Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 44 (9413) *** Чоршанбе, 15. 12. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба раванди корҳои ободониву созандагӣ доир шуд.
Исфара бояд ободтар шавад
Д
ар ҷараёни он раиси шаҳр изҳор дошт, ки мо дар поёни соли 2021 соли таҷлили иди бузурги таърихӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар тӯли ин соли таърихӣ корҳои зиёди ободониву созандагӣ анҷом дода шуданд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара иншоотҳои зиёди хизматрасониву саноатӣ, марказҳои савдою муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд карда шудаанду даҳҳо километр роҳҳо асфалтпӯш гаштанду ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Инчунин варзишгоҳҳои хурди замонавӣ ва объектҳои ниёзи аввалия дари худро барои муштариён боз намуданд. -Ҳоло мо дар хотимаи соли пешин ва оғози Соли Нав қарор дорем, - зикр кард раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, - аз ин рӯ бояд ба раванди корҳои ободонӣ вусъати тоза дода шаваду созандагиву гулпӯшсозии муҳити атроф, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, ба диёри зебо обод табдил додани Исфара суръати беҳтару хубтар касб намоянд. Сипас, вобаста ба ободонии диёр ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва муҳлати иҷрои онҳо дар назди масъулин дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд. Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳаррӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дидани чунин манзараҳо барои мо дардовар аст. Чунки замоне кишвари мо нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон буд. Шукр, ки бо шарофати ақлу хирад ва азму иродаи халқи худ, таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем аз ин вартаи ҳалокатбор раҳоӣ ёбем. Вале дар шароити ниҳоят ноороми ҷаҳони имрӯза ба хотири боз ҳам ҳушёру зирак буданамон ба ёд овардани он лаҳзаҳо ҳикмати худро дорад. Зархаридону хоинони миллат, ки имону маҳзаби худро фурӯхтаанд, тавассути расонаҳои хабарии ташкилкар-
Ҷамъбасти маърака бигирем. Кӯдаконро дар Дар шаҳри Исфара муҳити солиму созанда ба воя маъракаи “16 рӯзи расонем. мубориза алайҳи хушунат дар оила” ҷамъбаст гардид. Инчунин дар ҷараёнии
Б
а ин хотир дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мизи мудаввар баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо, коллеҷи тиббӣ, ФДТТИ, маорифу тандурустӣ ва воҳидҳои сохтории марбутаи мақомоти иҷроия ширкат доштанд. Дар раванди мизи мудаввар муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён зикр намуд, ки пешгирии хушунат дар оила ин коре дар доираи як маъракаву санаву муҳлатҳои муқарраршуда набуда, балки кори доимии ҳамаи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ бояд мо ҳаракат намоем, ки дар оянда пеши роҳи амалҳои номатлуби вобаста ба хушунати оилавиро
мизи мудаввар ёрдамчии калони прокурори шаҳр А. Мирсайзод, масъули паноҳгоҳи дарозмуддат дар шаҳри Исфара Ҳ. Мирзоева, намояндаи Раёсати маориф З.Ҷалолова, котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Исфара Н. Хоҷазода, нозири пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оилаи назди ШВКД-2 О.Саидова фикру андешаҳояшонро баён доштанд. Дар ҷараёни мизи мудаввар ғолибони иншо ва мақолаи беҳтарин бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуда, роҳбарияти чанде аз муассисаҳо барои иштироки фаъолонаашон дар маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила” қадршиносӣ ёфтанд.
Бо ҳузури муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ нишаст оид ба раванди ваксинагирӣ дар Исфара баргузор шуд ва дар ҷараёни он аз ҳама кам будани ваксинагирӣ дар Исфара, ки 35%-ро ташкил медиҳад, зикр гардида, дастур дода шуд, минбаъд ворид шудан бе сертификати ваксинатсия ба донишгоҳу масҷид пешгирӣ карда шавад. *** Аз 8 то 10-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Исфара тренинги серӯза оиди “Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдак, махсусан духтарон дар мактаб, оила ва ҷомеа” миёни равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, маркази саломатӣ, табибони оилавӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар провайдерҳои хизматрасон баргузор гардид, ки ҳадафи он пешгирии хушунат нисбати кӯдакон ва расонидани кумакҳои равонӣ ҳангоми дучор гардидан ба зӯроварӣ буд. *** Бахшида ба 27-умин солгарди
Исфара: бо як ҷумла ҲХДТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Г. Ҷӯраева, муовини директори ФДТТИ оид ба тарбия ва тарғибот К. Мусаямова, олимон У. Арабеков, Н. Носиров, Н. Шаропова ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. *** Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмиллалии "Барои сулҳ ва дӯстӣ" баргузор шуд, ки дар он волонтёрон аз шаҳри Исфара низ иштирок доштанд.
ба экстремизму терроризм ҳамчун равияи номатлуби ҷамъиятию сиёсӣ, ки онҳо имрӯзҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои бузургеро ба миён овардааст, баҳои Ҳошимова, нозирони шуъбачаи огоҳонии ҳуқуқӣ дода таъкид дошт, ки бояд алайҳи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва он бо истифода аз ҳамаи имконияту ҷавонони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, воситаҳои идеологӣ мубориза барем, то лейтенанти калони милитсия Исмоилзода ки ин вабои аср дар ҷомеаи мо доман Сорбон, лейтенанти калони милитсия паҳн нанамояд. Ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал Одинаев Ворис, лейтенанти калони милитсия Абдуллоев Саидҷон, ҳамчунин овард, ки аз ин хатарҳои ҷаҳонӣ худро сархатиби масоҷиди шаҳри Исфара дур гирифта, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Азизов Н. иштирок доштанд. Дар раванди суханронӣ сардори ШВКД1, полковники милитсия Набиҷон Исозода
Ҷавонон парчамбардор бошанд Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохӯрии сардори ШВКД-1 шаҳри Исфара, полковники милитсия Набиҷон Исозода бо донишҷӯён баргузор гардид.
Д
ар мулоқот ҳамчунин сардори шуъбачаи огоҳонии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1-и шаҳри Исфара, майори милитсия Гулноз
Мавқеъ
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
даи хоҷагони хориҷии солҳои навадум бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофтанду даст ба куштору ғоратгарӣ мезаданд. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва душманони миллати тоҷик бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Илм ҳам собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодааст. Барои чунин нафарони худношинос ва носипос мафҳумҳои Ватан, миллат, марз,
таърих, фарҳанг, сулҳу субот мазмуне надоранд. Онҳо фирефтаи фиребу найранги кишварҳои манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои тундрави сиёсӣ гардида, ҳадафи асосии худро танҳо одамфиребӣ, хиёнат ба давлату Меҳан ва марзу буми аҷдодӣ қарор доданд. Рушду нумӯи Тоҷикистони ҷавон, рӯз аз рӯз болоравии сатҳи зиндагии мардум, ободонию созандагиро душманони миллати тоҷик чашми дидан надоранд. Аз ин лиҳоз, кӯшиши ба оромӣ, сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардуми мо зарар расониданро мекунанд. Сарварони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ тамоми воситаҳоро ба кор мебаранд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Халалдор карда-
ни ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик, рехтани хуни шахсони бегуноҳ, падару модарон ва ҳатто кӯдакон онҳоро заррае ба ташвиш намеорад. Ҳоло шаҳрвандони мамлакатамон ба шарофати истиқлолият ва бо истифода аз муҳити сулҳу суботи комил ҳамаи фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд ва хуб медонанд, ки арзишҳои инсонпарваронаву сулҳхоҳонаи исломӣ ҷузъи ҷудонопазирии фарҳанги миллии мо – тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ҳамаи мо фарзандони бонангу номуси милллат ва кулли шаҳрвандони кишвар бояд бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳки-
ми сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю талош намоем. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва бо тамоми ҳастиамон дӯст дошта онро ҳимоя кунем. Мо вазифадор ҳастем, ки Ватанамонро обод ва давлатамонро пешрафту неруманд гардонем ва тамоми кӯшишу имкониятамонро ба он равона созем, ки насли ҷавону наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расида, инчунин ҳушёриву зиракии сиёсиро пешаи кору фаъолияти худ намуда, дар оянда барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлол омода бошанд! Шаҳира ЮЛДОШЕВА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа.