Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
Оғози нашр 24/04/1932 ***
№ 46 (9127) ***
Чоршанбе,
21 октябри соли 2015
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Аз маҷлиси фаъолон
Н/И
Зохидзода Даврони Абдукодир:
Оила шохкории табиат
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҷаласаи васеи фаъолон баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.
Дар маркази фарҳангиву фароғатии “Навгилем” даври ҷамъбастии озмунҳои «Оилаи намунавии соли 2015» ва «Солномаи оила» баргузор гардид.
Дар пеш вазифахои таъхирнопазир Тавре муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева зимни гузориши пешовардаи хеш зикр намуд, дар ин муддат тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи 205 лоиҳаи дар соли 2015 ба нақша гирифташудаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сафарбар гардидааст. Чуноне аз мониторинги барнома бармеояд, лоиҳаҳои барномавӣ давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 69,1 миллион сомонӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ дар ҳаҷми 69,1 миллион сомонӣ ба иҷро расидаанд. Оид ба вазъи иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ мавсуф зикр намуд, ки мутаассифона, бо баъзе сабабҳои воқеӣ дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет мушкилот ба миён омад ва иҷрои нақша ҳамагӣ 91% % таъмин гардид. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда мебоист ба буҷет 65 млн 118 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардад ва амалан 59 млн 206 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 5 млн 912 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аммо, қатъи назар аз душвориҳои мо-
2015 - Соли оила
лиявии пешомада хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин карда шуд. Дар зарфи 9 моҳи гузашта ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуда, рушди 20%-и соҳа таъмин гардид. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 33,2 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ин муддат 5 коргоҳу корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис ёфта, 37 адад дастгоҳҳо харидорӣ ва насб карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 237,4 миллион сомониро ташкил дод, ки бо назардошти индекси нархҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардида, зимнан 18 миллиону 435 ҳазор сомонӣ, мубо-
Нобиноён дар маркази таваччух
Дар Исфара Рӯзи нобиноён таҳти унвони «Асои cафед» таҷлил гардид.
дил ба 2 миллиону 92 ҳазор доллари ИМА маблағҳои хориҷӣ азхуд карда шуданд. Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ бунёди беш аз 60 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву савдо сурат гирифта, ҳамчунон иқдомоти шаҳрдорӣ дар самти ободонии роҳҳо тақвият ёфта, то ба имрӯз наздик 28 км роҳ, аз ҷумла кӯчаҳои дохили маҳаллаҳо таъмири куллӣ ва 170 км таъмири ҷорӣ карда шуданд. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд. Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат ва суханронӣ дошт.
ниёзи аввал, аз қабили картошка, сабзӣ ва пиёз ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа пешкаш гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр М.Олимов, намояндагони ташкилоти байналхалқии «Оперейшен Мерси» ва ҷамъияти нобиноёни шаҳр ба сухан баромада, оид ба дастгирӣ ва диққати хоса додан ба ин қишри ҷомеа аз тарафи сохторҳои гуногун изҳори сипос карданд. Гуфтан ба маврид аст, ки бахшида ба рӯзи нобиноён 109 нафар аъзоёни ҷамъияти нобиноёни Исфара ба маблағи 200 сомонигӣ кӯмакпулии яквақта гирифтанд.
Чорабинии мазкур дар тӯйхонаи «Шоҳона» тавассути оростани дастурхони идона бо иштироки зиёда аз 100 нафар аъзоёни ҷамъияти нобиноёни шаҳр, намояндагони ташкилоти байналхалқии «Оперейшен Мерси», мақомоти иҷроия, корхонаву ташкилотҳо, аҳли санъат ва
васоити ахбори омма сурат гирифт. Бахшида ба Рӯзи нобиноён ба аъзоёни ҷамъият аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути соҳибкорон 300 кг равған ва 600 кг биринҷ дастрас карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулоти
Зеро солиёни дароз ҳамчун сарвари даста заҳмат мекашаду барои дастархони пурнозу неъмат талош меварзад. Имсол низ дастаи № 6, ки ба он Сабуров Додохон сарвар аст, бо нишондиҳандаҳои хуб солро ҷамъбаст намуда истодааст. Ҳосили дилхоҳи 2 гектар помидор, 4,5 гектар маккаи дон, 15 гектар силос бори дигар бозгӯйӣ аз он кард, ки вақте ба замин муносибат дилсӯзона аст, замин низ ҷавобан ҳосили дилхоҳро эҳдо мекунад. -Асоси кор, - мегӯяд Д. Сабуров, - дар сари вақт додани обу озуқаву нигоҳуби-
Руи сурхи кишоварзи асил Дар хоҷагии “Кишоварзони Навгилем” Додохон Сабуровро намунаи деҳқони асил медонанд. ни хуби зироатҳост. Ҳар қадаре мо ба замин ва зироат муносибати хуб дошта бошем, ҳамон қадар акси садояшро мебинем. Дастае, ки Додохон Сабуров сарвараш мебошад, 32 нафарро гирди ҳам
овардаву зумрае чун Мирзошариф Бобоев, Муталбой Маҷидов, Икромхӯҷа Илёсов, Ҳикмат Шарифов, Маҷнунхон Исматуллоева, Зайнабхон Раҳматова ва Раҳбархон Шарифова баринҳо пешқадамони арсаи меҳнатанд.
Н/И
Ширкатдорони ин маҳфил сароғоз аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ғановату рангорангии маҳсули дастони ҳунармандони таваҷҷуҳангези умум буд, дидан намудаву таассуроти нек ба худ гирифтанд. Тавре раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни ифтитоҳбахшии хеш изҳор дошт, баргузории даври ҷамъбастии озмунҳои мазкур тақвиятбахшандаи иқдомот ва идомабахши силсилаи тадбиру чорабиниҳои мафкуравӣ ва маҳфилу озмунҳои фарҳангиву ҳунариест, ки дар доираи амалигашти муқаррароти Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли оила эълон гардидани соли 2015 ва иҷрои қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр давоми соли равон дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара рӯйи кор омадаанд. Дар раванди маҳфил ғолибони озмунҳо ва шахсияти оилаҳои беҳтарину намунавӣ аз рӯйи 4 меъёр – «Оилаи эҷодкор» - оилаи суханварон Пӯлодовҳо, «Оилаи эҳёгари анъанаҳои миллӣ» - оилаи зардӯзон Ортуқовҳо, «Оилаи ҳунарманд» - оилаи гаҳворасозон Усмоновҳо ва «Оилаи ҷавон» - оилаи Абдусатторовҳо дар сатҳи шоиста муаррифӣ гардиданд. Маросими тантанавии ба қайди давлатӣ гирифтани никоҳи 10 ҷуфт наварӯсон ва қайди тантанавии таваллуди 5 кӯдаки навзод бо шукӯҳи хоса сурат гирифта, ба навхонадорон дастури «Роҳнамо барои никоҳшавандагон» ва ба волидайни тифлакони навзод «Роҳнамо ба падару модари ҷавон» якҷоя бо тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр ва ҳам ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои миллии тӯёна тақдим карда шуданд. Намоиши либосҳои идонаи миллӣ ва арӯсию домодӣ аз ҷониби ғолибони озмуни «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ» низ хушоянди ҳамагон буд. Дар интиҳо шаҳрдори Исфара ғолибон ва ширкатдорони фаъолу муваффақи озмунҳои «Оилаи намунавии соли 2015», «Солномаи оила», «Иншои беҳтарин» ва ҳам «Расми беҳтарин»-ро бо Диплому Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишманди хотиравӣ сарфароз гардонид.
Обуна - 2016
Офарин Таибиддин! Сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Таибиддин Муҳаммедов дар робита ба маъракаи обунашавӣ ба матбуоти даврӣ барои соли оянда изҳор намуд, ки духтурону ҳамшираҳои тибби бемористон муташаккилона ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шуда истодаанд. -Мо аллакай ба 390 нусха нашрияи бароямон наздику маҳбуб-«Насими Исфара» обуна шуда, нақшаи муайянгаштаро сад дар сад иҷро кардем,-гуфт дар сӯҳбат сартабиби БМШ. Муттасаддиёни обуна дар бемористон - муовини сардухтур Насибахон Мадиброҳимова ва сарҳамшираи тиб Саидахон Ӯлмасова буда, дар сафи пешқадамони маъракаи сиёсӣ қарор
гирифтани беморхонаи марказӣ далели корбарии хубу босамари онҳо мебошад. Аз ҳиммати ватандӯстонаи табибони БМШ мамнуну сипосманд гашта, мо, аҳли қалами «НИ» иброз медорем, ки ҳамкориамон бо ин муассисаи бузурги табобатӣ бештар аз пештара вусъату мазмуни тоза хоҳад гирифт. С. АНӮШЕРВОН