47 48 2017 23 декабр

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 47-48 (9229-9230) *** Шанбе 23. 12. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2017, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст. Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои

таъмин намудани иштироки густур- лалии амал “Об барои рушди усту- буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми садаи кишварамон дар фаъолияти соз- вор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони зовор гузоштааст. монҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва ки мақоми муҳим хоҳанд дошт. дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи Муносибатҳои Тоҷикистон бо дав- ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои латҳои калидӣ ва дигар кишварҳои кардаанд. зарурӣ меандешем. Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои истодаанд, ки далели равшани ҳа- маънавию моддии мардуми шарииқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷи- дафҳои созандаи мо мебошанд. фи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии кистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати Мо минбаъд низ ҳамкориҳоро ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тататбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасох- дар чунин рӯҳияи созанда бо ҳамаи маддунсози миллати тоҷикро минбаъд торӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ кишварҳои Осиё идома хоҳем дод. низ боло баранд. барои рушди устувори кишвар ва таъБа ин хотир, Вазорати корҳои хориҷӣ Мо чунин мешуморем, ки кумак ба мини бехатарии он муҳим арзёбӣ ме- эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии вазифадор аст, ки ҷиҳати пешбурди гардад. Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори самарабахши ҳадафу вазифаҳои сиБарои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳал- сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ёсати хориҷӣ ва густариши робитаҳои ли масоили вобаста ба об кишвари мо амният дар минтақа мебошад. бисёрсамта бо кишварҳо ва созмонҳои дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват байналмилаливу минтақавӣ ҳарчи чандин ташаббусҳои созандаро пеш- ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии бештар талош намояд. ниҳод кард. рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байнал- намудани вазъи амниятии ин кишвар Ҳамватанони азиз! милалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи кумакҳои амалии худро афзоиш Ҳозирини муҳтарам! гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли диҳанд. Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву масоили глобалӣ дар соҳаи об эътиТоҷикистон кӯшиш менамояд, ки имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди роф гардид. ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо ворид намудани технологияҳои ҳозиҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқе- тақвият бахшад. разамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ии ҳалли мушкилот дар ин самт медоҲамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, нем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи сабз”, фароҳам овардани фазои мусоНаврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳо- равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи ид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, нии об - 22 март раванди татбиқи та- кишварҳо, ки шарикони муҳимми бай- рушди бахши хусусӣ ва таъмини волошаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи налмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар ияти қонун сафарбар кардааст. байналмилалии амал «Об барои руш- асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироМо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи ди устувор, 2018-2028» расман оғоз ми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконимегардад. мебошем. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуДар баробари ин, кишвари мо бо яту захираҳои мавҷуда ва дарёфти ни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чораби- мақсади фаъол гардидани муносибат сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ниҳои муҳим баргузор мешаванд. ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби баланд бардоштани қобилияти рақоҶумҳурии Тоҷикистон дар замони Африқо ва Амрикои Лотинӣ тадбирҳо бати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи меандешад. технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш минтақавиро воситаи муҳимтарини Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии намоем. ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷо- замони муосир боиси афзоиши аҳамБо ин мақсад дар кишвар заминаҳои ратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини ам- мияти дипломатияи иқтисодӣ гардида- мусоид муҳайё гардида, стратегинияту субот дар Осиёи Марказӣ дони- анд. яву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда ста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва са- истодаанд. байниҳамдигарии мардумони минтақа мараноки василаҳои дипломатияи Тайи ду соли охир татбиқи “Стратебар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод ме- иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷибошад. милливу давлатӣ яке аз самтҳои афза- кистон барои давраи то соли 2030” Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар лиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиназди давлатҳои мо қарор доранд, за- маҳсуб меёбад. ятноки давраи аввали он ба “Барнорурати дар минтақа муҳайё намудани Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо маи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии фазои мусоиди рафтуомади озоди шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сох- Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” одамон, интиқоли бемамониати молу торҳои байналмилалӣ ва минтақавии ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо молиявию қарзӣ бояд дар маркази та- маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро менамояд. ваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои гардида истодаанд. Бо такя ба ин усул мо метавонем дахлдори он бошад. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбиҲукумати мамлакат бояд дар татбиқи нишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҳамкориҳоямонро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, якҷо бар зид- уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯ- давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир би созмонҳои байналмилаливу мин- ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ тақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 намоем. ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои миллиард сомонӣ ба нақша гирифта Итминон дорем, ки ҳамгироии со- муҳимми кишвар, аз ҷумла Стратеги- шудааст. зандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи яи миллии рушд барои давраи то соли Дар Паёми соли гузашта дастодавлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебо- 2030 чораҳои заруриро роҳандозӣ на- вардҳои Тоҷикистонро дар давраи бишад. мояд. сту панҷ соли истиқлолияти давлатӣ Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии ТоҷиЗарур аст, ки дар самти пешбурди муфассал баён карда будам. Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба кистон таҳким ва густариши муноси- ҳамкориҳои минбаъда бо мамлакатҳои батҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди хориҷӣ вазорату идораҳо фаъолияти дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ худро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии вазифаҳо барои соли оянда ҷалб нава моҳияти хос дорад. кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз моям. Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Дав- ҷумла сармояи мустақим ва технолоСоли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макролатҳои Мустақилро дар соли 2018 ба гияҳои нав ҳарчи пурсамар роҳандозӣ иқтисодии кишвар дар сатҳи устувор дӯш гирифтааст. намоянд. нигоҳ дошта шуда, суръати рушди Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуДар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъо- воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми матҳои кишварҳои аъзо соли оянда лияти давлати мо дар самти густариши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 милдар Тоҷикистон аз муҳимтарин чораби- ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо лиард сомонӣ баробар гардид. мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахТибқи дурнамо дар се соли минбаъниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад. да ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Кон- шида шавад. фронси байналмилалии сатҳи баланд Миллати тоҷик соҳиби ойину сун- зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба оид ба татбиқи Даҳсолаи байналми- натҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима 82 миллиард сомонӣ расонида меша-

вад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд. Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллиро идома диҳад. Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид. Ҳарчанд ки дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст, вале ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад, зеро ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад. Бинобар ин, ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳаммияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. (Давомаш дар саҳ.2).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
47 48 2017 23 декабр by Абдумуталиб Шарипов - Issuu