5 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

***

№ 5 (9140) ***

Чоршанбе,

3 феврали соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Расулзода дар Навгилем: аз "Асри 10" то осорхона

Тавре зикр гардид, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ кормандони коргоҳ сохтани дастгоҳҳои атласу адрасбофиро ба роҳ монда, давоми соли сипаришуда зиёда аз 20 адад чунин дастгоҳҳоро ба марказҳои таълимии атласу адрасбофӣ пешниҳод намуданд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ наМинбаъд раиси шаҳр бо кору бори хуст аз коргоҳи коркарди чӯб бо номи чорводорон дар фермаи ширию мо«Асри 10», ки ба соҳибкор Атахон лии кооперативи тиҷоратии «КиДадаев тааллуқ дорад, дидан намуд. шоварзони Навгилем» шинос шуд. Дар ин ҷо 15 нафар дуредгарони Алҳол дар ферма зиёда аз 136 сар маҳаллӣ ба истеҳсоли маҳсулоти чӯ- говҳои зоти сиёҳало парвариш карда бин, аз ҷумла кандакорӣ машғуланд.

мешавад, ки маҳсулнокиашон зиёд мебошад. Ҳамарӯза аз 117 сар гови ҷӯшоӣ зиёда аз як тонна шир истеҳсол гардида, ба корхонаҳои коркарди шири шаҳр супорида мешавад. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳибкор Ҷамшед Бузуруков низ мавриди таваҷҷӯҳи раиси шаҳр қарор гирифт. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо лоиҳаи иншоот, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бояд ба истифода дода шавад, шинос шуд. Ташкили коргоҳҳои қаннодӣ ва дӯзандагӣ дар ин бино имкон медиҳад, ки зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор шаванд. Раиси шаҳр инчунин аз маркази бунёдшавандаи хизматрасонии соҳибкор Набихӯҷа Неъматуллоев, ки дар назар аст ин ҷо чойхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва атласу адрасбофӣ бо таъмини зиёда 12 нафар бо ҷои кор ба фаъолият шурӯъ кунад, дидан намуд. Боздид аз осорхонаи олими зиндаёд Лутфулло Бузургзода ва мулоқоти раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо мардум дар толори ҷамоати деҳот анҷомбахши шиносоии шаҳрдори Исфара буд. *** Қаблан раиси шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Ворух бо мардуми ин ҷамоатҳо мулоқот карда, оид ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии маҳал маслиҳатҳои судманд дод.

24 тонна ангишти ройгон

"Раисон" хам меомузанд

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо мардуми деҳаҳои ҷамоати деҳоти Навгилем мулоқот кард

Ба 24 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмонда ангишти ройгон дода шуд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба хотири дастгирии собиқадорон ва аҷргузории онҳо сурат гирифтааст. Бино ба гуфти муовини раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Каримбой Музаффаров ниёзмандон, собиқадорон ва нафарони яккаву танҳо, оилаҳои бесаробонмонда мудом мавриди ғамхорӣ қарор доранду ба онҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ва дигар сарчашмаҳо дасти мадад дароз карда мешавад.

Дар ҷамоати деҳоти Навгилем семинари таҷрибаомӯзӣ барои раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар рафти семинари мазкур масъалаҳои «Сатҳи иҷроиши қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва роҳҳои такомули қобилиятҳо оид ба таъсисдиҳии ташкилотҳои ҷомеаасос» мавриди муҳокима қарор дода шу-

Мулокоти босамари ХХДТ

Гурӯҳҳои тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи минтақаҳои Исфара мулоқотҳо доир кард. Дар ин мулоқотҳо аъзои гурӯҳи

данд. Пас аз шунидани маълумоти муфассал оид ба фаъолияти кумитаи маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти Исфара ва ҳамкории онҳо бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, худидоракунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот байни иштирокдорон вобаста ба усулҳои тақвият бахшидани фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳо тавассути ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷалби аҳолӣ ба идоракунии ҷомеа ва зарурияти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

тарғиботӣ нуктаҳои муҳими Паёми имсоларо ба мардум шарҳ дода, оид ба роҳҳои пешгирии ҷавонон ба ҳизбҳои ифротгаро ибрози назар намуданд. Бино ба иттилоияҳои аз тарафи маркази иттилотию таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам паҳн мегардида гурӯҳҳои тарғиботӣ тавонистанд, ки дар як рӯз зиёда аз 7 вохӯриҳо низ доир кунанд.

Аксияи рӯзномаи «Насими Исфара» таҳти унвони «Обуна шавед ва соҳиби тӯҳфаҳо гардед» ҷамъбаст ва ғолибон соҳиби роҳхат ба осоишгоҳи «Зумрад», телевизор, планшету ноутбук ва даҳҳо дигар мукофотҳои арзишманд гардиданд.

Кихо голиб шуданд?

Ҷамъбасти озмун дар маҷлисгоҳи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон-интернешнл», воқеъ дар маҷмааи «Ҷаҳони нав», ошёнаи сеюм доир ва байни 473 ширкатдорони аксия бозии лоторея гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия бахти худро барои соҳиб шудан ба яке аз 40 тӯҳфаҳои арзишманд санҷиданд. Қӯръакашӣ бевосита аз тарафи худи ширкатдорон сурат гирифт ва шаффофияти онро аъзои комиссияи назоратӣ — ҳакамон таъмин намуданд. Бояд гуфт, тавассути аксияи мазкур, ки шарти асосии он обунашавӣ бевосита дар идораи рӯзномаи «Насими Исфара» буду гирифтани рақами иштирок дар бозии бурднок кормандони ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ бо сарварии Нуриддин Каримов, Кӯлканд бо сарварии Абдумавлон Ҷӯраев, Навгилем бо роҳбарии Муҳибулло Убайдуллоев, Чоркӯҳ бо сарварии Бадриддин Шарофов, Хонобод бо сарварии Суруриддин Зиёваддинов, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо роҳбарии Рустамҷон Шомирсаидов, ташкилотҳои бонкии «Амонатбонк», «Имон-интернешнл», ҷамъияти матлуботи шаҳр, ҶДММ «Наҷот» ва даҳҳои дигар мароқи бештаре зоҳир намуданд. Ин ташкилоту идораҳо бо обуна шудан бо теъдоди аз 10 то 80 нусхагӣ ба рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара»

тавассути аксия имконияти бештареро барои сокинони деҳаи худ ва кормандонашон ба бурд оварданд. Ин буд, ки роҳхат ба осоишгоҳи «Зумрад» насиби Чилгазигиён гашту телевизор тибқи лотореяи рақами 399 аз они кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии Исфара шуд. Ноутбук бошад, насиби сокини деҳаи Кӯлканд Абдурофиев Умедҷон бо рақами 117 гардид. Гузашта аз ин як қатор сокинони деҳаҳои Чоркӯҳу Навгилем, Хонободу Нефтобод ва маркази шаҳр соҳиби бурдҳои арзишманд гаштанд. Дар раванди қуръакашӣ иштирокчии аз ҳама хурдсоли аксия - Аҳмедов Файзуллои шашсола, сокини шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 1/11, ки рақами тартибиаш 210 буд, соҳиби планшет гардид. Инчунин аз тарафи ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Исфара» ба нахустиштирокчии аксия аз деҳаи Кӯлканд Раҳбархон Ҳомидова ҳамчун рамзи боварии аввалин телефони мобилӣ тақдим карда шуд. Баъди анҷоми аксия ба роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, ки дар маъракаи обуна рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дастгирӣ намуданд, тӯҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ супорида шуд. Ташкилотҳои ҶДММ «Телевизиони Исфара», Маркази алоқаи почта, раёсати маорифи шаҳр, беморхонаи марказиву маркази саломатӣ ва чанде дигар аз ҳамин қабиланд. Дар аксия ҷонишини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Насими Исфара» тасмим гирифтааст, ки давоми соли 2016 ин гуна чорабиниҳо ва дигар тадбирандешиҳои ҳавасмандгардониро дар байни обуначиёни худ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кунад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.