Аз 24 апрели соли 1932 нашр мешавад. *** № 5-6 (9086-87) *** Шанбе, 24.01.2015 НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ша[ри Душанбе, 23 январи соли 2015
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кар“НИ”
дани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо
барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад. Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.
Ташрифи раиси вилоят ба Исфара
ИСФАРА: РӮ БА ПЕШРАФТ ВА ОБОДӢ Дар Исфара бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 3 иншооти тозабунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Нахустин иншооти муҳими иҷтимоие, ки раиси вилояти Суғд ифтитоҳ бахшид, хатти оби тозаи нӯшокии «Навобод-СомониёнМоҳпарӣ» аст, ки бунёди он тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ҷиҳати бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани наздик 13 ҳазор оила ё худ 65 ҳазор нафар аҳолии маҳаллаҳои нави шаҳри Исфара, аз ҷумла зиёда аз 5 ҳазор хонаводаи ба мавзеи тозабунёди Моҳпарӣ маскуншаванда мусоидат менамояд. Ба шарофати амалигашти ин иқдоми бунёдкорона мушкилоти сокинони маҳаллаҳои 14, 15 ва 16, инчунин маҳаллаҳои Сомониён ва Сомониёни нав ҷиҳати норасоии оби нӯшокӣ аз байн меравад. Пудратчии асосии сохтмони мазкур ҶДММ «Ифтихор ва ширкат» буда, иншоотро, ки дарозиаш 11 ҳазору 706 метр ва ҳам дорои зеристгоҳи барқии обкашӣ мебошад, бо ҳамдастии мутахассисони корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Исфара, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои барқии Исфара» ва «Ширкати сохтмонии Исфара» дар мӯҳлати басо кӯтоҳ - ҳамагӣ 4 моҳ бунёд намудаанд. Маблағи лоиҳавии иншоот ва корҳои анҷомдодашуда 5 миллион сомонӣ буда, 3, 5 миллион сомонии он аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ва 1, 5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои худӣ, саҳмгузории аҳолӣ харҷ гардидааст. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ
дар мавзеи Моҳпарӣ бо мардум мулоқот намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки харҷи маблағҳо барои сохтмони мактаб, маркази саломатӣ ва маркази муосири ҷавононро дар Моҳпарӣ бар дӯши худ бигирад. Иловатан аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба Моҳпарӣ ду адад насоси обкашӣ тақдим карда хоҳад шуд. Дар мавзеи Моҳпарӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба як қатор шаҳрвандоне, ки мувофиқ ба дархосташон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудааст, дар вазъи тантанавӣ қарорҳои дахлдорро супорид. Дар раванди сафари кории Раиси вилояти Суғд дар маркази шаҳр боз ду иншооти сеошёнаи дигар – коргоҳи дӯзандагӣ ва маҷмааи хизматрасонии «Марворид», ки дорои 50
ҷойи нави корӣ аст, аз ҷониби соҳибкорон Раъно Маҳмудова ва Шаҳзода Сайфиддинова, инчунин маҷмааи истеҳсолию тиҷоратии «Наврӯз» аз ҷониби соҳибкор Азизхӯҷа Убайдуллоев бо 100 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуданд. Дар ошёнаи якуми «Марворид» толори мебелҳо ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудаанд, ки ҳамзамон бо истеҳсоли маҳсулот ба таълими духтарони маҳаллӣ машғул хоҳанд шуд. Ба туфайли мавриди истифода қарор ёфтани маҷмааи истеҳсолию тиҷоратии «Наврӯз» ташкилоти амонатию қарзии «Арванд» соҳиби макони доимӣ гардид. Лозим ба тазаккур аст, ки «Арванд» имрӯзҳо 104 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаасту ба беш аз 4 ҳазору 500 нафар мизоҷон хизмати хуби бонкӣ
Ҳукумати мамлакат дар асоси ҳадафу вазифаҳои дар паёми соли гузашта баёнгардида иборат аз 52 банд нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онҳоро таҳти назорат қарор додааст. Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаи қарзиву грантӣ таҳияву қабул гардиданд ва татбиқ шуда истодаанд. Дар натиҷа соли 2014, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид ва кишвари мо ба сӯи пешрафти босуботи иқтисодӣ боз як қадами устувор гузошт. Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 мо мерасонад. Сандуқи қарзии “Арванд” дар Исфара 26 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, дар доираи амалиёти бунёдкоронаи соли 2015 интизор меравад, ки дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара беш аз 60 адад иншоотҳои нав сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Раиси вилояти Суғд зимни боздид аз Исфара ҳамзамон бо рафти сохтмони корхонаи коркард ва банду басти меваи хушки «Файзи Навгилем» ва варзишгоҳи деҳаи Чилгазӣ аз наздик ошно шуд. Корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк дар Навгилем иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии меваи хушки Исфараро ба хориҷа афзун намуда, бо баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ғановат бахшидани буҷети давлатӣ дар муаррифии хуби маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Сохтмони варзишгоҳи деҳаи Чилгазӣ бошад, мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба оммавӣ гардонидани варзиш ва бунёди иншоотҳои варзишӣ таърихи 25-уми майи соли гузашта оғоз шудаву алъон дар марҳилаи ба итмомрасӣ қарор дорад. Бояд ёдовар шуд, ки варзишгоҳ дорои 4 ҳазор ҷойи нишасти тамошобинон буда, арзиши лоиҳавии он 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад ва бо маблағгузории соҳибкорону аҳли деҳа бо тариқи ҳашар бунёд карда мешавад. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ин ҷо низ бо сохтмончиён ва мардуми деҳа мулоқот ороста, аз иқдомоти ободкоронаи онҳо изҳори хушнудӣ намуд ва таманнои онро кард, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар ҷаҳду талоши бунёдкориву созандагиашон муваффақу пирӯз бошанд. Бо ҳамин сафари кории раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ба итмом расид.
тавонистем, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намоем. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил кард. Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли пешин 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардиданд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфтанд. Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад. Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд. (Давомаш дар саҳ.2) “НИ”
Паём рa[намои мо
АФЗАЛИЯТ БА СОЛИМИИ МИЛЛАТ Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Жаноби Олц Эмомалц Раьмон баробари дигар масъалаьои мубрами сиёсиву иытисодц фарогири тадбирьои оянда дар соьаьои ижтимоц, аз жумла тандурустц низ буд. Щамхориьои пайвастаи ьукумати кишвар дар хусуси беьтар намудани шароити кори беморхонаьо, таывият бахшидан ба фаъолияти муассисаьои к=маки аввалияи тиббц- санитарц, мужаььазгардонии оньо бо дастгоьу техникаьои замонавц ва омода намудани мутахассисони болаёыат бори дигар собит намуд, ки роьбарияти кишвар ба солимии миллат афзалияти бештарро раво мебинад. Мисоли равшан он аст, ки чанде ыабл зимни ташриф ба шаьри Исфара раиси вилояти Сущд м=ьтарам Абдураьмон Ыодирц изьор дошт, ки барои бунёди ш=ъбаи жарроьц дар беморхонаи деьаи дурдасти Ворух аз ьисоби бужети вилоят 1 миллион сомонц маблащ жудо карда мешавад. Аз ин иыдом мардуми деьаамон хеле хурсанд шуданд, зеро дар ьолатьои фаврии ба жарроьии осон ьам ниёз доштани бемор оньо то маркази шаьр сарсону саргардон мешуданд. Аз моьи сентябри соли жорц зиёд кардани музди меьнати кормандони тиб, ки дар Паёми Сарвари давлат зикр шуд, жомеаи меьнатии беморхонаи моро р=ьбаланд намуд. Дар жавоби ин дастгириьо мо азму к=шиш мекунем, ки сифату самараи муоинаву муолижаи беморон боз ьам беьтар ва хизматрасонии тиббиро ба аьолц дастрасу манфиатовар гардонем. Каримахон ЬАКИМОВА, сардухутури беморхонаи №1, деьаи Ворух.