Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 46 (9228) *** Чоршанбе 13. 12. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Боздид
Дидорбинии раиси шаҳр бо донишҷӯён Дар Кохи "Рӯдакӣ"-и маркази вилоят раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо донишҷӯёни исфарагии дар мактабҳои олӣ, касбиву техникӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд таҳсилдошта мулоқот доир намуд.
Р
асулзода Дилшод Ҷабборӣ дар суханронии худ аз ҷумла изҳор дошт, ки барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии садоқат ба Ватану ватандорӣ мебошад. Зеро талошҳои ин абармард баҳри саодат ва ҳувияти миллат беҳтарин мактаби ибрату омӯзиш аст. Дар рафти мулоқот донишҷӯён ба раиси шаҳр вобаста ба Н/И
Қадршиносӣ
Қабули футболбозон
Расулзода Дилшод Ҷабборӣ Манучеҳр Аҳмедов ва Дилшод Бозоровро ба ҳузур пазируфт.
Н
омбурдагон дастпарварони футболи Исфара буда, дар ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ карда, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардиданд. Раиси шаҳр бо баробари муборакбодии самимона ба футболбозони исфарагӣ барои саҳми арзандаашон дар рушди футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти ин намуди варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки варзишгарони Исфара минбаъд низ ба муваффақиятҳо соҳиб мешаванд.
паҳлуҳои мухталифи зиндагиву таҳсилашон суолу дархостҳояшонро пешниҳод намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳоло дар мактабҳои олӣ, касбиву техникӣ ва коллеҷҳои маркази вилоят 1284 нафар ҷавонони Исфара таҳсил менамоянд. Аз ин теъдод 512 нафар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 244 нафар дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мебошанд Аз шумораи умумии донишҷӯёни исфарагӣ 170 нафар
Дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқа оид ба футбол байни 10 дастаҳои ҷамоатҳо шурӯъ гардид.
Б
ино ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Моҳру Тӯраева қувваозмоии мазкур то нимаи моҳи январ идома карда, дастаҳои беҳтарин бо ҷом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд. Лозим ба зикр аст, ки чанде пештар дар ин ҷо мусобиқаҳо оид ба футбол байни дастаҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ ва дастаҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ ҷамъбаст шуданд. Таваҷҷӯҳи хоса ба ин намуди варзиш дар шаҳру деҳот бесабаб нест. Зеро давоми ду соли охир дар доираи таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди вар-
Дар нуқтаи такягоҳии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон семинар - машварати омӯзишӣ доир шуд.
О
н мавзӯъҳои бунёди боғҳои интенсивӣ бо усули обёрии қатрагӣ, муҳофизати растаниҳо ва тарзи истифодабарии дурусти
дар хобгоҳҳо истиқомат доранд. 50 нафар бошанд, тавассути квота таҳсил менамоянд. Дар арафаи мулоқоти мазкур аз ҷониби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои донишҷӯёни дар хобгоҳ буда дар шакли маводи ғизоӣ кӯмакҳо расонида шуд. Дар ҷараёни мулоқоти мазкур ба 45 нафар донишҷӯёни аълохон, ятим ва аз оилаҳои камбизоат кӯмакҳои пулӣ тақдим карда шуданд. Н/И
2017- Соли ҷавонон
Қувваозмоии деҳаҳо
зиш ва оммавӣ гардонидани он дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 25 адад майдончаҳои хурди футбол бо тарҳи замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар самти пайдо намудани истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорату мукаммал гардонидани фаъолияти мураббиён ва доварон низ тадбирандешиҳо сурат мегиранд. Бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки кунун дар Исфара футбол таҳаввулоти беназиреро паси сар менамояд.
Саломатӣ ба кӣ даркор нест? Кадом рӯз ҳамсояамро дар мусофиркашони шаҳрӣ вохӯрдам. Аз ҳар куҷо суҳбат кардем ва мақсади ба шаҳр омаданашро пурсидам. Аз суоли ман табъаш андаке хира шуд ва гуфт: -Наберачаи чорсолааамро ба касалхонаи сироятӣ оварда хобондем. Анча моро тарсонд. Духтурҳо мегӯянд, ки "отравит" шудааст. -Сабаби заҳролудшавиаш дар чӣ будааст?- суол кардам аз ӯ. - Ана ҳамон сабилмондаи кукурузу чипсу крутониву қандчаҳои ҳархела будагист-дия.Аз рӯи гапи духтур яке аз ҳамин гуна хӯрданиҳои муҳлаташ гузаштагиву таркибаш вайрон шударо бача истеъмол кардааст. Бовар мекунед, ду рӯз боз аз такудав хуфту хезамро гум кардаам. Фақат ба шумо мегӯям, агар як халтачаи кукуруз ё чипс як сомонӣ истад, ман дар ин ду рӯз барои беҳтар шудани ҳолати набераам наздик чорсад сомонӣ харҷ кардам. Бало ба паси пул, дуруст шуда барояд, давлат ҳамон… Ин ҳасрату надомати хамсояам маро сари андешаи он овард, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ шиори маъмуле роиҷ буд: «Покупатель всегда прав». Яъне, ҳуқуқи харидор он вақт ҳамеша дар мадди аввал қарор дошт. Чӣ дар масъалаи нарх, чӣ дар хусуси сифати молу маҳсулот ва ё чӣ дар боби муоширату хизматрасонӣ талабу хоҳиши миҷоз албатта ба назар гирифта мешуд. Имрӯз ҳам чунин ҳаст, вале айб дар худи мо, истеъмолкунандагон аст, ки ҳуқуқҳои худро ба таври бояду шояд намедонем, ё донем ҳам аз он қариб ки истифода намебарем. Айби мо аст, ки ҳам барои шодиву хурсандии кӯдаконамон ва ҳам барои зарурияти оила аз кӯчаву дӯкону бозорҳо ҳангоми харид ба тамғақоғазҳои дилхоҳ маҳсулоти хӯроквории лозима бо диққат назар намедӯзем, намедонем, ки кай истеҳсол шудааст ва то кай истеъмолаш мумкин аст. Бегуфтугӯ, ба гумонамон фурӯшанда аз ин амали мо меранҷад ва шояд аз хизматрасонӣ ба мо даст ҳам кашад. Лекин мо ҳақ дорем-ку? Ва намехоҳем озуқавории куҳнашудаю пастсифатро бо пул харида, саломатии худу бачаҳоямонро зери хатар гузорем. Ба ин рафтори мо фурӯшандаҳои беинсоф низ одат кардаанд ва бе биму ҳарос аз шириниву нӯшокиҳо сар карда, то гӯшти мурғу ширу ҷурғоти муҳлати истифодаашон гузашта ва барои саломатии инсон зарароварро рӯи рафҳо мегузоранд.
Бино ба маълумоти маркази минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара давоми 11 моҳи соли равон баҳри иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва ғайра дар 525 адад субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла дар 112 адад корхонаҳо, 359 адад нуқтаҳои савдои чакана ва фурӯши сӯзишворӣ ва 55 адад нуқтаҳои хӯроки умумӣ санҷишҳо гузаронида шудааст. Дар ин давра 331 маҷмӯъ маҳсулоти ғайристандартии 11 намуди маҳсулот ба андозаи 5356 килограмм аз фурӯш боздошт ва минбаъд тибқи хулосаи мақомоти дахлдор ва комиссияи босалоҳият нобуд карда шудаанд. Чизи муҳим дар ин навишта он аст, ки тавре хонандаи азиз аз расонаҳои иттилоотӣ огаҳӣ дорад, баъди изҳори нигаронӣ кардани Пешвои муътабари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ба кишвар таваҷҷӯҳи идораҳои марбута ба масъалаи санҷишу ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар мавриди фурӯши озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар молу ашёи ниёзи мардум равнақи тозаеро касб кард. Ин иқдом шаҳодати ғамхориву дилсӯзии роҳбарияти олии мамлакат баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ ва насли солими Тоҷикистони азиз мебошад. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.
50 нафар сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Исфара иштирок доштанд. Аз тарафи мутахассисони варзидаи соҳа оиди тарзи истифодазаҳрхимикатҳо дар мубориза бар ва раёсати кишоварзии вилоят барии усули обёрии қатрагӣ дар зидди зараррасонҳоро баррасӣ ва шаҳр, муассисаи давлатии боғҳои интенсивӣ, муҳофизати кард. муҳофизати растанӣ ва кимиёку- растаниҳо ва тарзи истифодаДар семинар машварат муовини нонии кишоварзӣ, хадамоти на- барии дурусти заҳрхимикатҳо раиси шаҳр Муҳаммадҷон Муҳид- зорати давлатии фитосанитарӣ дар мубориза бар зидди зараррадинзода, масъулини сарраёсат ва карантини растанӣ ва зиёда аз сонҳо маслиҳатҳо дода шуд. Н/И
Машварати омӯзишӣ
Кишоварзон маслиҳат гирифтанд