49 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 49 (9130) ***

Сешанбе,

10 ноябри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Мусоҳиба

МАСЪУЛИ ФАРДОИ ЧАВОНОНЕМ! -мегӯяд раиси Исфара Даврон Зоҳидзода -Мӯҳтарам Зоҳидзода, вазифаи раисӣ бароятон чист: масъулият ё афзалият? -Албатта, масъулият. Вақте ки ҳамагӣ 35 сол доштам, аввал раиси ноҳияи Ашт таъин шуда будам. Ҷаноби Олӣ дар сӯҳбат ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки ман дар шахсияти ту ба ҷавонон бовар мекунам. Агар ту хуб кор кунӣ, боварии ман ба ҷавонон дучанд мегардад. Яъне, барои ҷавонон намуна ва ҷавобгар ҳастӣ. Ин суханони Президенти мамлакатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Исфара шаҳрест, ки бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Баъдан барои 253 ҳазор аҳолии шаҳр масъулияти роҳбарӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо ҷавобгар ҳастем. -Имрӯз бо кадом дастовардҳои шаҳр ифтихор доред? -Аслан, мо 31 декабри охири сол ғалберро аз об мебардорем. Аммо таҳлилҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта ба пешравиҳои назаррас ноил шудем. Мисол, рушди саноатро беш аз 120% таъмин кардем. Агар дар соли 2014-ум 11 корхонаи хурду миёна, ба истифода дода шуда бошад, пас имсол 5 коргоҳу корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт ва боз 6 корхонаи дигарро зина ба зина ба истифода медиҳем. Бо истифода аз маблағгузории буҷети давлатӣ, инчунин ташаббуси бевоситаи соҳибкорон беш аз 60 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишиву ҷамъиятӣ бунёд гардида, то ба имрӯз наздик 28 км роҳ таъмири куллӣ ва 170 км таъмири ҷорӣ шуданд. (Давомаш дар саҳ.3).

Дар арафаи солгарди ҷашни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри муқарраршудаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Исфара иҷро шуд. Ҷойизи зикр ва шоистаи қаноатмандист, ки дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ рӯҳияи ватандӯстонаи ҷавонони Исфарамарз пайваста афзун мешавад ва шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад. Аз ин ҷост, ки бо сафарбарнамоии 220 тан ҷавонони воқеан ҳам ватандӯст, баору бономус меъёри муқарраршудаи сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар маъракаи даъватии тирамоҳона пеш аз мӯҳлат таъмин гардид.

Ҷаласаи навбатии Шўрои машваратии назди раиси шаҳри Исфара оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гашт. Он бо ширкати мушовири бахши иқтисодии котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдурауф, раиси садорати Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Шорауф сурат гирифта, масъалаи «Таҳкими рушди институтсионалии платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал"-ро баррасӣ кард. Шӯрои машваратии мазкур аз моҳи ян-

220 нафар ба хизмати харби рафтанд Мавриди ёдоварист, ки дар аввалин рӯзи маъракаи даъвати тирамоҳӣ.- 1 октябри соли 2015 70 нафар ҷавонони далеру ҷасури шаҳри Исфармарз, ки бо амри дилу виҷдон, бо хоҳиши худ азми хизмати Модар - Ватан кардаанд ба сафҳои артиш сафарбар шуда буданд.

Барои дастгирии бахши хусуси

вари соли 2013 то инҷониб бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, дар самти роҳандозии муколамаи доимӣ ва вусъатбахшии ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ фаъолияти муассир дорад. Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба туфайли аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти

Амрико бинои нави таълими месозад Бунёди бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии №67, воқеъ дар маҳаллаи Зебунисои маркази шаҳр санаи 12 ноябри соли равон шурӯъ мегардад.

Ин тасмим дар ҷараёни сафари кории аъзои гурӯҳ оид ба алоқа бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раян Стил,

Ва ҳам бояд тазаккур дод,, ки соли 2014 маъракаҳои даъвати баҳорона ва тирамоҳии ҷавонон муташаккилона сурат гирифта, иҷрои меъёрҳои муқарраршуда 15-20 рӯз пеш ва маъракаи даъвати баҳоронаи соли 2015 як моҳ қабл аз мӯҳлат ва барзиёд таъмин гардида буданд.

давлатии шаҳр пайваставу ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ташаббусу иқдомоти созандаю бунёдкоронаи намояндагони бахши хусусӣ феълан соҳибкорон дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара саҳми муҳим мегузоранд. Айни замон дар Исфара 2743 нафар соҳибкорон тавассути патент ва 1221 нафар бо шаҳодатнома дар самтҳои гуногун фаъолият мебаранд ва ҳамчунон зиёда аз 12 ҳазор нафар аъзои хоҷагиҳои деҳқонии соҳиби сертификати истифодабарии замин буда, дар ҷодаи кишоварзӣ муваффақ ҳастанд. Саҳми соҳибкорон дар ташаккулу ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ чашмрас буда, анқариб 12 дар сади ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети шаҳрро ташкил медиҳад.

лоиҳавии он 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва як утоқи кори омӯзгорон иборат хоҳад буд. Бунёди иншоот аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Муросо» сурат мегирад ва он бояд, ки дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории толибилмон қарор ёбад. Дар раванди ин сафари корӣ аъзои гурӯҳ оид ба алоқа бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунон аз таваллудхонаи марказии шаҳри Исфара дидан Мишель Стерлинг ва Джозеф Зварн ба намуда, якҷоя бо роҳбарияти беморшаҳри Исфара дар мувофиқа бо роҳ- хонаи марказӣ масъалаи имконпазибарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти рии дастраснамоии таҷҳизоти муосири давлатии шаҳр гирифта шуд. соҳавиро баррасӣ карданд. Бинои иловагии мазкур, ки арзиши


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.