48 2015

Page 1

6 ноябр - Рузи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

ИСФАРА

***

№ 48 (9129) ***

Чоршанбе,

4 ноябри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳр:

ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Ҳамдиёрони азиз! Дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳои муҳиму таърихие ҳастанд, ки дар ҷодаи давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ нақши тақдирсоз доранд. Аз ҷумла, барои мо, тоҷикону тоҷикистониён дар радифи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи шашуми ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Ба муносибати бистуяксолагии ин санаи муҳими таърихӣ кулли мардуми шарифи Исфарамарзро самимона табрик мегӯям. Ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:-«Конститутсия воқеан ҳам шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад». Н/И

Мусаллам аст, ки маҳз ба шарофати қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд. Имрӯз, бо гузашти 21 сол аз қабули ин санади тақдирсоз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад, санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Такмили минбаъдаи Конститутсия ба давлату ҳукумати мо имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорад. Боиси ифтихори мост, ки Сарқонуни Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бону-

фузи ҷаҳонӣ дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарин эътироф шудааст. Ҳамдиёрони гиромӣ! Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Зеро, дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Мо барои насли имрӯза ва наврасону ҷавонон дар бобати риояи қонуният бояд ҳамеша намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад. Вазифаи ҷониву муқаддаси мост, ки дастоварди бебаҳои таърихӣ – истиқлолиятро тақвият бахшем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст, арҷ гузорем. Дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем. Дӯcтони азиз! Ба гуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:- “Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст, он моро ба ояндаи неку ободу озоди демокративу ҳуқуқбунёд раҳнамоӣ мекунад”. Бо чунин орзуву умедҳои нек мардуми шарифи Исфарамарзро ба ифтихори бистуяксолагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати тоҷик аст, сидқан табрику таҳният мегӯям. Бароятон сарсабзиву сарбаландӣ, ба хонадонатон осудагӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи ободиву шукуфоии диёри маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо орзумандам. Ид муборак, дӯстони азиз!

Аз маҷлиси машваратӣ

Он пешниҳоди Прокуратураи генералии ҶТ «Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда» ва пешниҳодҳои прокуратураи шаҳри Исфара «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ҳангоми омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016», ҳамчунин «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ҳангоми иҷрои қонунгузории замин дар фаъолияти комиссияи манзили ҷамоати

деҳоти Сурх» -ро мавриди муҳокима қарор дод. Ширкатдорони ҷаласаро бо мӯҳтавои пешниҳодоти Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи шаҳр ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара Далер Юсуфӣ ошно намуд. Дар пешниҳоди Прокуратураи генералӣ эродҳои мушаххас ба ҷараёни сусти раванди амалигардонии «Барномаи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара», мавҷудияти қарзи баъзе ташкилоту корхонаҳо дар боби музди меҳнат, риоя нагардидани меъёрҳои қонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва истифодаи ғайриоқилонаи замин гирифта шудаанд. Дар пешниҳоди прокуратураи шаҳр бошад, ба баъзе ҳолатҳои беэътиноӣ ба масъалаи назорати омодагӣ ба мав-

Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ

Мухокимаи масъалахои мухим Иҷлосияи 3-юми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати 5-ум таҳти сарварии раиси Маҷлиси шаҳрӣ, раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва дар ҳузури муовини аввали раиси вилоят Рустам Раҳматзода 7 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба «Рафти татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 дар шаҳри Исфара» муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева ва доир ба «Амалигашти қарори Ҳукумати ҶТ таҳти рақами 602 аз 31-уми октябри соли 2009 «Дар бораи татбиқи барномаи давлатии экологии ҶТ барои солҳои 2009 - 2019» дар шаҳри Исфара муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ дар назди вакилон гузориш доданд. Минбаъд аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тавассути муҳокима «Нақшаи мушаххаси марҳилавӣ «Оид ба татбиқи барномаи муқовимат бо зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризм дар шаҳри Исфара барои солҳои 2015 – 2020» тасдиқ карда шуд. Вакил аз ҳавзаи интихоботии Нефтобод, рақами 12 Ғайбулло Бобобеков оид ба иҷрои ваколатҳои вакилии худ ҳисобот пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Маҷлиси шаҳрӣ ба эътибор гирифта шуд. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ пас аз баррасии масъалаи номгузории объектҳои ҷуғрофӣ меъёри ҳадди аққали қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Сурх, ҳамчунин як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд. Аз ҷониби вакилон дар иртибот ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар анҷом вобаста ба масоили зикршуда ва фаъолияти Маҷлиси шаҳрӣ муовини аввали раиси вилоят Рустам Раҳматзода изҳори назар кард. Н/И

Ба солгарди Сарқонун

Голиб - гуштингирони мо

Камбудихо бояд ислох шаванд Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр доир шуд.

Н/И

сими зимистон дар мақомотҳои мухталиф, саривақт пешниҳод нагардидани маълумотномаҳо оид ба омодагӣ ва аз нақша кам захира карда шудани ҳезум ва анҷоми таъмири бомҳо зикр гардидааст. Зимни баррасии пешниҳодоти мақомоти прокуратура раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулин вобаста ба камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта бозпурсии қатъӣ ба амал оварда, ба таври ҷиддӣ талаб намуд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ҳамаи онҳо бартараф карда шаванд.

Дар толори «Кимиёгарон»-и шаҳр мусобиқаи байналхалқӣ оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид.

Мусобиқа бахшида ба солгарди навбатии қабули Сарқонуни ҶТ ва гиромидошти хотираи неки устоди варзиши мамлакат, шодравон Ҳайдар Бобоев бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни он дастаҳои варзишгарони соли тавал-

лудашон 1998 – 2000-уми шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа, Кӯлобу Хуҷанд, Исфара ва навоҳии дигари вилояти Суғд, ҳамчунин Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Қувваозмоӣ дар бардошти 13 вазн – аз 29 то 85 килограмм сурат гирифт, ки дар натиҷаи он дастаи шаҳри Исфара мақоми аввал, дастаи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва дастаҳои шаҳри Қурғонтеппа ва Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқан зинаҳои сеюм ва чорумро ишғол намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.