Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 43 (9225) *** Чоршанбе 22. 11. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатӣ "Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангу маънавияти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад." Эмомалӣ РАҲМОН.
ИТТИЛОИ МУХТАСАР аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ба вилоят корон ва ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулии озмуни ҷумҳуриявии бунёду навсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро тақдим карданд.
Дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иқтидори лоиҳавии корхонаи мазкур дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. *** Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида шуд. Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур либосҳо барои сохторҳои ҳар-
Таҷлил аз 25-солагӣ
Дар Қасри фарҳанги шаҳр ба ифтихори 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати доираи васеи аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, аз аҳамияти Иҷлоси-
*** Минбаъд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълибӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пой- мист. Ҳамзамон муассиса дорои афзол барои аскарону афсарон, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толоинчунин либоси мактаббачагон ри маҷлис бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи истеҳсол карда мешавад. кӯдакон, ҳуҷраҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору май*** Пешвои миллат, Президенти дончаи варзишӣ ҳам бо назарҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам дошти меъёрҳои замони муосир Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри сохта шудаанд. Ҳамзамон синХуҷанд бо намунаи дастовардҳои фхонаҳои алоҳида барои гузароарзандаи корхонаву ширкатҳои нидани дарсҳои химия, биология калонтарини саноатӣ шинос шуда, ва компютер пешбинӣ шуда, дар бо сохтмончиён мулоқот карданд. онҳо 10 адад тахтаи электронӣ Пас аз тамошои намоишгоҳи насб гардидааст. корхонаҳои мухталифи саноа*** тии вилоят муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намоян- Дар доираи сафари кории дагони ширкатҳои сохтмонӣ, кор- Асосгузори сулҳу ваҳдати милгарону устоҳои чирадаст, ки дар лӣ - Пешвои миллат, Президенти навсозии боғи фарҳангу фароға- Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам тии ба номи Садриддин Айнӣ дар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳишаҳри Душанбе саҳми арзанда яҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи гузоштаанд,суҳбат намуданд. Инчунин Президенти мамлакат миллии «Маркази оши палов» дар вазъияти тантанавӣ ба бино- дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ яи 16-уми Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ ёдовар шуд. Дар қисмати дуюми ҷамъомад ба ифтихори ҷашнҳои саид барномаи ҷолиби фарҳангии васфкунандаи Ватану Истиқлолият, сулҳу амонӣ ва меҳнати созанда манзури ҳозирин гардонида шуд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнвораи Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар осоишгоҳи “Зумрад” бо арҷгузорӣ ба Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуш истиқбол гирифтанд. Дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ А. Ҳалимов ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Б.Асадуллоев бо ёдоварӣ аз нақши ин ду сана ва оид ба кору пайкори Пешвои миллат ҳарф заданд.
гардид. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расидаанд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд. Баъдан Пешвои миллат ба 160 нафар ятими кулли шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд. *** Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи боздиди худ аз вилояти Суғд дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилоят машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кор, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта давоми даҳ моҳи соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳиН/И
яҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. *** Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок доштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки оғози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот, буд, табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва орзу намуданд, ки дар сарзамини аҷдодиамон - Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон бошад. Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вакили Шурои Олӣ Гулафзо Савриддинова баромад карда, оид ба саҳми арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд. Маҷлиси тантанавиро барномаи рангину пурмуҳтавои устодони санъати ҷумҳурӣ идома бахшид.
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
Изҳори садоқати ҷавонон
Дар рафти маҷлис 21 нафар ҷавонон ба узвият пазируфта шуда чанд нафари дигар қадрдонӣ ёфтанд. *** Дар кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ мизи мудаввар бо номи “Роҳкушои ормонҳои ҷавонон” баргузор гардид. Ҳадаф аз он бори дигар ба ҷа-
вонон нишон додани хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар тарбияи насли ояндасоз буд. Дар рафти мизи мудаввар намоиши фильми ҳуҷҷатии “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдат” сурат гирифт ва дар фарҷом як қатор ҷавонон соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд. М.ҶӮРАЕВ.