Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 45 (9227) *** Чоршанбе 06. 12. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Аз кӯлвори "Ватанпарвар"
Мулоқот бо сарбозон
Дар маҷмааи "Базмгоҳи Чилгазӣ" мулоқоти сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва волидони онҳо бо чилгазигиён баргузор шуд.
Дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа Дар беморхонаи марказии шаҳр вохӯрии аъзои комиссияи ҷамъиятии шӯрои муқовимат бо коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо мудирони шуъба, пизишкон ва ҳамшираҳои тиббии бемористон баргузор гардид. Нахуст ҳуқуқшиноси беморхонаи марказӣ Абдураҳмон Аҳмадов роҷеъ ба фаъолияти муассиса дар самти пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар Имрӯзҳо чун дар тамоми мамлакат дар шаҳру деҳоти Исфара низ маъракаи муҳими сиёсӣ - обунашавӣ ба нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дорад. Табиист, ки дар ҷомеа нисбат ба ин маърака ақидаҳо мухталифанд. Теъдоди нафароне, ки "Дар замони интернет газета чӣ лозим?" мегӯянд кам нестанд. Аммо ин даъво асоси воқеӣ надорад. Аввал ин, ки то ҳанӯз на ҳама дастрасӣ ба интернет доранд ва арзиши пайвастшавӣ ба он ҳам гарон аст. Дар чунин шароит фазои холии иттилоотиро бояд маҳз рӯзномаҳо пур кунанд. Зеро амнияти давлату миллатро дар гузаштаи на онқадар дур душманону бадхоҳон маҳз бо истифода аз ин гуна холигиҳо халалдор намуда буданд. Сониян, байни тамоми расонаҳои хабарӣ мардум имрӯзҳо маҳз далелу арқоми дар маводи рӯзномаҳои расмӣ овардашударо бештар аз ҳама ба ҳайси далели воқеӣ қабул доранд ва ҳатто ба ҷойҳои дахлдор чун ҳуҷҷати расмии баҳснопазир бо дили пур пешниҳод мекунанд. Воқеан ҳам интернет солҳои охир то андозае мавқеи нашрияҳои чопиву радио ва телевизионро дар ҷомеа танг кардааст, лекин бинобар дар ин шабака на ҳамеша муайяну дақиқ будани муаллиф ва манбаи иттилоъ, эҳсос нагардидани масъулияти муаллифӣ, гоҳҳо харобу номавзун будани ҷумлабандӣ ва норавшании ифодаи матлаб ва роҳ ёфтани анбӯҳи иттилооти носаҳеҳ
И.Икромов ва раиси ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Н. Каримов баН/И
Нишаст
Сухан аз ришваситонӣ
байни ҷомеаи меҳнатӣ маърӯза кард. Котиби шӯрои муқовимат бо коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллӣ Некзод Хоҷаев дар назди аҳли нишаст дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, хоса таН/И
ромад ва сарбозонро бо Сипосномаҳо қадршиносӣ карданд. Инчунин дар мулоқот волидайни сарбозон М.Насриев ва М.Обидов оид ба хизмати фарзандонашон сухан намуданд. Инчунин модари М.Солиев, ҷавоне, ки як моҳ пеш ба хизмати ҳарбӣ рафтааст, азму нияти фарзандашро шарҳ дод. Сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргашта инҳоянд: Муҳаммадҷон Насриев, Раҳимҷон Маҳмудов, Абдурафӣ Савриддинов, Фирӯз Ваҳҳобов, Абдуқавӣ Бобоҷонов, Мирзовалӣ Мирзобоев, Ибодулло Мунавваров, Хусрав Исмонов, Исломбой Абдуллоев, Фаридун Азизов, Диловар Холбоев, Бахтовар Расулов, Ҳусейнҷон Шарифов, Теҳрон Холматов, Абдумубин Муминов, Мирҷаъфар Обидов, Бахтиёр Қурбонов, Хушнуд Шарифов, Акмал Етмишев. тбиқи "Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020" маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар раванди ҷамъомад байни аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ва табибони беморхона марбут ба мавзӯъ суолу ҷавоб сурат гирифта, тарафҳо баҳри коҳиш додани амалҳои ришваситонӣ ва дар доираи қонун ба роҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ табодули назар карданд.
Бозорро бо маҳсулоти худӣ фаровон кунем
-чунин буд хулосаи боздиди раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз гармхонаҳо.
Д
илшод Расулзода зимни боздид аз гармхонаи Зоир Сангинов аз деҳаи Қалъачаи Мазор бо нашъунамои помидор шинос шуд. Гармхонаи мазкур дар 0,2 га бунёд гардида, помидорҳои он аз моҳи январ сар карда, дастархони мардумро зеб хоҳанд дод. Дигар гармхонае, ки аз он раиси шаҳр дидан намуд, ин гармхонаи аз тарафи Ҷамшед Бузуруков дар назди филиали Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бунёдгардида мебошад. Дар гармхонаҳои ин ҷо кӯчати помидор нашъунамои хуб дошта, аз моҳи феврал чиниши ҳосил оғоз хоҳад ёфт. Дар баробари ин Ҷамшед Бузуруков дар гармхонаҳо ба парвариши лимӯ ва қаламчаҳои гулҳои ороишӣ машғул аст. Интизор меравад, ки имсол беш аз 4000 бех гулҳои садбарги ин гармхона кӯчаву хиёбонҳоро зеб диҳанд. Бояд гуфт, ки гулпарварӣ ва ривоҷи он тариқи гармхонаҳо аз дастуру вазифагузориҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сарчашма мегирад. Ба имрӯз дар Исфара 33 гармхонаҳои гуногун дар масоҳати беш аз 4 гектар доман паҳн кардаанд.
Исфара чароғон мешавад Кӯчаҳои шаҳри Исфара чароғон ва биноҳои маъмурӣ бо шилшилаҳои солинавӣ оро дода шуда истодаанд.
Б
ино ба иттилои Шавқат Бобозода сардори идораи чороғонкунии шаҳр то ин дам аз ҷониби кормандони онҳо беш аз даҳ адад симчӯбҳо ва беш аз 80 адад фурӯзонакҳо насб карда шудаанд. Идораи чароғонкунии шаҳр тасмим гирифтааст, ки кӯчаҳои Марказӣ ва Нарзӣ Ҳаитовро пурра чароғон кунаду дар кӯчаи шафати филиали исфарагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин гуна корҳоро роҳандозӣ намояд.
Бардошт аз маъракаи "Обуна-2018"
Мо бо Шумоем, Шумо чӣ? "Ин як қазияи чун офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хату савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳад монд." Садриддин АЙНӢ.
ва ҳатто бардурӯғу бофта эътимоди одамонро аллакай ба он коста гардонидааст. Хулоса, гапи газета ҳанӯз ҳам гап асту гапҳои интернет на ҳамеша эътимоднок. Худ қазоват кунед, оё вокунишҳо ба акс ё маводи дар интернет ва рӯзномае ҷой дода шуда яксонанд? Албатта не! Итернет бо баробари паҳни гӯё хабарҳои тоза маводҳои тарғибкунандаи ақидаҳои ифротӣ, фаҳшу зӯровариро пешниҳод мекунад, ки дастрасӣ ба он ба насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мегузорад. Рӯзномаро бошад, бидуни шубҳаву ҳарос метавонед ба дасти фарзандатон диҳед. Ӯ ҳамзамон барои ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва азхудсозии тариқи дурусти ифодаи фикр имконияти хубе пайдо мекунад Ахиран, рӯзномаҳо ҳанӯз ҳам дар тамоми мамолики дунё чун яке аз рамзҳои пойдорӣ ва қудрати давлат пазируфта мешаванд. Бесабаб нест, ки тамоми қонуну қарорҳо танҳо пас аз ба табъ раси-
дан дар матбуоти даврӣ ба ҳукми амал медароянд. Дуруст аст, ки дар пайи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва рушди босуръати шабакаи умумиҷаҳонии интернет дар тамоми дунё нашрияҳои чопӣ ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ шуданд: теъдоди нашрашон кам шуд, обуначиёнашонро гум карданд ва ҳатто баъзеи онҳо баста шуданд. Лекин кишварҳои пешрафтаи олам дар чунин шароит матбуоти давриашонро бидуни ҳифзу ғамхорӣ нагузоштанд. Масалан, дар ИМА, Англия, Италия, Испания, Фаронса, Германия, Шведсия, Финляндия, Норвегия, Голландия, Дания, Австрия ва Россия дар масъалаи пардохти андозҳо ба нашрияҳои чопӣ имтиёзҳо пешбинӣ намудаанду ҳамасола барои дастгирии онҳо миллионҳо доллар ҷудо карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар ин самт ғамхориҳои доимӣ зоҳир карда мешавад. Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат буд, ки имрӯзҳо дар қатори нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ низ арзи ҳастӣ мекунанд. Хушбахтона аз ин миён рӯзномаи "Насими Исфара" низ истисно нест. Солҳои охир теъдоди нашри рӯзнома аз 2 то 5 ҳазор расонида шуд. Ин албатта, хуб аст. Лекин ҳанӯз ҳам хеле кам. Чунки имрӯз "Насими Исфара" ба 55 нафар аҳолӣ як нусха ба табъ мерасад. Ҳоло он, ки рӯзнома кайҳо мазмуну мундариҷаашро ба хонандагон боз ҳам наздиктару муфидтар сохтааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома имрӯзҳо ба ҷуз хабарҳои тоза аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ мунтазам маводҳо оид ба таърихи пуршарафи диёру фидокориҳои фарзандони фарзонаи он, роҳу усулҳои тарбияи дурусти
насли наврасу ҷавон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пайомадҳои ногувори қонуншиканиву ҷинояткорӣ, интихоби тарзи ҳаёти солим, ҳикояву ҳаҷвияҳои хонданбоб ва шеърҳои дилнишин ба табъ мерасанд. Итминон дорам, ки агар рӯзномаи "Насими Исфара" ба шумораи бештари мардум дастрас мебуд, зиндагии мо боз ҳам амнтару пурмаъно ва зеботар мешуд. Гузашта аз ҳама дар рӯзномаи "Насими Исфара" таърихе сабт мегардад, ки дар дигар ҷойе сабт нахоҳад шуд: таърихи Исфараи бостон, таърихи рӯзгори мову шумо. Нафароне ҳам ҳастанд, ки дар охири сол мегӯянд "Обуна шудему рӯзномаро дастрас карда натавонистем". Дуруст, шумо ҳуқуқ доред шикоят кунед. Лекин чаро то имрӯз хомӯш будед? Чаро ба идорае, ки обуна шудед давоми сол аққалан сари роҳ дигарбора надаромадед ва суол накардед? Минбаъд дар чунин ҳолатҳо сукут наварзед. Дарҳол ба идораи рӯзнома занг занед. Мо кормандон мудом омодаем чунин шикоятҳоро саривақт баррасӣ намуда, дар ҳалли фавриашон ба хонандагон кӯмак расонем. Дар анҷом изҳори умедворӣ мекунем, ки дар рӯзҳои бошумори боқимондаи маъракаи муҳими сиёсӣ - обунашавӣ ба нашрияҳо ҳамдиёрон дастгиру мададгори таърихномаи шаҳри худ - "Насими Исфара" хоҳанд буд. Хонандагони азиз, мо бо шумо ҳастаем! Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.