Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
***
ИСФАРА
№ 44 (9179) ***
Чоршанбе,
30 ноябри соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
26 ноябри соли 2016 аз хотири 180 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоати шаҳру деҳоти Исфара ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Он рӯз ба шарофати ҳимматбаландиву меҳрубонии бародарони соҳибкор аз деҳаи Шӯртанг Нарзуллоҷон ва Исроилҷон Ӯлмасовҳо дар маҷмааи фароғатии «Ориён»-и маркази шаҳр тӯйи суннатии онҳо басе шукуҳманду хотирмон барпо гардид. Зимни сухани муборакбодӣ дар маъракаи хурсандии тифлакону волидайни онҳо раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба аҳли оилаи Ӯлмасовҳо барои чунин амали хайру савоб изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ин тадбири савобҷӯёна дар доираи татбиқсозии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати кишвар ва таҷлили ҷашнҳои бузурги умуммиллӣ роҳандозӣ шудаву барои соҳибкорони саховатпешаву дасткушоди Исфара ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Раиси шаҳр дар идомаи табрикоти хеш аз номи соҳибкорон Ӯлмасовҳо ба ҳар як писарбачаи тӯйӣ 1 ададӣ велосипед ва 1000 сомонигӣ маблағ тақдим намуд. Бояд гуфт, ки дар арафаи тӯйи суннатӣ бародарон Ӯлмасовҳо ба бачаҳои тӯйӣ 180 ҷуфт сару либоси тобистонаву зимистона туҳфа карда буданд. Дар гирди дастархони пур аз нозу неъмат оросташуда бачаҳо ҳамроҳи волидони худ зери оҳангу сурудҳои дилошӯби санъаткорони шинохтаи Исфара ва карнайнавозони Н/И
Н/И
Иқдом
Бунёдкорӣ
Ба Сомониён об омад
Бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар маҳаллаи Сомониёни деҳаи Чоркӯҳ хатти об ба истифода дода шуд.
Хатти оби мазкур, ки минбаъд тавассути он беш аз 160 хонавода сероб мегардад, бо маблағгузории Барноми рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳаҷми 370 000 сомонӣ бунёд шудааст. Дарозиаш 1100 метр буда, аз деҳаи Хоҷаи Аъло ба деҳаи Сомониён аз болои дарёи Исфара об медиҳад. Корҳои пудратӣ аз тарафи ташкилоти сохтмонии "Чашма"-и шаҳри Панҷакент анҷом дода шудаву сокинони маҳал бо тариқи ҳашар дар кофтану хобонидани қубурҳо саҳмгузорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки якунимсол инҷониб сокинони Сомониён аз об танқисӣ доштанд ва мушкилоташон тавассути лоиҳа ва дастгирии сарвари дафтари Барномаи рушд дар вилояти Суғд Мақсуд Орифов, кормандони дафтар Зумрад Норматова ва Гулшода Шарифова ҳалли худро пайдо кард.
Нишаст
Садоқати нақлиётчиён
180 нафар тӯй шуданд «Садои Хуҷанд» шодиву хурсандӣ ва рақсу шеърхонӣ карданд. Тавре ҳангоми суҳбат мудири бахш оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и шахр Обидбой Аҳмадов изхор дошт, ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол пур мешавад ва дар амалигашти ҳадафи асосии ин қонун, ки боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мебошад, соҳибкорони баору номуси Исфара низ саҳми шоиста гузошта истодаанд. Давоми 9 соли охир хатнасур ва тӯйи суннатии беш аз 830 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорон гузаронида шуданд. Танҳо худи ҳамин сол дар рӯзҳои ҷашни Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Насли нав» ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии бонувон, ҷавонон ва кӯдакон, инчунин мусоидат ба таъмини шароити арзандаи зиндагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ ва Лаккон бо ширкати 75 нафар сокинони маҳаллӣ ва 50 нафар занони фаъол аз ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон мизи мудаввар баргузор намуд. Ҳамзамон байни бонувон вобаста ба бартараф намудани қонуншиканиву ҷинояткорӣ, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, пешгирии вайроншавии Н/И
Мужда
Ғолибият дар озмуни вилоятӣ Соли равон бахшида ба "Соли 2016-Соли фарди солим" дар байни кормандони соҳаи байтории вилояти Суғд озмун
25-солагии соҳибистиқлолии мамлакат 8 адад чунин маъракаи барои тифлакони оилаҳои камбизоат фараҳбахшу хотирмон доир гардид. *** Дар мавзеи Моҳпарии шаҳр бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгузории молиявии соҳибкорони ҳимматбаланд – бародарон Ӯлмасовҳо мусобиқаи човандозӣ ва бузкашӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он варзишгарони беҳтарин аз аксарияти шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ ширкат намуданд. Ғолибон бо 3 адад мошини сабукрав, аспу уштур, бузу гӯсфанд, яхдону телевизир ва дигар туҳфаҳои қиматнок сарфароз гардонида шуданд. С. АНӮШЕРВОН. Н/И
Ҳамсоядорӣ
Бонувони тоҷику қирғиз атрофи миз
оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми мактабӣ, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, ҷилавгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила, одоби оиладорӣ, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ ва паёмадҳои номатлуби тақлиди ноҷо ба маданияти либоспӯшии қавму миллатҳои бегона корҳои фаҳмонидадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд.
эълон гардида буд.
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар маҷлисгоҳи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо ширкати муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ, узви шӯрои нақлиётчиён ва иттифоқи касабаи нақлиётчиёни ҶТ Муҳаммадшоҳ Саодатов ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов ҷамъомади тантанавии кормандони муҳандисӣ – техникӣ ва аъзоёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Наҷот» баргузор гардид.
Дар раванди он сарвари ҶДММ «Наҷот» Наҷотхон Исомаддинова, узви шӯрои нақлиётчиён ва иттифоқи касабаи нақлиётчиёни Ҷумҳурӣ Муҳаммадшоҳ Саодатов ва муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ баромад намуда, дар бораи нақши Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон, заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, оид ба таърихи парчамдории тоҷикон ҳамчун рамзи давлатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тарзҳои истифодаи Парчами давлатӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Дар ҷараёни нишасти мазкур ба 6 нафар аъзоёни нави ҲХДТ аз ҷумлаи кормандони ҶДММ «Наҷот» шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамчунин 18 нафар кормандони пешқадами ҷамъият бо ифтихорномаҳои маъмурияти корхона сарфароз гардонида шуданд. Сардори дастаи ронандагони хатсайри Исфара – Конибодом Холдорбой Маҳмудов бошад, бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти ҶТ қадршиносӣ карда шуд. Дар анҷоми нишаст Наҷотхон Исомаддинова ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҶТ ва директори генералии Ассотсиатсияи нақлиёти ҶТ Сафаралӣ Гулов барои фароҳамсозии шароитҳои созгори корӣ ва таваҷҷуҳу ғамхории доимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар симои ҳозирин мардуми диёрро бовар кунонид, ки ҷомеаи меҳнатии ӯ рисолати бар дӯшаш вогузоршударо ба таври бояду шояд ба иҷро хоҳад расонд.
Обуначиёнро қадршиносӣ мекунем!
Дар озмуни мазкур, ки бори ав- Ба рӯзномаи «Насими Исфара» обуна шуда, дар аксияи қадрвал бо дастгирии раиси вилоят Аб- шиносии обуначиёни беҳтарин иштирок кунед. Барои ин танҳо дураҳмон Қодирӣ доир ва он дар ба идораи рӯзнома омада, ба нашрияи "Насими Исфара" обуна раёсати назорати байтории вилоят шудан кифоя аст. ҷамъбаст шуд, ба ғолибон дар маҷАрзиши обуна барои як сол 60 СОМОНӢ мебошад. муъ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпуСуроғаи мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо лиҳо тақдим гардид. Истгоҳи мубориза алайҳи бемо- барои тамос: 2 – 49 – 73, 2 – 44 – 57. риҳои ҳайвоноти шаҳри Исфара Фаромӯш накунед, «Насими Исфара» беҳтарин дониста шуда, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷтаваҷҷуҳи Шуморо қадр ми 10 000 сомонӣ қадршиносӣ ёфт.
карда метавонад!