45 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

№ 45 (9180)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

7 декабри соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Сад бех дарахт ба Нурафшон

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз сохтмону азнавсозии кӯчаи марказии шаҳраки Нурафшон дидан намуд.

Дар раванди корҳои созандагиву ободкорӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара босуръат идома доранд, дар деҳаи Навгилем боз як корхонаи нав мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ҷамъомади расмии ба ин муносибат доиргардида, ки бо ширкати фаъолон ва сокинони сершумори деҳа сурат гирифт, муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Муҳибулло Убайдуллоев баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ба фаъолият оғоз намудани корхонаи истеҳсолии тозабунёд

Нишасти шӯрои директорон Зимни боздид шаҳрдори Исфара аз раванди корҳо дар ободонии кӯчаи марказии шаҳрак аз наздик шинос шуда, аз рафти корҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Тазаккур дод, ки ободии кӯчаву хиёбонҳо, ки бевосита аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, яке аз омилҳои асосии беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва некӯаҳволии рӯзгори мардум ба ҳисоб меравад. Ҳангоми боздид раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо зикри дастгирии ҳамешагӣ аз иқдомҳои бунёдкориву созандагӣ изҳор кард, бо сад бех дарахтони ороишӣ дар ободонии кӯчаи марказии шаҳраки Нурафшон саҳмгузорӣ хоҳад намуд. Гуфтан ба маврид аст, ки кӯчаи марказии Нурафшон бо ташаббуси роҳбарияти ҷамоат ва дастгирии сокинони шаҳрак, ҷомеаҳои меҳнатии заводи сементбарории ба номи Б.Самадов, ҶС "Чароғ" ва Комбинати масолеҳи бинокорӣ азнавсозӣ карда шуда истодааст. Н/И

Нишаст

Мулоқот бо оилаҳои муҳоҷирон

Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва хадамоти муҳоҷират бо 75 нафар сокинони деҳаи Навгилем – нафароне, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ рӯзгорашонро пеш мебаранд, мулоқот оростанд. Нахуст намояндаи хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Равшанҷон Раҳимов моҳияти қонуни Федератсияи Русия «Дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия»-ро шарҳу тавзеҳ дод. Минбаъд мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Ҷаласаи навбатии шӯрои директорони шаҳр баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати раиси шӯрои директорони шаҳр, директори кулли ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» Содиқҷон Рустамӣ сурат гирифта, дар кори он муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ, мудирони шуъбаҳои саноат, энергетика ва нақлиёт, иқтисод ва савдо, раёсати кишоварзӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ иштирок намуданд. Мудири шуъбаи саноат, энергетика ва нақлиёти мақомоти иҷроия Мақсудҷон Мамадҷонов дар бораи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли равон ахборот дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 210,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ

шаҳр Мавҷудахон Назирова вобаста ба бартараф намудани қонуншиканиву ҷинояткорӣ, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, ҷилавгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила, одоби оиладорӣ, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва паёмадҳои номатлуби тақлиди ноҷо ба маданияти либоспӯшии қавму миллатҳои бегона суханронӣ намуд. *** Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД вобаста ба масъалаҳои зикршуда ҳамчунин дар деҳаи Хонобод бо 154 нафар фаъолон ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и маркази шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбатҳо доир карданд.

Н/И

Амалигашти Барномаи рушд

Корхонаи нав дар Навгилем сидқан муборакбод гуфтанд. Зимнан тазаккур дода шуд, ки дар доираи таҷлили шоистаи ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара бо саҳмгирии бахши соҳибкорӣ бунёди даҳҳо адад иншоотҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба анҷом расидаанду алҳол сохтмони боз беш аз 50 адади дигар иншоотҳои гуногун идома доранд. Коргоҳи нав идораи захира ва коркарди меваи хушк буда, аз ҷониби

соҳибкори маҳаллӣ Сироҷиддин Шарофов бунёд гардидааст. Чуноне ки иттилоъ дода шуд, бо фаъол гардидани корхона дар марҳилаи аввал 5 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Соҳибкор Сироҷиддин Шарофов ҳамчунин азм дорад, ки дар оянда доираи фаъолияти корхонаро боз ҳам васеъ намуда, меваю сабзавоти ин минтақаи пурфайзу пурбаракатро мавриди коркарди саноатӣ ва бастубанд қарор диҳад ва иқтидори содиротии ширкати худро афзун намояд.

ВАО-и ИСФАРА соҳиби ДИПЛОМ

истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,1 фисадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда бошад, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта Озмуни вилоятии "Хо12,0 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар маи созанда-2016" байни ин давра, ҳиссаи саноатчиёни шаҳр дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии рӯзноманигорон ҷамъвилояти Суғд 5,8%-ро ташкил намуд. баст шуд. Дар раванди ҷаласа муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва аъзои Дар ин озмун 81 шӯро Холисҷон Темурҷонов бобати руш- нафар довталаб ди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ширкат намуда, 37 шаҳру деҳоти Исфара, баландбардории нафар соҳиби ҷойнишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, тақвият ҳои ифтихорӣ гарбахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи диданд. байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давАз ҷумла ҳайати латии шаҳр ва ҷомеаҳои меҳнатӣ, мусо- эҷодии рӯзномаи идат барои амалигашти барнома ва ло- "Насими Исфара" иҳаҳои мавҷуда ва таҳияи лоиҳаҳои нав соҳиби ҷойи дуюм изҳори андеша намуданд. ва Саҳбон Қурбонов - директори телеДар рафти ҷаласа масъалаҳои дигари визиони Исфара мақоми сеюмро ишғол ба рӯзнома воридгардида низ мавриди намуданд. муҳокима қарор дода шуда, низомномаи Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ Дишӯрои директорони шаҳр пазируфта плом ва мукофотҳо аз ҷониби раиси вишуд. лоят Абдураҳмон Қодирӣ супорида шуд.

Ба муносибати 830-солагии маликулкалом Сайфи Исфарангӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 (сарвараш Софияхон Ҷалилова) бо ташаббуси омӯзгори фанни забон ва адабиёт Ҳамидахон Воҳидова маҳфили муфиду хотирмоне баргузор гардид. Дар ҷараёни нишасти мазкур ба сифати меҳмонони фахрӣ адиби шинохтаи диёр Субҳон Ёдгорӣ ва директори кулли осорхонаҳои шаҳр Абдуманнон Рауфов ҳузур доштанд. Сароғоз омӯзгор Ҳамидахон Воҳидова оид ба ҳаёт ва меъроси гаронбаҳои адабии Сайфи Исфарангӣ маълумот пеш овард. Хонандагон

бошанд, аз осори шоири ширинкалом порчаҳои назмӣ қироат намуданд, ки таҷассумгари истеъдоди худодод ва маҳорати нодири шеъргӯйии Сайфи Исфарангӣ буд. Субҳон Ёдгорӣ ва Абдуманнон Рауфов дар навбати худ оид ба ҷойгоҳи Сайфи Исфарангӣ дар адабиёти классикии тоҷик, мавзӯъоти эҷодиёти шоир ва аҳамияти омӯзиши мероси гаронбаҳои адабии гузашта-

Мувофиқ ба нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин намудан ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани бекорон, таблиғи сиёсати шуғл ва ҳифзи меҳнат дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои

музди меҳнати аз 400 то 1500 сомонӣ ба интихоби корҷӯяндагон пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 11 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ ва 15 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ сафарбар карда холии корӣ ва вазифаҳои озод баргу- шуданд. Дар ин чорабинӣ ҳамзамон ба 15 назор гардид. Дар ҷараёни он намояндагони кор- фар хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳхонаву ташкилот ва идораҳои ширкат- муддати касбомӯзӣ шаҳодатномаҳои дор 259 адад ҷойҳои холии кориро бо хатм супорида шуданд.

Н/И

Маҳфил

Бузургдошти Сайф

Н/И

Шуғл

Пешниҳоди 259 ҷойи кор

гон, ҳамчунин зарурияти азхудсозии илму фанни замонаву дӯстдории Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии кишвари маҳбуб изҳори назар карданд. Директори таълимгоҳ Софияхон Ҷалилова дар ҳошияи маълумот оид ба раванди таълиму тарбия дар мактаб роҷеъ ба чорабиниҳои дар доираи даҳаи фанни забон ва адабиёти тоҷик баргузор кардашуда иттилоъ пеш овард. Зимнан гуфта шуд, ки дар ин радиф дарсҳои намунавӣ, озмунҳои «Кӣ тезтар меёбад?», «Чароғи маърифат» ва «Ҳусни хати зебо» доир карда шуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.