Skip to main content

44 2017 29 ноябр

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Раисон ба мулоқоти донишҷӯён мераванд

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 44 (9226) *** Чоршанбе 29. 11. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Равзанаи нишастҳо

Раиси шаҳр дар Шаҳрак Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак боздид ва бо фаъолон мулоқот кард.

Н

ахуст шаҳрдори Исфара аз майдончаи варзишии футбол, ки аз ҷониби сокинони деҳаи Шаҳрак бунёд шуда истодааст, дидан намуда, вобаста ба иҷрои сарвақтии корҳо, сатҳу сифати майдончаи варзишӣ дастуру супоришҳо дод. Бояд гуфт, ки майдончаи варзишии мазкур аз ҷониби сокинон туҳфаи хубе барои муҳассилини МТМУ № 18-и деҳа мебошад. Сипас дар бинои ҷамоати деҳа аз ҷониби Расулзода Дилшод Ҷбаборӣ қабули сокинон роҳанН/И

Натиҷаҳои озмун

13 нафар ба хизмати давлатӣ Дар асоси амри раиси шаҳр аз озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ натиҷабардорӣ карда шуд.

Д

ар ҷараёни он раиси комиссия, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, аъзоёни комиссия ва намояндаи шўъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд М. Мансурова иштирок доштанд. Котиби комиссия, мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Дилшод Шораҳматов иттилоъ дод, ки ҷиҳати иштирок дар озмун ба мансабҳои муовини сардори Раёсати кишоварзӣ, мудири шўъбаи иқтисод ва савдои

дозӣ гардид. 14 нафар сокинони деҳоти Шаҳрак дар радифи арзи сипос намудан вобаста ба масоили мубрами рӯз, аз ҷумла таъминот бо оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузориҳои вобаста ба баъзе иншоотҳо муроҷиат намуда, дар асоси муроҷиати онҳо Дилшод Расулзода ба масъулин оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи маҳал вазифагузорӣ кард. Мулоқоте, ки дар маҷмааи фароғатии "Зумрадшоҳ" бо ширкати беш аз 250 нафар сокинон, фаъолон ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута доир гардид, паҳлуи дигари мулоқоти Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак буд. Дар он иҷрокунандаи вазифаи мақомоти иҷроия, мудири шўъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроия, сармутахассиси шўъбаи иқтисод ва савдо, мутахассиси пешбари шўъбаи иқтисод ва савдо, мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ, мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мутахассиси пешбари шўъбаи кор бо занон ва оила, сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти Навгилем, сармутахассис, муҳандис - заминсози ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак ва Сурх, сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти Кулканд, мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Сурх оид ба иҷтимоиёт, мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Сурх оид ба андоз ҷамъ ба 15 мансаби холии маъмурӣ 19 нафар довталабон ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд. Дар асоси хулосаи комиссияи озмунии мақомоти иҷроия аз 19 нафар довталабоне, ки дар озмун иштирок намуданд, 13 нафар аз озмун гузашта ба таъинот ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ тавсия гирифтанд.

раиси ҷамоати деҳа Шуҳратҷон Икромов дар баробари ифтитоҳи мулоқот ҳадаф ва мақсади онро шарҳ дод. Сипас раиси шаҳр вобаста ба вазъияти ҷойдоштаи маҳал дар назди масъулини соҳаҳо вазифагузорӣ намуд. Зикр кард, ки амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босубот ва сидқидилонаи ҳар як нафари мо, ба хусус онҳое, ки дар маҳалҳо кор мекунанд, сарчашма мегирад. Бинобар ин зарур аст, ки мушкилотҳои ҷойдошта сари вақт дар ҷой ҳал ва барои пешгирии амалҳои номатлуб фаъолияти дастаҷамъона барем. Доиргардии ин гуна мулоқотҳои раиси шаҳр дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ ба назар гирифта шудааст.

Обуна-2018

Муташаккилӣ мебояд

Д

Бахшида ба Соли ҷавонон ва дар арафаи соли милодии 2018 раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёне, ки дар маркази вилоят таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор мекунанд.

Т

ибқи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят аз 1 декабри соли равон оғоз ёфта, то 14 декабр идома меёбад. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда Раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мулоқотҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Иқдоми мазкур бо мақсади бохабар гардидан аз вазъи таҳсил, зисту зиндагонии донишҷӯён ва кумак ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Дар доираи мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо барои донишҷӯён ҳамчунин ташкили чорабинии фарҳангӣ, дастурхони идона ва расонидани кумакҳо дар назар дошта шудааст. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

террористиву экстремистӣ кушода шудаанд, қисми бештарашон аз худи шаҳри Исфара мебошанд. Бинобар ин сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки корбариро дар худи шаҳр тақвият диҳанд. Ҳамчунин сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр Насрулло Азизов, сардори раёсати маориф БобоСаидзода, мудири шуъбаи Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хон рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷодоир ва он масъалаи муқовимат бар зидди зуҳуроти меа Ибромхон Икромов, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ- терроризм ва экстремизм, дин, танзими анъана ва ҷашну гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маросим Саидҷон Мубинов ва ва ширкати онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи чанде аз иштирокчиёни ҷалакишварҳои хориҷиро мавриди таҳлилу баррасӣ қаса вобаста ба амалу кирдорҳои рор дод. ғайриинсонии душманони дини ислом аз хизбу гуруҳҳои тундрав, уовини прокурори шаҳр дар ҷангҳои Сурия будаи шаҳру Шарифзода Саминҷон деҳоти Исфара ва аъзои оилаи тарбияи наврасону ҷавонон дар роҷеъ ба санҷиши фаъолияти баъзеи онҳо, ҷалби тамоми фаъ- муҳити созгори оилаву ҷамъият, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, шуъ- олони ҷомеа барои муқовимат ба қувват бахшидан ба дастгоҳҳои баву бахшҳои мақомоти иҷроияи мафкура ва равияҳои ифротии таблиғотиву тарғиботӣ фикру ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷа- мухолифи дини мубини ислом таклифҳои хешро баён доштанд. Дар хотимаи ҷаласаи шӯрои ҳамоатҳои шаҳраку деҳот дар таъ- гузориши муфассал пешниҳод моҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мини иҷрои қонунҳои амалкунан- намуд. да “Дар бораи террроризм”, “Дар Перомуни масъалаи матраҳ- муовини аввали раиси шаҳр Собораи экстремизм”, инчунин оид шудаи ҷаласа сардори шуъбаи дирхон Қосимӣ баромад намуда, ба камбудиву норасоиҳои кори якуми Вазорати корҳои дохилии қайд кард, ки метавон дар мутонҳо дар самти пешгирии шомил- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри таҳиддиву оштинопазирӣ пеши шавии ҷавонон ба ҳар гуна таш- Исфара Бахтиёр Назарзода су- роҳи терроризму экстремизм ва килоту ҳаракатҳои терорристиву ханронӣ кард. Аз ҷумла қайд дигар ҷараёнҳои ба амнияту осуэкстремистии дар қаламрави намуд, ки аз теъдоди умумии дагии давлату миллат таҳдидоТоҷикистон мамнуъ эълонгашта, онҳое, ки дар давоми соли 2017 варро гирифт. муайян кардани ҷои будубош ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ баргардонидани шаҳрвандони вобаста ба амалҳои хусусияти Н/И

Аз ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсоз

Корҳои мафкуравиро ҷиддан тақвият диҳем

М

зар кард. Сарвари маркази алоқаи почтаи шаҳр Саҳобахон Ҳусейнова, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев ва чанде аз ширкатдорони ҷаласа барои муташакТаҳти раёсати муовини аввали килона гузаронидани маъракаи обуна ибрози раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ назар карданд. ҷаласаи корӣ рафти маъракаи Муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қо"Обуна-2018"-ро мавриди баррасӣ симӣ бобати иҷрои бечуну чарои қарори раиси шаҳр «Дар бораи муташаккилона гузарониқарор дод. дани қабули обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли ар он Содирхон Қосимӣ нисбати ташкили маъракаи муҳими сиёсӣ дар соҳаҳои 2018» вазифагузорӣ кард. мухталифи шаҳру деҳоти Исфара изҳори наН/И

Расм аз бойгонии рӯзнома.

Н/И

Бозори шуғл

Пешниҳоди маош то 2500 сомонӣ Дар деҳаи Чилгазӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.

Д

ар ярмарка 184 нафар иштирок намуданд, ки аз онҳо 7 нафар

бо ҷойи кори доимӣ ва 40 нафар ба касбомӯзӣ номнавис гаштанд. 10 кордиҳанда ба диққати корҷӯяндагон 530 ҷойҳои холии кориро бо музди меҳнати аз 400 сомонӣ то 2500 сомонигӣ пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка, ки аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Исфара доир гашт, масъулини он вобаста ба масоили ҳалталаби ҷомеа, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.


Сарбози маориф ва марди ҳунарпеша

Маҳмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Агар ба солҳои бистуми асри бист як назари кӯтоҳе андозем, басо пуртазод аст: аз як ҷониб, аввал ҷумҳурии худмухтор (соли 1924) ва баъд ҷумҳурии мустақил (соли 1929) ташкил ёфта, ба қавле «ҳеҷ будагон ҳар чӣ шуданд», аз ҷониби дигар, фарзандони зиёди баору номус, ки аз байни халқ баромада, баҳри пойдорию устувории давлати шӯро мубориза мебурданд, ҷони ширини худро аз даст доданд. Ин амал дарахти тутро мемонад, ки аввали фасли баҳор навдаҳои сершоху барги сабзи онро зада, ба коми кирми пилла мепартоянд. Ва ё гули садбаргро мемонад, ки баъди шукуфтан ҳафтае давр меронад, даст ба даст мегардад, ҷилва мезанад, гулдону хонаҳоро оро медиҳад, табассум мекунад, механдад вале баъди пажмурда шудан болои оташ мепартоянд. Дирӯз паси гулоб мегардидам, Пажмурда гуле ба рӯи оташ дидам. Гуфтам, ки чӣ кардӣ, ки фитодӣ ин сон, Гуфто, ки дар ин чаман даме хандидам. Мантиқи табиат аст: чун решаи дарахти туту ниҳоли гул дар тарист, ҳар баҳор месабзад, муддате давр меронад. Саргузашти қаҳрамони очерки мо ҳам ҳамин тавр аст. Агар дарахти туту ниҳоли гул дар дили замини нарму хоки гарм рӯяд, қаҳрамони мо мисли гулест, ки ба қавли рӯзноманигор ва нависандаи чирадаст Мавлониддин Пӯлодзода дар дили хорасанг рӯидааст, Н/И

Мардумӣ аз мардуми доно талаб.

ба дили ҳазорҳо маскан гирифтааст. Бӯйи ин гуна гул, ба иродаи Нодири Нодирпур, бӯи сунбулаест, ки ҳар саҳар аз бистари хоб ояд: Насиме, к-аз сари он кокул ояд, Маро хуштар зи бӯи булбул ояд. Хаёлашро шабе гирам дар оғӯш, Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд. Баски Ибниямин Исомиддинзода бо ақлу хирад, илму дониш, суханварӣ ва касбу ҳунари волои худ бовар дорад, баҳорро интизор намешавад. Чор фасли сол барои ӯ баҳор аст, мубориза аст, озмоишу тараддуд аст, азму ҷадал аст. Яроқ ва аслиҳаи тавонои ӯ дар тамоми муддати умри 92-солааш сухан аст, илму дониш аст, сабру таҳаммул, муҳаббат аст. Донише, ки ба қавли Фирдавсии бузургвор, ба кас тавоноӣ ва ба дили пир барноӣ мебахшад: Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад. Забон ё сухани Ибниямин Исомиддинзода, ба ифодаи муаллифи "Маснавии маънавӣ", ки қуронест дар забони пазлавӣ, ҳам оташ аст, ҳам хирман. Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ, Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ. Ва аммо оташи забони Ибниямин ба хирмани душманон, дуздону ғоратгарон, ҳаннотону кисабурон зада ба хокистар табдил медиҳад. Ибниямин Исомиддинзода аз 92 соли пурбаракати 70 соли фаъолият ҳамагӣ 13-14 солашро дар хизмати маориф сарф мекунад. Беҳтараш ба ӯ ҳамин қадар имконият медиҳанд. Азбаски ҳар рӯзу ҳар солаш пурфайзу пурбаракат мегузашт, ҳамин кифоя буд, ки сарбози маориф ном барорад. Ӯ ба шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Панҷакент сафар мекунад, маорифи халқро ба роҳ мемонад,

Маслиҳати мутахассис

Манфиати яхоб

Аз сабаби бебориш омадани фасли тирамоҳ кишоварзонро зарур аст, ки нисбати яхобмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро дар мавриди яхобмонӣ, ки баъди шудгори заминҳо сурат мегирад, ҳамаи намуди тухм ва решаҳои алафҳои бегона, боқимондаи баргҳои рехташудаи дарахтон пӯсида, онҳо дар оянда барои ҳосилхез шудани замин ва ҳамчун ғизои органикӣ барои зироати киштшаванда аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунанд. Инчунин тухмҳои ҳамагуна ҳашаротҳои зараррасон несту нобуд мегарданд. Намнокии замин то вақти кишту кор нигоҳ дошта шуда, баъди гузаронидани кишти зироатҳо зарурати обмонии зиёдатӣ аз байн меравад. Ғайр аз ин дар давраи яхобмонӣ шӯрнокии замин паст шуда, яхоб боғу токзорҳоро аз хунукзанӣ муҳофизат менамояд. Бинобар ин ҳарчи бештар корҳои яхобмониро ба роҳ мондан ба манфиати оянда хоҳад буд. Абдурашид ПОЧОЕВ, мудири бахши истеҳсолии раёсати кишоварзӣ.

ҳамчун сарбоз посбонӣ мекунад. Маҳз дар ҳамин солҳо бо ходимони барҷаста ва мисли худаш сарбозони ҳизбу давлат, фарҳангу адабиёт чун Чинор Имомов, Нусратулло Махсум, Абулқосим Лоҳутӣ, Садридин Айнӣ, Аббос Алиев, Қосим Дайламӣ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин шахсиятҳо маслиҳату дастурҳо мегирад, пайи татбиқи амалии онон мекӯшад. Ҳар гуна ҷангу хунрезиҳо, аз ҷумла ҷангҳои шаҳрвандӣ аз худ захмҳое мегузоранд, ки солҳо мебояд дармон бахшид. Ҷанги шаҳрвандии солҳои бистуми асри гузашта ҳам ҳамин гуна захмҳо гузошта буд ва яке аз ҳамин гуна захмҳо дар сағираю ятимон, кӯдакони бепарастор ифода меёфт. Беҳуда нест, ки давлат ба таъсиси интернатҳо, хонаҳои бачаҳои бепарастор ҷиддӣ машғул мешуд ва кадрҳои дилсофу дилсӯзро ба ин кори хайру савоб ҷалб мекард. Аз ин ҷост, ки Ибниямин Исомиддинзода ба тамоми шаҳрҳое, ки меравад, ба ҳамин масъала машғул мешавад. Бо роҳи ҳашари умумихалқӣ мактабу интернатҳо месозад, бепарастонро ҷамъ мекунад, баҳри онҳо ҳам омӯзгор мешавад, ҳам падари ғамхор. Дар баробари ин ба тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ машғул мешавад, ки он солҳо басо кам буданд. Мактабу интернатҳо меафзуданд. Аз ин ҷост, ки дар саросари кишвар бачаҳоеро, ки дар синфҳои 6-7 мехонданд, аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузаронда ба ҳайси муаллим пешниҳод мекарданд. Исомаддинзода ҳарчанд ҷавон буд, дар ин самт таҷрибаи зарурӣ дошт. Як бартарии ин сарбози маориф Ибниямин ҳамин буд, ки дар ҳамон солҳо саводи хуби тоҷикӣ ва русӣ дошт. Ӯ бо забони русӣ мисли худи русҳо сухан мегуфт, менавишт. Шояд барои ҳамин буд, ки таълифи ҳар гуна мактубҳо, хоҳишу дархостҳо, ки ба вазорату идораҳои маркази умумӣ-Маскав тааллуқ мегирифт, ба ӯҳдаи Ибниямин мегузаштанд. Аз ин

Бояд гуфт, ки хонандагони литсей имсол дар озмуни шаҳрӣ, ки дар маркази таҳсилоти иловагии шаҳр бо ширкати муҳассилини литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ таҳти унвони «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид, бо муваффақият баромад намуда, мақоми ифтихории дуюмро соҳиб шуданд. Ин комёбӣ ба толибилмони таълимгоҳ имкони ба даври вилоятии озмун роҳ ёфтанро фароҳам овард. Дар маркази вилоят маҳз дастранҷи муҳассилини литсейҳои рақамҳои 1 ва 5-и шаҳр, ки аз маҳсулоти қаннодӣ, сабзавот, ҷаридаҳои деворӣ ва рефератҳо дар мавзўъҳои "Об барои рушди устувор" ва "Тирамоҳи заррин" иборат буданд, ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳайати ҳакамонро муассир сохтанд. Дар озмун аъзои дастаи шаҳри Исфара дар миқёси вилоят сазовори мақоми аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Минбаъд дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии "Тира-

Н/И

ҷост, ки муҳимтарин мактубҳо, аз ҷумла матни мактубҳои ба номи Раиси КИМ СССР М. И. Калинин дар бораи ҳамроҳ кардани ноҳияҳои Конибодому Исфара ба ҳайати Тоҷикистон, бунёди роҳи оҳани Конибодом-Исфара, таъминоти мактабҳои вилояти Кӯлоб бо курсиву китоб, дафтару қалам ва даҳҳои дигар ба қалами Ибниямин Исомиддинзода тааллуқ доранд. Мартаба, обрӯи рӯзафзуни Ибниямини ҷавон дар назди халқу Ватан, кормандони масъули ҳукумат ба чашми душманону нотавонбинони миллат чун хори мағелон мехалид. Замона, ки хунрез буд, душманон ба мақсади худ расиданд: Тӯҳматҳо карда, дурӯғҳо бофта ниҳоят Ибниямин Исомиддинзодаро муддати панҷ сол паси панҷара равон карданд. Вале ҳақ ба ҳақдор расид. Соли 1989, яъне баъди 56 сол, адолат тантана кард, доғи судиаш барканор гардид. Мӯйсафед қарори Президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистонро ба дидаҳо молида ашк мерехт-ашки шодӣ. Ӯ ба бегуноҳии худ бовар дошт. Мехост ба ин ҳама фарзандон, набераву аберагон, ҳамдиёрон бовар кунанд ва ҳақ ҳам надоштанд, ки бовар накунанд. Баъди ин Ибниямин боз як соли дигар зист ва дар синни 92 солагӣ ин ҷаҳонро бар қасди он ҷаҳон падруд гуфт. Ӯ ҷисман бо мо нест, аммо рӯҳан бо мо, бо аҳли маориф, аҳли ҳунар ва ҳамчун сарбози маориф боқӣ мемонад. PS: Ёдовар мешавем, ки дар Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба 120-солагии зодрӯзи маорифпарвар ва фарҳангсолори Исфараи бостонӣ Ибниямин Исомиддинзода ҷамъомади бошукӯҳе доир гардида буд. Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, олимони намоёни АИ ҶТ, намояндагони илму маорифи вилоятҳои Хатлону Суғд, шоирону нависандагони шаҳру вилоят, рӯзноманигорон ва аҳли ҷамоатчигии Исфара ҳузур дошта, ба хизматҳои арзандаи ин шахсияти номвари таърихӣ аҷру эҳтиром гузоштанд.

Дар арзҳои маориф

Тарбияи зебоипарастии хонандагон Дар литсейи рақами 5 (сарвараш Маърифатхон Шарофиддинова) бо истифода аз ҳама воситаву имконият кўшиш мекунанд дар замири шогирдон дар баробари илму дониш меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватан, табиати дилфиреб ва мардуми меҳнатқаринаш ҷой диҳанд. моҳи заррин" баргузор гардид, ки дар ҷараёни он дар ҳайати дастаи вилояти Суғд хонандагони итсейи рақами 5 низ ширкат доштанд. Дастаи вилояти мо, ки аз муҳассилини шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров иборат буд, дар ҷамъбаст ҷои сеюмро ишғол намуданд. Хонандаи литсейи рақами 5 Мушаррафа Мақсудова бо муаррифии маҳсулоти қаннодӣ, сабзавот ва меваи хушк шоистаи таҳсини хосаи ҳайати ҳакамон гардид. Ногуфта намонад, ки дар ин озмун хонандаи мтму №36

Зикруллоҳ Асроров низ бо ихтирои дастгоҳи бообтаъминкунии гул тавассути телефони мобилӣ ҳамаро ба ҳайрат оварда, соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шуд. Ҷонишини директори литсей Абдурафиқ Бобоқамбаров мегўяд, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар тарбияи завқи зебоипарастии хонандагон, ҷой додани эҳсоси дӯстдории табиат ва ватанпарастӣ дар ниҳоди онҳо тадбири басо муҳим аст.

НАСИМИ ИСФАРА

29. 11. 2017

Беҳунару мункири дониш мабош,

№ 44

2

Як хафтаи Исфара

Баҳри пешгирии шомилшавӣ

Мувофиқ ба нақшаи муштараки кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар самти роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва таҳкими иртибот бо қишрҳои мухталифи ҷомеа сардори бахщи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Илҳом Мирзоев ва сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Шоиста Мерганова дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо беш аз 150 нафар сокинон мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни он Илҳом Мирзоев вобаста ба омилҳои паҳншавии ақидаҳои террористиву экстремистӣ, паёмадҳои даҳшатбору фоҷианоки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, зарурияти риояи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонунҳои ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну ва маросими миллӣ", баргардонидани ҷавононе, ки дар макотиби динии мамолики хориҷа ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд ва сафарбарсозии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ изҳори назар кард. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД Шоиста Мерганова дар навбати худ таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба мушкилоти зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳо ҷалб намуд. *** Ин гуна мулоқот дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ низ бо ширкати сардори шуъбаи шаҳрии КДАМ И. Мирзоев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа И. Икромов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила М. Назирова баргузор гардид.

Китобхонаи нав Дар Исфара бо ташаббуси Абдуқуддӯс Сайфиддинов осорхона-китобхонаи бо номи В. И. Ленин кушода ба истифода дода шуд. Он дар даромадгоҳи бинои нозироти андоз воқеъ буда, тамошобинон метавонанд тавассути ин осорхона-китобхона бо таърихи корхонаҳои саноатии Исфара, сохтмони якчанд иншоотҳои шаҳр ва бо албому расмҳои собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии шаҳр шинос шавад. Дар китобхонаи мазкур асарҳои В. И. Ленин, китобҳои дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навишташуда ва повесту романҳо барои мутоила гузошта шудаанд. Бояд гуфт, ки чанде пеш бо ташаббуси Ҳикматҷон Бобоев ва Абдуалӣ Ҷалилов муҷассамаи В. И. Ленин аз нав таъмир карда шуд. Муқсидҷон САТТОРОВ.

"Зӯроварӣ дар оила" Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иқдоми Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникӣ ва шӯрои ҷамъиятии таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ озмуни намоишҳои саҳнавӣ оид ба масъалаи "Зӯроварӣ дар оила" баргузор гардид. Дар ҷараёни он дастаҳои 12 муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, аз онҳо се даста - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 24 ва 65 ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Лозим ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" таҳти сарпарастии Барномаи Рушди СММ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ниҳоли дӯстӣ шинонданд Дар қитъае аз замини ҳудуди МТМУ рақами 47-и деҳаи Чоркӯҳ дар доираи лоиҳаи БР СММ "Тақвияти ҳамкоирии ҷавонон дар навоҳии наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон" дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникии Тоҷикистон ҷавонону наврасони деҳаҳои Чоркӯҳи ҶТ ва Самарқандаку Паст - Ариқи ҶҚ бо шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ба бунёди боғи дӯстӣ асос гузоштанд.


(Аввалаш дар шумораи гузашта). - Чаро онҳо бояд мерафтанд?

Пайвандони Ҳайдар Қосимов:

-Якум ин ки тавре гуфтам, вақте гурезаҳо сарҳади Афғонистонро мегузаштанд, он ҷо шахсҳои ангуштшумори наҳзатӣ даромади калон мегирифтанд. Он замон аз вилояти Қӯрғонтеппа тахминан 300-400 ҳазор гуреза ба Қумсангир (Ҷайҳуни имрӯза) омада буданд. Аз ҳисоби «наҳзатиён» гурӯҳҳое таъсис дода шуда буд, ки дар ҳамин ҷо “наҳзатиён”-и бешарафро дар назар кор мекарданд, ё мардумро беҳудаву дорам, ки иғвогарон буданд. Ҳама баҳуда ташвиқ намуда, ба тарки хоки наҳсӣ аз онҳо пайдо шуд, шукр надиёр водор месохтанд. Инҳо гурӯҳҳои карданд, нони худро пеши по заданд, махсуси пешакӣ омодагаштаи ҲНИТ, саркардаҳои худро куштанд, аввалин ба ибораи дигар авбошону дуздони шуда митингу митингбозӣ карданд, ба наҳзатӣ буданд. Фикр мекунам, онҳо қатли оммавӣ даст заданд, мардумро мақсадҳои сиёсӣ доштанд, амри ка- фирорӣ карданд,… Эҳҳ, чи гӯям… лонҳои худро иҷро мекарданд, дигар оқибат Худо онҳоро зад!!! Он вақтҳо чора надоштанд. Муттаҳами эрониён чеҳраҳои намоёни миллатро ба хотишуда буданд. ри шӯр андохтани мардум бартараф мекарданд. Ҳангоме ки ба хона омада, - Баъд чӣ шуд? ба Ҳайдар Қосимов носазо мегуфтанд, вай онҳоро сарзаниш мекард, ки чаро - Ҳайдар Қосимов ва қисме аз мардум дар миёни мардум дасисакорӣ мекуаз сарҳад гашта омаданд. Баъзеашон- нед?? “Мо ҳама як миллатем, тоҷикем, ро дар мактаб, масҷид ва хонаҳо ҷой гурӯҳбозиву маҳалбозӣ накунед!!! Роҳнамуданд. Фарорасии соли нави 1993- барони шумо киҳоянд???” – мегуфт ӯ. ро якҷоя бо Ҳайдар Қосимов пешвоз Маҳз баъди чунин суханҳо ӯро бургирифтем. Як саҳари моҳи январ яроқ- данд. бадастони ришдор омада, ӯро аз сари дастархон гирифта бурданд. -Онҳо мансуб ба кадом гурӯҳҳо буданд? - Чӣ гуфта бурданд? - Онҳо шахсиятҳое буданд, ки медуз- Сиёсат ва дуғу пӯписа намуданд, диданд, байни мардум тухми нифоқ ки “ту комунисти ҳаром, барои дав- мекоштанд, тинҷию амонии миллатро лати СССР геройӣ кардаӣ, барои чӣ намехостанд. Онҳо террористу авбоҷанг кардӣ?! Бо имрӯз гапи мора не шони ҲНИТ буданд. Барояшон фарқ мегуй??? Ту кии худат?? Қаҳрамонӣ, надошт, ки тоҷик, ӯзбек ё афғон аст, барои худат қахрамонӣ!! Хез, рафтем барои манфиати шахсии худ ба ҳама бо мо!!!”. Ду рӯз гузашт, аммо Ҳайдар кор қодир буданд. Фикр мекунам, ки Қосимов пайдо нашуд. Он вақт метар- онҳо аз тарафи хориҷи кишвар зархасидӣ, ки берун рафта ҷустуҷӯ намоӣ. рид буданд. Ҳеҷ гоҳ тоҷике, ки миллат Ҳамроҳи аммаам, ки муаллима буд, ба ва ватанашро дӯст медорад, чунин идораи прокуроратураи ноҳия рафта корро намекунад. Ҳайдар Қосимов ҳаариза навиштем. Аз тарафи прокура- мон шабу рӯз 71-сола буд. На даъвои тура кофтуков эълон намуданд, вале вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ. Ӯ аз ягон ҷо хабар намерасид. Ҳамин қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони мултавр, баҳор ҳам расид, аммо дараке лоҳо, қурбони наҳзатиён шуд.. Чандин набуд. Як саҳар шиносе омада, гуфт, олимони забардасти тоҷикро дар ҷанг ки дар назди ПМК ду ҷасад дарёфт барқасдона куштанд, ба хотири иғво шуд, ки аз рӯйи нишонаҳояш ба Ҳай- андохтан. Яъне бо қатли Ҳайдар Қодар Қосимов монандӣ дорад. Раф- симов мардуми қаротегиниро ба истему дидем. Ҷасадҳо вайрон шуда тилоҳ “алов» монданд, хостанд зидди буданд. Танҳо аз либосаш шинохтем, мардуми хатлонзамин бишӯронанд. ки ӯ Ҳайдар Қосимов — охирин қаҳра- Мақсади аслиашон мардумони ду мони зиндаи СССР дар ҶБВ аст ва аз минтақаро бар зидди ҳам шӯрондан дасти насли кӯрнамаки худ ваҳшиёна ва Тоҷикистонро ба коми оташ кашиба қатл расонида шудааст. Оне, ки ба- дан буд. рои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳраИмрӯз ҳам ҲНИТ, ки дар қатлу монона кард, оне, ки барои насли оян- куштори чеҳраҳои намоёни таърихӣ даи худ заминаи сулҳ офарид, номи даст дошт, талоши бесубот кардани тоҷикро шарафмандона боло бардо- вазъи кишварро мекунанд. Гузашти шт!!! Часади беҷони “Рустам-қаҳра- вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо зархамон”-ро , ки аз дасти шағолҳо кушта риди кишварҳои дигар буданд. Онҳо шуда буд, бардошта намешуд, чунки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба аллакай се моҳ сипарӣ шуда буд. Ҳа- таври махфиёна ҳизби худро таъсис мин тавр, ҷасадашро дар “Деҳаи Боло” дода, ба вайрон кардани мафкураи моҳи марти соли 1993 ба хок супори- мардум оғоз карда буданд. Фаъолони дем. ин ҳизбу ҳаракатҳо дар хориҷа таҳсил дидаанд. Гирдиҳамоӣ ва кушторҳо дар - Ниҳоят нафаҳмидед, ки киҳо солҳои 90-ум аввал аз ҳаминҳо шурӯъ даст доштаанд дар ин ҳодиса? шуд. Ин ҳамаро кори дасти ҲНИТ ва сарпарастонаш мешуморам. Ислом - Албатта, ин кори дасти одамони дар қалб аст. Пуштибони ислом будан иғвобарангез буд. Бале, ман маҳз магар танҳо бо билети ҳизбӣ маълум

НАСИМИ ИСФАРА

"Қатли Қаҳрамони СССР ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршиноси наҳзатиҳост"

Аз падидаҳои номатлуб алҳазар! Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз шомилшавии бархе ҷавонони кишвари мо ба гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки пеши ин вабои аср бояд гирифта шавад. Оре, бо назардошти хавфу хатари донад. Хеле бамаврид аст, ки бо талоин зуҳурот ҳар як сокини ҷумҳуриамон, шу кӯшишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла шаҳри Исфараро зарур якчанд нафар занону духтарони тоҷик аст, ки барои аз бегонапарастӣ даст аз сафар ба ин давлатҳо боздошта кашидани шаҳрвандон, бахусус, ҷаво- шуданд. Аксари онон ҳангоми муҳоҷинон саҳмгузор бошанд. Имрӯз чандин рати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба нафар шаҳрвандони кишвари мо дар гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ давлати Сурия дар ҳайати гурӯҳҳои ҷалб гардидаанд, ки қисми зиёдашон террористиву экстремистӣ дар муқо- аз 18 то 30 сола мебошанд. виматҳои мусаллаҳона иштирок наДар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмуда истодаанд, ки ин амали нангин мондадихӣ тавассути рӯзномаву аст. Аксари ин ҷавонон саводи кофӣ маҷаллаҳо, телевизион ва радиои надошта, ба гумроҳӣ рафтаанд. Ин- маҳаллӣ дар шаҳраки мо якчанд оичунин, чандин нафари ин ҷавонони лаҳои ба доми фиреб афтода ба хобеномус аҳли оилаи худро ҳамроҳ ба наҳояшон баргардонида, ба зиндагии Сурия бурда зери тиру туфанг монда, осоишта ҳидоят карда шуданд. бе ному нишон гаштаанд. Ҳоло оиИмрӯз ҳар яки мо, шаҳрвандони лаҳои онон дар чӣ ҳоланд, касе наме- Тоҷикистони азиз вазифадорем, ки

мешавад?! Бо ҳар хел роҳҳо ба ин ҳизб одамонро ҷалб намуданд. “Бори каҷ ба манзил намерасад”, — мегӯянд, ки рост аст. Ин ҳамон бори каҷ буд, ки кулли мардум аз он даст кашид. - Яъне, ишораи Шумо ба он аст, ки ҲНИТ дар саргаҳи он ҳама рӯйдодҳо буд?

ин кас дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрдем. Афсӯс, мақсади душманони миллат, ки ҳамин хел шахсиятҳои бузургро кушта, дар байни халқ ғавғои ҷангро хезонидан буд, амалӣ шуд. -Фикр мекунед, кори дасти кӣ буд?

- Душманони миллат. Онҳое, ки дар -Ҳо!!. Дар ноҳияи Қумсангир ин ҳизб ниқоби оппозитсия зери “мусиқии хоҳамон замон нуфуз дошт. Солҳои риҷиҳо мерақсиданд”. Инҳо ҳамин хел ҷанги шаҳрвандӣ баъзе намояндаго- шахсиятҳо буданд. Ҳоло ҷойи шубҳа ни ҳизби наҳзат дар тарки хоки диёр нест, ки асоси даргириҳои ҷанг дар намудани тоҷикон алоқамандӣ нишон Тоҷикистон ҲНИТ буд. Суоли ман ин медоданд. Чуноне, ки боло ишора кар- аст, ки магар то рӯйи саҳнаи сиёсӣ дам, намояндагони ин ҳизб мардумро омадани онҳо мардуми Тоҷикистон ташвиқот мебурданд, ки ба он тарафи мусалмон набуданд?! Раҳбарону марз гузаранд. Мақсадашон он буд, ки фаъолони ҲНИТ дар Эрону Покистон шумораи ҳарчи бештари мардум ба он тарбият гирифтанд. Ҳадафи ниҳоитараф гузаранд, барномаашон ин буд, яшон барҳам додани давлатдории ки норозиҳо аз давлату ҳукумат бисёр мо буд. Ҳамин наҳзатиҳо дар ҳамаи шаванд ва ҳамин тавр, барои бунёди он кашмакашҳое, ки аввали солҳои 90-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати исломӣ замина бисозанд. Дар Ҷайҳун зиёиён, омӯзгорони вуқӯъ пайвастанд, даст доштанд. “70 маҳаллӣ як навъ мухолифати идеоло- сол ҳизби коммунист хӯрд, бурд, моро гӣ нишон медоданд, ки мардум зиёд кофир кард, аз дин баровард!” гуфта, фирифтаи баъзе созмонҳои ифротӣ мардумро мешӯрониданд. Онҳо яроқ нашаванд. Ҳамон шабу рӯз шояд аз ба даст гирифта, халқи гумроҳро иссуст будани тафаккуру ҷаҳонбинии тифода бурданд. Магар дар давраи баъзе сокинони кишвар буд, ки ду-се шӯравӣ нафаре, бубахшед, хатна нонафари ба ном “мулло” мардумро сар- карда оиладор шуд? Кӣ бе никоҳ оилагаранг карданд, ки Давлати Исломӣ дор мешуд ё кӣ беҷаноза ба хок супомесозем. Дидем ҳамин Давлати ис- рида мешуд? Ин душманони миллат, ломиашонро. Фикр мекунам, ҳамин рӯйирост мегуфтанд, ки мо «давлати «ДИИШ»-и ҳозира баъзе ваҳшониятро исломӣ» месозем. маҳз аз наҳзатиҳои мо омӯхтааст. Ягон фарқияте байни инҳо намебинам! -Гуфтед, ки солҳои 90-ум дар Гирдиҳамоӣ карданд, мардумонро ноҳияи Ҷайҳун кор мекардед. Дар фиреб доданд, барои амалӣ сохтани он айём, ки вазъи сиёсӣ муътамақсадҳои ғаразолудашон истифода дил набуд ва шумори гурезаҳо бурданд. рӯзафзун буд, то куҷо иҷрои Чӣ қадар аламовар аст, ки шахсимасъулият дар идораи давлатӣ ятҳои барҷастаи миллат, чун Ҳайдар бароятон осон даст медод? Қосимов қурбонии дасисиаҳои онҳо гаштанд. -Ёдам ҳаст, ки дар ноҳияи мо ҲНИТ штаб дошт. Он вақт директори совхоДар ҳамин ҷо, Зулматов Қо- зи чорводорӣ будам. Мухолифин аз билҷон, раиси Шӯрои собиқа- ҳамаи ташкилотҳо иҷборан пул месидорони ҷангу меҳнати ноҳияи тониданд. Ҷайҳун, ҳамзамон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷи-Чаро маблағ талаб мекарданд? кистон дар ин ноҳия, ба суҳбати -Рӯйирост мегуфтанд, ки мо бояд мо ҳамроҳ шуд. яроқ харем, мо бояд давлатро ба даст - Ҳайдар Қосимов як чеҳраи сиёсӣ гирему сохти давлатдориро исломӣ буданд. Вақте ки дар ноҳияи Қумсан- кунем. Ба сармуҳосиб гуфтам, ки чӣ гир котиби якуми комитети комсомол қадар пул дар суратҳисобамон бобудам, ҷавонони ноҳия бисёр талаб шад, ду-семоҳа маоши кормандонро мекарданд, ки бо Ҳайдар Қосимов як пешпардохт намоед ва боқимондавохӯрӣ доир намоянд. Бо мусоидати ашро ба ҳисоби заводҳое, ки қарздор роҳбарияти онвақтаи ноҳия бо Ҳайдар ҳастем, гузаронед, то ба дасти наҳзаҚосимов дидору мулоқот оростем, ки тиҳо наафтад. он рӯз бароям хотирмон буд… Дар Афғонистон ҳам ҲНИТ базаи Бо Ҳайдар Қосимов пасон борҳо дар худро таъсис дода буд. Мутмаинам, маркази вилоят вохӯрда ва ҳамкориҳо ки ҲНИТ давоми босмачигарии солҳои низ доштем. Дар давраҳои гурезагӣ бо 1920-30 аст, ки муаллимро мекуштанд, пеш аз ҳама дар манзили зисти худ бо аҳли оила барои пешгирии ҳамагуна шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро кӯшиш намоем. Мушкилоти асосии ин вабои аср даст задани духтарону наврасони ноболиғ ба худкушӣ мебошад, ки сабабҳои асосиаш дар сатҳи паст қарор доштани дониш ва маърифати динӣ дар байни наврасон ва ҷавонон, нокифоя будани фарогирии ҷавонон бо таълиму тарбия аз тарафи волидон аст. Дар маҳалҳо бояд раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, занони барӯманду сарварони муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолон муттаҳид шуда, хатарҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мардум фаҳмонида диҳанд, вазъи маҳалли худро таҳлил карда, ба ҳар як падидаи номатлуб эътибори ҷиддӣ дода, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд. Ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки шукргузорӣ аз Ватани азиз, аз баракати сулҳу ваҳдат намоянд ва ба Сарвари оқилу хирадманди кишварамон арҷ гузоранд. Маҳбубахон ФАТТОЕВА, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии шаҳраки Нурафшон.

Диққат, музояда! Иҷрочиёни суди шаҳри Исфара дар асоси истеҳсолоти иҷроиши № 251/3 аз 22 феврали соли 2017 музоядаи оммавии такрорӣ оид ба фурӯши манзили истиқоматии се ҳуҷрагии қарздор Саидмамадов Рашидхон, воқеъ дар шаҳри Исфара, маҳаллаи 10, хонаи 16, ҳуҷраи 50 ва фермаи молии шахсии қарздор, ки дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, деҳаи Боғдорӣ воқеъ мебошаду аз 2 гектару 20 сотих иборат аст, эълон менамоянд. Нархи ибтидоии манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Исфара, маҳаллаи 10, хонаи 16, ҳуҷраи 50: 153,400 (яксаду панҷоҳу се ҳазору чорсад) сомонӣ. Нархи ибтидоии фермаи молии шахсии воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ,

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд

29. 11. 2017

МАВҚЕЪ

№ 44

3

зиёиро сар мебуриданд. Одамонеро, ки барои пешравии давлат кор мекарданд, мешикастанд. Босмачиҳо низ болшевикҳоро кофир мегуфтанд. Агар “кофир” мактаб месохт, роҳу кӯпрук бунёд мекард, бе пул таълиму тарбия медод, табобат мекард, чӣ кори хилофи ислом мекард?! Баръакс, ба ном “исломиҳо” харобкориҳо карданд, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор овехтанд, роҳу пулҳоро вайрон карданд, зиёиёнро куштанд. - Шумо дар ноҳияи Ҷайҳун раҳбарии созмони Ҳизби коммунистро ба уҳда доред. Бигӯед, ки ҲНИТ то расман баста шуданаш дар Тоҷикистон чӣ фаъолиятҳое дошт дар сатҳи маҳал? - Конститутсияи кишвари мо фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизб фаъолият доранд. Аммо Конститутсия иҷозат намедиҳад, ки ҳизбҳо бо роҳи нотинҷию кашмокашию куштору хунрезӣ ба сари қудрат бирасанд. Вақти роҳбарии созмони ҲКТ буданам дар ноҳия, аъзоёни ҳизби наҳзат омада фишор ва таҳдид намуданд, ки “аҳли оилаатро нест мекунем”, “билети партиявиатро то напартоӣ, ту мусалмон нестӣ!” ва монанди инҳо. Фикр мекунам Қаҳрамони СССР Ҳайдар Қосимовро низ барои он куштанд, ки на ҳамфикри онҳо балки муқобили онҳо, муқобили идеология ва ҳадафҳои зиддимиллии онҳо буд. P.S. Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани нерӯҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 70-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангир, аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст. Баъд аз омода намудани мақола, яке аз муовинони сардори САМНИТ (созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон) Сайҷалол Сияҳаков дар мусоҳибаи тахассусияш ба рузномаи “Хатлон” изҳор дошт, ки Ҳайдар Қосимов аз ҷониби аъзои фаъоли ҲНИТ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), бо дастури хадамотҳои махсуси ҶИЭ, дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст. Маконе, ки Ҳ.Қосимов кушта шудааст, он замон таҳти нуфузи “наҳзатиён” қарор дошт. Дертар, тахминан солҳои 1994 худи Мустафо ба ҳамсӯҳбат лоф задааст, ки “Ҳайдар Қосими қаҳрамона” мурғворӣ куштам..” Мусоҳиб Носирҷон МАЪМУРЗОДА, рӯзномаи «Хатлон».

деҳаи Боғдорӣ: 329800 (сесаду бисту нӯҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ. Вақти баргузорӣ: 22 декабри соли 2017. соати 10.00. Ҷойи баргузорӣ: утоқи кории иҷрочиёни суди шаҳр дар маркази адлия. Шахсони дар музояда иштирок менамуда се рӯз пеш аз оғози музояда панҷ фоиз аз маблағи ибтидоиро ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар "Амонатбонк"-и шаҳри Исфара мавҷуд мебошад, супорида, бо расид оид ба пардохти маблағ метавонанд дар музояда иштирок намоянд. Маълумоти иловагиро аз иҷрочиёни суди шаҳри Исфара, ки дар бинои маркази адлия ҷойгир мебошанд, гирифта метавонед. ИҶРОЧИЁНИ СУДИ ШАҲР.

нов Исмоил ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. ** * Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Шиносномаи техникӣ, ки дар бойАБ № 285032, ки МТМУ № 12 соли гонии КДФ «БММҒ»-и шаҳри Исфахониши 2001 ба Қодирова Шаҳноза ра, ҷамоати Хонобод таҳти рақами Амруллоевна додааст. инвентарии 147 ба номи Мамаджо-


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) соли 1991 ба қайд гирифта шуда, дар охири соли 2006 ин шумора 697 нафарро ташкил медод ва имрӯз адади сироятёбӣ ба беш аз 9500 нафар расидааст, ки боиси ташвиш мебошад.

Ҳар замонро дон, ки фарзанди замон бошад гувоҳ.

1 декабр - Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ Н/И

Ваборо даво ҳаст, агар...

сан дар хун, нутфа, тарашшуҳоти маҳбалӣ, шири модар зиёдтар мебошад. Инчунин дар оби даҳон, оби чашм ва пешоб низ миқдоран хеле кам мавҷуд буданаш мумкин аст, аммо бо ин моддаҳо гузаштанаш хеле душвортар ва ба қайд низ гирифта нашудааст. Бояд қайд намуд, ВНМО ба ҳама таҳдид мекунад ва ягон нафар шахс, аз ҷумла онҳое, ки ҳамбистарии камтар доранд, аз сироятёбии ВНМО эмин нашудаСироятёбӣ ба ин беморӣ қариб анд ва шахсоне, ки алоқаи ҷинсӣ дар ҳама мамлакатҳои дунё ново- бо шахсони бегона кардаанд, хун баста аз иқлим ё мавқеи ҷуғрофӣ. гирифтаанд, бо хун сарукор доранд, ба қайд гирифта шудааст, ВНМО бо моддаҳои нашъадор тариқи сӯзанҳамоғӯш шудан, бӯса кардан, сари доруи умумӣ истифода мебаранд як дастархон ва ҳамтабақ шудан, бо эҳтимолияти сироятёбӣ доранд. воситаи газидани хомӯшак наме- Ҳар як одам бояд дар ҳар маврид гузарад. Вируси ВНМО дар ҳамаи огоҳ бошад, хусусият ва табиати ин моддаҳои биологии узви инсон ба бемориро донад. Пешгирӣ ягона миқдори ҳар хел мавҷуд буда, асо-

ВНМО асосан бо 3 роҳ мегузарад: 1.Ҳамаи намуди алоқаи ҷинсӣ. 2.Бо хун ва ҷузъҳои он: гирифтани хун; истифодаи якҷояи маводҳои мухаддир бо як сӯзандору; тамоси тиббӣ. 3.Вертикалӣ ё ки аз модар ба кӯдак: ширдиҳии пистонӣ; ҳангоми таваллуд.

Н/И

воситаи ҳифз аз чунин беморӣ мебошад. ВНМО/БПНМ табобатнашаванда мебошад, вале доруҳои нав имконият медиҳанд, ки сифати зиндагӣ беҳтар ва умри беморон дарозтар шавад. Айни ҳол дар тамоми ҷаҳон ягон намуди доруворӣ мавҷуд нест, ки инсон аз ин беморӣ тамоман шифо ёбад. Танҳо доруҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд, ки доруҳои зиддиретровирусӣ (ЗРВ) ном доранд. Ин доруҳо ба масъунияти инсон кӯмак расонида, давомнокии умри одами сироятшудаи ВНМО-ро зиёдтар мекунад. Инчунин мавҷудияти вирус дар организми инсонро танҳо ташхисгоҳ маълум карда метавонад. Одамоне, ки ВНМО доранд метавонанд солҳои тӯлонӣ (то 12сол) бе ягон аломати зоҳирӣ

Дар гӯшаи хотир бигир, дон, ки мусалмонӣ, писар, Монаш, ки ҳар рӯзу шабат бо ёди Яздон бигзарад.

Пайи қалам

ҚИМАТИ УМР

(Насиҳат ба фарзанд)

Бадкеширо аз худ раҳон, ҳар кинаро аз дил бирон, Покиза зӣ, то ҳар нафас бо нури имон бигзарад.

Медон, к-эй ҷони падар, ин як дами ҷон бигзарад, Кӯш ҳар дамат фарзанди ман дар байни инсон бигзарад.

Оинаи одамгарӣ як сурати зебо наяст, Бе сирати зебо бидон умрат пушаймон бигзарад.

Инсонӣ ту, инсон бимон, берун аз ин раҳ по намон, К-умри ҳама инсоният чун ашки борон бигзарад.

Қадри ҳама инсон шинос, аз ҳурмати эшон биноз, Ҳар лаҳзаат бо ҳамдилон чун марҳами ҷон бигзарад.

Додат Худо моли фузун, ақли саратро гум макун, Дарвозаи дилро кушо, бо хайру эҳсон бигзарад.

Рӯзи дурахшон бигзарад, моҳи шабистон бигзарад. Олам бимонад ҷовидон, одам чу меҳмон бигзарад.

Роҳи саховат пеша кун, аз кори нек андеша кун, Хоҳӣ, ки умри ширинат мисли Сулаймон бигзарад.

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара" барои ишғол намудани ҷойҳои кории зерин озмун эълон менамояд: Мудири шуъбаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони миёнасоҳаи тиб. Талабот: -собиқаи кории илмӣ-педагогӣ ва муолиҷавӣ на камтар аз 5 сол; -дараҷаи уновни илмӣ; -шиносоӣ бо методикаи таълим ва таҳсил; -малакаи кор бо компютер ва таҷҳизоти техникӣ. Н/И

Бахтовари УСМОН.

Таваҷҷӯҳ: озмун

Мудири китобхона. Талабот: -собиқаи кории на камтар аз 5 сол; -маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ; -малакаи кор бо компютер ва таҷҳизоти техникӣ. Муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ. Талабот: -маълумоти олӣ;

-собиқаи кории на камтар аз 5 сол; -доштани маҳорати ташкилотчигӣ; -малакаи кор бо компютер ва таҷҳизоти техникӣ. Ҳуҷҷатҳо бояд то санаи 1 декабри соли 2017 ба шуъбаи кадрҳои МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара" пешниҳод карда шаванд. Маълумоти иловагиро оид ба шартҳои озмун аз сомонаи коллеҷ (www.ktisfara.tj), ё тариқи телефони (3462) 2-54-41 аз шуъбаи кадрҳои коллеҷ гирифта метавонед. КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲР.

Ба таваҷҷӯҳи молрасону пудратчиён

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД Комиссияи муштараки озмуни хариди МИҲД, воқеъ дар ш. Исфара, кӯчаи Марказӣ 20, (телефон 2-66-01) ва ташкилоти "Харидор" довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни хариди номгӯйи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон метавонанд барои гирифтани Ташкилоти харидор МД Литсейи № 1-и шаҳри Исфара

ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ ба суроғаи мақоми ваколатдор муроҷиат намоянд. Лифофаҳо бо пешниҳоди довталабон аз ҷониби комиссияи муштарак тибқи тартиби муқаррарӣ кушода мешавад. Лифофаҳо то вақти "сана ва вақти кушодани лифофаҳо" қабул карда мешаванд.

Телефон

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

2-66-01

Хариди молҳои электронӣ ва хоҷагӣ

Адад

Маҷмӯъ

11.12.2017 соати 14-00

Тасҳеҳ Дар шумораи № 40, аз 25 октябри соли 2017 дар маводи "Ба нияти нопок нарасид" ному насаби М.

«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ

Маҳкамова зикр ёфтааст. Номи насаби мазкур М. Маҳкамова аз деҳаи Чоркӯҳ хонда шавад. А. РАҲИМЗОДА, судяи суди шаҳр.

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

НАСИМИ ИСФАРА

умр ба сар баранд. Барвақттар сироятёбӣ дар инсон маълум карда шавад, ҳамин қадар ба саломатии ӯ фоидаовар аст, ки миқдоран вирус дар организм камтар мебошад ва оиди табобаташ ба мушкилиҳо дучор намешавад. Дар шаҳри Исфара низ алҳол ин сироятёбӣ хеле бисёр шуда истодааст. Якумин сироятшавӣ соли 2002 ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ то соли 2008 38 нафарро ташкил медод. Айни ҳол то авали моҳи октябри соли 2017 ин нишондод ба 235 нафар расидааст, ки 131 нафарашон дар 5 соли охир ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии ба қайд гирифтагони ВНМО 95 нафарашонро занҳо ва 140 нафарашонро мардҳо ташкил медиҳанд, ки

29. 11. 2017

Одами хушаслро ному нишон бошад гувоҳ,

№ 44

4

69 нафарашон аз сабаби тамоман нахӯрдан ё бетартибона истеъмол кардани доруҳояшон фавтидаанд. То имрӯз мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ 139 нафар сироятёфтагони ВНМО-ро муолиҷа карда истодаанд. Ҳангоми гумонбарии мубталоӣ ба сирояти ВНМО ё дар худ ягон шубҳа доштан ҳар як шаҳрванд бояд бо мутахассиси тиб робита дошта бошад ва ё ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ оид ба масъалаҳои машварати махфӣ ва ташхис муроҷиат намояд. Баҳманёри АБДУСАМАД, мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ.

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар доираи Рӯзи байналхалқии мубориза бо бемории ВНМО/ БПНМ 1-уми декабри соли 2017 аз соати 10:00 то 12:00 аз тарафи табибони мо дар назди Маркази саломатии шаҳр санҷиши анонимии (махфии) хоҳишмандон тарики ройгон гузаронида мешавад.

Н/И

Шамъи ёд

Зи маргаш дили санг об гардид Субҳи якшанбеи 19 ноябри соли 2017 ба ҷамъи омӯзорон, шогирдон ва кормандони таълимгоҳи мо талафоти гарони ҷигарсӯзеро ба бор овард. Ногаҳон ва даҳшатангез хабаре расид, ки инсони бениҳоят қобилу хушгуфтор, шахси донишманду бомаърифат, муаллими азизу ғамхори аксари мо, омӯзгорон ва устоди таълимгирандагони имрӯзаи мактаб Равзатбек Шодибеков аз олам даргузаштаанд. Ин хабари мудҳиш лаҳзаҳои авввал барои мо бовар нокарданӣ ва бидуни шубҳа дурӯғи маҳз ба шумор мерафт. Охир устод Равзатбек рӯзи шанбе бо ҳамон муҳаббати азалии самимона дар мактаб буданд, ба хонандагон дарс доданд, дафтару рӯзномаҳои синфиро ба тартиб даоварданд ва баъд аз анҷоми машғулиятҳо бо ҳамкорон хайрухуш карда, ба хона рафта буданд. Он рӯз дар симо,гуфтор ва рафтори он кас заррае нишона аз бемадориву беморӣ ва ё афсурдаҳолӣ мушоҳида намегардид. Аммо, сад ҳайҳот! Фалаки каҷрафтор кори худро карда будааст… Устоди гиромӣ соли 1956 дар оилаи боғпарвари маъруф амаки Шодибек ба дунё омада, баъди хатми синфи ҳаштуми мтму №22 омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳраки Нефтободро тамом ва муддати ду сол қарзи фарзандии худро дар назди Модар-Ватанро ба ҷо овардаанд. Пас анҷоми хизмати ҳарбӣ Равзатбек Шодибеков факултаи забони русии собиқ Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинободро бомуваффақият ба итмом расонида, аз соли 1982 дар мтму №53 ба касби бошарафи омӯзгорӣ машғул шуданд. Устод ҳамчун тарбиятгар масъулиятшинос, сахтгиру серталаб ва дар як вақт меҳрубону фурӯтан буданд, шогирдонро дӯст медоштанд ва баҳри ба ояндаи нек мушарраф шудани онҳо талош мекарданд. Муддати 35 соли фаъолияти хеш дар соҳаи мактабу маориф ба садҳо нафар шогирдон дар интихоби роҳи ҳаёти мустақил дуои паларона додаанд. Кордонӣ ва ташаббускориашон буд, ки дар ибтидои солҳои душвори навадум вазифаи директории таълимгоҳро бар уҳда гирифта, дилсӯзонаву поквиҷдонона ин рисолатро иҷро намуданд.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 4700.

Равзатбек Шодибеков марди меҳнатдӯст ва панҷ ангуштонашон ҳунар буд. Хусусан ба заминободкунӣ ва боғпарварӣ шавқу ҳаваси зиёд доштанд. Дар доманакӯҳи деҳа пуштаи ноободу лабташнаеро шодоб ва ба боғи меваҳои шаҳдрез табдил сохтанд. Наздик се сол ҳамроҳи муҳоҷирони Исфарагӣ ба собиқ ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон рафта дар азхудкунии заминҳои он ҷо иштирок доштанд ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ҳам буданд. Хулоса ин марди шариф ва инсони нотакрор ба ҳар кору ҳунаре, ки даст мезаданд, онро аз таҳти дил, бо ҳавсалаи том ва бе баҳонаву сабаб ба анҷом мерасонданд.Аз зумраи одамоне буданд, ки бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ : ҳалимӣ, хоксорӣ, хушзабонӣ, ростқавлӣ, ботамкинӣ ва дурандешӣ дар байни аҳолии деҳа низ ҳурмату эҳтироми баланд доштанд. Ба қавли худи мардум ҳатто пашша аз он кас озор намедид. Дар рӯзи ёдбуди устод, ки дар мактаб гузаронида шуд, муаллимон ва толибилмон ашки талх мерехтанд, касеро ёрои сухан гуфтан набуд. Дар ҳақиқат барои чунин инсони асилу соҳибдил гиристан арзанда буд. Устод чуноне, ки дар зиндагӣ орому беозор мезистанд, ҳамонгуна ба марги беамон таслим шуданд. Мо аз ҷудоӣ бо ин шахси бароямон азизу муътабар месӯзему мегирйем. Вале ин хасратгӯиҳои мо пеши сӯхтану гиристанҳои фарзандону наздикони устод ҳеҷ аст. Аз нолаву шевани онҳо дил не, санг об мешавад. Дар ин рӯзҳои мусибати миёншикан ба онҳо сабри ҷамил мехоҳем. Худованд бар ивази он накӯкориву накӯандешӣ, ҳамияту ҳиммати баланди инсонӣ устод Равзатбек Шодибековро аз равзагоҳи хеш маъвои ҷовидонӣ диҳад. Равонатон шод, дунёи охирататон обод бошад, устоди азиз! ҶОМЕАИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МТМУ №53.

www.nasimisfara.info Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 28. 11. 2017.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
44 2017 29 ноябр by Абдумуталиб Шарипов - Issuu