 бо сабаби хеле пеш рафта буд. Дар ҳайати генерал-губернатории Асри XVI дар Исфара сохтмони Туркистон уезди Исфара ташкил барҳамхӯрии вилояти Ленинобод биноҳои калон (масҷиду мадрасаҳо) ёфта, 29 июли соли 1869 сардори ноҳияи Исфара ба гурӯҳи шаҳрҳои ривоҷ меёбанд, ки то ҳол бархе аз уезди Исфара тасдиқ карда шуд. 12 тобеи ҷумҳурӣ дохил карда шуд. 4 январи соли 1963 дар ҳудуди онҳо ба сифати ёдгориҳои таърихӣ марти соли 1881 уезди Исфара бо ҳифз карда мешаванд. фармоиши идораи ҳарбии генерал- управленияҳои истеҳсолию колхозию муттаҳидкардашудаи Исфара дар асри ХVIII боргоҳи губернатори Туркистон барҳам дода совхозии хони Хуҷанд буд. Дар натиҷаи шуда, ҳудуди он байни уездҳои Тоҷикистон 25 ноҳияи деҳотӣ ташкил карда шуданд ва шӯроҳои қишлоқи ҷангҳои дохилии хонигариҳои Қӯқанду Марғилон тақсим гардид. Бухорою Хуҷанд (охири садаи ХVIII Дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои Ворух, Навгилем, Хонобод, Чилгазӣ, ва аввали садаи ХIХ) иқтисодиёти асри ХХ уезди Қӯқанд аз якчанд Чоркӯҳ ва Шаҳраки тобеи шаҳри шаҳр рӯ ба пастравӣ ниҳод ва участка ва вулусҳо иборат буд. Исфара ба ҳайати ноҳияи Конибодом баъзе иншоотҳои таърихӣ, аз ҷумла Вулуси Исфара аз соли 1898 то дохил гардиданд. Дар асоси Указ аз 6 январи Қалъаи Боло хароб шуда, аз байн тақсимоти маъмурию ҳудудии соли соли 1965 дар ҳайати Ҷумҳурии рафтанд. 1924 тобеи участкаи Конибодоми Тоҷикистон як қатор ноҳияҳои нави То ғалабаи Инқилоби Октябр уезди Хуҷанд буд. Исфара тобеи Хонигарии Қӯқанд Соли 1917 ба ҳайати вулуси деҳотӣ (аз ҷумла ноҳияи Исфара буд. Соли 1929 ба ҳайати ҶШС Исфара 8 ҷамоати деҳагӣ, 38 деҳа аз нав) ташкил ёфтанд. Шӯроҳои Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1952 бо 6040 хоҷагӣ ва 35988 нафар қишлоқи Ворух, Кӯлканд, Навгилем, Сурх, Хонобод, Чилгазӣ, Чоркӯҳ номи шаҳрро гирифт. аҳолӣ дохил мешуданд. Исфара солҳои 30-40 асри ХIХ Баъди тақсимоти маъмурию ва Шаҳрак аз тобеияти ноҳияи бо сабабҳои номаълум (шояд оби худуди баҳори соли 1925 ду ҷамоат Конибодом хориҷ ва ба ҳайати заҳ бошад) хароб гардида, мардум - Чоркӯҳ ва Ворух аз вулуси Исфара ноҳияи Исфара шомил карда ба қисми ғарбии он, ки Исфара ё ҷудо шуда, вулуси нав – Чоркӯҳро шуданд. Шаҳрак ном дошт, кӯч мебанданд. ташкил доданд. Ба ҳайати вулуси Маркази Исфара Қалъа ном дошта, нави Чоркӯҳ ду ҷамоат: — Чоркӯҳ ва дар қисмати ҷанубии он Ӯрда, дар Ворух дохил гардиданд.
Бахшида ба 95-солагии таъсисёбии ноҳияи Исфара
Исфара маркази маъмурӣ
АТОБЕКОВ БОБОҶОН НАВРӮЗ
Санаи 29 январи соли 2022 дили Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Атобеков Бобоҷон (НАВРӮЗ) аз задан боз монд. Марҳум 29 декабри соли 1946 дар деҳаи Зумрадшоҳ таваллуд шудааст. Соли 1961 мактаби 7-солаи деҳа ва соли 1965 мактаби таҳсилоти миёнаи № 5-и шаҳрро хатм намуда, зимни таҳсил дар мактаб раиси “Клуби мухбирони ҷавон”-и рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” буд. Навиштаҳояш дар ин рӯзнома ва рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Насими Исфара” (“Коммунисти Исфара”) тез-тез дарҷ мешуданд. Соли 1965 ба институти педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, аз курси сеюми риштаи таърихи филология ба рӯзномаи “Коммунисти Исфара” ба кор даъват шуд. Соли 1967 мудири шуъбаи ҳамин рӯзнома буд. Аз устодони соҳаи журналистика шодравон Ғаниҷон Муллоев,
Ортиқбой Қурбонов, Григорий Теличкан, Абдумаҷид Тулаков, Ҳошимҷон Бобоҷонов, Абдуҳамид Ваҳҳобов ва дигарон таҷриба – дарси ҳаёт омӯхт. Вақти хизмат дар қисми ҳарбии округи ҳарбии шаҳри Маскав солҳои 1968-1969 мухбири газетаи округи “КРАСНИЙ ВОИН” буд. Соли 1970 курси кӯтоҳмуддати мухбирони ҳарбиро ба итмом расонид. Баъди адои хизмати ҳарбӣ боз ба рӯзномаи азизаш баргашт. Бо тавсияи кумитаи ҳизбии шаҳр ва бо кумаки созмони Иттифоқи журналистони вилоят аз соли 1972 то соли 1987 дар Кумитаи навташкили телевизион ва радиои вилоят пурмаҳсул кор кард. Бахши Тошкандии институти байналхалқии забонҳои хориҷӣ риштаи телорадиожурналистикаи Маскавро ба итмом расонид. Ду маротиба шунавандаи курсҳои кӯтоҳмуддати баланд бардоштани кадрҳои идеологию сиёсӣ ва тарғиботӣ дар назди КМ ПК Тоҷикистон буд. Хатмкардаи риштаи таъриху филологияи тоҷики ДДПЛ ба номи Киров. Соли 1993 Мактаби байналхалқии равоншиносии Москваро ба итмом расонида, соҳиби ихтисоси рӯҳшинос-равоншинос гардид. Барои меҳнати пурмаҳсул дар соҳаи матбуот ва радио бо медали “Собиқадори меҳнат” сазовор шуда
буд. Аз соли 1987 то соли 1992 муҳаррир, сармуҳаррири Кумитаи радиошунавонӣ, аз соли 1992 то соли 1998 раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҳукумати шаҳри Ифара буд ва дар рушду нумӯи ин соҳаи муҳимми идеологӣ пурмаҳсул кор кард. Мактаби Маҳорати мухбирӣ ва ровигии назди радиои маҳаллӣ соли 1990 бо қарори Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон радиои Исфара Мактаби таҷрибаи пешқадам шинохта шуд. Бисёр ҷавонони эҷодкор аз зинаҳои ин мактаб гузашта, дар интихоби касбу ҳунар хато накарданд. Аз соли 1979 узви ИЖТ ва аз соли 1996 узви Маркази байналмиллалии парапсихологҳо ва аз соли 2006 узви Академияи улуми ҷамъиятӣ - равоншиносии Руссия буд. Дар солҳои 2003-2007 дар шуъбаи шаҳрии ҶСК “Тоҷиктелеком” оператор, даъвогар ва муовини сардор оид ба пардохти қарзҳои дебиторӣ фаъолият дошт. Атобеков Бобоҷон (Наврӯз) давоми умри бобаракати худ бар замми сенарияҳои мухталиф ва очерку мақолаҳои калонҳаҷми публитсистӣ асарҳои “Шахтёр модар”, “Исфара – уточнённая легенда, “Рисолаи Шифо”, “Осоишгоҳи Хоҷа оби гарм”,
Номзадҳои мо
Сазовори боварӣ
Муҳаммадодилбек ба фарзанди рӯбарӯ нишастаашон - Тоҳирҷон ишора намуданд, то ки наздиктар ояд. Писар мутеъона хоҳиши падарро иҷро намуд. Ин пири рӯзгордида иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Шараф, бо ибораи худашон, тамоми Аврупоро гавакашон то Берлин расидаанд. - Агар хоҳӣ, ки ба тамоми орзуи дилат расӣ, бо мардум некхоҳ бош. Он гоҳ дар ду ҷаҳон дар офият ва осудагӣ мегардиву саодат насибат мешавад. Ин насиҳати падар барои Тоҳирҷон Сулаймонов - сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Исфара шиори тамоми зиндагии минбаъда гашт. Ӯ соли 1985 пас аз хатми МТМУ №24 хост ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон равад, аммо костюми пур аз ордену медалҳои падар, ки гувоҳи шуҷоат ва қаҳрамонӣ буд, ҳамеша диққати ӯро ба сӯи худ мекашид. Тоҳирҷон довталабона ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара рафта, бо исрор хоҳиш намуд, ки ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба кишвари Афғонистон фиристанд. Комиссар ба ақлу дониш ва ҷасорати ин ҷавон аҳсан гуфт. Тасодуф буд ё не, аммо минбаъд маҳз ба Қандаҳори Афғонистон, ба шаҳри мардуми паштутабор ва мухолифини оштинопазир сафарбар карда шуд. Ҳар як рӯзи хизмат барояш китобе шуд пур аз ҳикмат ва панду сабақ барои зиндагии минбаъда. Дуои падар ва орзуҳои наҷиб Тоҳирҷонро раҳнамо буданд. Пас аз итмоми хизмати ҳарбӣ бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт. Камзӯли сарбозиро назди костюми пур аз ордену медали падараш овехт. Дар ҷои аз ҳама намоёни он медали “Сарбоз - интернатсионалист, миннатдории мардуми афғон” медурахшид. Минбаъд ба Донишгоҳи Тиҷоратии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом расонд ва соли 1998 ба Раёсати Агентии Суғуртаи
”Салтанати моғиён”, “Худатро худат табобат кун”, “Дорувор ба ҳар бемор” ва амсоли инро навиштааст. Номбурда соҳиби оилаи интернатсионалистӣ бо се фарзанд ва шаш набераву абера буд. Шодравон Бобоҷон Наврӯз гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва худро аз корҳои ҷамъиятӣ дур намегирифт. Узви гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи вилоятии “Саломат бошед” буд. Беш аз 10 соли охир дар сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ қаламфарсоӣ дошт. Хизматҳои Атобеков Бобоҷон (Наврӯз) бо Сипосномаву ифтихорномаҳои бахши Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, нишонҳои "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии сохтмонҳои ҳарбӣ", медалҳои "Барои шуҷоати ҳарбӣ" (“100-солагии В. И. Ленин”), “60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР”, “Собиқадори меҳнат” қадршиносӣ гардида, соли 2001 бо унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сарфароз гашта буд. МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР. СОЗМОНИ ШАҲРИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН.
Иҷтимоӣ ва нафақа ба кор омад. Давраи такопӯ ва бедорхобиҳо шурӯъ шуданд. Ба ин даргоҳ онҳое меоянд, ки барҷомондаанду бознишаста. Ба қавли эшон - нафақахӯр. Асабҳои заиф ва тани ранҷур доранд. Неру ва умри ҷавониро сарфи кору зиндагӣ намуда, имрӯз муҳтоҷи дастмузди давраи пирӣ ва сухани нарманд. Бисту ду ҳазор нафар ҳар моҳ дар ин даргоҳ сару кор доранд. Тоҳирҷон онҳоро хуш қабул кардану ба дардашон расидан ва гиромӣ доштанро қарзи худ мешуморад. Ҳамсуҳбат шудан бо маъюбон, ки теъдодашон зиёда аз се ҳазору ҳафтсаду ҳаштод нафарро ташкил мекунад кори саҳл ва содда нест. Байнашон сесаду наваду ҳафт нафар маъюби гурӯҳи аввал. - Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба маротиб зиёд намудани нафақаи барҷомондагон аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон маро сахт мутаасир намуд. Бо ҳазор эҳсоси қаноатмандӣ ва шукргузорӣ кӯшиш мекунем, ки мардум саривақт нафақапулии худро гиранд. Бо ҳамин умед ҳамарӯза сари кор меоем, - иброз намуд ӯ. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, фаъолият ва самараи кори аъзои ҳизб Тоҳирҷон Сулаймоновро ба назар гирифта, ба маснади вакил ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии Хоҷаи Аъло № 17 пешбарӣ намуд. Мо аминем, ки Тоҳирҷон Сулаймонов бо гирифтани райъи зиёди мардум ҳамчун намояндаи воқеии халқ бар нафъи мардум, миллат ва давлат хизмати арзанда мекунанд. Муҳаммадҷавод ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.
БДА хабар медиҳад
АМАЛИЁТИ МАҚСАДНОКИ “ПИЁДАГАРД” Бо мақсади баланд бардоштани интизом иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан пиёдагардон ва коҳиш додани сатҳи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ва иҷроиши супориши барқиявии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти № 50/18/10-3-305, аз 24 январ то 3 феврали соли 2022 дар ҳудуди хизматии ШБДА-и Шуъбаи 1-уми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара амалиёти мақсадноки “Пиёдагард” ташкил ва гузаронида мешавад. Ф. НОРМАТЗОДА, нозири калони ХРД ШБДА ШВКД-1 ҶТ Исфара, капитани милитсия.
3
"Насими ИСФАРА"
2 феврали соли 2022
=Мавқеъ=
№ 5 (9420)
Вақте ҳамсоя ба аҳди худ вафо намекунад... Қавонини гургӣ Бегоҳирӯзии 27-уми январи соли
2022 вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо иғвои ҷониби ҳамсоя, ноором гашт. Танҳо тақрибан соатҳои 2-и шаб ҳолати рухдода ба эътидол омад. Силоҳбадастони қирғиз марзи моро қариб шаш соат мунтазам зери оташи тири автомату пулемёт ва миномёт гирифтанд. Оромии ҳазорҳо нафар сокини кишвар - пирон, занон, кӯдакон халалдор карда шуд. Ин дафъа ҷониби кишвари ҳамсоя усули террор ва даҳшатафканиро ба кор бурд. Дар натиҷа аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар шаҳид ва 10 нафар захмӣ гаштанд. Ҷангҷӯёни давлати ҳамсоя бо маслиҳати коргардонҳои пасипардагии худ ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро гӯл зада, айбу гуноҳро ба сари миллати мо бор мекунанд. Ин кор вақтҳои охир анъана шудааст. Мошинаи иттилоотии онҳо ҳамеша гӯш ба қимор асту бемайлону бемонеа ва бетанаффус фаъолият менамояд. Беҳуда намегӯянд, ки ҷанги иттилоотӣ дар замони ҳозира қариб нисфи ғалаба аст. Ин худобехабарон дар як лаҳза аз коҳ кӯҳ сохта, тавассути ҳамаи шабакаҳои хеш паҳн месозанд. Баъзан ба қонунҳои байналмиллалӣ ва дастандаркорони онҳо нафрати кас меояд. Аз як тори мӯй ҳангомаи бузург бунёд месозанд. Дар полези худ мавҷудияти сӯзанеро эҳсос менамоянду дар полези дигарон будани филу шутурро нодида мегиранд. Чаро? Барои он ки ин қонунҳо танҳо ба манфиати онҳост. Агар ин созмонҳои бо ном адолатгустар ҳақиқатан мардумӣ мебуданд, боре ба аъмоли гургии масъулони кишвари ҳамсоя эътибори махсус медоданд. Ана баъд кулли мардум ба онҳо бовар мекард. Ростӣ, аз будан ҳазор маротиба набудани ин созмонҳои иғвоангез беҳтар аст. Ду-се соли охир силоҳбадастони қирғиз чандин занро ҳадафи тир қарор дода, якумра маъюбу маҷрӯҳ сохтанд. Ин тоифа ва роҳбарони пасипардагиашон аз фашистони гитлерӣ заррае фарқ надоранд. Ба онҳо ба ҷуз манфиатҳои миллатгароии худ ягон қонуни байналмилалӣ лозим нест ва онро ба як пули пуччак ҳам намегиранд. Фақат ҳаминро гуфтаниам, ки танҳо дар воқеаҳои 28-уми апрели соли 2021 ва 27-уми январи соли 2022 аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар корманди соҳаи тиб дар вақти ёрии аввалин расонидан ба маҷрӯҳони дар майдони ҷанг ҳадафи тир қарор гирифта ба шаҳодат расиданд. Ин оқипадарони ҷаҳолатпеша, бетараҳҳум дар ду ҳолат ҳам бар зидди меъёрҳои байналмилалӣ амал намуда, мошини ёрии таъҷилиро тирборон карда, кормандонашро ба ҳалокат расониданд. Мо, мардуми тоҷик, бояд ҳамагӣ овоз баланд намоем, ки барои ба шаҳодат расонидани фелдшери ҳарбӣ Меҳрузиддин Болтаеви 34 сола
моро пазирад”, - гуфтааст... Бо оташбозӣ дар марз ва Чӣ беҳаёгӣ! Чӣ берӯйӣ! Миллати коргардониҳои хабисонаи пасипардагӣ тоҷик аз ӯву атрофиёнаш бо лафзи роҳбарони кишвари ҳамсоя мехоҳанд, мардонаи додаву эҳтироми қонун ва ки диққати мардуми худро аз таъкиду вазифагузориҳои Пешвои масъалаҳои ҳалталаб ва душвориҳои муаззамаш фарқ мекунад. Вагарна дохилӣ дур созанд. Не! Бадхоҳи касон як тӯдаи бенангу номусу бефарҳанг ҳеҷ ба мақсад намерасад. ва миллатгарои фашистмаоб дар Пӯшида нест, ки Содир Ҷабборов пешорӯйи мавҷи сели бузург чанд ва чанде ҳамтоёни ӯ зархариди соат истодагарӣ мекарда бошад?! хоҷагони хориҷӣ ҳастанд. Ҳар лаҳза Ба мо модарон дарси нангу номус онҳо гӯши сарвари Қирғизистон омӯхтаанд: “Хок мехӯрему заррае хоки барин миллатчиёнро бо даъвоҳои Ватан ба ғосибон намедиҳем...” Фақат бузургманишӣ ва эҳёи Тӯрони Бузург ҳаминро гуфтаниям, ки майдони ҷанг пур мекунанд. Ин афсонаҳоро онҳо Ба ҳамагон тӯли садсолаҳо маълум аст, ки ноҳияҳои Лайлаку ҳам майдони мардони асил аст, на мехоҳанд, ки бо дастони Қамчӣ Сулукта дар бунбаст (анклав) қарор майдони номардиву найранги гургу Тошиев ва Содир Ҷабборов барин сарварони гапдаро амалӣ созанд. доштанд. Ҷониби Тоҷикистон рӯбоҳу шағолон... Бино ба баъзе иттилоот, ки Ҳамсояро интихоб намекунанд. Ӯро аз рӯйи принсипҳои ҳамзистию дурустию нодурустиашро кафолат Худо медиҳад. Оини ҳамсоядориро таҳаммулпазирӣ амал намуда, 3-юми марти соли 2009 кӯпруки намедиҳам, гӯё созишномаи 3-юми бояд эҳтирому эътироф намуд. Вале 275 метраро, ки қитъаи аҷдодии марти соли 2009-ро Маҷлиси Олии чун ҳамсоя ба марзи муқаддаси нангу мо буд, ба муддати 49 сол ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол тасдиқ номус қадами номуборак мегузорад, барои иҷора дод. Оқибат ноҳияҳои (ратификатсия) накардааст. Агар бояд ҳатман ҷойи ӯро ба чашмаш Лайлаку Сулукта аз бунбаст раҳоӣ воқеият чунин бошад, албатта, намуд. Сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият, ёфтанд. Баъди 12 соли истифодабарӣ, бар салоҳи кор аст. Хуб мешуд, ки роҳбарияти Қирғизистон ба ҷойи созишнома аз ҷониби кишвари мо ба худогоҳӣ, ватандорӣ мафҳумҳои Бо даҳшатангезӣ миннатдорию шукргузорӣ қитъаи таври яктарафа лағв карда шавад. муқаддасанд. мазкурро бешармона моли шахсии Саъдии Шерозӣ беҳуда нагуфтаанд: Қамчӣ Тошиев гумон мекунад, ки мо худ медонаду имзои шартномаро “Раҳм овардан бар бадон, ҷабр аст бар метарсему аз даъвои худ мегузарему ба шартҳои онҳо розӣ мешавем. Аз ин ғайриқонунӣ меҳисобад. Магар ин некон.” гуна қӯраҳои тафсони санҷиш миллати носипосӣ, ношукрӣ ва номардӣ мо дар тӯли таърих ҳазорон маротиба нест?! Магар Қамчӣ Тошиев ва Содир гузашта, обутоб ёфтааст. Мо, албатта, Ҷабборов оқибати ин амали худро андеша намекунанд?! Магар минбаъд Пирони садсола, кампирони ҳаққи таърихиамонро бозпас мегирем, дар сатҳи байналмилалӣ ба аҳду рӯзгордида, инсонҳои таҷрибаандӯхта вале моли дигарон барои мо лозим паймони онҳо боварӣ ва эътимод боқӣ ҳикоят мекунанд, ки мавзеи кӯпруки нест. Зеро миллати тоҷик аз рӯзи азал мемонад?! Ҳама чиз дар дунё гузарон 275-метра, ки имрӯз ба ҷониби ҳамсоя чашми сер дошт. аст. Гадоӣ ҳам мегузараду подшоҳӣ барои 49-сол тибқи шартномаи ҳам. Ба мақому мартабаи Қамчӣ тарафайн ба иҷора дода шудааст, Тошиев ва Содир Ҷабборов ҳам рӯзе қитъаи таърихию ҳазорсолаи тоҷикон завол меояд. Вале шармандагию аст. Кӯпрукро низ дар охирҳои рӯсиёҳӣ ва аҳдшикании онҳо ҳазор мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон сол дар таърих хоҳад монд. сохтаанд, то роҳашон ба Чоркӯҳу Боре дар сомонаи иттилоотие Президенти Қирғизистон рӯзҳои Хоҷаи Аъло пайваст бошад. мактубу муроҷиати як кӯдакеро аз охир борҳо гуфтааст, ки котиби Мегӯянд, ки “кӯри хонашин аз шаҳри ноҳияи Бодканд ба Президенти шӯрои амнияти ҳамонвақтаи Бағдод бохабар” ё ки “дуздию пешхезӣ.” Қирғизистон Содир Ҷабборов хондам. Қирғизистон Адохон Мадумаров ба Рӯзи 17-уми январи соли 2022 Кӯдак ба сарвари давлаташ муроҷиат имзои созишнома ҳақ надошт. Сиёсат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон карда, мегӯяд, ки шабҳо аз тарси майдони қассосу кина нест. Худ Содир Ҷабборов дар мусоҳиба ҳуҷуми тоҷикон ба Бодканд гӯё хоб замоне гунаҳкору зиндонӣ буд, гумон бо “Вечерний Бишкек” гуфтааст, ки надораду дилаш ҳамвора дар тарсу мекунад, ки ҳама мисли ӯ ҳастанд. “додани қитъаи Чор Кӯча нобахшиданӣ ҳарос аст... Аз ҷониби Тоҷикистон ҳам котиби ва хоинист.” Зери мафҳуми Чор Кӯча Аҷабо! Аз сохтаю сунъӣ будани Шӯрои амният Амирқул Азимов ба (Торт Кече) ҳамон қитъаи купруки ин муроҷиат ба ҳолу виҷдону шартнома имзо гузоштааст - ку! 275-метраро ӯ дар назар дорад. инсофи дастандаркорони он ҳайфам Ногуфта намонад, ки ҳардуи онҳоро Мардони асил амсоли Асосгузори меояд. Лаънат ба касе бод, ки ашки Президентҳои ду кишвар барои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, поки қаламро барои аризабозӣ, имзои шартнома ваколатдор сохта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳматнависӣ, дурӯғ ва риё мерезонад. буданд. Агар Президенти он вақтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи Хуллас, барои худнамоӣ қаламкашӣ Қирғизистон Адохон Мадумаровро сиёсат мӯйи худро сафед намудаанд. мекунаду ғофил аз он аст, ки ин ба ин кор ваколатдор намесохт, вай Онҳо аз миёни дуду оташу хун аъмолаш ҳезумкашию оташафрӯзӣ ба ҳеҷ вақт аз пеши худ ба созишнома гузашта, ба халқи худ сулҳу субот ва қасди хонаи дигарон аст. имзо наменамуд. Ҳамчунин қитъаи хушбахтии комил овардаанд. Аммо як Охир, биёед як андеша намоем. 275 метра моли ҳалоли тоҷикон асту одаме, ки дар роҳи душвори сиёсат Бодканд куҷою Чоркӯҳу Ворух куҷо, ки албатта, ба соҳибонаш бармегардад. ҳанӯз амсоли кӯдаки раҳгардон ва кӯдаки қирғиз аз ҳуҷуми онҳо шабҳо Дар даргириҳои 28-уми апрели соли чеҳраяки тасодуфист, худро муддаӣ хоб надорад. То Бодканд аз Чоркӯҳу 2021 Қамчӣ Тошиев аз Германия, ки ва донандаи таърих метарошад. Ворух 30-40 км роҳ аст. Худобехабарӣ онҷо дар табобат буд, саросемавор Худ ваколати Адохон Мадумаровро аз ин зиёд намешавад. Вале дар омада, бо илтимосу илтиҷо хоҳони ғайриқонунӣ ҳисобидани Содир муборизаҳои сиёсӣ, ошӯбу балво ва оташбасу сулҳ гашт. Вале баъди чанд Ҷабборов ин маънои лағви созишнома кашмакашҳои марзӣ ба кор бурдани рӯзи имзои оташбас, ин гурги биёбонӣ аст. Мо ба ин оташбоз ва миллатчии ҳамаи воситаҳо хуб аст. зораю таваллоҳои худро фаромӯш ашаддӣ на ин, ки 275-метри роҳи Як нуктаи асосии заъфи мо ин бохти карда, ба аҳдшиканӣ даст зад. Баъди аҷдодӣ, балки як зарра хоки Ватани доимӣ дар ҷанги иттилоотист. Агар, имзои оташбаси 27-уми январи соли азизамонро ҳам намедиҳем. Ӯ ба мабодо, дар нуктаи марз касе гурбаи 2022 ӯ ба таври хеш худро ғолиб саҳнаи сиёсат ба макру фиреб ворид як қирғизро “пишт” гӯяд, дар ҳамаи ҳисоб намуда, “даргириҳои дирӯза шудааст. Дар замираш ба ҷуз қасду шабакаву сомонаҳои иттилоотии барои тоҷикон дарс шуд ва ҷониби кина, ошӯбу балво ва оташбозӣ дигар онҳо барқосо хабарҳои росту дурӯғ Тоҷикистон маҷбур аст, ки шартҳои чизе нест. паҳн мешаванд, ки тоҷикон гурбаи ва ронандаи мошини ёрии таъҷилии БМШ-Исфара Абдулатиф Шарипови 62 сола масъулони даргириҳои марзӣ ва роҳбарони Қирғизистон дар шахсияти Қамчӣ Тошиев ва Содир Ҷабборов ба додгоҳи суди байналмиллалӣ кашида шаванд. Бояд онҳо ба фарзандони ятиму бегуноҳи онҳо ҷуброни хисороташонро ба пуррагӣ пардохт намоянд.
Аҳдшиканӣ
Кӯри хонашин
Мастии нахустбода
мискини онҳоро ғам додаанд. Вале даҳҳо кас агар бар сар санг хӯрад, чандин нафарон шаҳид гарданд, занону духтаронамон тир хӯранд, чандин хонаву манзиламон аз дасти хонасӯзони кишвари ҳамсоя ба коми оташ равад, садҳо мошини мусофиркашро сангборон кунанд ҳам, мутаассифона ба ҷуз чанд хабари хому хатал мо дигар тавони муқобилияти иттилоотӣ кардан надорем. Чаро?! Ё бетарафем, ё худхоҳу худпарастем ва ё ҳарду. Хонаи ҳамсоя, ҳамватанро селу ярчу тарма барад ҳам, дар ғами ҷони худем... Имрӯз тақдири дунё дар кафи ҷанги иттилоотист. Кӣ иттилои бештар дошта бошаду ба зудӣ онро паҳн карда тавонад, ғалаба аз они ӯст. Як муроҷиати кӯдаки бодкандӣ Қирғизистонро ба ларза овард. Акнун аз Қамчӣ Тошиев ва Содир Ҷабборов пурсиданиям: Кӣ ба овони кӯдакии ноором, пуртаҳлука ва пуризтироби кӯдакони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Ворух ва деҳаи Хоҷаи Аъло ҷавоб мегӯяд?! Дар ду-се даргириҳои марзии солҳои охир кӯдакони бечора аз тарсу ваҳм ҳоли табоҳ доранд. Онҳо зимни даргириҳо пайваста дар таҳхонаҳо пинҳон мешаванд ё ба ҷойҳои амн ҳаросон фирор менамоянд. Кӣ ба рӯзу соатҳои ба мактаб наомадани онҳо ҷавоб мегӯяд?! Кӣ арзиши гиряву ҳароси кӯдаконро, ки дар даҳсоата тирборони шаби 27-уми январи соли 2022 рух дода буд, пардохт менамояд?! Кӣ ба парешонии кӯдакони Чоркӯҳу Сурх, Хоҷаи Аълову Ворух, ки давоми солҳо аз машқҳои ҷангии шумо даҳшатзадаанд, дар пеши додгоҳҳои байналмилалӣ ҷавоб мегӯяд?! Пурсиданиям, ки ҳар моҳ аскарони шумо дар он сӯйи марз, ки аз хоки мо як қадам роҳ аст, машқҳои тирандозӣ барпо мекунанд, ба хотири чист?! Магар шумо ба қасди мо тайёрии ҷангӣ намебинед?! Ё ягон душмани берунии дигар доред?! Магар барои машқҳои ҷангӣ ягон ҷойи амн ва мавзеъҳои аз нуқтаҳои аҳолинишин дур надоред?! Доред! Вале ҳамаи коратон бар қасди мост... Ман боз аз масъулони кишвари ҳамсоя пурсиданиям, ки ягон маротиба аскарону афсарони мо дар марзи шумо машқҳои тирандозӣ барпо намудаанд?! Не! Мо оромии касеро халалдор накардаем. Барои машқҳо ҷойҳои махсус дорем, то хотири тифлону модарони худамон ва ҳатто ҳамсоягонамон ошуфта нагардад. Ман ба соҳиби оила ва фарзанддор будани масъулони кишвари ҳамсоя шубҳа дорам. Агар онҳо модар, зан, фарзанд медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба амалҳои зишту паст ва ғайриинсонӣ роҳ намедоданд. Таърих довари ҳамадону ҳамабин, ҳақҷӯю ҳақгӯ аст. Рӯзе ба аъмоли шумо ҳам таърих баҳои ҳаққонии худро медиҳад. Боварӣ дорам, ки бо хатҳои сиёҳ дар саҳифаҳои он навишта хоҳад шуд, ки “ин ду шахс аз қайди банду зиндон озод шуда, домани оламро ба харобӣ кашиданд ва ба сари миллати худу миллати ҳамсоя мусибат оварданд.” Халқ мақоле дорад: “Омадани турнаро не, балки рафтанашро бояд андеша намуд”. Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ узви ИЖТ, аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти ҶТ.
Аз Обидҷон то Обидҷон
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт...
Аз рӯзе,ки дар сангари ору номус Обидҷон Муллоҷонови 18 сола (дар расми аввал) аз тири адӯ ҷон ба ҷонофарин таслим намуд, соли зиёд сипарӣ шуд. Ӯ рафт бо тамоми орзуҳо ва ормонҳои дилаш. Падараш Абдумаҷид ӯро дар либоси донишҷӯиву модараш Муборакбону дар қабои домодӣ дидан мехостанд. Вале ҳайҳот... Дар роҳрави мактаб ба лавҳаи қаҳрамонони даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дида медӯхт. Онҳо абадиянд,
фарози кӯҳпораи деҳаи Хоҷаи Аъло аз сангпораҳои меҳан маноре бунёд шудааст. Кӯдакон ва навҷавонон атрофи он ҳамарӯза садо медиҳанд: "Мо давоми умри Обидҷонем! Мо то замоне зиндагӣ дар рӯи Замин парчамбардори ин сарзаминем! Ҷони ҳаст, то замоне кӯдакон дасти модар мо низ нисори Ватан - Модар бод!". *** медоранд, то замоне ҷавонон Ватан 27-уми январи соли 2022. Шабонгаҳ месозанд. Шояд он замон гумон ҳам намекард, ки рӯзе назди акси аз тири хунпораандози қотилони ин абармардон сурати ӯ низ насб ғосиби ҳамсоя Обидҷон Тӯйчиев мешавад, ҳамчун қаҳрамон. Агарчӣ шаҳрванди деҳаи Хоҷаи Аъло ҷон барои иҷрои хидмати падар ва бохт (дар расми дуюм). Кист ӯ? Марди 57 сола, барзгар, сари гирифтани дуои модар фурсат надошт, аммо Обидҷон ҳаваси тамоми чанбараки трактор замин меронд. Сару модарон ва фахри кулли падарони андоми офтобсӯхта, дастони шахшӯли пуробила, ҷуссаи лоғар, аммо дили миллат гашт. Дар ҷои фавташ, ки канори мактаб, саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан,
миллат, мардум. Дар муқобилият ба хушунатҳои наздисарҳадӣ, ки дар атрофи деҳа кайҳост воқеъа маъмулист, ҳамеша дар сафи аввали муқовимат қарор дошт. Чун тамоми Тӯйчиевҳо заковати баланди ақлиро доро буд. Аз канораҷӯӣ парҳез мекард. Аз тарс нафрат дошт. Аз эҳтиёткории барзиёдӣ дар ҳазар буд. Агарчи ҳалим ва дили кӯдакона дошт, дар хатти муқовимати миллӣ чун оташ дар мегирифт. Пешмарга буд, бо маънои аслаш. Дар охирин дидорбиниам шоҳид будам, ки як қабз хок дар каф дошт ва мегуфт: ”Ин аз ман аст, ман аз ӯям!" Фалсафаашро дер дарк кардам. Ҷисмашро, руҳашро, вуҷудашро
қурбони хоки тоҷикон кард ва ба абадият пайваст. Алъон дар деҳа даҳҳо нафар Обидҷонҳои кӯчаки дигарро дидан мумкин аст, ки дар ҳавои шуҷоату диловарии фарзандони фарзонаву фидокори шаҳидгашта ба камол мерасанд. Додихудо ШАРИФЗОДА Хоҷаи Аъло.
4
"Насими ИСФАРА"
Тавсия
Агар мо китоб хонем...
Агар мо китоб хонем, хабардор мешавем, ки табиби оламгир, мутафаккири бузург, шоири мумтоз Абӯалӣ ибни Сино баъди табобати шоҳ аз пулу чизу ҷавоҳирот даст кашида, хоҳиш кардаст, ки иҷозат диҳад дар китобхонаи шоҳигарӣ чанд муддат ба мутолиа машғул шавад. Агар мо китоб хонем бо халқияти эскимосҳои қутби шимол шинос мешавем, ки онҳо яхро чоркунҷа бурида, хона месозанд, баъд ба мисли хонаҳои мо бо об “андова” карда зиндагонӣ мекунанд. Агар мо, китоб хонем, бо олими фаронсавӣ Кусто шинос мешавем, ки тамоми қади кӯлу баҳрҳоро тадқиқот гузаронида кӯлеро меёбад, ки обаш ду тақсим як тарафаш шӯр буда, ҳеҷ гоҳ омехта намешавад. Вай ҳамин ҳолатро ҷустуҷӯ карда, дар “Қуръон” меёбад. Ин сураи “Ар-раҳмон” буд. Баъди шиносоӣ мусулмон мешавад. Агар мо китоб хонем бо одамони Гвинеяи нав ва баъзе ҷазирачаҳои Индонезия шинос мешавем, ки онҳо
ДИҚҚАТ: МУЗОЯДА Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара музоядаро оид ба фурӯши молҳои мусодирашудаи зерин барпо менамояд. Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, ошёнаи 3-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Вақти баргузорӣ: 18 феврали соли 2022, соати 14-00.
2 феврали соли 2022
то ҳол аз оламу дунё бехабаранду на хонаву дар доранд ва на либос мепӯшанд. Агар мо, китоб хонем бо набототи дунё, урфу одатҳои аҷоиби мардум, бо ҳайвону хазандаву паррандаҳои рӯйи олам дар хона нишаста, шинос мешавем ва як ҷаҳон таассуроти маънавӣ мегирем. Агар мо китоб хонем, бо профессор Андрей Малахов шинос мешавем вай дар китоби якумаш овардааст: “Маро аз беморхона ҷавоб дода, гуфтанд, ки умрат камтари дигар мондааст, ба хона раву бо аҳли оилаат бош ва рӯзҳои боқимондаро дар хона гузарон”. Рӯҳафтода ба хона омадам, чизе аз гулӯям намегузашт. Хобидам, хестам, чӣ кор карданамро намедонам. Ҳамаи аҳли оила ҳайратзада буданд. Ногоҳ чашмонам ба рафи китобҳои аз бобоям мерос монда афтоду аз бекорӣ якеашро кушодам. Дар китоб роҳҳои табобати бемориҳо навишта шуда буд. Бемориамро ёфтаму бо диққат хондам ва худи ҳамон рӯз аз рӯйи гуфтаҳои дар китоб навишта шуда, табобатро сар кардам. Рӯз ба рӯз аҳволам беҳтар шудан гирифт ва баъди 15 рӯз худро солиму бардам ҳис карда, табобатро давом додам. Духтуроне, ки маро барои мурдан аз беморхона ҷавоб дода буданд, дар шигифт монданд. Ман таҷрибаи андӯхтаамро дар матбуот чоп кардам. Дере нагузашта аз тамоми гӯшаву канор мактубҳо омадан гирифт ва ман маслиҳатамро дареғ намедоштам. На танҳо аз Россия, балки аз тамоми дунё ба унвонам мактубҳо меомаданд. То имрӯз 6 китоб доир ба табобати бемориҳои гуногун чоп шудааст. 1 китоб танҳо миннатдории сиҳатшудагон буда, ба ман унвони профессорӣ доданд". Ана, китоб одамро то ба кадом қуллаҳо бурда мерасонад... С. БОБОХОЛОВ. Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 960 (нуҳсаду шаст) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар музояда аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: нусхаи ҳуҷҷати
№ 5 (9420)
Аз ёдҳо, дар ёдҳо
Шаби наҳс
Эҳ дунёи бевафо... магар, аз бурдани ин нафар, ки ба ҳаёту зиндагӣ, ба марзу буми кишвараш содиқ буду барои ҳифзу ҳимояти зодгоҳаш - Ворух нафас мекашид, сер гаштӣ? Магар аз рехтани ашки ҷигаргӯшаҳояш, сиришки ёри танҳомондааш шодоб гаштӣ? Наход, ман ӯро дигар дар ҳалқаи Шаби сарди зимистон...Чӣ шаби дӯстон, дар иҳотаи пайвандон, дар торику зулмотӣ. Чӣ шаби орому сокит, оғӯши наберагону фарзандонаш ки торикии шаб ва хомӯшии онро дар набинам?! Наход, ӯ бо мо дигар ин лаҳзаҳо касеву чизе халалдор набошад?! Не, боварам намеояд, зинда аст, намекунад, вале гоҳе садои тиқтиқи соат бо садои қалбам ҳамовоз зинда... албатта, дар шаҳри Қазони мешаваду саропо дар мавҷи хаёлоти Тотористон кор мекунад. Гӯё чизе хотирамро ҷамъ мекарда бошад, дунёи бераҳм ғӯта мезанам... Бале, ёд мекунам, дилам гум гоҳе аз фавташ, аз фасли реҳлаташ мезанад, бо садои марғуладораш, ба фаромӯш мекунам. Не, не охир аксҳои вақти дафнаш ҷисму пайкари базебу ҳарфу ҳиҷои паёмакҳои охирини дар шуъбаи эҳё хандарезаш... Киро?... Ҳамон ҳамхуни падарам пораи қалби қиблагоҳам, ба завҷааш навиштааш: “Ман аз амаки меҳрубонам - Нӯъмонҷон ҳамаи шумоён розӣ ҳастам азизонам. Табарқуловро, ки омӯзгор буд, Мабодо бо ман фоҷеае рух диҳад, соҳибкор буд, роҳбаладе, ҳимоятгаре, ҷисмамро ба хоки ҳамин сарзамин сипаҳсолоре буд,... ки фасли супоред” гуфтаҳояш далели омодагӣ милодаш дар ин шабу рӯз ӯро ҷустуҷӯ ба сафар ба сӯи хонаи охират буд ва дар ҳақиқат набуданашро ин аксҳову мекунад... Аммо дареғу сад дареғ... Гиря гулӯгирам мекунад, нафасам хотираҳо собит месозанд. Дар ин шаби хаёливу ғамангез танг мешавад, арақи хунук вуҷудамро мехоҳам аз худам бигрезам, дарвозаи молиш медиҳад, худамро дар худ гум мекунам, қалбам мехоҳад фарёд умеду орзуҳо, даричаи сабру бизанад... Аз ин паҳлу ба он паҳлу таҳаммулро дудаста, сахт, бонафрат гашта, ғарқи ёди талху ширинаш кӯбам... Охир ин соле, ки сипарӣ китоби зиндагияшро саҳифагардон шуд, вабои ноком беҳтаринҳоро, мекунаму лаҳзае ашк дастболо зеботаринҳоро, хубтаринҳоро бо мешаваду лаҳзаи дигар бо ёди худ бурдаву ҳусни зиндагӣ, таровати хотироти рангину дилкашаш табассум рӯзгори замину замонро коставу маҳҷур гардонид. пирӯз. Чӣ рӯзгори ширине дошт, чӣ Мисли кӯдаке худамро тасаллӣ қадар дилбастаи зиндагӣ буд. Чӣ медиҳам, мехоҳам аз ин хаёли талху ноком, ки доим мисли меҳмони қадар покизагиву симои дилкаше нохонда ҳозиру нозир аст, худро дошт. Аҷоиб шахсияти сухандону берун орам... Аммо боз ҳамон чеҳраи хушчақчақе буд, вале ҳайҳот... Тақдир гарми зебояш, симои дилкашу лутфи чунин будаасту фалак чунин хост. Инак, боз риштаи андешаҳо маро маҳфилорояш, шӯхиҳои дилфиребу нигоҳи тобнокаш пеши назарам бо як бо нигоҳу чеҳраи падарам, ки сукут мекард ва гӯё аз симои хомӯшу шукӯҳу шаҳомат ҷилвагар мегардад. бесадояш, аз чашмони маҳзунаш як тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ. - барои шахсони ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ; - барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият. Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба суратҳисоби бахш пардохт менамояд. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 2-77-47, 98-567-40-43 ва 98-898-21-21 гирифта метавонед.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва иттифоқи касабаи Беморхонаи марказии шаҳр аз фавти нобаҳангоми ронандаи ёрии таъҷилии БМШ ШАРИПОВ АБДУЛАТИФ андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият мехоҳанд. "Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
Падар рафту ба ман панди падар монд, Ба дил чун шуълаи шамси саҳар монд.
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ “БММҒ” таҳти № 24237 дар суроғаи ҷамоати Хонобод, кӯчаи ҳозира Рӯдакӣ ба номи марҳум Муллоев Ашӯр ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ “БММҒ” таҳти № 11857 дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ берақам дӯкони сабзавот ба номи марҳум Исматов Савридин ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шиносномаи миллии Анорова Нигина Шодибоевна истиқоматкунандаи шаҳри Исфара маҳаллаи Носиробод, кӯчаи И. Муҳаммадов хонаи 122, ки ШВКД1-и шаҳри Исфара додааст. *** Шиносномаи миллии Миробидова Миҳринисо таҳти А № 1682139 истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати Кӯлканд кӯчаи Дӯстӣ № 31, ки ШВКД-1-и шаҳри Исфара 19 декабри соли 2001 додааст. *** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ “БММҒ” таҳти №
ҷаҳон фарёду фироқ, нолаву афғон, ҳасрату надомат фаввора мезад, сӯйи олами ғурбат мекашад. Чӣ қадар сахт аст, фарзанди падарро ва хуну пайванди хешро аз даст додан... Банда бо иродаи бузургу матонати қавии падарам сари таъзим фуруд меорам, зеро падарам ду бародари худро дар синни соли 50 ва 53 солагӣ ба хок супурдаву боз дар ҳаққи онҳову фарзандонаш дасти дуо мебардорад, ба даргоҳи Яздони бузург шукр мекунад. Моро таскин медиҳад, аз бебақоии умри инсоният огоҳ месозад... Камина қасди оламро зи қалам гирифтаму дар ин шаби тор қатрае аз ҳасрату ҳарфи диламро рӯйи авроқи сафед рехтам ва аз забони фарзандонаш гуфтаниям: Дар баҳори зиндагӣ моро хазон омад, дареғ, Ин вафои зиндагӣ моро гарон омад, дареғ. Мо падар гум кардаем андар ҷаҳони орзу, Нахли боғу бӯстонашро халал омад, дареғ. Мо дили пур аз умеду орзу бишкастаем, Қалби хунин бо садояш бармаҳал омад, дареғ. Дасти ӯ буд бар сари мо, мо надоштем ҳеҷ ғам, Ин ҳама қимматталоши бесамар омад, дареғ. Рӯзҳои вопасинаш дурӣ ҷуст аз назди мо, Ин вабою ин бало андар сафар омад, дареғ. Гиря ёри мо бигашту нолаҳо бар мо шарик, Дил ба ранҷу ғуссаву ғам ҳамсадо омад, дареғ... Сӯхтӣ Ганҷинарову рафта сӯйи ломакон, Ҷойи оминат падар, дасти дуо, омад дареғ... Худованди бузург ҷоятро ҷаннат, макони охирататро обод, рӯҳатро аз мо пайвандон шод гардонаду ба фарзандонат сабри ҷамил ато намояд. Г. УЗОҚОВА, муовини директори МТМУ № 10.
15390 дар суроғаи Навобод, бинои 22 ҳуҷраи 3 ба номи Зокирова Парвина Зокировна ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст. *** Шартномаи ҳадякунии квартираи Сд № 0485084, таҳти феҳрасти 4Ш368 30.07.2010 байни Зокирова Парвина Зокировна ва Зокирова Джамилахон Аноровна ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 307230, ки МТМУ № 12 солҳои таҳсили 1973-1974 ба Самадова Умринисо додааст. *** Аттестати маълумоти асоси таҳти силсилаи Б № 030455, ки МТМУ № 23 солҳои хониши 1979-1980 ба Қозиев Шокир Комилович додааст. *** Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос ба бинои "Чойхона", ки дар ҳудуди боғи Сайфи Исфарангии шаҳри Исфара ҷойгир шудаасту ба Шарипов Абдуҳаким Қудусович тааллуқ дорад ва дар идораи нотариалии давлатии шахри Исфара аз 22.01.2018 сол ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0859401, ки МТМУ № 1 солҳои таҳсили 2020 - 2021 ба Каримов Неъматҷон Раҳматович додааст.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва иттифоқи касабаи Беморхонаи марказии шаҳр ба мудири таҳлилгоҳи БМШ Атобеков Некрӯз нисбати даргузашти нобаҳангоми ПАДАРАШ АТОБЕКОВ БОБОҶОН НАВРӮЗ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибат ба ӯву пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б.Маҳкамов, 63 Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст.
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад.
Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 1. 02. 2022. Адади нашр 4300.
Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________