47 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

***

№ 47 (9128)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

28 октябри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Оини ҳамсоядорӣ

Об – пайвандгари дусти Дар ҷамоати деҳоти Лаккон фестивали дӯстии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии навоҳии Исфараи ҶТ ва Боткони ҶҚ таҳти унвони «Об – пайвандгари дӯстӣ» баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои маҳаллии дахлдор баҳри самаранок идоракунии захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо»-и Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иқтисодии Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Исфара ва Боткон бо дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати рушди Британияи Кабир амалӣ гардонида мешавад, бо иштироки муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева, роҳбарони воҳидҳои сохтории марбутаи мақомоти иҷроияи ҳоки-

мияти давлатии шахри Исфара ва маъмурияти давлатии ноҳияи Боткон,ҷомеаҳои сарҳадии ҷамоатҳои зерҳадафи лоиҳа - Лаккон, Кӯлканд, Чилгазӣ ва Навгилеми шаҳри Исфара ва деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон, аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, кумитаҳои маҳал ва мактаббачагони синфҳои болоии мактабҳои деҳоти наздисарҳадӣ баргузор шуд. Дар маросими расмии оғозёбии фестивали дӯстӣ зимнан гуфта шуд, ки лоиҳаи "Беҳтар намудани ин-

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА

аз «23 » октябри соли 2015

№600

Дар бораи даъвати иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам: 1. Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум 30-уми октябри соли 2015, соати 9.00 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват карда шавад. 2. Ба муҳокимаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум масъалаҳои зерин гузошта шаванд: * Рафти татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳри Исфара; * Оид ба амалигашти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №602 аз 31 октябри соли 2009 «Дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019»- дар шаҳри Исфара; * Тасдиқи нақшаи мушаххаси марҳилавӣ «Оид ба татбиқи Барномаи муқовимат бо зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризм дар шаҳри Исфара барои солҳои 2015-2019»; * Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Сари Осиё» №5 Ҷалилова Фотима Маъруфовна «Дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ»; * Дар бораи номгузории объектҳои ҷуғрофӣ; * Тасдиқи меъёри андози қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Сурх; * Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр. Раиси шаҳр Д.ЗОҲИДЗОДА.

фрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои маҳаллии дахлдор баҳри самаранок идоракунии захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо» дорои аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ буда, дар сурати пурра амалӣ гардонидани он, яъне таъмиру барқарорсозии канали Чилгазӣ натанҳо дастрасии истиқоматкунандагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ба захираҳои обӣ саҳлу осон мегардад ва сатҳи обёриии беш аз 2650 гектар заминҳои кишту боғоти мевадиҳанда беҳбудӣ меёбад, балки эҳтимолияти ба миён омадани низоъҳо аз барои об аз байн меравад. Раванди амалигашти чорабиниҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии канали Чилгазӣ собит намуданд, ки дар байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду ҷониб дар самти ба таври муштарак ва самаранок идоракуниву истифодабарии захираҳои обӣ аллакай ҳусни тафоҳум эҷод гардидааст ва тоҷикону қирғизҳои ин мавзеъ хостгори ҳамзистии осоишта ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ мебошанд. Дар раванди баргузории фестивали мазкур намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони Исфараву Боткон, барномаи зебои консертии тараннумгари дӯстиву рафоқат ва рӯзгори осоишта, мусобиқаҳои шавқовари варзишӣ, аз қабили вазнбардориву дастхобонӣ, бандкашиву волейбол байни дастаҳои навоҳии Исфараву Боткон доир карда шуданд. Пас аз қадршиносии ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ширкатдорони фестивали дӯстӣ имкон доштанд бо чашидани лаззати шоҳи таомҳои миллӣ – оши палав ба ҳунари пазандагони тоҷику қирғиз низ баҳогузорӣ намоянд. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ

Дар коллеҷи тиббии шаҳр бо ибтикори созмони ибтидоии ҲХДТ-и муассиса ҷамъомад доир гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии таълимгоҳ Парвина Ваҳҳобова дар мавзӯи «Ҷавонони ифротӣ киҳоянд ва ё худ Н/И

Гумроҳ

Ашки тамошобинон рехт Дар Хонаи фарҳанги деҳаи Хоҷаи Аъло намоишномаи (муаллиф Меъроҷиддин Нарзиев) «Гумроҳ» пешкаши тамошобинони сершумор гардид. Нақши асосӣ – Муродро Мансурхон Қорихонов, падари Мурод – муаллимро Ҷамолиддин Парпиев, модари Муродро Розия Тошматова, шефро Шӯҳратҷон Ҳалимов ва ёрдамчии ӯ Ҷӯрабекро Исҳоқов Ҷӯрабек ва нақшҳои дигар иштирокчиёни асарро Азамат Мӯъминов, Меҳроҷ Маҷидов, Амир Пар-

Н/И

Н/И

Барои саломатии аҳолӣ

Корвони саломати дар Чоркух Бо ибтикори маъмурияти беморхонаи марказии шаҳр баҳри равнақи тоза бахшидан ба хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ корвони саломатӣ гузаронида шуд.

Чорабинӣ дар ҳайати беҳтарин мутахассисони беморхонаи марказӣ, маркази саломатии шаҳр ва маркази мубориза алайҳи бемории СПИД дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Бино ба иттилои муовини сардори КАТС Изатулло Саидов он рӯз 2056 нафар сокинони ҷамоат аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Аз ин миқдор 892 нафарро занҳои қобили зоиш, 574 нафарро ҳомиладорон ва 590 нафарро кӯдакон ташкил доданд. 97 нафар кӯдакон тибқи нақша ба эмкунӣ фаро гирифта, инчунин 927 таҳлилҳои лабораторӣ ва ташхисҳои диагностикӣ дар дарёфти бемориҳои мухталифи модару кӯдак гузаронида шуданд. Мутахассисони соҳа, аз ҷумла табибони тибби оилавӣ, амрози занона, бемориҳои дил, чашм, бавлияшинос, эндокринолог, бемориҳои

Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ

86 нафар аъзои нав

ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон» маърӯза кард. Донишҷӯёни коллеҷ И. Аюбҷонов ва С. Мамараҷабова доир ба ҷараёни обуна ба матбуоти даврӣ ва масъалаи ташкили ҷамъияти ягонаи «Созандагони Ватан»

пиев ва нақши келинро Фароизхон Муҳаммадҷонова бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Бояд қайд кард, ки намоишнома ба мавзӯи доғи рӯз - шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бахшида шуда, дорои аҳамияти калони тарбиявӣ аст. Ширкатдорон аз тамошои ин саҳна хеле мутаассир гаштанд. Мудири хонаи фарҳанг Ситорабону Тӯйчиева ва омӯзгори мактаби деҳа Абдуманнон Суннатов ба маҳорати иҷрокунандагии ҳунармандони театри халқии шаҳр ва махсусан ба муаллиф барои офаридани чунин як асари ҷолиби диққат аз номи тамошобинон миннатдорӣ баён карданд. Зикр бояд кард, ки ин асари саҳнавӣ дар тамоми ҷамоатҳо бомуваффақият намоиш дода шуд. Б. ТӯЙЧИЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.

Н/И

гӯшу гулӯ ва бинӣ, асабшинос, бемориҳои пӯст, ВНМО, силшинос, табибони наврасон ва таҳлилгарон дар баробари муоина ва ташхис оид ба пешгирии бемориҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Дар баробари ба қайд гирифтани бемориҳои дарёфтшуда аз ҷониби кормандони тиб бархе аз беморон дар муассисаҳои тандурустӣ бистарӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки таҳлилу ташхисҳо ва қабули мутахассисони соҳа ба таври ройгон сурат гирифт. Дар рафти чорабинии «Корвони саломатӣ» раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Б. Шарофов, сардухтури БМШ Т. Муҳаммадов ва сарвари КАТС С. Атохонов ширкат варзиданд. Қудратулло ЭШОНОВ, котиби матбуотии МТТҲС.

андешаву таклифҳои хешро баён доштанд. Муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ М. Алиматова дар атрофи масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимашуда сухан гуфта, баҳри пешрафти фаъолияти созмони ибтидоии ҳизбии коллеҷ тавсияҳои судманд пеш овард. Дар поёни маҷлис 82 нафар донишҷӯён ва 4 нафар омӯзгорони муассиса ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд.

Об барои ҳаёт

Хавз бунёд мекунанд Дар деҳаи Боғистон ба тариқи ҳашар ҳавзи оби нӯшокӣ сохта истодаанд. Ғунҷоиши он 60 метри мукааб буда, дар мтму № 38 бо дастгирии Салиби сурхи Олмон дар доираи лоиҳа бунёд мешавад. Бо кӯмаки ин ташкилоти хайрия чанде пеш ба миқдори 41 ҳазору 37 сомонӣ маҳсулот харидорӣ карда шуд. Саҳми сокинони маҳал бошад, 6 ҳазору шаш сомонист. Дар сурати ба истифода додани ҳавзи мазкур мушкилоти аҳолии деҳаи Боғистон, ба хусус муассисаи таълимӣ дар самти таъминот бо оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад. Айни ҳол ин гуна лоиҳаҳо дар шаш ҷамоати деҳоту шаҳрак таҳти корбариҳои масъули лоиҳаҳо М.Баширов ва котиби иҷроияи ҶҲАТ дар Исфара Б.Раҳимова барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастраси ба оби тоза амалӣ шуда истодааст. Ҳасанбой АСАДОВ, омӯзгор.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
47 2015 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu